ХАБАРИ ДОҒ

РАДИОИ ОЗОДӢ ВА БАҲСИ КАРТОШКАВУ МАЛАХ

  • Панҷшанбе, Июн 04 2020

 

 Намедонам аз чӣ бошад, аммо яку якбора "Радиои Озодӣ" домани паҳншавии короновирус дар Тоҷикистонро раҳо сохта, ба картошкаву пиёз дар ноҳияи Нурободу ҳуҷуми малах дар киштзорони соҳили рӯди Панҷ часпид. 

Картошкаву пиёзи Нуробод, дарди бахайр. Агар хабарашон таҳаққуқ дошта бошад, 100% боварӣ дорам, ки Раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода хисороти ба он хоҳари хоҷагидорамон расидаро ҷуброн мекунад. Зеро он касро ҳамчун як ҷавонмарди ободкору бунёдкоре мешиносам, ки ҳамеша дар хубиву дар хизмати инсонҳост! Гузашта аз ин, бо роҳбарияш ноҳияи Нуробод хеле пешрафт намуд. Фақат барои дидани ин пешравиҳо чашми бинову дили софи беғараз доштан лозим аст, ки мутаассуф хабарнигорони тоҷикистонии ин радиои маъруфи "ҳақиқатгӯву озодибаёни" Аврупо на инашро доранду на онашро...

Хуб, бигзарем аз ин ҳам!

Тарси ман аз он аст, ки хабарсозони Озодӣ ҳуҷуми малах ба киштзорони ноҳияи Панҷро ҳам ба гардани Ҳукумати кишвар бор мекунанд ва иддао пеш меоранд, ки чаро пеши роҳи ин лашкари ғаддори авбоши малахро Ҳукумати Тоҷикистон нагирифт? Пештоз ба онҳо гуфтаниям, ки дар ин мавзу ҳам метавонанд хотирҷамъ бошанд. Ҳуҷуми малах ба ин киштзорон соли аввалу бори аввал нест. Ин ҳодисаи табиӣ, қариб ҳар сол рух медиҳад ва барои пешгирияш тамоми чораву тадбирҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат андешида мешаванд.

Радиои Озодӣ ё наҳзатӣ?

Бо ин ҳама, пайваста дуогӯям, ки ягон хабарнигори Озодӣ гирифтори короновирус нашавад ва ҳеҷ вақт лашкари ғаддори малах ба киштаи умеди қаламбадастони ин радио ҳуҷум насозаду онро талаву тороҷ накунад.  Фақат аз онҳо як хоҳиш дорам. Ҳади ақал 1 бор даст болои дил гузошта, 1 матлаби беғаразона аз амалҳои хайри анҷомдодаи Ҳукумати Тоҷикистон таҳия созанд.  Ин гуна амалҳо бешуморанд ва ҳатто ҳисоб надоранд.

 Агар ин корро кунанд, шахсан 1 приёмники наву 1 наушники муосир харида, мисли чанд вақти қаблӣ, ки чунин яктарафаи бад набуданд, сидқан мухлису шунавандаи доимияшон мешавам. Аммо, боз ҳам бар он боварам, ки ин дӯстони мо дар 2 дунё ин корро намекунанд. Зеро ғайрати гом ниҳодан бар муқобили хоҳишу супориши хоҷагону фармоишгарони худро надоранд. Боз дар сурате, ки ҳоло Озодиро дар Тоҷикистон радио-хидматгори наҳзатиён мегӯянд (ибораи Д. Атовулло). Дар ҳар сурат, Худо боз ҳам тавфиқашон диҳад! 

Соҳиби мурдаатон моем на дигарон!

Аммо, хубтар мебуд, ки пеш аз таҳияи ҳар матлаби бадномкунандаву ҳангомасоз, хабарнигорони радиои "ҳақталоши" мо, дар сар андешаи пос доштани нону намак ва обу хоки ин сарзамини бобоияшонро низ кунанд. Зеро нону хоки Ватани аҷдодӣ намак дорад ва 1 рӯз не 1 рӯз он метавонад дилхоҳ каҷраву каҷгӯйро зада, кӯру кару хору залил гардонад! Ва он гаҳ тобути шуморо ё дар ғарибӣ месӯзанд чун бараҳмани бехудо ва ҳатто наҳзатие ба ҷанозаатон намеояд, ё Ватан-Модар-Тоҷикистон ҷасади бӯгирифтаатонро аз ҳисоби буҷҷа бармегардонаду бо эҳтиром мегӯронад. Зеро Аврупо моиндар асту Тоҷикистон модаратон-агар фаромӯш кардаед.

Медонам, ки андаке сахт гуфтам, аммо ҳақиқат ҳамин аст, охир...

Нуралӣ Хоркашев

журналист

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter