ХАБАРИ ДОҒ

Намози Тоҷикон VS вируси Тоҷдор

  • Чоршанбе, Апр 22 2020

 

Дар мавриде, ки ҳукумат барои садгузорӣ аз хуруҷи коронавирус дар кишвар садҳо чора меандешад, хеле аҷиб аст, ки муфтиёт намози ҷомеъаро иҷозат додааст. Хонандаи гиромӣ, қабл аз он, ки нависандаи матлабро бар куфр муттаҳам созӣ (дар ин кор саросемаем-ку?!), боре биандеш, пас он нафаре, ки намози ҷумъаро дар Каъба ва умуман зиёрати Хонаи Худоро манъ фармудааст, кист? Худо тавфиқамон диҳад. Зеро мо миллате ҳастем, ки ҳушёриву зиракӣ ва чораандеширо зери пойи фанатизм қурбонӣ кардаем. Мо Метавонем!

Футбол: мухлисӣ манъ!

Ҳоло, фарзи мисол, барои ҷилавгирӣ аз коронавирус ё худ марази тоҷдор, мухлисонро ба варзишгоҳ роҳ намедиҳанд. Медонед варзишгоҳи марказӣ, собиқ Фрунзе, чӣ қадар одам мебарад? 20.000!!! Ва медонед, фарзи мисол, мухлисони ашаддии Истиқлол чанд нафаранд? Шояд 70-100 кас (фанатҳои асилро дар назар дорам). Ва оё ин 100, ина бигзор 1000 мухлис дар 1 стадиони барҳаво наметавонанд, аз ҳамдигарӣ 1,5-2 метрӣ дуртарак шинанд? Метавонанд! Ҳатто метавонанд 5-10 метрӣ дур шинанд. Ва ин дар ҳолест, ки стадион дар фазои кушод ва зери осмони боз асту микроб-пикроб парида меравад…

Тоҷикистон ва намоз

Ва акнун саре занед ба дилхоҳ масҷид. Чӣ манзарае мебинем? Дар 1 бинои тангу торе, ки нафас гирифта намешавад, 7-10 ҳазор одам ҷамъ мешавад! Боз дар ҳоле, ки ҷои ҳушдор, муллоакем нидо дар медиҳад:

-Ҷав-ҷавс кунед сафро, то шайтон байнатон надарояд!

Дар ин маврид на танҳо 1,5-2 метри тавсиявӣ муроот намешавад, ки намозхонҳо ба ҳам мечаспанду пешонаи ақибгӣ бар думбаи пешинаву пешангӣ бар пештарина ва ғ. ва ҳ. мерасад. Коронавирус 1 сӯ, дилхоҳ марази сироятӣ сар аз зардпарвин то туберкулёзу гриппу табларза метавонад дар ин макон ба эпидемия табдил ёбад!!! 

Каъбатуллоҳ ва намоз

05.03.2020. Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи март, дарҳои Хонаи Худоро бар рӯйи зойирин ва намозгузорон бастанд. Мегӯед, ҳоҷиён танҳо дар ин ҷо намоз мехонданд? Аслан на. Касе ҳаҷ рафтааст, медонад, ки аҳолии Макка низ ҳар намоз ҳозир шудаву дар Каъба саҷда мекард. Вале чун хатари коронавирус омад, ҳатто бидуни мубтало шудани 1 араб дар Макка, соири масоҷид дари намозҳо, минҷумла намози ҷумъаро ба рӯи мардум бастанд:

-Карантин!!!!!!!

Дар мо агар чунин ҳукмро ҳукумат мебаровард, фанатикҳои наҳзатӣ кофиру мушрику 100-1000 ҳақорат мекардаш…

Пасха дар Ватикан

11.04.2020. Шанбеи муқаддас ва ё худ пасхаи католикӣ дар Ватикан бе одам ва дар шакли он-лайн, яъне тавассути интернет баргузор гардид. Папа ё худ Падари Рум, ки ба навъе муллои №1 дар олами насронияи католикӣ маҳсуб меравад, танҳо бо 9 муриди воломақом-епископҳояш дар назди тарсими Исо намоз гузориду халос. Ва фосилаи байни ҳар поп 2 метр буд (масҷидҳои худамонро қиёс кунед!). Чанд миллиард насронӣ тавассути интернет ва сайтҳои иҷтимоиву радиову ТВ бо ин мулло намоз гузорид:

-Карантин!!!

Намоз дар Байтулмуқаддас

22.03.2020. «Девори ашк»-и Байтулмуқаддас баста шуд ва ҳар шанбе раввини олирутбаи яҳуд (домуллкалонашон!!!) ҳамагӣ бо 10 муллои бузурги ин мазҳаб намоз мегузораду бас. Ҳол он ки дар рӯзи шанбе, ки рӯзи муқаддас, «намози ҷамоъа»-и яҳудист (мо дар ҷумъаву онҳо дар шанбе ва насоро дар якшанбе намози дастаҷамъӣ мегузоранд), даҳҳо ҳазор ба ин саҷдагоҳ меомад. Касе чизе нагуфт. Ҳамааш фаҳмо:

-Карантин!!!

PS: Воқеан бо ин ҳама эҳтиёткорӣ Элиягу Бақшӣ-Дорони 79 сола, собиқ раввини №1 дар солҳои 1993-2003, ки шахсияти муқаддас дар Исроил маҳсуб мерафт, маҳз аз коронавирус фавтид…

Хатм-ул-китоб

Чаро ин ҳамаро менависам? Ба 1 сабаб:

-Эҳтиёт ними ҳаёт! 

Мо Метавонем!!!

М. Мубориз,

Хос барои СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter