ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Гуфта будем ва боз мегӯем, ки домулло Абдураҳими Понғозӣ домуллои суннатӣ буд ва ба ягон ҳизбу ҳаракат мансуб набуд. Он кас ба корҳои хайру савоб машғул буд ва мехост сохтмони роҳи 20 км-и маркази ноҳия ва ҷамоатро анҷом диҳад! Рӯҳаш шод бод!

Имрӯз аз ин фурсати даргузашти домулло дар муҳоҷират истифода бурда, Кабирӣ дар баромадаш қайд кардааст, ки гӯё Абдураҳими Понғозӣ - р.ъ. аъзои ҳизби террористии наҳзат будааст.

Ин изҳорот чанд нафар мардони бонангу номуси ҷамоати Понғози н.Аштро нигарон кард, ки наход бо ин суханон рӯҳи поки домуллоро ноором кунанд? Сокинони ҷамоати мазкур Зафарҷон, Муҳаммадҷон ва чанд нафари дигар, ки дар поён шарҳ хоҳанд навишт, гуфтанд, ки Домулло Абдураҳими Понғозӣ ҳатто ҳангоми ҳизб террористӣ эълон нашуданаш, хитоб карда гуфта будааст, ки «эй наҳзатиён, дини поки ислом ба ягон ҳизб ниёз надорад ва шумо ба мақсадатон нахоҳед расид!».

Гумон меравад, ки ин идеяро ба Муҳиддин Кабирӣ ҳамин хабарнигори гумгаштаи паём.нет - ШАВКАТИ МУҲАММАД додааст! Агар не, пас Шавкат чун фарзанди ин диёр гапи моро инкор кунад!

Биёед, бародарон, аз ҳисоби дигарон барои худ обрӯ ва имиҷ насозед. Одамони зинда, шогирдон, хешу таборони марҳум ҳастанд. Шумо наметавонед дар девор гили хушкро часпонед. Ба мақсадатон намерасед!-ҳамон гунае, ки гуфта буд Домулло Абдураҳими Понғозӣ - р.а.

 Домуллои Понғозӣ аз ҲНИ безор буд!

Зафар Аскар: Ин дурӯғи маҳз аст, ки гӯё Домулло Абдураҳими Понғозӣ аъзои фаъоли ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзат буда бошанд. Раҳматии Домулло дар ягон давру замон аъзои ин ҳизб набуданд ва ягон робита ҳам надоштанд. Ҳамин ҳоло бо як нафар наҳзатии собиқ дар ҳамин хусус суҳбат доштам. Ӯ гуфт, ки ин ҳам як найранги навбатии Кабирӣ аст, ки мехоҳад аз номи домуллоҳои суннатӣ обрӯ касб кунаду онҳоро низ олудаи ҳадафҳои нопоки худ гардонад. Марҳум Домулло аз наҳзату наҳзатиён безор буданд. Шахсияти Домулло Абдураҳими Понғозӣ ва амалу рафторашон ба ҳамаи Аштиён чун оина намоён аст. Домулло нигаҳдорандаи арзишҳои милливу мазҳабии мо буданду асолати Исломи нобро ба мардум мерасонданд.

Ҳамчун рӯҳонии суннатӣ сипари боэътимод ба муқобили муллоҳои мактабнадидаву, китобнахонда, ифротӣ ва гурӯҳҳои террористу экстремист буданд. Раҳматӣ аз онҳое буданд, ки дар Ашт ҳамеша мазҳаби Имом Абу Ҳанифаро таблиғ ва барои ҳифзу побарҷо нигаҳ доштани он талош мекарданд....

Ин бори аввал нест, ки Кабирӣ аз номи инсонҳои шариф суистифода карда, обрӯ касб кардан мехоҳад. Аммо тираш ҳамеша хок мехӯрад…

Ҳизбҳои исломӣ зидди арзишҳои Исломанд

Ақлиддин Муҳиддинович Умаров: - Домулло Абдураҳим инсони оқилу доно буданд. Ман аз ибтидои давраҳои фаъолияташон хабардорам. Баъди бозгашт аз ҳиҷрат домулло боз донотару оқилтар шуданд. Дар лаҳзаҳои ёдоварӣ аз солҳои ҳиҷраташ хотиррасон мешуд, ки ин ҳизбу гуруҳбозиҳо кори дасти бегона. Дар Афғонистон мегуфт ӯ он чунон ҳизбҳои сиёсии исломӣ бисёранд, вале бо якдигар созиш надоранд, албатта ин худ мухолифи арзишҳои исломист. Бинобар ин агар ҳар касе хоҳад, баҳои чизеро доданӣ шавад, аввал бо соҳибони (ё ихтирокорони) он нигоҳ кунад ва бидонад, ки мақсуд аз ин ихтилофҳо чист? Домулло дониста буд, ки ҳизбу ҳизббозиҳо моли бегона буда, танҳо бар зарари мардуми машриқзамин мебошад. Бо ин сабабҳо худро аз сиёсатбозиҳо канора гирифт. Одати хубаш ин буд, ки бо касе коре надошт ва бо касе кина намекард. Хулоса хислатҳои холисонаю поку наҷибаш ӯро ба чунин мартабаҳои воло расонд. Ҷояш ҷаннат ва амалҳои некаш ибратбахши мо бошанд. Сабаби ҳиҷраташ ин буд, ки мехост дар маркази деҳааш, ки ҷои масҷиди қадима буду мағозааш кардаанд, масҷиди замонавие барпо кунад. 

 

Саъдии Маҳдӣ

Барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter