ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Армияи Сурх дар давоми соли 1944 ба душман 1 қатор зарбаҳои ҳалокатвор зада, Ватани азизи худро аз фашистони ғоратгар пурра тоза кард. Ҷанговарони шуҳратманди Советӣ халқҳои Европаро аз зулму истибдоди гитлерчиён озод карда, дар моҳи майи соли 1945 байрақи Ғалабаро дар Берлин барафрохтанд.

То дами охирин ҷангиданд…

Ҷанговарони тоҷик-разведкачиён Пӯлод Атоев ва артиллерист Иван Михайлович Глушков дар вақти озод намудани Украина ва Қрим маҳорати баланди ҷангӣ нишон дода, яке разведка мекарду дигаре танкҳои душманро зада нобуд. Старшинаи гвардия Атоев ва сержант Глушков дар ин ҷангҳо ба гирифтани 3 ордени Шараф сазовор  гаштанд, ки баробар ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ буд!

Ба ҷанг фиристодагони Тоҷикистон дар дигар фронтҳо низ қаҳрамонона меҷангиданд. Дар ҷангҳои озодкунии Латвия риштаи ҳаёти колхозчии ноҳияи Шаҳринав Чӯтак Ӯрозов канда шуд. Дар сарзамини Литва командири тӯп Сафар Амиршоев то дами охирин ҷангид. Барои озод намудани халқи Чехословакия Эргаш Шарифов ва Амирсалим Саидбеков ҷонашонро фидо карданд. Ба ҳамаи онҳо баъди вафоташон номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.

Корнамоии Фатҳулло Аҳмадов

Дар задухӯрдҳои охирини Ҷанги Бузурги Ватанӣ дивизияи 17-уми савораи гвардия, ки онро Тоҷикис­тон ба ӯҳда гирифта буд, шуҳрати ҷангиашро афзун кард. Дар аввали соли 1944 гвардиячиёни савора дар озод кардани Полеся иштирок карданд. Дивизияи 17-уми савораи гвардия дар қатори дигар иттиҳодияҳои корпуси 2-юми савораи гвардия номи фахрии «Мозырск»-ро гирифт. 

Дар қисмҳои дивизия ҷанговарони тоҷикистонӣ бисёр буданд. 

Дар ҷангҳои шаҳри Седделс ҷанговари пуртаҷриба аз ш. Ленинобод Фатҳулло Аҳмадов қаҳрамонии бемислу монанд нишон дод. Ба муқобили эскадрони савораи советӣ 2 баталёни эсэсҳо бо дастгирии 13 танк ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштанд. Фатҳулло Аҳмадов бо тирҳои бехатояш  танки миёнаи фашистон «пантер»-ро оташ зад. Вале дере нагузашта танки вазнини немисии «паланг» ба ҷанговар наздик шуд. Ҷанговари ҷасуру далер гранатаи зиддитанкиро ба миёнаш баста худро ба зери танк партофт. Барои ин корнамоиаш ба Фатҳулло Аҳмадов баъди маргаш унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.

Ҷанговарони Тоҷикистон бо ҳамроҳии Армияи Советӣ аз ҳамаи санҷишҳои вазнини ҷанг гузаштанд. Онҳо дар гирифтани Берлин ва торумор намудани империалистони Япония низ фаъолона иштирок карданд.

Иҷрои нақша пеш аз мӯҳлат!

Дар солҳои 1944-1945, мисли солҳои пешина тамоми қувваи ақибгоҳ ба ҳалли вазифаи  асосӣ ба даст даровардани ғалабаи пурра бар душман равона карда шуда буд. Меҳнаткашони кишвар ҷаҳд мекарданд, ки ҳарчи бештар маҳсулоти саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ истеҳсол намоянд. Меҳнаткашони кишоварз соли 1944 майдони киштро васеъ намуда, нақшаи ғалласупориро пеш аз муҳлат иҷро карда, РСС Тоҷикистон ба фонди Армияи Сурх 65 ҳазор тонна ғалла дод.

-Дар шароити замони ҷанг- гуфта мешуд, дар Укази Президиуми Совети Олии СССР-кори ғаллатайёркунӣ барои ба даст даровардани ғалаба бар душман аҳамияти махсус дорад ва аз ҷиҳати муҳтавоя ба кори фронт баробар аст!».

Дар солҳои 1943-1945 ба халқи Шӯравӣ муяссар шуд, ки дар ноҳияҳои аз истилогарон озодкардашуда 31% саноати азкормондаро барқарор намояд. Ба ин кор мардуми минтақаҳои шарқии мамлакат, аз он ҷумла Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон сафарбар карда шуданд.

Ғалабаи пурқурбонӣ

Ғалабаи мо бар ивази қурбониҳои зиёде ба даст омад. Дар солҳои ҷанг зиёда аз 300 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ба сафҳои Армияи Советӣ даъват шуда, 58 ҳазор нафари онҳо ҷонашонро баҳри озодӣ ва истиқлолияти Ватани азизамон фидо карданд. Корнамоиҳои қаҳрамонии Ҷанги Бузурги Ватанӣ абадӣ дар хотири халқ  мемонад.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ  талафоти  ҷонию молӣ ва пулӣ дар Иттифоқи Советӣ чунин аст:

-Талафоти ҷонӣ – 27 миллион нафар

-Маъюбони ҷанг – 26 миллион нафар

-Заводу фабрикаҳои аз кор баровардашуда – 31,850 адад.

-Роҳҳои оҳани аз кор баровардашуда – 65000 км

-Шаҳрҳои ба хок яксоншуда – 1710 адад

-Деҳаҳои ба хок яксоншуда – 70 000 адад

-Камшавии майдони киштукор  36,8 миллион гектар

-Шахтаҳои аз кор баровардашуда – 1135 адад.

-Осорхонаҳои ғорату валангоршуда – 427 адад

-Китобхонаҳои ғорату валангоршуда – 43 000 адад

Миллати қаҳрамон

Қаҳрамонии халқи Тоҷик­ро ягон сиёсатмадор, ҳатто агар Путин ҳам бошад, наметавонад хатчадор созад. Зеро агар ба фоизи аҳолӣ гирем, Тоҷикон бештар аз ҳама халқиятҳои 15 республикаи советӣ, бо шумули Русия низ, дар ҶБВ ширкат кардаву аз ҳама зиёдтар талафот додаанд. Ҳар 3-умин сокини РСС Тоҷикистон ва агар ба фоизи мардон гирем, ҳар 2-умин нафар ҷангидааст ва миёни Тоҷикон хиёнаткорон қариб, ки набуданд. Ин русу татору белорусу қазоқу қафқозиҳо буданд, ки бештари Армияи Власов-хоини ватанро таъсис медоданд, на тоҷикон!

…Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад! Сарсупурдагии Тоҷикон низ. Мо Метавонем!

 

Раҷабалӣ Раҳимов, 

аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.Варзоб

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter