ХАБАРИ ДОҒ

Редаксияи супориш дод: Дору хар!!!

  • Чоршанбе, Июн 10 2020

 

Ғаробати дигари кор ин аст, ки 1 маҳсулот дар ҳар аптека чанд хел нарх дорад. Барои мисол 1 антисептик дар 2 дорухона нархи мухталиф дорад, маълум мешавад, ки  сохторҳои марбута, аз он ҷумла Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ, ки назорати нарх вазифаи ҷониаш аст, ин самтро ё кайҳо фаромӯш кардаанд ва ё зӯрашон намерасад… 

Баъди зиёд шудани овозаҳои гуногун дар мавриди хуруҷи короновирус дар кишвар тарси одамон бештар шуда, онҳоро дубора сӯи дорухонаҳо бурд. Мардум боз ба ҳуҷуми дорухонаҳо гузашта, барои харидани ниқоби тиббӣ, дастпӯшҳо, маҳлулҳои зидди вирусӣ ва доруворӣ навбати тӯлонӣ гирифта истодаанд. Мухбири Газетаи мардумии СССР дар вилояти хатлон тайи 2 рӯзи охир фаъолияти дорухонаҳоро дар маркази вилоят-шаҳри Бохтар мушоҳида намуда, нархи баъзе доруҳоро ҳам, ки ба маротиб гарон ва камёфт ҳам шудааст, пурсид.

Хатлон: дору ҳоло ҳам гарону камёфт аст!  

Дар нахустин дорухонае, ки бо номи «Ҳоҷиён» машҳур аст, ниқоби тиббӣ, доруи  ҳароратпасткунандаи «Парацетамол» ва ҳароратсанҷ умуман вуҷуд надошт. Аз «Арбидол»-у «Эргоферон»-у «Иммунал» пурсидем, фурӯшанда гуфт, надорем! 

Дар ин дорухона нархи доруи «Арбидол» то фарорасии хуруҷи коронавирус 55 сомонӣ арзиш дошт, пасон то ба 220 сомонӣ баромад, дар дорухонаҳои дигар бошад «Арбидол»-ро 350 сомонӣ ҳам фурӯхтанд. Вале баъди гузаронидани рейдҳои мақомот ин дору на танҳо арзон нашуд, ки баракс, дефитсит гардид ва мисли даврони советӣ 1 маҳсулоти «подприлавка» шуд. Яъне онро аптекарҳо танҳо ба худиҳо, пинҳонӣ ва гарон мефурӯшанд. Мо Метавонем!

Назорати нарх нест! 

Латофат Уразова, сокини ш.Бохтар чанд рӯз аст, ки дар ҷустуҷӯи доруҳои «Арбидол»-у «Парацетамол» буда, дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфт, ки аз сабаби паст будани иммунитети фарзандам чанд рӯз аст, ки дарҳои дорухонаҳоро мекубам, аммо намеёбам. Чандин нафаронеро дидаам, ки бо «тағо»-бозӣ  доруҳои лозимиро оҷилан дастрас мекунанд. Даҳҳо нафар мисли ман имрӯзҳо дар пушти дари дорухонаҳо барои доруҳои лозима саргардонанд, афзуд ӯ.

 Ҳангоми таҳқиқ аз чанд дорухона нархи ҳароратсанҷ, доруҳои зидди таб, доруи баланд бардоштани иммунитет ё масунияти бадан, дастпӯшҳои якдаъфаина, спирт, ниқобӣ тиббиро пурсон шудам. Яке аз фурӯшандаҳои дорухонаи ш.Бохтар бе ифшои ном қайд намуд, ки нархи «Арбидол»-10 дона ҳаб қаблан 84 сомонӣ буд, ҳоло бошад то 250-320 сомонӣ баромадааст, «Парацетамол» бошад пеш 0,50 сомонӣ буд, ҳоло бошад аз 1,50-3 сомонӣ, ҳароратсанҷ (градусник) 5 сомонӣ буд, ҳоло бошад 10-15 сомонӣ, ниқоб (маска) пеш 1 сомонӣ буд, акнун аз 3 сомонӣ то 80 сомонӣ гарон шудааст, дастпӯшаки тиббӣ 1 сомонӣ буд, ҳозир аз 5 то 10 сомонӣ нарх дорад. 

Ғаробати дигари кор ин аст, ки 1 маҳсулот дар ҳар аптека чанд хел нарх дорад. Барои мисол 1 антисептик дар 2 дорухона нархи мухталиф дорад, маълум мешавад, ки  сохторҳои марбута, аз он ҷумла Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ, ки назорати нарх вазифаи ҷониаш аст, ин самтро фаромӯш кардаанд ва ё зӯрашон намерасад… 

Бо меъёр?

Аз 10 дорухона дидан кардем, дар аксарият доруҳои серталабгорро меъёр кардаанду ба 1 даст танҳо 1 дона медиҳанд. Масалан, ман наметавонам аз 1 адад спирт ва 2 дона доруи зидди таб бештар харидорӣ намоям. 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо баргузории рейдҳои вежа дари баъзе аз дорухонҳоро баста, қисмеро барои гаронфурӯшӣ ҷарима низ кард. Шояд яке аз сабабҳои бо меъёр фурӯхтани доруворӣ низ ҳамин бошад-бояд ба ҳама бирасад ва мардум арзон гирифта, пинҳонфурӯшӣ накунанд. 

 

Чӣ бояд кард?

Вале бо ин рейду банду бастҳо кор пеш намеравад. Кайҳо фурсате расидааст, ки дар тамомии дорухонаҳо кишвар сар аз Кӯли Саррези Бадахшон то Мазори Султони Ховалингу Чилучорчашмаи Қубодиён, аз Мазори Бурхи Валии Раштонзамин то Шайдони Ашту Воруху Чоркӯҳи Исфара ва ғ. ва ҳ. нарх дар дорухонаҳо БОЯД 1 хел бошад! 

Мо чанд давлат дорем? Албатта, 1-то! Пас чаро дар 1 давлат, 1 ноҳия, 1 қишлоқ ва ҳатто 1 гузар нархи дорувор чанд хел бошад? Магар соҳаи дорусозӣ, давлат андар давлат гаштаасту Тоҷикистон шаҳри бедарвоза?

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter