ХАБАРИ ДОҒ

Коронавирус вируси нав нест!

  • Ҷумъа, Май 08 2020

Имрӯз серистеъмолтарин вожа дар рӯи олам Коронавирус шудааст. Ин вожа ҷои вожаҳои пуркорбасти Ишқ, Муҳаббат, Самимият, Ҷанг, ИГИЛ, ДИИШ, терроризмро гирифт. Вале оё ин вирус марази нав аст? Барои равшанӣ андохтан ба мавзуъ хабарнигори мардумии СССР муруре ба таърихи он кард. Вақте мо журналу газетаҳои тиббии асри ХХ-ро варқ задем (он вақт интернет набуд!) кулоҳамон аз сар уфтоду даҳонамон воз монд. Маълум мешавад, ки коронавирус ягон майда касалии нав набудаву то ин дам низ вуҷуд дошт ва дар бораи ӯ ҳатто дар авохири асри 19 ва авоили асри 20, дақиқан солҳои 1920-30 тадқиқот вуҷуд доштааст. Вале биёед аз аввал гирем…

 

ЗОЖ ва коронавирус

Ба иттилоъи журнали укроинии ЗОЖ№19 (327) аз сентябри соли 2003, коронавирус дар асри ХХ чанд бор хуруҷ кардаву сипас хомӯш шудааст. ЗОЖ  (Здоровый Образ Жизни) менависад, ҳанӯз дар солҳои 20-30 нафароне мубтало ба ин вирус мушаххас шудаанд. Дар Хитой ва Ветнам ин вирус, ки наздикие ба Вараҷаи геморологӣ (геморологическсая лихорадка) дошт, аввалин бора ба қайд гирифта шуд. Дар давлати шӯравӣ-СССР, қабл аз шуруъи ҶБВ ҳамагӣ 1 нафар дар Брест мубтало шудаву сипас шифо ёфт.

Аз ин мараз духутроне, ки вирусро ташхис мекарданд, ба таври мармуз фавтиданд. Авҷи нуқтаи баландтарини коронавирус ба солҳои 1997-99 рост меояд. Барои равшантар шудани матлаб ва барои он, ки хонанда фикр накунад, ин ҳама бофтаи муаллиф аст, биёед порае аз онро бо забони асл-русӣ ин ҷо оварем. Боз дар ҳоле, ки ҳама хонандагони СССР ин забонро хуб медонанду муҳимтар аз ҳама Гавҳар Шарофзода дигар садри Кумитаи забон ва истилоҳот нест, ки штрафамон кунад:

-От коронавируса в то время погиб представитель ВОЗ, итальянец Карло Урбани. Умер также профессор-патологоанатом из Китая, который делал вскрытие погибшего от тяжелого острого респираторного заболевания жителя Вьетнама.

Как писали Факты ICTV, в университетском госпитале Базеля провели вскрытие 20 тел пациентов, умерших от Covid-19. Среди умерших преобладали мужчины, которые имели повреждения коронарных сосудов, треть пациентов болели диабетом.

 

Корона тоҷ аст ё на?

Аҳамият деҳ, хонанда, ки номи ин вабо аз куҷо гирифта шудааст. Он бештар ба «коронарные сосуды» зиён меоварад. Зимнан номашро низ аз ҳамин ҷо гирифтааст. Вале имрӯз, ки дастрасӣ ба интернет беш асту ҳар нафаре метавонад фантазияи хешро тарроҳӣ кунад, онро шабеҳи корона-Тоҷ кардаанд, ки ба тибби асри ХХ мувофиқат намекунад. Хуб, коронарные сосуды худ чист? Боз ҳам бо забони асл далел меорем:

Сосуды, которые доставляют к миокарду насыщенную кислородом (артериальную) кровь, называются коронарными артериями. Сосуды, по которым от сердечной мышцы оттекает деоксигенированная (венозная) кровь, называются коронарными венами.Коронарные артерии, располагающиеся на поверхности сердца, называются эпикардиальными.

Ҳамин аст, ки коронавирус роҳи нафасро мебандад ва бештари мардум аз нарасидани ҳаво бар шуш ва қалб мефавтанду шифои аслияш нафаси сунъист!

Ва инро дар соли 2003 навиштаанд. Яъне 17 сол муқаддам!!! Худатон варақ занед: «Журнал ЗОЖ №9 (237) 2003, Коронавирус становится агрессивным»

 

Дар олам чӣ гап?

Дар ақсои олам, ин вирус мутатсия, яъне мутобиқ гардидаву рушд ёфта, бедодгарӣ дорад. Фарзи мисол, рӯзи 27.04.2020 дар олам 81363 нафар ва дар ҷамъ 3 млн кас мубтало ба ин вирус шудаанд. Аз ин теъдод 876000 мариз шифо ёфт (дар 1 шаби гузашта 47456 тан). Фавтидагон низ мутаассуф ҳастанд. Аз 3 млн мубталошуда 208000 нафар (шаби гузашта 4461 тан) фавтид.

Агар ба ОМОР таваҷҷӯҳ кунем, мебинем, ки Шукри Худо теъдоди мубталоёну фавтидагон коста шуда, сафи шифоёфтагон меафзояд. Худат бин, хонанда, агар дар олам, то 28.04.2020. соати 10:58 дақиқа 7 млрд 794 млн 105 ҳазору 977 кас ба сар барад (ин омор ҳар сония тағйир меёбад!) ва дар 1 шаб беш аз 80 ҳазор кас мариз шудаву 47 ҳазори онҳо, яъне 65-70% шифо ёфтаанд, омори нигаронкунанда нест. Теъдоди фавтидагон низ рӯ ба коҳиш аст. Яъне чӣ? Яъне ин мараз буд, ҳаст ва хоҳад монд! Ба он чун бо дигар маразҳои одамкуш, мисли саратон (рак), сактаи қалб, СПИД, сифилис, туберкулёз, малярия, тиф, гулӯзиндонак ва ғ. ва ҳ. бояд одат кард.

 

Тарсро аз дил канор гузоред

Дақиқан ё ҳабб (пилюля)-и онро меёбанд, ё эмашро. Ва агар нашуд, организми Одам худ зидди ин вирус мубориза бурда, онро ба худ мутобиқ мекунад, мисле, ки аксарияти касалиҳоро кардааст. Ҳоло зиёд сари будан ё набудани коронавирус дар Тоҷикистон баҳс мегузарад. Галина Перфилева- раҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳатто 100% бар бовар нест, ки ин вирус вуҷуд дорад ё на, дар ҶТ. Вале корҳои эҳтиётӣ, карантин эълон кардани мактабҳои миёна мардумро ваҳмзада кард. Ҳоло вазиру раисон бо муовинон ва корафтодагон тавассути телефон сӯҳбат мекунанд. Рӯзи шанберо интизор мешавем, ки раисони шаҳру навоҳӣ дар вохӯрӣ бо мардум аз чӣ усуле кор мегиранд:

1.Телефон, 2. Видеокнофронс, 3.Мулоқоти маъмулӣ…

Дақиқан намедонам, ки ин вирус ҳаст дар мо ё нест?! Зеро мутахассис нестаму то ҷое мани дилетант омӯхтам, коронавирус аз гриппу сармохӯрдагӣ, илтиҳоби шуш чандон тафриқае надорад. Вале бешакку шубҳа он вуҷуд дорад. Зимнан аз эҳтиёт бояд кор гирифт, ки гуфтаанд:

-Эҳтиёт ними ҳаёт!

Худ ва пайвандонатон, ҳаққу ҳамсоя ва муҳимтар аз ҳама солхӯрдагонро ҳатиёт кунед: дастҳоятонро бештар бо собун шӯед, даҳонбанд гиред, фосилаи сӯҳбат нигоҳ доред (1,5-2 метр) ва бештар об ва чойи кабуд нӯшед. Ва муҳимтар аз ҳама картошкаро камтар истеъмол кунед!

Мо Метавонем!!!

М. Мубориз

Махсус барои СССР

PS: Қариб фаромӯш кунам. Дар соли 1997-99 бар ин мараз бо истифода аз Рибоверин ва Преднизолон пирӯз омаданд. Биёед факти охиринро низ аз ЗОЖ гирем, ки чӣ менависад:

-Какие лекарства помогают этим больным? Есть антивирусный препарат-Рибоверин. Все, кто принимал его на ранних стадиях болезни, получили хороший результат. Когда возникает отдышка, помогает Рибоверин в сочетании с Преднизолоном или Дексазаном… 

Тамом вассалом. Саломат бошед ва ҳеҷ гоҳ касал нашавед!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter