ХАБАРИ ДОҒ

Сайфиддин Тӯраев: аз тиҷорат то сиёсат ва баракс

  • Чоршанбе, Июн 10 2020

 

 

30.05.2020. Сайфиддин Тӯраев, яке аз тобонтарин чеҳраҳои мондагори даврони бозсозии РСС Тоҷикистон, замони Истиқлолиятхоҳӣ, овони ҷанги гражданӣ  ва таърихи пасошӯравии Тоҷик, дар синни 75 солагӣ, бар асари сактаи қалб, аз олам бибрид…

Тӯраев ва миллионҳои ӯ

Тӯраев, аз чеҳраҳои харизматики сиёсати даврони бозсозӣ, солҳои 1986-1989 вазири хидмати маъишии ҶТ буд. Сар аз соли 1990, марди кордону дурандеш, ки буд, ин вазоратхонаро ба консерни Хизмат табдил додаву дар курсии садораташ такя зад. Ба консерн 150 корхона ва 16 ташкилоти бузургтарини хидматрасонӣ (КБО) дар сартосари РСС Тоҷикистон шомил будӣ. Ӯ аз нахустин миллионерони на танҳо Тоҷикистон, ки собиқ СССР-и абарқудрат низ маҳсуб мерафт.

Тӯраев ва бозсозӣ

Сар аз соли 1986 дар СССР даврони бозсозии Горбачёв-камхирадтарин президент дар ақсои олам шуруъ шуд ва ҳар касе чизе хост дуздиду коре мехост кард. Сайфиддин Тӯраев дар ин гирудорҳо таври маълум, бо ақли дурандешаш, нахустин миллионҳояшро ба даст овард. Вале дарк кард, ки бе сиёсати бузург ин сарватро ҳифз кардан мушкил аст. Зимнан ба сиёсат рафт. Ӯ яке аз ҷавонтарин депутатҳои Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон-даъвати 1990 буд. Ва дар мавриде, ки Давлат Худойназаров ва Гулрухсор Сафиева барин РобинГудҳои маҳаллӣ думи Шӯрои Олии СССР-ро гирифтанд, Тӯраев насими истиқлолият ва марказгурезиро дарк карда, думи парлумони РСС Тоҷикистонро қапид ва хато накард. Дар соли 1991 ӯро муовини аввали раиси Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон таъин карданд.

Тӯраев ва плюрализм

Аз маҳбубтарин депутатҳо барои 2 ҷабҳа буд. Таври маълум, дар соли 1991 аллакай Тоҷикистон ба 2 ҷиноҳ тарафдорони коммунистон-юрчик ва исломгароён-вовчикҳо тақсим шуда буд. Ҳар 2 ҷониб якдигариро чашми дид надошт. Ва ин танҳо Сайфиддин Тӯраев будӣ, ки бо табассуми харизматик маҳбуби ҳама ҷонибҳо монд ва вақте, ки Мулло Ғаффори рекэт ва қумандони наҳзатӣ депутатҳоро гаравгон гирифт, ба Тӯраев касе даст нарасонид. Коршиносон мегӯянд, агар дар интихоби номзад, «кӯвваҳои демократӣ» ғалат кардаву ставкаи сиёсиро рӯи Давлат Худойназаров намегузоштанд, дар интихоботи соли 1991 шонси пирӯзии Тӯраев даҳчанд мешуд. Вале деомкратҳо сари Худойназаров тамаркуз карданд, ки ба гуфтаи Аслиддин Соҳибназаров-витсе президенти вақти Давлат, хатои бузургтарин ва фоҳиши онҳо шуд. «Зеро-ба гуфтаи раҳматии Соҳибназаров-ин интихоб қувваҳои мазҳабиро дар Рашту Тавилдараву Ваҳдату Файзобод аз онҳо тӯронд (факти шиъаву сунӣ) ва симпатияи Кӯлоб, ки ҳарифи азалии Бадахшон буд, сӯи Набиев Раҳмон печ хӯрд».

Дар ҳар сурат Тӯраве баъди Давлату Раҳмон Набӣ дар ин сабқат дар ҷои 3-юм қарор гирифт ва зуд аз майдони кашмакаши ҷонибҳо, ки бо ҷанг хатм ёфт, канор рафт.

Тӯраев ва саволи муътадил

22.11.1991. Соат ба вақти Душанбе 08:00 дақиқа. Дар ин шом дебати демократитарини интихоботӣ дар таърихи Тоҷикистон сурат гирифт. Дар баҳс ҳамаи  номзадҳо, бидуни Раҳмон Набиеви коммунист ширкат доштанд. Баҳс хотирмон буд. Танзеро мемонд. Памфлет ҳам дошту фелетон низ. Лутфаш бештар буд. Тӯраев паҳлӯи Худойназаров менишаст ва сипас Бурӣ Салим, Ҳикматулло Насриддинов, Акбаров ва Бобишо Шоев менишастанд. Ба суоли конкретии роқими ин сутур, ки «Агар интихобкунанда мебудед, ба кӣ овоз медодед?», Д. Худойназаров гуфт ба Сайфиидин ва Тӯраев нимхез нишон дод, ки «Ман ба ин кас»… Вале посухи аз ҳама мантиқиро Бобишо Шоев дод, ки сар кард:

-Шумо саволи бисёр муътадил додед...

Ин интихобот ва ин номзад, ки баъдан дар таърихи 13 декабри соли 2013 дар зиндон фавтид, бо ҳамин танзи «саволи бисёр муътадил» абадан дар хотираҳо сабт гардид…

Мафиозӣ ва маҳбуб

Сайфиддин Тӯраевро солҳо чун садри мафияи Ӯротеппа бар қиболи мафияи Қистакӯз ва Хуҷанд ном мебурданд. Вале олудагии ӯ ба ягон ҷиноят ва мафия то ҳанӯз сабт нашудааст. Рӯиҳамрафта, ин иддаоро, ки Сайфиддин Тӯраев маҳбубтарин чеҳраи сиёсӣ ва тиҷоратии РСС Тоҷикистон ва сипас Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, аҳли қалам, ба вежа журналистонро дӯст медошту иззат мегузошт, касе радд карда наметавонад. Ин муҳаббат ба сухан буд, ки ӯ нахустин газетаи ғайридавлатӣ-«Ҳафт Ганҷ»-ро нашр кард.

Рӯҳат шод ва хонаи ахиратат обод бод, Сайфиддин-ако. Шумо номи хешро абадан дар таърихи ин миллату ин меҳан сабт кардаед. Мо Метавонем!

М. Мубориз

СССР

 

 

В 1986—1989 годах министр бытового обслуживания Таджикской ССР. С 1990 г. — глава концерна «Хизмат» (корпорации «Ховар») — преемницы Министерства бытового обслуживания, в состав которой входили 150 таджикских предприятий и 16 совместных предприятий).

В 1991—1992 гг. — первый заместитель председателя Верховного Совета Республики Таджикистан. В 1992 году баллотировался в президенты Таджикистана[уточнить].

С 1992 г. — президент Международной научно-производственной торговой корпорации «Истаравшан», одновременно — с апреля 1995 сопредседатель (фактически — первое лицо) Общественно-политического движения Конгресс Народного Единства Таджикистана (КНЕТ).

С 1995 — депутат Маджлиси Оли по 93-му Ленинскому избирательному округу — член Комитета по экономике и бюджету.

С 1999 года отошёл от политической деятельности, занимался предпринимательством.

Умер в Истаравшане 30 мая 2020 года от сердечного приступа.

 

 

Чеҳраи маъруфи солҳои 1990, яке аз пешсафони ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, вакили номвари порлумон Сайфиддин Тӯраев дар нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991, ки озодтарин интихобот дониста мешавад, якҷо бо 11 номзад, аз ҷумла Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Бурихон Салимов, Бобишо Шоев ва дигарон ширкат варзида, тарафдории бахше аз интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Дар интихоботи президентии соли 1999 бори дигар номзад шуд, вале ба марҳалаи асосӣ роҳ наёфт. Номзадии ӯро бо далели ҷамъоварии имзои ками пешбарикунандагон бекор карданд.

Баъд аз ин саҳнаи сиёсиро тарк карда ва ба тиҷорат машғул будааст.

Вай дар Ӯротеппа (Истаравшани ҳозира) ба дунё омадааст. Соли 1973 Донишкадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст.

Аз соли 1973 то 1986 коргар, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи Ӯротеппа ва солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1991-92 ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буд, моҳи октябри соли 1999 – номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter