ХАБАРИ ДОҒ

АБДУКАРИМ ДОДОВРО КӢ КУШТ? (АЗ ОН РӮЗИ ДАҲШАТ 24 СОЛ ГУЗАШТ, ВАЛЕ МУАММО БОҚИСТ)

  • Чоршанбе, Апр 29 2020

 

Боби 1. Қурбони Чол дар Тавилдара

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ноҳияи Тавилдара, ки ҳоло Сангвор номгузорӣ шудаасту минбаъд мо онро бо ҳамин ном ёдовар хоҳем шуд, дар вазъияти тезу тунди иқтисодиву сиёсӣ ва харобкориҳо қарор дошт. Солҳои 1995-1996 вазъият боз ҳам муташанниҷтар гашт. Акнун қувваҳои ҳукуматӣ ноҳияро озод ва мухолифонро аз он ҷо пеш карда бошанд ҳам, онро пурра дар ихтиёри худ надоштанд. Ҳамин буд, ки баъзе деҳоти дурдасти ноҳия аз даст ба даст мегузашт ва мардум беш аз пеш талафоти моливу ҷонӣ медод. Таври маълум дар ин ноҳия Мирзо Ҷага Зиёев, яке аз қумандонҳои маъруфи давр аз сӯи оппозитсия меҷангиду ба ҳукуматиҳо шабехун мезад. Ниҳоят баҳори соли 1996 ноҳия ва деҳаҳои гирду атрофи он ба дасти қувваҳои ҳукуматӣ гузашт. Сарқумандон, Қурбони Чол дар болои кӯҳи ҷануби ноҳияи Сангвор мавқеъ гирифт ва  маркази ноҳия таҳти назорати ӯ қарор дошт.

Боби 2. Духтури мардумӣ

   Абдукарим ҳангоме Донишгоҳи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кард,  ӯро аввал ба ноҳияи Нуробод ба кор фиристоданд.  Солиёни дароз дар ин ноҳия кору фаъолият намуд ва ҳамчун табиби ҳозиқ шинохта шуд. Ба амри тақдир ва дархости падар ба ноҳияи худ баргашт ва боқии умр он ҷо дар хизмати беморон монд. Аввали солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо ҳамсинф ва ҳамкораш, Сулаймон Нордонаев  чӣ азобҳое накашиданд! Ноҳия доим аз даст ба даст мегузашт. Онҳо маҷбур буданд хизмати духтурии худро адо намоянд. Бисёр ҳамкасбону ҳамсабақони онҳо  аз ин вазъи ноором ба танг омада, кӯчида ба шаҳри Душанбе рафтанд. 

Ҳангоме, ки ноҳияи Сангвор ташкил ёфт, Абдукарим Додов  ҷонишини Раиси ҳукумати ноҳия таъйин шуд. Азбаски ӯ яке аз беҳтарин духтурони ноҳия буд, бовуҷуди дар ҳукумат кору фаъолият карданаш, ҳамеша ба касби худ дилкашолӣ дошт. Ҳамин буд, ки баъди чанд соли фаъолият дар ҳукумат, боз ба сари касби худ баргашт ва сардухтурии ноҳияро ба зиммаи ӯ гузоштанд. Беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ низ, бо беморхонаи маркази ноҳия ҳамҷо карда шуд. Соли 1996 мушкилтарин сол аз лиҳози хӯрока ва доруворӣ барои беморон буд. Гарчанде нисфи касалиҳои рӯҳиро бурда бошанд ҳам, боқимондаи онҳо дар бинои нимвайронаи беморхона бехӯроку бесоҳиб монда буданд. Дар беморхонаи марказӣ низ захмиҳо аз ҳисоби аҳолӣ ва аскарон зиёд буд. Онҳо ҳам аз набудани хӯрокаву доруворӣ азоб мекашиданд. Абдукарим, аз ин нодориву қаҳтӣ азоби рӯҳӣ мекашид. 

Боби 3. Мактуби ғайриинтизор

Ана дар ҳамин рӯзҳо ба вай мактубе расид, ки дар он ваъдаи хӯрокаву доруворӣ барои беморхонаҳо дарҷ гардида буд. Ҳангоми ба хона баргаштан, боз 1 бори дигар мактубро аз кисаи бари костюмаш бароварда хонду ба оилааш хитоб карда гуфт: 

“Мо ҳамин шаб ба роҳ мебароем. Ба роҳи Харсанг ва деҳаи Пағӯла ман ба вилояти Хатлон меравам ва аз он ҷо барои касалиҳо хӯрокаву доруворӣ мебиёрам. Шумо то баргашта омадани ман дар деҳаи Пағӯла мемонед!”. Ҳарчанд ҳамсараш исрор кард, ки мактуб аз кисту аз куҷо омадааст, ин саволи ӯ бе ҷавоб монд. Фақат ҳаминро гуфт, ки ин мактубро аз вилояти Хатлон фиристодаанд ва ман аз он ҷо барои беморон хӯрокаву доруворӣ меорам.

Сулаймон Нордонаев дӯст ва ҳамсинфи Абдукарим, чунин ёдовар шуд: “Рӯзи 8-уми моҳи июл мо ба Абдукарим  вохӯрда будем. Бояд дер накарда, пагоҳии саҳар ба тарафи Душанбе ба роҳ мебаромадем ва аз вазъияти нохуби беморхонаҳо Вазорати тандурустиро огоҳ мекардем. Вале аз чӣ сабаб буд, ки Абдукарим наомад. Баъдтар маълум шуд, ки ӯ ба Душанбе неву ба воситаи роҳи ағбаи Харсанг ва Шуғнов ба вилоти Хатлон мерафтааст. Баъди ҳамин рафт, ки рафт...”. 

Боби 4. Сафаре пурхатар

09.07.1996. Шаб бо 2 духтарча ва ҳамсараш ба роҳ баромаданд. Мардуми бисёре низ аз тарси он, ки агар ноҳия ин дафъа аз дасти қувваҳои ҳукуматӣ берун шавад, дигар барои онҳо амон нест, бо оилаи Абдукарим пайвастанд. Ин ҷамоаи гурезагони Мирзо Ҷага ва ҳамсилоҳонаш, тақрибан шаст нафар буда, 6-7 сангарро, ки аз кормандони амнияту қувваҳои ҳукуматӣ иборат буданд, гузашта ба деҳаи Пағӯла даромаданд. Дар ҳар сангар  Абдукарим  ба мутасаддиён ҳуҷҷат нишон дода, мақсади ба роҳ баромадани худро арз ва аз ҳамроҳони худ пуштибонӣ мекард, ки онҳо низ пас гардонида нашаванд. Ӯ дар хонаи яке аз шиносҳояш, Маҳмадалӣ меҳмон шуд. Штаби қувваҳои ҳукуматӣ дар рӯ ба рӯи хонаи Маҳмадалӣ аз он тарафи роҳ, дар хонаи бобои Раҳим қарор дошт. Чун онҳо аз омадани духтур бо дарак шуданд, аз Абдукарим хоҳиш намуданд, ки ба аскарони захмӣ ёрии аввали тиббӣ расонида, ба муолиҷаи онҳо пардозад. 

Абдукарим  3 шабонарӯз ба муолиҷаи захмхӯрдагон машғул буд. Рӯзи чорум дар хонаи Маҳмадалӣ барои Абдукарим ҳанӯз хӯрокро нисф накарда, писарчае аз ҳамон деҳа бо номи Раҳмон ба назди ӯ даромад ва фармони ба штаб ҳозир шудани ӯро расонид. Ӯ косаи хӯрокашро ҳамчунон нимхӯрда гузошту саросема аз ҷояш бархост ва ҷӯрабҳояшро пӯшида, аз қафои писарбача ба штаб рафт. 

Бегоҳӣ ҳарчанд пурсуҷӯ карданд, касе дар куҷо будани ӯро нагуфт. Фақат пагоҳӣ ба занаш хабар расид, ки шавҳари ӯро барои муолиҷаи ярадорони мавзеи Калот бурдаанд. Чуноне гуфтем, ҳама аскарони захмдоршудаи деҳаҳо ва мавзеи Калот ба сарқумандон Қубони Чол тааллуқ доштанд. Чун Абдукарим ба деҳаи Пағӯла барнагашт, ҳамсараш баъди 3 рӯзи интизорӣ бо духтарчаҳояш ба хонаи худаш, ба ноҳия рафт. 

Боби 5. Дар ҷустуҷӯи шавҳар

2 ҳафта пас, ҳамсари Абдукарим бо духтарчаи калонияш барои дарёфти ҳолу аҳволи шавҳараш боз ба деҳаи Пағӯла омад. Ин дафъа ба ӯ хабар доданд, ки гӯё шавҳари ӯ барои овардани хӯрока ва доруворӣ ба вилояти Хатлон рафтааст. Мумкин ба наздикӣ баргардад. Ҳамсари Абдукарим бо духтарчааш нокому ғамзада боз ба хона баргаштанд.

Дар тӯли 10 сол аз Абдукарим ягон хату хабаре набуд. Фақат баъзеҳо овоза мекарданд, ки гӯё ӯро касе дар кадом 1 вилояти Русия дида бошад. Ҳамсари Абдукарим ӯро дар дили худ зинда медошт. Ҳама аҳлу байти ӯ доимо интизор буданд, ки кадом рӯзе бо ҳамон чеҳраи кушоду хандаи доимиаш аз дар медарояду писару духтарон ва ҳамсари пазмоншудаашро ба оғуш мекашад. Аз омадани худ ба дилҳои реши ин сиёҳбахтон марҳам мениҳад, вале бахти бад ва сияҳкорон кори худро карда буданд. 

Боби 5. Баъди 10 сол...

Соли 2006. Яке аз рӯзҳои тирамоҳ ҷавоне аз деҳаи Каларак, ба кофтукови говҳояш ба мавзеи Калот баромад. Ғорчаеро убур намуд ва баъди бо он тарафи он гузаштан, баргашту ба поёнтари даруни ғорча нигоҳ кард. Дар даштии тарафи рости ғорча, дар байни алафҳои нимхушк сафедие ба чашмаш бархӯрд. Аз роҳаш баргашт, поёнтар фаромаду боэҳтиёт ба тарафи он равона гардид. Чун наздик шуд, устухони сари одамӣ буд, ки дандонҳои тиллоии он ҳанӯз баъзеаш дар ҷояш буду баъзе дигар ба зери косахонаи сар афтода. Устухонҳо ва либосҳои ҷасадро барф ҳангоми обшавӣ тела дода, ба даруни ғорча партофта буд. Ҷавон ба чизе даст назада, ба ҳамдеҳааш Исои Кабир нақл кард. Саҳар Исо дар Нивааш нишаста ба он мавзеъ рафт, ҳамоне дид ки он ҷавон гуфта буд. Зеҳн монда ба устухони сар ва либосҳову  устухонҳои дар ғорча афтода нигаристу дилаш гувоҳӣ дод, ки ин ҷасади солҳо дар ин ҷо афтода, бояд аз Абдукарим Додов бошад.

Абдукарим Додовро кӣ кушт? Дар он мактуби сархӯр чи навишта шуда буд? Ин куштор бо супориши кӣ анҷом пазируфт? Инак, аз он ҳодисаи мудҳиш 24 сол гузашт ва ин суолот бе посуханд...

Ҳалимҷон Ҳусейнов,

узви ИЖТ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter