ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: 1-ум Советский рав!

  • Чоршанбе, Июл 08 2020

 

 

Редаксияи Газетаи мардумии СССР пас аз суҳбати ихтисосӣ бо Хушвахт Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии ш.Душанбе, ки чанд шумора пеш нашр шуда буд, тасмим гирифт ба рейд баромада аз вазъи имрӯзаи Муассисаи давлатии маркази тиббии шаҳрии ба номи К.Ахмедов, ки бештар бо номи беморхонаи 1-ум Советский машҳур аст, дидан намояд. Агар гӯем, ки ин беморхона дар 2 моҳи ахир яке аз ҷабҳаҳои асосии мубориза алайҳи COVID 19 на танҳо дар пойтахти мамлакат, балки дар кулли кишвар буд, хато намекунем, зеро маҳз он яке аз аввалинҳо шуда, бахшҳои худро холӣ намуда, ба қабул ва муолиҷаи беморони гирифтори коронавирус оғоз кард. 

Табибон Худои Таъоло нестанд...

26.06.2020. Соат бо вақти Душанбе 14:15 дақиқа. Бо ҳамкорам Исмоилҷон Маликов ба назди Шуъбаи қабули Муассисаи давлатии маркази тиббии ба номи К.Ахмедов-1-ум Советский ҳозир шудем. Беморхона хеле камодам ба назар мерасиду 1 қисми бинои онро кормандони бахши беҳдоштӣ тозаву тамиз ва безарар мегардониданд. Ба ошёнаи 2-юм ба қабулгоҳи директор даромадем. Маҳмадзода Фарух Исроил, номзади илмҳои тиб, профессор ва директори Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии ба номи К.Ахмедов ғайричашмдошт моро хеле хуб истиқбол кард. Бо эшон дар мавриди пандемия, беморони гирифтори COVID 19, омодагии табибони тоҷик барои мубориза алайҳи коронавирус, шароити будубош ва муҳимтарин нуқта-захираи доруворӣ ва дастрасии табибон ба таҷҳизоти тиббӣ хеле суҳбат намудем.

Зимни суҳбат ҷаноби Маҳмадзода Фарух таъкид намуданд, ки табибони беморхонаи мо барои табобати беморон тамоми саъйу кӯшишро ба харҷ дода, барои солимии ҷомеа аз дасташон омадаро дареғ надоштанд. Баъзе табибон ҳатто саломатии худро дар хатар гузошта, беморонро муолиҷа намуданд.  Ҳамсуҳбати мо аз бетаваҷҷуҳии баъзе аз шаҳрвандон нисбати пандимияи COVID 19, шиква намуда, изҳор дошт, ки “Баъзе шеҳрвандон наздиконашонро, ки гирифтори пандимияи COVID 19 буданд, танҳо дар марҳалаи охири беморӣ ба беморхона оварданд. Маҳз ҳамин бетаваҷҷуҳии онҳо боиси фавт мегардид. Онҳо бошанд, гиребони табибонро гирифта, доду фиғон мекарданд. Охир табибон Худои Таъоло нестанд, ки ба фавтидагон дубора ҷон диҳанд”. 

5 бемор дар минтақаи сурх

 - Марҳамат, бигардед ва худ бубинед, ки дар анбори мо имрӯз чӣ қадар захираи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ҳаст. Ба ғайр аз ин дар тамоми шуъбаҳои беморхона миқдори зарурӣ ва ҳатто барзиёди дорувории лозимаро барои муолиҷаи коронавирус дорем, ки тавассути Раёсати тандурустии ш.Душанбе пайваста дастрас мегардад. Айни замон бошад дар минтақаи сурхи беморхона танҳо 5 бемори гирифтори COVID 19 муолиҷа мегиранду халос, ки ба назди онҳо даромадан ғайриимкон аст. Бахшу шуъбаҳои боқимондаро бошад поккорӣ ва безараргардонӣ карда, онҳоро барои эҳтиёт холӣ нигоҳ доштаем, зеро тавассути парвозҳои чартерӣ ва убури марз шаҳрвандони зиёд ба Ватан баргашта истодаанду Худоё нахоста вазъи бархе ниёз ба муолиҷаи ҷиддӣ пайдо кунад, онҳоро бояд таъҷилан ҷой кард, - афзуд Маҳмадзода Фарух Исроил.

3957 либоси махсус захира аст!

 Бо Абдулваҳоб Толибов, муовини директор оид ба ёрии тиббӣ ба кӯдакони ин муассиса сӯи анборҳои беморхона рафтем. Нахуст аз қисмати захираи доруворӣ дидан кардем. Тамоми доруҳое, ки тибқи протоколи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои муолиҷаи COVID 19 тавсия шудаанд, дар инҷо буданд. Аз он ҷумла, «Арбидол», «Азитромитсин», «Циклоферон», «Мероспрей» ва даҳҳо номгӯйи дигари доруворӣ ба миқдори кофӣ вуҷуд доштанд. Доктор Абдулваҳоб Толибов зимни суҳбат қайд намуд, ки таҷрибаи думоҳа нишон дод, ки баъзе доруҳое, ки дар оғози пандемия мардум ба онҳо таваҷҷуҳ карда, хуб хариданд, дар табобати COVID 19 умуман лозим нестанд.

Дар қисмати дигари анбори беморхона қуттиҳои зиёди таҷҳизоти тиббӣ, аз он ҷумла либосҳои махсус, ниқобҳои тиббӣ, дастпушакҳо, антисептикҳо ва айнакҳои тиббиву бахилҳо ҷо гирифтаанд. Аз рӯи рамзҳои дар қуттиҳо насбшуда маълум буд, ки бархе кӯмаки Иттиҳоди Аврупо, бархе кӯмаки Ҷумҳурии Ҳиндустон, 1 қисм аз номи соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов ва бештар аз ҳама аз номи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ буданд.

Бо Абдулваҳоб Толибов қуттиҳоро санҷидем: 3957 адад либоси махсуси бисёркарата ва яккарата, 3130 адад айнаки тиббӣ, 3000 адад ниқоби тиббӣ, 60 адад респиратор, 2100 баста дастпушак, 1130 баста бахил, наздики 1000 адад маҳлули безараргардонӣ-антисептик ҳисоб кардем.

 Абдулваҳоб Толибов ёдрас гардид, ки доруҳо ва ашёҳои тиббии мазкур ба беморон ба таври ройгон тақсим мегардад. Пас аз он ки беморон дорувориро ройгон мегиранд, ҳатман имзои ҳар яке гирифта мешавад, зеро масъулин бояд донанд, ки бемор доруро шахсан ва бепул гирифтааст.

Табибон қаҳрамони замонанд!

 Вазъи 2 моҳи ахир дар кишвар собит сохт, ки табибон, ки дар ҷабҳаи аввали набард бо ин вабои нави аср қарор доштанд, қаҳрамонанд. Танҳо дар беморхонаи 1-ум Советский дар 2 моҳи ахир 71 нафар кормандони тиб худ бемор шудаанд, вале тамоми неруи хешро барои наҷоти беморон аз вартаи марг партофтанду бар он ғолиб омаданд-холӣ шудани беморхонаҳои пойтахт низ далели ин гуфтаҳост. Дастатон дардро набинад, қаҳрамонони замон!

 

Ҷамила Ҳусейнова, Исмоилҷон Маликов, СССР, 

аз беморхонаи 1-ум Советский,

26.06.2020

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter