ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Кӯча бароед!!!

  • Чоршанбе, Апр 29 2020

Хатару хавфи хуруҷи бемориҳои сироятӣ айни замон ба проблемаи №1 мубаддал гашта, моро водор месозад, ки ба тозагиву поккорӣ бештар таваҷҷӯҳ кунему талаботҳои санитариву эпидемиологиро ҷиддитар риоя намоем. Мардуми харидор ҳоло хеле ба тозагии худ мерасидагӣ шудааст, вале сатҳу сифати савдо, алалхусус савдои кӯчагӣ, ки гӯйё аз ин талаботу меъёрҳои беҳдоштӣ фарсахҳо дур мондааст, новобаста аз хатари коронавирус боз ҳам дар ҳамон ҳолати мавҷуда, бе риояи қоидаҳои беҳдоштӣ фаъолият кардаву ҳамарӯза рушд мекунад. Ҳафтаи равон бо супориши редаксия аз бозорчаҳои сарироҳӣ ва нуқтаҳои савдою фурӯши кӯчагӣ дар чанде аз маҳаллаҳои серодами пойтахт рейди мушоҳидавӣ гузаронидем, то худ шахсан бубинем, ки вазъи тозагӣ дар кадом сатҳ аст.

Савдои кӯчагии бетартиб дар авҷ!

18.04.2020. Соат бо вақти Душанбе 12:10 дақиқа. Аз нуқтаҳои савдои сарироҳӣ ва бозорчаи назди Роҳи Оҳан дидан кардем. Аз болои пули роҳи оҳан гузаштем ва ниҳоят дар як манзарае афтодем, ки “на сар дораду на нӯг”. Ончунон бетартибу ифлос, ки сару калобаатро гум мекунӣ! Дар 1 тараф оҳанпораю майда-чуйдаи истифода бурдагӣ, дар тарафи дигар сабзавот, ҷойи дигар якчанд нафар чукрӣ, сиёҳ-алаф ва чанд намуди дигар сабзавотро дар замин байни роҳ гузошта, савдо мекарданд. Дар он ҷо низ картошка 8 сомонӣ, пиёз 4 сомонӣ арзиш дошт. 

Дар ин ба ном бозорча тартиби алоҳида несту ҳама ҳарчӣ хоҳад оварда мефурӯшад. Маълум нест, ки маҳсулоти эшон аз муоинаи духтури санитарӣ ва байторӣ гузаштааст ё не. Сарулибоси ягона нест, амсоли пешбандаку хилъат. Шарми кас меояд аз дидани ҳамчунин 1 бозорча дар маркази пойтахт ва боз ҳам дар замоне, ки барои обод кардани ин ё он гӯшаи диёр тамоми имконот ҳаст. 

Дар назди мағозаҳои 2 тарафи роҳ аз маркази савдои «Садбарг» то вокзали Роҳи Оҳан бошад фурӯшандагон берун аз мағоза сабзавот, қанд, пичен, вафлӣ ва чандин намуди шириниро зери офтоб гузошта буданду касе парвои шиштани чангу хоки раҳгузаронро рӯи онҳо надошт. Дар бораи мурғу маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ аслан ҳарфе намегӯем, маълум аст, ки байторону санитарҳо ба ин мағозаҳо моҳе 1 бор меоянд. Дар баъзе қисматҳо бошад ҳатто ҷойи роҳгардӣ қариб намондааст-2 тарафро савдои кӯчагӣ гирифта! 

Коронавирус ва бозор

Баъди воҳимае, ки дар кишвар оид ба пешгирии коронавирус сурат гирифт, мардум якбора ба хариди хурокворӣ шуруъ карданд. Аз ин фурсат истифода бурда, савдогарони кӯчагӣ низ нархро якбора 30-40 % боло бурданд. Дар бозорҳо орду равған ва дигар маводҳои ғизоӣ зиёд бошанд ҳам, вале нархҳо ҳамон тавр боқӣ монда, баландтар шуда истодаанду паст на.  

Масалан ба ҳисоби миёна нархи 1 халта орд аз 160 ба 250 сомонӣ, картошка аз 4 то 9 сомонӣ, макарон аз 7 ба 11 сомонӣ, биринҷ аз 10 ба 15 сомонӣ расидааст. Масъулин аз зиёд шудани маҳсулот дар бозорҳо  ҳисобот медиҳанд, лекин нарх дар бозор ба нишондоди ҳисобот дуруст намегирад. Тоҷирон бар назаранд, ки баландшавии нарх дар бозорҳо ба қурби доллар вобастагӣ дорад. Вале болоравии қурби доллар ба гароншавии нархи гӯшту картошка,  сабзиву пиёз ва нахуду лубиёи истеҳсоли ватанӣ чӣ рабте дорад? Ё инҳоро низ мисли банану мандарин аз хориҷа меоранд?

Ҷомеаи моро имрӯз аз 1 тараф беморӣ аз ҷониби дигар болоравии нархи маҳсулолти ғизоӣ ба ташвиш овардааст. Гарчанде, ки ин бемории даҳшатовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, лекин аз сабаби  бофтаҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ  нарх болотар рафтаву халқ ба таҳлука афтодааст. Сари роҳи дурӯғгӯёнро гирифта наметавонем, ақаллан садди роҳи қиматфурӯшон шавед! 

Фаррух Ҳаитмуродзода, Фирӯзи Маҳмадалӣ, коромӯзони СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter