ХАБАРИ ДОҒ

Аз бадниҳод чашми накӯӣ тамаъ мадор,

Кӯри зи модар омада бино намешавад!

15.04.2020. Соат ба вақти СССР 11:14 дақиқа. Имрӯз, сахти бад менависам. Медонам, ки бе ин ҳам сахтгӯям, вале ин бор сахттар хоҳам гуфт ва агар заъф дар имон виждон, асабу қалб дорӣ, хонандаи гиромии ман, илтимос, матлабро нахон, ки гуфтаанд:

Сахтгӯро сухани сахт ба ислоҳ орад, 

Чирки пироҳани пӯлод ба собун наравад!

Ба гуфтаи бобои Ғуломи таърихӣ 1 «беваи паъате», бо истифода аз имкониятҳои нанотехноложӣ, аз 1 мавзеъи карантини коронавирус, ки он ҷо мардуми мусофир, чӣ хориҷиву чӣ бегонаву чӣ худиро, баъди бозгашт аз хориҷа,  гирд меоранд, тавассути сайтҳои иҷтимоӣ «ахбори саҳеҳ аз ҷои ҳодиса» пахш кардааст, ки гӯиё дар ин макон ба онҳо хӯроку обу нон намедиҳанду шароити будубош ба оддитарин талабот посухгӯ нест. Мо аввалтар аз ҳама аз ин ва дигар мавзеъоти карантин дидан кардем. Хӯроку обу нону чойу кофе ва маъзарат дар бисёр маврид ҳатто арақу коняку нӯшобаҳои спиртӣ, ки гуфта мешавад, аз ин вирус ҷилавагир шуда метавонанд, ҳаст. Ҷои хоб тамиз, болопӯшу такпӯши ҷойхоба (простину пододеялник) пайваста иваз мешаванд.Фаршу мизу курсиву тирезаҳо бо хлор поккорӣ мегарданд…

Ва баъдан хабарнигори мо хонаи худи он зан рафт, то бинад, ки ин шоҳсанам дар кадом шароити шоҳонае мезист, ки дар карантин ба дод омадааст. Мухбирамон аз «ҷои ҳодиса» хабар дод, ки баракс хоҷагиву манзилу ошхонаи «шикоятчӣ» ба ягон талабот посухгӯй нест.

 Хонандаи гиромӣ! Моро фаҳм. Сухан сари шароити ину он фард намеравад, ки медонем, аксарият дар шароити бад ба сар мебаранд. Сӯҳбат сари кӯрнамакӣ нисбат ба тадобири Ҳукумати Марказист, ки аввалтар аз ҳама барои саломатии худи ҳамон зан, наздикону атрофиёнаш ва сипас куллияи миллати Тоҷик ин карантинҳоро роҳандозӣ кардааст. Ва мутаассуф, чунин зуқоқиҳо 1 ё 2 кас нестанд. Ҳазорон ҳазоранд! Инҳо, ки дар Русия, маъзарат, вале ба саг баробарашон накарда, аз корхонаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, фурудгоҳу вокзалҳо ба кӯча ронда мешаванд, дар баробари бедоди пулиси рус ҳарфе намегӯянд. Вале чун Ҳукумат барои ишон хатсайрҳои вежа таъсис додаву онҳоро бармегардонад ва барои пешгирӣ аз пандемия 14 рӯз ба карантин мешнонад, ба нолидан оғоз мекунанду доду вой...

 Рӯиҳамрафта, агар аҳамият додаӣ, хонанда хабарнигорони тоҷикистоние, ки дар расонаҳои хориҷ кор мекунанд, имрӯз бо микроскоп Суғдро ҷустан доранд, ки ақаллан 1 маризи коронавирус ёбанд! Онҳо, ки 10 рӯз пеш бо 1 дурӯғ шармандаи 2 олам шудаанд, ҳанӯзам аз аспи ҷаҳл нафаромадаанд. Ҳоло касе дар бемористонҳои сироятии Хуҷанд фавтид, ҳадаҳа овоза мекунанд, ки бо фалон ҷасаде, ки мо дар фулон таърих гуфта будем, ки коронавирус шудааст, алоқае дошту ин низ фавтид. Ва агар имрӯз, мабодо дар Хуҷанд ин вирус рӯ зад, тӯй барпо хоҳанд кард! Сенсатсия меҷӯянд…

 О, буродарон, сенсатсия дар Тоҷикистон ҳаст ва он бо ана ҳамин пандемия бастагӣ дорад. Ҳангома ин аст, ки шукри Худои мутаъол, то ҳанӯз дар Тоҷикистон ин мараз нест! ҶТ аз 3 кишвари олам аст, ки дар он вируси тоҷдор кашф нашудааст. Магар наметавонед инро сенсатсия кунед? Магар намешавад, шумо-«хабарнигори коронавирускобак», аз тӯю сӯри мардум, гулгашту хиёбонҳо, таҷаммуъи Тоҷикон, ки ин амал, имрӯзҳо, барои мардуми Амрикову Аврупо афсонае беш нест, гузориш пахш намоеду дар қалби одамон тухмаи боварӣ ба фардо коред? Ва ё намешавад, дар шабу рӯзе, ки амрикоиву аврупоӣ дар орзӯи бӯсае ба маъшуқааш асту аз тарси коронавирус ҳатто бӯсаҳои виртуолӣ намефиристад, манзараи бӯсаталабиву бӯсахоҳии реалии ҷавонони Тоҷикро дар порку гулгаштҳо, дастобадаст гаштани шоҳу арӯсон ва дидор-«свидание»-и воқеии дилдодагон дар Тоҷикистонро таблиғ кунед? Намешавад? Мешавад ва ешё как! 

Вале чун дар ниҳодатон сиёҳист, фикр доред, ки таблиғи ҷашну маросимҳои 1 давлате, ки пандемия надорад, ин шояд таблиғи Ҳукумати Тоҷикистон гардад… ва шуморо низ мисли Соҷидаи Мирзову Аббоси Ҷаводӣ аз кор ронанд. Шумо аз тарси курсӣ ҳақиқатеро, ки ҳама олам медонад, пинҳон намуда, дурӯғеро, ки миллатеро ба таҳлӯка овардааст, талқин дореду доред… 

Парадокс? Оре! Аммо факт! Бовар дорам, дар ҳар ҷаласа ҳукму амрномаҳои Прага мерасанд, ки аз таки замин ҳам бошад, коронавирус ёбед! Ҳаргиз дуои бад накардаам, баракс пайваста сари ҷойнамоз дуо мекунам, ки ин маразро Худо аз сари Миллати ману ҷомеаи башарӣ дур созад. Вале 1 бор тасаввур кунед, эй ходимакони Иблис-пресс, ки мабод рӯзе пайвандони худатон ба ин мараз печанд, чӣ мекунед?

Калтаки Худо садо надорад, 

Баъд аз заданаш даво надорад!

Ва муҳимтар аз ҳама: Дар мавриде, ки тамомии олам табибони миллатҳои худро солдатҳои ҷанги саввуми ҷаҳонӣ, ягона муҳофизи аҳли башар, хондаанд, мо-тоҷикаконе чанд то ҳанӯз аз ишон менолем. Эй, мардуми сияҳдил! Шумо оё намедонед, ки ин табибон низ зиндагонӣ доранд, зану фарзанд доранд, умеду орзу доранд?! Онҳо агар тарсу бошанд, ҳамин рӯз ариза навиштаву аз кор мераванд ва касе ишонро маҷбур нахоҳад кард, ки дар ҳолати карантин, зери хатару хавфи мубтало ба вируси тоҷдор, ба мо кӯмак кунанд. Вале онҳо мардона дар раддаи аввали ин ҷанги одамкуш, дар окопҳои нахустини фронти коронавирус истодаву ман, ту, вай, мо, миллатро ҳифз мекунанд! Зеро карантин кардану пешгирии ин мараз маҳз амалест, ки дар тӯли 5 моҳи ахир, ки ба COVID-19 дар 182 кишвари олам  1млн 833 ҳазору 683 тан мубтало шудаву 113 ҳазору 290 нафар фавтидааст, ин вабо, шукри Худо, то ҳанӯз дар Тоҷикистон нест! 

Браво табиби Тоҷик! Белиссимо, духтурон! Офарин, врачҳо!  Ҳазор раҳмат бар ҳамшираҳои шафқат! Баракат бар хонадони фаррошон-санитаркаҳои Тоҷик!!! Сипоси вежа ба кормандони ВКД ва Кумитаи амнияти ҶТ, ки вазъро таҳти контрол қарор додаанд. Дуруд бар раисони навоҳии назидарсарҳадии вилояти Суғд, ба вежа раисони н. Б. Ғафуров, Конибодом, Исфара, ки чун марз бо қирғиз демаркатсия нашудааст, худашон шабона посбонӣ баромада, намегузоранд қочоқчиён марзҳоро ғайриқонунӣ убур карда, бар ивази моли ҳаромашон, ба Тоҷикистон аз ҳамсоякишвари ваборасида, вирус дароранд!

Донаҳои баракат бар хонадони ҳамаи дастандаркорони «Карантин-2020» рехта бод. Омин! 

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter