ХАБАРИ ДОҒ

Тиҷорати хонасозӣ-кафолат дар дасти кист?

  • Чоршанбе, Апр 22 2020

 

Мо ҷое нашунидем, ки тоҷирони шинохтаи кишвар Маҳмудҷон Муродов, Изатулло Давлатзода, Рустам Саидов, Абдуҳалим Қодиров, Рустам Бобоев мисли зертобеони Тимур Байгенов бо қарори раиси ш.Душанбе ва номи Рустами Эмомалӣ мардумро тарсонида, таҳти таъсир қарор гирифта бошанд, на дар гузашта ва на ҳоло. Шояд кормандони ҶДММ «Тибби Суҳайб» 1 маротиба рафта, аз ин пирони кор муносибат кардан бо мардумро меомӯзанд?

 

Тайи 1 моҳ аст, ки мухбирони Газетаи мардумии СССР фаъолияти ҶДММ «Тибби Суҳайб»-ро, ки қарор аст дар к.Н.Ганҷавии пойтахт маҷмааи биноҳои баландошёнаи муосир бунёд намояд, мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Таваҷҷӯҳи моро бештар маъракаи шартномабандии ин ширкат бо сокинон, шароити додугирифт ва пешниҳоди маблағи иҷораву пасон хонаи нави истиқоматӣ дар биноҳои нав ба худ ҷалб кардааст. ҶДММ «Тибби Суҳайб» дар вокуниши худ роҷеъ ба 2 матлаби таҳлиливу танқидии мо, ки аз рӯи муроҷиат ва шикояти сокинони кӯчаи мазкур омодаву нашр шуда буд, ишора ба он кардааст, ки мо дар мавриди бозори хонасозӣ дар ш.Душанбе ва тиҷорати он хабаре надорем ва бояд ин бозорро омӯзем. Мо ҳам ҳафтаи гузашта ҳамин кор-тиҷорати хонасозиро дар пойтахти кишварамон омухтем ва ба ин хотир аз 10 майдони сохтмони биноҳои истиқоматӣ дидан карда, бо бархе аз тоҷирони муваффақи ин соҳа вохӯрда, сӯҳбат намудем. Кӯшиш кардем бештар дар мавзӯи сармоя барои бунёди биноҳои баландошёна дар Душанбе, кафолати маблағи сокинон, шароити ба онҳо фароҳамшуда пурсон шавем.

Сармояи камтарин-$50 миллион!

3 нафар аз тоҷирони шинохта дар соҳаи хонасозӣ ва тиҷорати манзил дар кишвар, ки нахостанд номашонро инҷо биоварем, гуфтанд, ки барои бунёди 4 бинои баландошёна дар пойтахт, ки дорои тамоми шароити муосир аз қабили таваққуфгоҳи зеризаминиву лифтҳои замонавиву марказҳои варзишиву кӯдакистон ва майдончаи бозӣ бошад, сармояи камтарин-$50 миллион лозим аст. Ин маблағ пеш аз ҳама барои пардохти андозу маош, харидорӣ намудани масолеҳи сохтмонӣ, шартномаи додугирифт бо сокинон, ҷудо намудани маблағи иҷора, агар бино дар ҷойи хонаҳои фарсуда бунёд ёбад, трансформатору лӯлаҳои об ва дигар лавозимоти муҳандисӣ сарф хоҳад шуд. Ба ғайр аз ин, ширкате, ки ният дорад бино сохта, пас аз ба истифода додани он квартираҳоро ба фурӯш гузорад, бояд ҳатто пули хонаҳои дар фурӯш мегузоштаашро низ алакай дар даст дошта, ба харидорони потенсиалии ояндаи бино камтар умед бандад. 

Аксарияти ширкатҳое, ки нав вориди бозори хонасозӣ дар пойтахт шудаанд, сармояи кофӣ надоранд, ҳолатҳои форс-мажорро ба назар намегиранд, ҳанӯз пойдевори биноро нарехта, ба умеди харидорони ояндаи хонаҳо сармоя ҷамъ намекунанд, ки ин хатои маҳз аст, зеро ҳоло харидоре, ки пули хонаи харидаашро якбора яклухт супорад, хеле кам буда, бо ин вазъе, ки бемории коронавирус дар иқтисодиёти ҷаҳон пай гузошта истодааст, гумон аст, ки ҳар 1 хонаи бунёдшуда зуд соҳиби хешро пайдо созад.

 Пул надорӣ-хона насоз!!!

Масъулони ҶДММ «Тибби Суҳайб» зимни мулоқоти нахустини хеш бо сокинони к.Н.Ганҷавӣ гуфтанд, ки онҳо пули зиёд надоранд ва наметавонанд барои иҷораи мардум бештар аз 1200 сомонӣ ва он ҳам тариқи пешпардохт ҳар 6 моҳ бидиҳанд. Агар «Тибби Суҳайб» пул надорад, пас чӣ гуна вориди соҳаи хонасозӣ дар пойтахт гаштааст? Ё дораду намегӯяд? Шояд ба хотири пардохти андози зиёд дороӣ ва даромаду сармояи хешро пинҳон дошта, ба мардум мегӯяд, ки «мо пул надорем!»?. Ва агар надорад, Худоё накарда муфлис гардад, чӣ гуна он замон пули иҷораи мардум ва оянда хонаҳои ба онҳо ваъдадодаро хоҳад дод? Боз дар ҳоле, ки дунёи мутамаддин бо шумули Амрикову Аврупоро карантини коронавирус муфлис кардааст, ин ширкат вожгун гардид, кӣ ба мардум хонаву дарашро бармегардонад? Ё он рӯз мабод, ки дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳо карантин эълон шавад, нафароне, ки «Тибби Суҳайб» хонаҳошонро вайрон мекунад, дар куҷо карантин мешинанд ва гиребони киро мегиранд?

Кафолат дар дасти кист?

Мо борҳо шоҳиди он шудаем, ки бархе аз тоҷирони хонасоз пас аз ҷамъ кардани пули мардум ва нопурра сохтани бино ғайб задаанд. Барои ин дур намеравем, чанде пеш раҳбари ширкати «Сапеда-112», ки дар маҳаллаи 112-уми пойтахт бино месохт, онро нотамом гузошта, бо пули аз харидорон ҷамъ кардааш аз кишвар фирор карду мардуми хонахарида ночор монданд. Аз ин пештар қазияи КВД «Манзили дастрас», ки зертобеи МИҲД ш.Душанбе буду маблағи бархе аз харидоронро ба ҷайби худ зада, онҳоро фиреб дода буд, расонаӣ шуда, гунаҳкорон паси панҷара рафтанд. Аммо мардуми ба онҳо пул дода бехона монд.

 Қиссаи хонасозии ширкати замоне шинохтаи «Мовароуннаҳр»-ро ҳама медонад. Бо гузашти қариб 20 сол ин қазия ҳанӯз ҳам хотима наёфтаасту 2 бинои ин ширкат дар к.А.Ҷомӣ аз комиссияи давлатӣ нагузаштаасту сокинонаш то ба наздикӣ бидуни ҳуҷҷат ва сабти иқомат мезистанд. Газетаи СССР соле пеш дар бораи қазияи додгоҳии ширкати «Эҳдо», ки дар к.Соҳилӣ бинои 6-ошёнаи истиқоматӣ бунёд карда буд, навишт. Сармоягузорони ин бино, ки 2 нафаранд, то ба ҳол маблағи аз мардум гирифтаро тақсим карда наметавонанду корашон дар додгоҳ аст. Бо ин сабаб бино наметавонад аз комиссияи давлатӣ гузашта, сокинонаш соҳиби ҳуҷҷат шаванд.

 Чунин биноҳои баҳснок имрӯз дар пойтахт кам нестанд. Дар пойтахт 273 хонаҳо-биноҳои баҳснок вуҷуд доранд. Ин биноҳо нимсохт, аз ташхис нагузашта ва бе иҷозатнома буда, бо ташкили Комиссия аз моҳи январи соли 2017 то моҳи январи соли 2020 194 бино аз ташхиси давлатӣ гузаронида шуда, 79 адад мондаанд, ки аз ин шумора 20-тоаш дар барасӣ қарор доранд. Дар ин бора Маҳмадсаид Зувайдзода. Муовини аввали раиси ш.Душанбе зимни нишасти матбуотӣ моҳи феврали соли 2020 хабар дода буд.

 Ҳоло гап сари он аст, ки кафолати ҶДММ «Тибби Суҳайб» ба сокинони к.Н.Ганҷавӣ чист ва ё кист? Кӣ метавонад кафолат диҳад, ки пагоҳ ин ширкати хонаи мардумро вайрон карда, биноҳои баландошёна месозаду пасон ба мардум аз ҳамин биноҳо хона медиҳад? Ва ё биноҳои нимсохтро партофта, пули мардуми дигарро ҷамъ карда аз кишвар фирор намекунад? Ҳеҷ кас! Мо мутмаинем, ки худи ширкат низ намедонад, ки дар ҳолати ба фурӯш нарафтани хонаҳояш дар оянда чӣ кор хоҳад кард!? Зеро дар мактубе, ки таҳти №26, аз 03.04.2020 ба редаксияи мо навиштааст, дар бораи пули бунёдӣ-уставной капитал ва кафолати форс-мажорӣ, масалан бонкротшавияш ҳарфе нест! Сардори ин ширкат-Байгенов Т.Н. бо суистифода аз номи раиси ш. Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ боз ҳам ба мо таҳдид мекунаду менависад:

«Ногуфта намонад, дар суроғаи ш. Душанбе, н. Сино, к. Н. Ганҷави, 366 сармуҳаррири Хафтаномаи Чамъияти-Сиёсии «СССР» Сайёфи Мизроб, ки манзили истикоматияш бояд бартараф карда мешавад,  истикомат мекунад, аз вохури бо намояндагони ЧДММ «Тибби Сухайб» ва дигар макомотхо даст кашида онхоро катъиян рад мекунад (барои ин тӯҳмат ширкатро метавон ба суд дод!-Ҷ.Ҳ.)...рафтори у танхо ба ба (2 бор «ба» омадааст-ред.) таъхир андохтани Карори Раиси шахр сабабгор мешавад…

-Мо ин пораи мактубро айнан овардем, то хонанда донад, ки дар ҶДММ ба забони тоҷикӣ чигуна арҷ мегузоранд! Вале бо ин ҳама аз нома бармеояд, ки сардори ин ҶДММ аз осмони 7-ум фаромадаву бо сокинакони оддии Душанбешаҳр ҳатто дидор карданӣ нест ва онҳо бояд думболаи ӯ даванд! Ин ба куҷои мантиқ рост меояд, ки хонаву дари мардумро валангор кунанду садри корхона 1 бор лутфи шоҳона накардаву пеши мардум наояд? Рӯиҳамрафта боз аз номи Раиси шаҳр онҳоро тарсонад???

Дил ба даст ор!

Пирони кор, яъне он нафароне, ки беш аз 20 сол ба бунёди хонаву дигар иншооти муҳими кишвар машғуланд, мегӯянд, ҳатто Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардааст, ки пеш аз ҳама дили мардумро ба даст овардан лозим, ҳатто 1 нафарро наранҷонед! Зимнан нисбати ҳар 1 сокин бояд муносибати индивидуалӣ дошта, шарту шароити лозимаи ӯро фароҳам овард, зеро то сокин, агар дар минтақаи тахрибшуда бошад, розӣ набошад, кор пеш намеравад. Шояд масълони ҶДММ «Тибби Суҳайб» дур нарафта, аз ҳамсояи девордармиёни худ-ширкати сохтмонии «Кафолат» муносибат кардан бо мардумро ёд мегиранд? Тавре мо огаҳӣ ёфтем, ширкати мазкур барои сокинони бино дар к.Айнӣ, ки онҷо низ қарор аст, ба ҷойи бинои кӯҳна бинои баландошёна бунёд гардад, барои иҷораи ҳармоҳа 3000 сомонӣ ва шартномаро аз рӯи дархости сокинон ба тасвиб расонидаанд. Ширкати «Фароз» бошад, барои иҷора сари ҳар 1 метр 35 сомонӣ медиҳад! Яъне хона агар 100 м.кв. бошад, «Фароз» 3500 сомонӣ медиҳад! Рӯиҳамрафта, маблағи иҷораи бо пешпардохт барои 1 сол ва тибқи шартномаи инфиродӣ ҳатто насби ҳаммому ҳоҷатхона аз ҳисоби ширкат!

Пурсида мешавад, фарзи мисол, ҷаноби Темур Байгенов омода ҳаст, ки хонаашро барои 1 оилаи ин маҳалла, ки 7-10 нафарро ташкил медиҳад, бар ивази 1200 сомонӣ ва барои 2 сол иҷора диҳад?

Таҷрибаи дигарон омӯз!

ҶДММ «Тибби Суҳайб» имрӯз ягона ширкате нест, ки дар ҳудуди ш.Душанбе хона месозад. Рӯйхати тамоми ширкатҳоеро, ки айни замон ба ин кор машғуланд, мо ҳатман дар шумораҳои оянда нашр хоҳем кард. Аммо 1 чизро набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи ин ширкатҳо барои оғози сохтмон ҳатман қарори раиси ш.Душанберо ба даст меоранд-бе ин на-ме-ша-вад!!! Аз он ҷумла ширкатҳои бузурге амсоли «Қатар Диёр», «Строй Элит Сервис», «Сарманзил», «Ёқут-2000», «Авитсена», «Хонаҳои аълосифат», «Наврӯз» ва даҳҳо ширкатҳои дигар низ то қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалиро ба даст нагиранд, яъне иҷозатро, ба сохтмон сар намекунанд. Вале мо ҷое нашунидем, ки тоҷирони шинохтаи кишвар Маҳмудҷон Муродов, Изатулло Давлатзода, Рустам Саидов, Абдуҳалим Қодиров, Рустам Бобоев мисли зертобеони Темур Байгенов бо қарори раиси ш.Душанбе ва номи Рустами Эмомалӣ мардумро тарсонида, таҳти таъсир қарор дода бошанд, на дар гузашта ва на ҳоло. Шояд кормандони ҶДММ «Тибби Суҳайб» 1 маротиба рафта, аз ин пирони кор муносибат кардан бо мардумро меомӯзанд?

«Тибби Суҳайб» ва коронавирус

Паҳншавии коронавирус дар олам дар авҷ аст ва зарбаи худро ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ задаасту пайомади онро дар ояндаи наздик хоҳем дид. «Тибби Суҳайб», аз рӯи ном бояд дар бахши тиб фаъол бошад, тамоми нерӯи хешро барои мубориза дар самти пешгирии ин вабои нави аср равона созад, на ба бунёди хонаҳо. Ё не-мӣ? Боз ҳам Худое накарда, дар Тоҷикистон карантин (эҳтимолан мегӯем) эълон шавад, он гоҳ тақдири ояндаи сокинони к.Н.Ганҷавӣ, ки аллакай бархе ба умеди 1200 сомонии иҷорапулии ин ширкат хонаҳои худро хароб кардаанд, чӣ мешавад? Карантин, ки эълон шуд, сохтмон мемонад, сохтмон, ки монд пул нест, пул, ки нашавад, пули иҷораи мардумро кӣ медиҳад? Шояд «Тибби Суҳайб» пасон бо фурӯхтани дару тирезаву оина ва шиферу хишти хонаҳои тахрибшуда, ки ба сокинон гуфт набаред, пули иҷораи мардумро пардохт мекунад!? Мо пайгири ин мавзӯ ҳастем ва мемонем!

Ҳамин хонаҳоро ҶДММ Тибби Суҳайб фарсуда баровардаву ҳукумати шаҳрро фиреб дода, иҷозатномаи тахрибашонро  гирифтааст...

 

ДАР ҲАМИН МАВРИД:

- Маҳмудҷон Муродов, раиси ширкати «Сарманзил», ки собиқаи беш аз 15 солаи фаъолият дар соҳаи сохтмон ва сармояи бунёдӣ-уставной капитал дошта баландошёна ва биноҳои маишиву маъмурӣ низ бунёд намуда, то ба имрӯз боре ҳам нашудааст, ки нафаре аз бархӯрди бади Маҳмудҷон Муродов ва ё фиребу ваъдахилофияш, алалхусус дар хонасозӣ, шиква намуда бошад.

- Иззатулло Давлатзода, писари Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва молики ширкати «Строй Элит Сервис», тӯли беш аз 10 соли фаъолият даҳҳо баландошёнаи муосир сохтааст. Мо тамоми матбуот ва Интернетро мӯшикофона кофтем-ҷойе дар бораи ин ҷавони боғайрат ва ширкати ӯ на шикояте пайдо кардем ва на арзе. Офаринаш бод!

- Шамсуло Соҳибов-молики ширкати «Фароз», дар хиёбони Рӯдакии пойтахт чанд бинои замонавии баландошёна бунёд намуда, ба сокиноне, ки хонаҳояшон тахриб гардид, аз маркази ш.Душанбе хона харид. Ба он нафароне, ки иҷоранишин шуданд, сар ҳар метри квадратӣ 35 сомонӣ дода, пули камтарини иҷорааш 3500 сомониро ташкил менамояд. Ба сари ҳар метри мукааби манзилҳои вайроншуда, 30% замм карда, ба ишон хона дод, фарзи мисол, ҷои 100 м. ӯ ба мардум 130 метри квадратӣ аз баландошёнаҳои навсохташ ҷудо кард, ки ҳалолаш бод!

- Ҷӯрабек Охунов, раиси собиқи ҶДММ «Мовароуннаҳр» соли 2012 бо ҳукми Суди Олии ҶТ бо ҷурми қаллобӣ ва фиреби мардум ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бо назардошти Қонуни авфи соли 2014 пас аз 6 соли зиндон мавсуф соли 2018 ба озодӣ баромад. Вале афроде, ки ӯ фирефта буд, то ҳанӯз сарсону саргардонанд.

- Нурулло Наимов, собиқ директори КВД «Манзили дастрас» моҳи феврали соли ҷорӣ барои қаллобӣ ва фиреби мардум ба муддати 21 сол зиндонӣ шуд. Мардуми ба ӯ боваркарда, то ҳол сарсону саргардонанд.

- Иззатулло Амонулло, ки ҳамзамон бо номи Ҳоҷӣ Амон низ маъруф аст, молики ширкати сохтмонии «Сапеда-112» буд. Мавсуф пули мардумро гирифта, аз Тоҷикистон фирор кард. Айни замон дар кофтукоби ҷиноӣ қарор дошта, бар зидди ӯ бо ҷурми қаллобӣ ба маблағи хеле зиёд – 2 миллион доллари ИМА парванда боз шудааст.

Байгенов Темур молики ҶДММ «Тибби Суҳайб» аксаш дар ягон сайту сомон нест! Кормандонаш нахостанд аксашро ба мо нишон диҳанд. Худаш низ мойил ба аксгирӣ нест. Зимнан суоле посух мехоҳад, ки метавон тақдири сокинони Сталинободи қадима, маркази пойтахт-маҳаллаи қадимтарини Яккачанорро ба нафаре бовар кард, ки ҳатто аксашро ёфта намешавад?

 

Ҷамила Ҳусейнова, 

СССР

PS: Байгенов Т.Н. боз навиштааст: «Дар ин чо саволе ба миён меояд, чаро мухтарам Сайёфи Мизроб дар ин борахо наменависад, ва факат танхо баъд аз он, ки навбати манзили истикоматии у омад, чунин даъво дорад.»

Мӯҳтарам Байгенов! Маълум мешавад, ки Шумо умуман газета намехонед. Зеро дар бораи бунёди манзили зисту баландошёнаҳо дар Душанбе мо шикваву шикояти мардумро сар аз соли 2008 менавиштем, менависем ва хоҳем навишт.  Минҷумла чигуна шумо майдончаи бозии истиқоматкунандагонро чанд сол пеш вайрон кардаву ҷояш баландошёна сохта будед. Ва ахиран, матлабро сардабир не, ман-журналисти собиқадори Тоҷик навиштаам, на С. Мизроб ва ваъдаатон медиҳам, ки ин охири кор нест! 

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter