ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Ёвон рав!

  • Чоршанбе, Июл 22 2020

 

 

10.07.2020. Соат бо вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Пас аз омадани якчанд арзу шикоятҳо аз ҷониби шаҳрвандони н.Ёвон нисбати фаъолияти беморхонаи марказии ноҳия ва сардухтури он мо тасмим гирифтем, ки ба ноҳияи Ёвон сафар намуда, вазъияти воқеиро дар ҷояш бубинем. Шеъраки машҳури муалифаш номуълумро зам-замакунон ба н.Ёвон расидем...

Борон борад ба Ёвон 

Алаф шавад ба говон 

Говони мо сер шаванд,

Шир диҳанд ба моён...

“Тселл”- сарпарасти Ёвон?

   Диққати маро дар даромадгоҳи маркази ноҳия 1 шиори калоне, ки дар он рекламаи ширкати “Тселл” овезон буд, ба худ ҷалб кард. Намедонам танҳо барои ман чунин манзара аҷиб аст ва ё барои ҳамаи он нафароне, ки ба ин ноҳия ворид мегарданд. Шояд сабаби ҷолиб намуданаш дар он бошад, ки банда дар дигар ноҳияҳо ҳангоми даромад ҳатман овезаҳо бо шиору навиштаҷоти Сулҳ, Ваҳдат, Истиқлолиятро мебинаму дар Ёвон бошад “Тселл”-ро...

Сардухтур, беморон ва доруҳои гарон

   Ронанда маро ба назди бинои беморхонаи марказии ноҳия оварда расонд. Пеш аз оне, ки дохили беморхона шавам аз якчанд шаҳрвандоне, ки беморони худро ба инҷо оварда буданд аз шароит ва муомилаи духтурон пурсидам. Ҳамсуҳбатони ман назари мусбӣ доштанд. Аз ҷумла Файзигул Тағоева, ки модарашро ба инҷо овардааст чунин мегӯяд: 

“Дар 1 рӯз аз сардори шӯъба сар карда, ҳамаи табибон омада, бо лафзи ширин аз ҳоли модарам мепурсиданд. Шароит ва хизматрасониашон хуб аст. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки нархномаи дорухонаҳои дохили беморхона каме гаронтаранд”. 

   Ба қабулгоҳи сардухтур рафта, хостам наздаш дароям, ғайр аз ман боз чанд нафари дигар интизор будааст. Вақте навбат ба ман расид, дохили кабинет шудан замон чашмам ба газетаи СССР, ки дар рӯйи мизи сардухтур буд, расид. Баъди салому алейк ва шиносоӣ ба сардухтур гуфтам, ки оё алакай пай бурдаед, ки мо дар кадом мавзӯъ суҳбат мекунем?

   -Шералиҷон ман аз аввал газетаи СССР-ро мутолиа мекунам ва имрӯз ҳам ба хотире нагирифтаам, ки маро кадом шаҳрванде дар ин шумора танқид кардааст. Бараъакс, ба хотири шикоят гирифтам, то огоҳ шавам, - гуфт Баҳриддин Холов, сардухтури беморхонаи марказии н. Ёвон. 

   Дар идомаи суҳбат сардухтур таъкид намуд, ки “Ман вазифаталаб нестам, лекин то рӯзе ки ин вазифа ба уҳдаи ман аст кӯшиш мекунам, ки бо масъулият бошам ва ҳамаи талошҳои худро баҳри пешрафти кори беморхона ва ҳалли мушкилоти мардум карда истодаам”. 

    Агар шароити беморхонаву аҳволи беморонро баҳогузорӣ кунем, воқеан маълум аст, ки сардухтур ва кормандони беморхонаи марказӣ вазифаи бар дӯшдоштаро хуб иҷро карда истодаанд. Бинои тозатаъмир, шароити олӣ, низоми хуби корӣ ва аз ҳама муҳим розигии беморони ин муассисаи табобатӣ маҳз аз ҳамин чиз дарак медод.  Ба хонандаи азизи СССР ёдрас мешавем, ки мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи масъулин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири бинои комплекси нотамоми беморхона ба маблағи 30 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. 

Муосир ва муҷаҳҳаз

   Бо Баҳриддин Холов қариб аз тамоми шуъбаҳои беморхона дидан намудем.  Шуъбаҳо бо 1 тартиби муайян бунёд шудаанд, масалан мо дар шуъбаи таваллуд дидем, ки дар ду-се ҳуҷра кӯдакони навзодро нигоҳ медоранд ва ин ҳам бошад тибқи гуфтаи сардухтур онҳоро аз рӯйи саломатиашон ба палатаҳо ҷой мекунанд. Дар анбори беморхона аксарияти дорувориҳо, аз ҷумла барои табобати COVID-19  вуҷуд доранду онҳоро дар шароити мувофиқ нигоҳ медоранд.

   Сардухтур мегӯяд, ки ба мардум кӯмак мерасонем, доруҳои ройгонро пешниҳод мекунем ва ҳар рӯз ситоди дастаҷамъона мегузаронем, хуллас ҳарчи ки аз дастамон меояд, барои беморону шаҳрвандон мекунем, лекин мутаассифона боз нафароне ҳастанд, ки корҳои мо табибонро нодида, нисбатамон эрод мегиранд. 

   -Медонам дар ҷое, ки кор ҳаст ҳатман камбудӣ вуҷуд дорад ва мо низ барои рафъи ҳамаи мушкилиҳо бо коллективи кормандон кӯшиш дорем. Боқӣ метавон беморхонаи марказии н.Ёвонро аз рӯйи расмҳо низ баҳо дод, зеро ин беморхона дар ҳоли ҳозир яке аз беморхонаҳои беҳтарини кишвар аст, зеро бо назардошти шароити муосир азнавсозӣ шудааст, - таъкид медорад сардухтур.

Роҳу кӯпруки вайрона...

   Ронандае, ки моро то бинои ҳукумати ноҳия ҳамроҳӣ намуд гуфт, ноҳияи мо яке аз ноҳияҳои саноатӣ ба ҳисоб меравад, аммо ҳамин роҳи дохили маркази ноҳия ҳамаи ронандагонро афгор кардааст. 

   -Ман боварӣ дорам, ки агар масъулин аз пушти ин кор бошанд дар масъалаи маблағ мушкил нахоҳад шуд, чунки корхонаҳои бузург дар инҷо зиёданд ва ҳатман кӯмак хоҳанд кард, - афзуд ӯ.

   Тибқи шикояти мардум дар н.Ёвон 1 пули хурде, ҳаст, ки баъди сел ва шуста бурданаш дигар таъмир нашудааст. Маҳз ба ин хотир хостем, ки аз шуъбаи сохтмони ноҳия вобаста ба таҷдиди он пурсон шавем. Мутаассифона ҷавоби муовини раиси ноҳия Гулрухсор Саидзода моро қонеъ накард. 

   -Хубтараш шумо рафта бо худи намояндагони шуъбаи сохтмон ҳамсуҳбат шавед ва онҳо ҳамин ҳоло дар назди ҳамон пул ҳастанд, чунки онҷо корҳои сементпушонӣ рафта истодааст, -гуфт муовини раиси ноҳия.

  Вақте мо ба назди ин пул омадем дар ҳақиқат корҳои сементпушонӣ мерафт, вале аз масъулини даркорӣ касе набуд. Чанд нафар гуфтанд, ки 1 кӯпруки хурдро аз соли 2014 инҷониб таъмир доранд, лек кай он пурра ба истифода дода мешавад, намедонем.

Пулро дар ҳоле 6 сол боз намесозанд, ки усулан семент ин ҷо проблема нест! Чандин корхонаи бузурги сементбарорӣ дар Ёвон ҳасту беаҷаб боркашҳои калон-калони сементкашак ҳамин кӯпрукро валангор кардаанд. Зеро пулҳои мо тоби боркашҳои бузурги хитоиро надоранд. Борҳо ҳатто президенти ҶТ аз ин боркашҳо низ изҳори нигаронӣ карда буд. Вале дар Ёвон инро ба кӣ мегӯй!!!

Мо ба маросими ифтитоҳи ин пул низ ташриф меорем, албатта, агар масъулин онро созанд. Мо Метавонем!

 

Шералӣ Давлатов, СССР

Душанбе-Ёвон-Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter