ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷи Бурҳон авторитети чеченҳо

  • Чоршанбе, Июн 17 2020

 

Аз СССР: Матлаби мазбур таблиғи корномаи зиндониён нест, балки ташвиқи мардонагии Тоҷикони асри пор аст, ки ҳатто дар маҳбас Шараф ва Нанги Тоҷикиро ҳифз мекарданд. Мо Метавонем!

  Салом ба СССР-и азиз! Баъд аз мутолиаи матлаби Шокир Наимов дар бораи Тоҷи Бурҳони ғармӣ, ман низ қарор додам, дар бораи ин марди Худо ёддоштеро ба табъ расонам. Дар хурдсолиам медидаму мешнидам, ки агар касе тоқияшро  дар бари сараш гузоштааст, ё номардие аз тарафи касе сар мезад, муйсафедон бо ҳасрат мегуфтанд, ки канӣ Тоҷ адаби чунин шахсонро диҳад. Бо худ меандешидам, ки ин Тоҷ кӣ бошад ва ин муйсафедон ин қадар мудом номи ӯро ба забон меоранд? Баъд аз мутолиаи мақолаҳо дар бораи Сангак Сафаров ва Тоҷи Бурҳон- ду авторитети тоҷик дар замони СССР, ман низ ба ҷӯстуҷӯи ин шахс афтодам. 

Авторитет!

   Яке аз хешовандонашро пайдо кардаму вай зимни суҳбат чунин нақле намуд:  -Солҳои 90-уми ҷанги Чеченистон буд. Рӯзе 1 таксӣ назди хонаамон истоду аз дарунаш ронанда ва шахси тамоман ношинос баромад. Бо ман салому алейк намуда, ронанда ба он нафар бо забони русӣ гуфт, ки ана ин шахс аз хешовандони Тоҷ аст ва бо мо хайру хуш карда рафт. Ман низ расму русуми тоҷикиро ба ҷо оварда, аввал меҳмонро ба меҳмонхона даровардам. Баъд аз тановул, пурсидам, ки кӣ асту аз куҷо омадааст ва бо кадом мақсад ба ин тарафҳо сафар дорад. Меҳмон нақл намуд, ки аз Чеченистон омадааст: «Дар он ҷо вазъ он қадар хуб нест. Дар сар шудани ҷанг падарам бемор шуд. Вай яке аз авторитетҳои ватанамон буд. Маро ба наздаш  хонду гуфт, ки писарам ман он қадар умрам намондааст. Ман, ки мурдам гӯру чубамро куну аз Чеченистон баромада рав. Дар ин ҷо туро рӯз намедиҳанд. Аз вай пурсидам, ки ба куҷо равам? Гуфт ба Тоҷикистон меравӣ! Он ҷо ман 2 рафиқ дорам. Онҳо дар зиндон мисли ман авторитет буданду соҳибобрӯй. Саломи маро ба онҳо мерасонӣ. Ҳатман ба ту кумак мекунанд. Якеаш Сангак Сафаров ва дигаре Тоҷи Бурҳон ва суроғаро ба ман дод. 

Вақте падарам аз дунё гузашт, айнан гуфтаи ӯ шуд. Рӯзе набуд, ки касе маро накобад. Ман васияти падарамро гирифта, гурехта ба ин ҷо омадам. Дар Душанбе фаҳмидам, ки Сангак Сафаров аз дунё гузаштааст. Ба ин тараф ба умеди кӯмак пеши Тоҷи авторитет омадам… 

Пас аз он ки ман ба он меҳмон фаҳмондам, ки Тоҷ низ дар қайди ҳаёт нест, бисёр озурдахотир шуд. Муддати 1 ҳафта меҳмони мо шуд ва бисёр нақлҳо аз дӯстии падараш бо Тоҷу Сангак Сафаров ба мо кард, ки ин ҷо чун шингил аз хӯшае манзури хонанда месозам. 

Шикасти даврони гурҷиҳо дар маҳбас

Грузинҳо ва дигар миллатҳо Тоҷро  дар зиндон чашми дидан надоштанд. Маслиҳат мекунанду мехоҳанд, ки Тоҷро бо тариқи фиреб аз байн бардоранд. Бо маслиҳати пешакӣ яке аз зиндонбонҳо Тоҷро пеш андохта, ба ҷои аловмонӣ (кателни) мебарад ва дарро аз берун маҳкам мекунад. Аз ҳамаи ин нақшаҳо ҳамон чечен бохабар буд ва Тоҷро пеш аз ин ҳодиса хабардор мекунад, то эҳтиёт бошад, ки  барои нобуд сохтанаш нақша кашидаанд. Хабар кардани он чечен низ сабаб дошт. Зеро ин 2 марди тоҷик (Сангаку Тоҷ) чеченро зери ҳимояи худ гирифта буданд. 

Вақте Тоҷ аз дарун танҳо мемонад, авторитети грузин ба лабайгуйҳояш фармон медиҳад, ки ӯро ба оташдон партоед. Тоҷ зӯриро аз даст надода, онҳоро зада аз по меафтонад ва он грузинро баъди  лату кӯби зиёд гирифта ба оташдон партофта, дари оташдонро маҳкам мекунад. Ба захмхӯрдаҳо мегӯяд, ки ин корро ман накардам. Агар гуноҳ ба гардани ман гардад ягон нафарат зинда намемонед. Баъди ин дар тамоми зиндонҳо сару садо баланд мешавад ва Тоҷ ба қатори авторитетҳо қабул мегардад.

Шутурро бо 1 мушт ба замин мехобонд

 Тоҷи Бурҳон аз хурдӣ бо рафиқонаш гуштингирӣ, дастхобонӣ ва амсоли ин бозиҳоро хуш мепазируфт. Вай тахмин дар синни 14-15 солагиаш ҳис мекунад, ки нисбати рафиқонаш ҳақиқатан зӯр аст. Дар вақти бозӣ наздикашон  уштуре  чаро  мекунад. Нафаре аз байнашон шарт мегузорад, ки агар касе бо 1 мушт задан ҳамин уштурро ғалтонад, зӯр ҳамон кас мебошад. Ду-се нафар 1 муштӣ мезананд, аммо уштур парвое намекунад. Навбати Тоҷ мерасад. Тоҷ бо 1 мушти обдор  уштурро меғалтонад, ки бо азобе ӯро ҳалол мекунанд. Баъд аз ҳамин ҳодиса дар байни рафиқон фарқкунанда мешавад. 

Тоҷи Бурҳон бо худ хислатҳои дигари мардӣ низ доштааст. Яке аз онҳо, дар баробари ҷавонмардӣ, шарафмандӣ ва пуштибонӣ аз халқи қамбағал, ба қадри дӯст расидан будааст, ки маҳз ана ҳамин хислаташ фарзанди рафиқи чеченашро ба ҷустӯҷуи вай то водии Қаротегин овардааст. Ӯ хиёнатро барои дӯсташ раво намедидааст. 

Шаҳзод Қодиров, 

Сокини Раштонзамин, 

донишҷуи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Данғара

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter