ХАБАРИ ДОҒ

ОЗОДӢ: ЖУРНАЛИСТОНИ ГӮРҲИСОБКУНАК

  • Чоршанбе, Июн 17 2020

 

(ё ба радиои амрикоӣ кӣ иҷозат додааст, ки беш аз якуним миллион сокини Кӯлоби бостониро таҳқир созад?)

   Бо он вуҷуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторшавии сокинон ба КОВИД-19 ва марги иддаеро аз ин ҳисоб тасдиқ мекунад, аммо ҳанӯз ҳам дили хоҷагони «Радиои Озодӣ» тар нашудааст. Онҳо шеваи нави воҳимаафканиро пеш гирифта, ба зердастонашон дастур додаанд, то ба гӯрҳисобкунӣ машғул шаванд. 

Кӯлобиҳо! Нагузоред хориҷиҳо мурдаҳоро озор диҳанд!!!

Онон, ки аз хони аҷнабӣ нон мехӯранд, хеле беодобона ба мазорҳо рафта, болои қабри падару модари мо қадам гузошта, дохили гӯрҳоро хабар мегиранд. Аз дасти «Радиои озодӣ» дар гӯр ҳам халос намешавӣ. Ин ҳам дар Кӯлоб, дар шаҳри мардони бонанг. Кормандони ин радио, ҳарчанд худ кӯлобиянд, вале бо супориши хоҷаашон аз Прага, на ба арзишҳои мазҳабӣ эҳтиром доранд, на ба меъёрҳои ахлоқӣ. Муҳим воҳима дар дили мардум ҷой гирад. Онҳо гӯр ба гӯр гашта, ҳатто мардуми бонанги ин шаҳри бостониро, ки дар тӯли 2700 сол ягон аҷнабӣ аз тарси Шарафу Нанг сангашон намезаду ин шаҳр ба касе таслим нашудаасту Искандару Қутайбаву Чингизу Лангро шикаст додааст, мазоҳ карда, менависанд, ки гӯри кӯлобиро акнун на одам, ки трактору эксковаторҳо мекананд. Оё ин тамасхӯр ба аҳолии Кӯлобшаҳр нест? Магар кӯлобие мегузорад гӯри падару модарашро техника канад? Куҷо шуд ғуруру нанги кӯлобиҳо, ки нагзоранд, то як радиои хориҷӣ гӯри падару модар, хоҳару бародаронашонро озурда созад???

Чаро дар Мастчоҳу Ғарм неву дар Кӯлоб

Суоле посух мехоҳад, ки зери ин коса чи нимкосаест? Оё инҳо бо «гӯрҳои техникӣ» ва эксковаторҳои «гӯркан» бори дигар зери нақораи наҳзатиҳо усул карданӣ нестанд, ки пирашон Нуриву Қозӣ дар солҳои 1990-91 кӯлобиҳоро коммунисти кофир мехонданду ба ҷанг даъват менамуданд? Ҳоло ҳам чунин даъватҳо ҳаст-ку? Озодӣ кӯлобиҳоро бо ин «гӯрҳои техникӣ» номусалмон бароварданисту Кабирӣ ба истеъфо ва ҷанг талаб дорад! Варианти шинос-не?!

Агар ҳадафи Салим Айюбзод ва кормандаш дар Кӯлоб-Маҳмудҷон Раҳматзодаи гӯрков, ки кӯлобӣ неву фархорист, зеро ягон кӯлобӣ ба мурдаи кӯлобӣ намехандад(!!!), обрӯи Кӯлобро рехтан нест, пас чаро дар Мастчоҳ-ватани Салим, Ғарму Файзобод-ватани пешвоҳои наҳзатӣ ё Фархор-ватани Шарофиддин Гадоев  неву маҳз дар Кӯлоб бо эксковатор гӯр мекандаанд? Ё ҳамшаҳрии Шарофиддин Гадоеви фархорӣ-Маҳмудҷони Фархорӣ (сароғоз бо ҳамин имзо матлаб менавишт!) Кӯлобро мақари кофароне медонад, ки мардонаш гӯри волидайнашро бо дасти худ намекованд??? 

Айб аст, кормандони радиои Озодӣ. Шарм аст, ки шумо ин қадар нафрат ба ҳаммилатони хеш доред. Дар Бразилия, Америка, Германия, Россия барин давлатҳои бузурги ғайриисломӣ даҳҳо ҳазор нафар ҳамарӯза аз коронавирус мефавтанду онҳо гӯри шаҳрвандонашонро бо даст мекобанд, вале Кӯлоб то ин ҳадд номусалмон аст, ки қабри КӮЛОБИҲОРО бо трактор мекананд? Ба ин суол кӣ посух медиҳад-Маҳмудҷони Фархорӣ ё Салими Мастчоҳӣ???

Воқеан ҳам дар тӯли қариб 30 соли кор дар Озодӣ Салими Аюбзод ақаллан як мастчоҳии ҳамшаҳрашро танқид накардааст ва ин мардак боз доду бедоди миллатдӯстӣ ва ватанпараварӣ мезанад? Ватан ва миллати ту, Салимбой Мастчоҳ аст ва ту сардафтари маҳалгароӣ дар Аврупостӣ. Инро ҳама медонад. Худат ҳам. Ва боз бешарафона худро ҳомии миллат мехонӣ:

Зи майдон бирафт шеру паланг,

Бимонд майдон ба салими ланг…

Радиои мурдаҷӯ ва говпараст

Дилам ба як идда шаҳрвандони бехабар аз сиёсат месӯзад, ки ҳамвора бовар доранд, «Радиои Озодӣ» ҳақиқатро мегӯяд. Онҳо «ҳақ» гуфта он фикру ақидаеро дар назар доранд, ки зидди тасмими давлат ё манфиати миллӣ бошад. Гузоришҳои бемувозинат чунин афкорро шакл медиҳад.  

   Фарзи мисол чанде пеш сомонаи Радиои Озодӣ оид ба «манъи чорводорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе» гузориши яктарафа нашр кард, ки дар он ҳама бо ин мазмун мегуфт: «Мақомоти давлатӣ моро аз як қатра шири гов маҳрум кард, акнун куҷо равем?». О, чорворо дӯст дорӣ, бирав ба як рӯстои куҳӣ. Шаҳр ҷойи гову мол нест. Аз кӯҳ, ки омадӣ саргини говатро ҳамроҳ наёр. Ин меъёр дар ҳама шаҳрҳои дунё ҷорист. Магар  «гурҳисобкунакҳо»-и «Радиои озодӣ» кӯр ҳастанд, то бубинанд дар Прагаву Лондону Вашингтон гов нест. Ҳамаашон инро медонанд, аммо қасдан қиёс намекунанд, то афкори зиддидавлатӣ дар мафкураи мардум шакл гирад ва барои инқилоб заминаи зеҳнӣ ба вуҷуд биёяд. Вагарна наход як миллати бузург ҳама муштоқи бӯи саргини гову турбаи хар бошад? Албатта не!  Аммо чун  қайчиҳои Радиои Озодӣ аз қайчиҳои расонаҳои давлатӣ дида, 100 бор тезтар аст, ҳамеша мардумро аз ҳукумат норизо нишон медиҳад ва соддалавҳон ба он бовар мекунанд. Чӣ, магар ақидае, ки мисли даъвати наҳзатиҳо ниқорталаб, хунхоҳ ва инқилобангез нест, арзиш надорад?

Салим дар бораи гӯри мусламонон менавишт?

   Салими Айюбзод, ки худро падари демократия эълон кардаву Маҳмудҷони Фархориро ба ҷӯстуҷӯи гӯри кулобиҳо ва Афсонаву Зарангезро дар пойтахт ба гову харҷӯӣ равона месозаду кормандони ин расона аз «гӯру кафан»-и мурдаҳои мо хабар доранд, чаро қабри он кӯдаконеро, ки дар Сурияву Ироқ зери бомбаҳои ҳавопаймоҳои Амрикову Аврупо ҷон бохтаанд намебинад ва рӯйхати ин бегуноҳонро ташкил намекунанд?!

    Ба назар чунин мерасад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири Радои Озодӣ муносибаташро бо даҳҳо кишвари аврупоӣ сард карданӣ нест. Яъне «барои кайк пустинро оташ намезанад». Вагарна камтар чуқур нафас гирӣ, пай хоҳӣ бурд, ки  аксар иттиллое, ки ин расона пахш мекунад  аз он бӯи «таблиғоти нарми инқилоб» меояд. Чунин кайкро бояд бо пӯстин сӯхт! Ва агар гузоришҳои Озодиро дар тӯли 1 соли ахир баҳогузорӣ кунем, 100% даъват ба ҷанг, даъват ба хунрезӣ ва даъват ба инқилоб аст. Ҳамон чизе, ки ҳамакнун Кабирӣ ва Гадоев даъваташро шуруъ кардаанд. Яъне обмӯрии ҳамаи инҳо аз 1 ҷост???

    Ба назари ман кормандони «Радиои Озодӣ» ноозодтарин журналистони дунёянд. Охир  пул дар сари роҳ нест, ки хоҷаи хориҷӣ пеши поят бирезад. Модоме, ки пул дод, чӣ илоҷ, бо доираи ӯ ҳатман мерақсӣ. Ҳар касе бовар дорад, ки ин радио ҳақро мегӯяд, ӯ дар ғафлат мондааст. Аз хоби гарон хез бародар!

 

Сорбон Ҳакимзода, 

Журналист, сокини вилояти Хатлон

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter