ХАБАРИ ДОҒ

Вақте мо дар бораи Сангаку Тоҷи ғармӣ, Исматчаву Ёқубу Седой, Нуралии «кишка»-ву Сафари «дудила» менависем, хонандагон бештар таваҷҷуҳ мекунанд. Ва медонед барои чӣ? Зеро аксарияти инҳо зиндониҳои даврони советӣ-«тюремшик» буданду дар маҳбасхонаҳо, ки ҷои шикасти ғуруру нангу номуси аксарият аст, Шарафи Тоҷикияти хешро ҳифз карда баромадаанд! Муҳаббат ба зиндониён дар ягон қавму қабилаву халқияту миллате нест. Зиндонӣ-ҷинояткор аст. Вале зиндоние, ки Шарафи худро ҳифз карда бадар гардидааст, дар ҳама халқу миллатҳо эҳтироми вежа дорад. Шумо киноҳои голливудиро мебинед, ки чигуна Сталлоне, Никола Стейҷ, Шварснеггер, Брэд Питт, Том Круз ва ғ. ва ҳ аз зиндонҳо бо сари баланд мебароянду маҳбуби қулуб мегарданд? Пурсида мешавад, чаро зиндонбонҳо неву зиндониён қаҳрамони филмҳоянд? Зеро халқи оддӣ ба зиндонии ҷавонмард бештар муҳаббат дорад, ки ба 1 зиндонбони гизала ва ё 1 чиновники ришватхӯр дошта бошад. Халқи мард ҳамеша мард меҷӯяд. Мисле, ки гуфтаанд:

Одамон ҷӯянд об андар ҷаҳон,

Об ҳам ҷӯяд ба олам ташнагон!!!

Афроде, ки дар боло номашонро барчидем, барои Шарафи миллӣ зиндонӣ шуда буданд. Ҳар касе бо ҳар ҷурме, вале дар асл, барои ҷавонмардӣ. Зеро дар ун даврон, таври маълум, барои ҳифзи шарафи хеш, Тоҷикон байни 15 республикаи бародарӣ, ки шомили беш аз 100 халқияту миллат буд, ягона роҳро дар муштзӯрӣ медиданд. Ҳатто дар хизмат низ чунин буд. 1 тоҷик дар Армияи советӣ (АС) «стукач»-хабаркаш набуд. Усулан шиква аз лату кӯб дар АС палидтарин амал маҳсуб мерафт, ки солдидагон хуб медонанд. Ин ҳолост, ки «бачаи кампири Сайрамбӣ» аз артиш шиква мекунаду ситораи фейсбук мегардад. Ӯ «стукач» аст ва ҳич гоҳ ватанро ҳифз карда наметавонад. Инро ҳамчун аскар ва сипас афсари Армияи советӣ мегӯям: 

-Аз хабаркашу буздил қаҳрамон намерӯяд! 

Халқиятҳои кӯчӣ, ки бо теъдод бештар буданд, дар АС аз Тоҷик чун аҷина аз калимоти қуръонӣ метарсиданд. Раҳими Ашрофи раҳматӣ, зодаи Конибодоми бостон ва хабарнигори мо дар вилояти Суғд, маҳз барои муштзӯрӣ аз Армия рост ба зиндон рафт. Рафт, вале аз урусе, ки лату кӯб карда буд, бахшиш напурсид. Ба таваллои адвокаташ гуфт:

-Мы таджики никогда у подлецов извинения не просим! Я ему и после дисбата морду набью!!!

Ва ана ҳамин Раҳимҳо буданд, ки обрӯи тоҷик дар давлати бепаҳнои СССР дар осмони 7-ум буд!

Имрӯз чӣ? Имрӯз 2-3 «подлец» дар Русия пайдо шудаву худро ҳомии тоҷикони гастарбайтер эълон кардаву пушти номи онҳо нон мехӯранду 5-6 бечораи чмо (ҳар миллат чумо дорад!)-ро ёфта, худро ҳомии миллат муаррифӣ кардаву ба ҳаволии миллату давлати Тоҷикон санг меандозанд. Инҳо нифоқкоранду бас. Агар мазраи шарафи ишонро кобӣ, ниҳоле аз дарахти ҷавонмардӣ нахоҳӣ ёфт. Инҳо танҳо ба он хотире, ки аксу тоблуҳои нафараконеро пахш кардаву аз ҳамёни дигарон барои ишон пулу барои хеш обрӯ меғундоранд, худро ҳомии миллат мехонанд. Пасттар аз Сангаку Тоҷи ғармиянд. Сангакҳо, Тоҷҳо, Исматчаҳо…хуни худро барои ҳифзи шарафи ҳаммилат мерехтанд, дар зиндонҳо ошӯб мевардоштанд, даҳсолаҳо умри ҷавонашонро қурбони нангу номус мекарданд, вале ҷое аз худ намеболиданд. Зеро бо лисони худашон ин кор «за подло» буд. «Подлец»-ҳои имрӯза бошанд, кореро, ки дигарон мекунанд, дар номаи аъмоли хеш ангоштаву аз худ рустамҳои замона метарошанд. Зеро майдони ҷилва-фейсбуку ютюб ёфтаанд.

Ин «подлец»-ҳо амсоли фейкҳои дастгирашон умри тӯлонӣ надоранд. Бисёр дидаву хонда будем чунин қаҳрамонакҳо, рустамчаҳоро. Куҷоянд ҳоло? Инҳоро боди зиндагонӣ не, шарфаи пойи вақт несту маҳв месозад. Умрашон чандлаҳзаина асту «қаҳрамонияшон» аз он низ кӯчактар. Вале қаҳрамонҳои асливу усулии Тоҷик ҳамешазиндаанд:

- Сангаку Тоҷу Исматчаҳоро ҳаргиз ин миллат фаромӯш намекунад.

Чаро ин матлабро навиштам? Ҳамин ҳоло Шокир Наим-хабарнигори мардумиамон аз Ғарми мардхез занг задаву гуфт, «Устод, баъди нашри матлабам дар бораи Тоҷи ғармӣ (авторитети зиндонҳои советӣ ва ҳамнишини Сангак Сафарови маъруф), 6 моҳ ҳам гузашта бошад, ҳамарӯза даҳҳо мӯсафед омада, дар бораи ҷавонмардии ӯ қиссаҳо мекунанду талаб доранд, то ёдномаашон дар бораи ин ҷавонмарди асил дар газетаи мардумӣ нашр шавад!». 

Аҳамият деҳ, хонанда, мардум дар бораи ягон «боевик»-и наҳзативу ифротӣ не, ки маҳз роҷеъ ба «авторитети ғармӣ» қисса карданиянд. Яъне чӣ? Яъне халқ зулму ситами ин афрод, исломи дурӯғину мазҳабтарошии барҳадари ун мардумро дидаву дасту дилашон аз онҳо сард гардидааст. Ҳарчанд ин лже-қаҳрамонҳо ҳамин дирӯз шерони ғуррону рустамҳои замона буданд. Тоҷи ғармӣ бошад, чандин сол пеш фавтидааст. Вале халқи оддӣ ҳувияту ҷавонмардии 1 зиндониро, ки шарафи Тоҷику Тоҷикистонро дар маҳбасҳои Сибир ҳифз мекард, аз сад лже-муҷоҳиду лже-пешво ва лже-ҳомии гастарбайтерҳо боло мегузорад. Ва медонед чаро? Зеро мо-Тоҷикон, халқи мардпарварем ва ҷавонмардони асилро, ҳатто дар зиндону зери дору расан ҳич гоҳ фаромӯш намекунем. 

Мо Метавонем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter