ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Бозор рав!

  • Чоршанбе, Июн 17 2020

 

 

   Дар замоне, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз мавҷи дуюми хуруҷи коронавирус COVID-19 дар кишвар мутахассисони соҳаи тиб ва масъулин такрор ба такрор таъкид месозанд, ки қоидаҳои беҳдоштииро бояд ҷиддан риоя кард, савдогарону фурушандагони бозорҳои хӯрокаи пойтахт бидуни дастпӯшаку ниқобу антисептик аз харидор пул мегиранду бо ҳамон даст маҳсулоти хурокворӣ ва меваю сабзавот мефурӯшанд…

  Ҳафтаи охир хонандагон ва мухлисони ҳафтанома тариқи зангҳои телефонӣ ба идора аз риоя нашудани қоидаҳои санитарӣ ва пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар бозорҳои хӯрока шикоят намуданд. Онҳо мегуфтанд савдогарон аз дастпушҳои яккарата истифода намебаранд ва маҳлулҳои антисептикӣ надоранд. Мо тасмим гирифтем ин ҳафта ба бозорҳои хӯрокаи пойтахт баромада, масъалаи рияои қоидаҳои беҳдоштиро назорат кунем.

 “Ҳамин дастпӯшак чӣ лозим?”

04.05.2020. Соат бо вақти Душанбе 10:09 дақиқа. Ба бозори “Меҳргон” рафтем. Даромадгоҳи бозори “Меҳргон” камодам ба назар мерасиду гирду атрофи бозор ҳамаҷо тозаю озода буд. Дар атрофи бозор шиору овезаҳо ва варақаҳои маълумотӣ дар бораи пешгирӣ аз мубталошавӣ ба коронавирус насб карда шуда, аз даромадгоҳи асосӣ даромадан замон ороиши хоси меваю сабзавот диққати касро ба худ ҷалб месохт. Мағозаҳои либосу пойяфзол ва дуконҳои хизматрасониҳои дигар ба хотири пешгирӣ муваққатан баста буданд. Аз вазъи бозор маълум аст, ки бозори “Меҳргон” бозори нав буда, назорат дар ин бозор каме ҷиддитар аст. 

    Вале гуфта наметавонем, ки ҳама чиз дар ин ҷо олӣ буд. Воқеан чигунае, ки дар акс мебинед аксари савдогарон аз дастпушакҳои якбормасраф истифода намебурданд, яъне бо ҳамон дастони “тоза” ҳам пул мешумориданду ҳам маҳсулотро ба харидорон пешкаш мекарданд. Ақаллан барои тоза кардани дастон маҳлулҳои антисептикиро дар наздашон мушоҳида накардем. Аз Шукрона ном фурӯшанда пурсон шудем, ки чаро дастпушак надорад? Дар посух бо мимикаи аҷоиби рӯй “ҳамин дастпӯшак чӣ лозим?” гӯён аз суҳбат бо мо худдорӣ намуд. 

 Деҳқонбозори “Меҳргон” хеле арзон буд

Чун аз мушоҳидаҳо бармеомад, қисмати деҳқонбозори “Меҳргон” нисбат ба толорҳои (залҳо) он серодамтар буда, нарх низ ин ҷо нисбатан арзон буд. 

Фурӯшандаҳо, ки аксар деҳқонанд, маҳсули дасти худро ба фурӯш гузоштаанд. Воқеан нархҳо ин ҷо арзонтар буданд. Картошка 3с 60д, пиёз 1 сомонӣ, помидор аз 3 то 7 сомонӣ, қаланфури булғорӣ аз 3с 50д то 6 сомонӣ, зардолу аз 4 то 7 сомонӣ, кабудӣ  25 дирам, гулкарам 5 сомонӣ, олуча 7 сомонӣ, гелос 20-23 сомонӣ арзиш доштанд. Мо ҳам ҳангоми харид ба ҳар 1 фурӯшанда тавсия додем, ки ҳатман барои бехатарии худ ва харидорон аз ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшакҳои якбормасраф ва маҳлулҳои антисептикӣ истифода баранд. Аз “ҳа, хоб шудаст” ва каллазании бепарвои онҳо маълум буд, ки онҳо эроди моро низ ба ким-куҷояшон задагиянд...

Боварӣ дорем, ки масъулини бозор баъди нашри ин матлаб ба масъалаи мазкур бештар диққат намуда, ин ҷиҳати корро низ назорат мекунанд.

 Яккачинор: “Эҳтиёҷ ба ниқоб надорем!”

07.06.2020. Соат ба вақти Душанбе 11:36 дақиқа. Ба бозори Яккачинор, маъруфтар ба исми гӯшхароши “Сагбозор”  рафтем. Воқеан бузургсолон мегӯянд, замоне ин бозор бозори ҳайвонот низ буду дар он бештар саг мефурӯхтаанд ва исми гӯшнавози “Сагбозор” маҳсули ҳамон солҳост...

 Бозор хеле камодам буду ҳавои дохили бозор гарму дилгиркунанда. Аксари савдогарон ниқоб ва дастпӯшак надоштанд. Нархи маҳсулоти хӯрока, хосса сабзавоту меваҷот нисбат ба бозорҳои дигар каме гаронтар ба чашм мерасид.      Руйи ҳама маҳсулоти сабзавот кушода, қариб ҳеҷ савдогаре дар фикри саломатии худу мизоҷаш набуд. Ва ҳоло суол ба миён меояд, ки масъулин куҷоро назорат мекунанд? Савдогарони мо ҳоло ҳам коронавирусро ҷиддӣ нагирифтаанд, фикр мекунанд коронавирус хешу таборашон ҳаст, ки мабодо ба наздашон раваду бинад, ки бе ниқобанд, аз баҳрашон гузашт мекунад!? 

   Ҷуръат пайдо намуда ба якеашон гуфтем, ки “апаҷон, чаро ниқобатонро намепӯшед?”. Бо як густохӣ “Эй, ҳоло эҳтиёҷе ба ниқоб надорем, даруни бозор худаш гарм аст, боз фукҳоямонро бандем ҳамин ҷо ҷон медиҳем”- гӯён посух гардонид. Фурӯшандагони азиз! Ҳоло вақти ин шикоятҳо нест! Саломатии худу миллатро фикр кунеду ба хотири худу наздиконатон ва аз ҳама муҳим-мизоҷон  чораҳои беҳоштиро бояд риоя намоед.  

 Бозори “Деҳқон”- харидор дар фикри солимӣ нест!

08.06. 2020. Соат ба вақти Душанбе 08:22 дақиқа. Бозори “Деҳқон”-и пойтахт, ки бозори яклухтфурушист, айни замон ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, манбаи асосии даромади фурушандагони дигар бозорҳои хурду калони ш.Душанбе мебошад. Ҷойе, ки миқдори зиёди маҳсулот харидуфуруш мешавад, ҳатман бесарусомонӣ ҳам ба бор меорад.

Аксарияти фурӯшандагон дастпуш надоштанд, лекин бархе ниқоб ва либосҳои махсуси ягонаи корӣ ба бар карда буданд. Дар дохили бозор аз ҳар тараф бо садои баланди радиои дохилӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ба гӯш мерасид. Дар баъзе қисматҳо партови кишоварзӣ мехобиду чанд нафар саъй мекарданд онро бо аробаҳо берун кунанд.

-Бозори мо шабонарӯзӣ фаъол асту ҳар шаб то саҳар аз минтақаҳои гуногуни кишвар бо автомашинаҳои боркаши калон маҳсулоти кишоварзӣ ворид мешавад.  Сипас аз ин ҷо ба дигар бозорҳо маҳсулот тақсим шуда, мо ва дигар кормандони бозор кӯшиш мекунем, ки то субҳ бозорро аз партовҳои кишоварзӣ тоза намоем ва он ифлосиҳое, ки шумо мебинед аз шаб истода, ҳоло бартараф мешаванд, ҳамаруза одамони зиёд омадурафт мекунанд ва дар баробари фурушандагони бозор харидоронро, ки худ дар фикри солимиашон нестанд, назорат кардан ғайриимкон аст, -гуфт Мастон Шарифов, муовини директори КВД “Бозори “Деҳкон”.

 Ба ҷои хулоса

Дар ин рейд мо 1 чиро дарк кардем. Агар бозорҳои хӯрока сахт контрол нашаванд, коронавирус ҳич гоҳ моро тарк намекунад! Зеро дар бозори пӯшока хатари ин вирус камтар аст. Либосро, ки харидӣ, дарзмол мекунӣ, мешӯӣ ё ақаллан намехӯрӣ ку? Вале аз бозорҳои антисанитарии пойтахт ҳар соат маҳсулот харидаву мехӯрем. Зимнан, тарси мо аз он аст, ки дар баробари ҳама азму талоши Рустами Эмомалӣ, мабодо ин бозорҳо лонаи барангезанда-очаги вируси нав нагарданд. Барои ин кӯҳро каланд кардан лозим нест: 

-Фурӯшандаҳоро шртаф бастан даркор ва онҳо ҳатман антисептик мегиранду ниқоб мебанданду даспӯш мекашанд ва ба гуфтаи Аловиддин Абдуллоев: 

-Кори хирс тамом!

 Исмоилҷон Маликов, Омирона Достиева, Шералӣ Давлатов, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter