ХАБАРИ ДОҒ

Калтаи занкалон, ки даъвои ҳукумат дорад

  • Чоршанбе, Июл 22 2020

 

Хонанда агар ёд дорад, бори аввал дар бораи ҳиллагариҳои Шарофиддин Гадоев ва маъшуқаи рустабораш-Виктория навишта будам. Виктория Надеждина сардори созмони ҳуқуқдифоъи "HRVF", ки дар Нидерландия маскан баргузидааст, имрӯз худро чун муҳофизи афроди бархеста аз Осиёи Марказӣ (ОМ) муаррифӣ мекунад. Бештари вақт ӯ аз Шарофиддин Гадоев пуштигирӣ дорад. Сирри ин муамморо мо кушодем:

-Виктория ҳамхобаи Шароф Гадост!

Агар ин муаммо дар дигар кишварҳо мебуд, ба гуфти Аловиддин Абдуллоеви  беҳамто «кори хирс тамом!». Вале дар Аврупо, ки ба режимҳои ба гуфтаи худашон антидемократӣ алтернатива ва оппозитсия меҷӯянд, сирри ҳамхобагии ин 2 тан паси парда монд. Ҳарчанд дар тамомии олам мафҳуми «конфликт интересов» ё худ бархӯрди манфиатҳоро касе радду инкор накардааст.

Аз Дилбар то Вика

Вале Викахон якумин бонуи ба дом ё худ зердоми Шарофиддин ғалтида нест. «Калтаи мо» фитнаҳо дорад, финтаҳое, ки дилхоҳ нафарро аз роҳ мезанад. Ӯ баъди оне, ки бо усули рейдерӣ чандин ширккатҳоро дар Тоҷикистон варшшикаста намуда, пулу моли онҳоро соҳиб шудаву ишонро муфлису гадо кард, худ ба хатар табдил ёфт. «Дӯстонаш» диданд, ки дар бағал мор мепарваранд. Зеро Гадозода бар афроди соҳибмансабу баландадараҷоте, ки ҳомияш буданд, оҳиста-оҳиста досйе, далел, факту рақам барои шантаж ҷамъ кардан гирифт. Зимнан худашро аз рӯи мақоли сахт тоҷикишудаи «кидат разбор надорад!», радди маърака сохтанд.

Воқеан ҳам, хонанда, вақте Шарофиддин Гадоев дар бораи миллионҳо доллар сухан мегӯяду худро миллионер мехонад, ҳама дурӯғ аст. Ӯ танҳо ронандаи Умаралӣ буду бас, ки «бисёр медонист» ва зимнан ӯро низ Қувватов бо худ бурд. Вақте Шарофиддин Тоҷикистонро тарк кард, ҳамагӣ 26 сол дошт. Биёед аз ин синну сол 22-23 солро минус кунем, ки ӯ мактабхон ва донишҷӯ буд. Мемонад 3-4 соле, ки ронанда буд. Магар ронандаи мошин дар 3 сол миллионер мешавад? Шояд ӯ ронандаи Инкассатор буду ба хонааш пул мекашид? Ё фикр доред, моли падараш зиёд буду миллионҳо меросаш мондаанд? Шумо носфурӯшеро дидаед, ки миллионер бошад, ба вежа дар як қишлоқи дурдасти Фархор? 

Хулоса «Шарофи миллионер», бар ивази чанд доллараке, ба нафъи ҳомияш Умаралӣ ба ҷосусӣ пардохт. Баъди сираш фош шудан, ӯ  низ ба Аврпуо фирор кард. Зеро қарздорҳо, фиребкардаҳо, муфлису бонкроткардаҳои «Шеф»-аш, чу диданд, ки худаш низ «кидат» гардид, дар интизори ниқор буданд ва агар меёфтандаш 2 пояшро калтатар мекарданд. 

Хонандаи гиромӣ! Маҳз ана ҳамин ҳиллаву фиребҳояш аст, ки ӯ метарсад ба Тоҷикистон баргардад, вагарна мақомот бори аввали омаданаш гуноҳашро бахшидаву ба ӯ озодии кулл ваъда карда буданд. Вале Калтаи Шароф чун дид, ки собиқ шарикони фиребдодаи Шефаш ӯро меҷӯянд, дубора мақомотро фиреб дода, ба Аврупо фирор кард. Зеро дар шартномаи қаблияш барои бозгашт, ки ҳамфикрони аврупоияшро фурӯхта буд, пункти пардохти қарзҳо аз собиқ шариконашро фаромӯш сохт ворид созад! Зимнан нек дарк кард, ки рӯзе не рӯзе, кадом йигити бонкроткардааш, ҳатман ӯро калтатар хоҳад кард.

Шофири Уамаралӣ ва папа-розаи раҳбари Гурӯҳи 24

Хонанда шояд надонад, ки чӣ чизе раҳматии Умаралӣ Қувватов раҳбари вақти «Гурӯҳи 24» ва Шарофиддин Гадоевро бо ҳам мепайвандад. На. На танҳо Фархори нозанин, ки ишон зодаи ин диёранд. Онҳо падарҳаммаҳалланд. Оре, падарҳои инҳо аз як маҳаллаи хеле овозадори кӯҳманзари Кӯлоб ба Фархор, дар аввалҳои соли 1950, муҳоҷир шуда омадаанд ва риштаи хешутаборӣ низ доранд. Танҳо ба хотири иззат аз мардуми шӯҳратманди ин кӯҳманзар, номи он водиро ба забон намеорем, то ин малъун ин маҳалларо доғдор насозад!

Хулласи калом, Шарофак дар давроне, ки Умаралӣ худро муриди шайхҳои тасаввуфии афғон гирифта, сипас ба Тоҷикистон омада, сари анде аз соҳибкорони муваффақи кишварро гарангу вайрон карда, тариқи ғасбҳои зӯракӣ (рейдерские захваты) соҳиби пулу моли ҳангуфт шуда буд, ронандаи ӯ буд. Кулли калта-фитна! Ва инро ман нагуфтаам. Шарофиддин ба оҳистагӣ, вале умқан ба дили Умаралӣ роҳ ёфта, наздикони ӯро низ «вербовка» мекард. Ба «шеф» арӯс меовард, коре, ки онро миёни мардум чун «папа-роза» ва ё к…фурӯш мешиносанд. Ахиран ӯ Умаралиро маҷбур кард, ки Дилбарро ба никоҳаш дарорад.

Як дӯстам роҷеъ ба ин моҷаро чунин менависад (нутқи айнан овардашуда):

-Зани пешини Шароф Дилбар ном дорад. Замони Умаралӣ Қувватов дар Тоҷикистон кор кардан Шароф шофераш буда. Ва шарики номаъқулиҳои Умаралӣ... Ин духтара маҷбур ба Шароф медиҳанд. Духтар намехоста. Вақте меоянд Аврупо духтар қассос мегирад аз Шароф. Шарофа ЧМО мекунад. Бачаҳоя мемонад пешашу бо арабҳову ҳар кӣ пеш омад меравад... Ва ахиран ҷудо мешавад. Шарофа арабҳо намегузоранд ба зани пешинаш наздик шавад, мехезаду меравад Испания. Дар Испания қабулӣ надоданд, омад боз Голландия…

«Занҳо»-и дигари Шарофак

Баъди расвоӣ аз Дилбар ва қассоси ӯ, ки Шарофакро ба як даюс баробар намуд, Дилбар расман аз Гадозода ҷудо мешавад. Шарофиддин баъдан як духтари хуҷандиро бо ваъдаи зиёд фирефтаву Аврупо мебарад. Духтари бечора ба ваъдаҳои ӯ, ки «сокини Европа мегардиву зиндагиат шоҳона мешавад!», бовар мекунад. Вале хонум N. (ӯ фирефта шуда буд ва исмашро овардан аз рӯи одоб нест), мебинад, ки Гадозода гадое беш несту ӯро танҳо ба он хотир овардаанд, ки маъзарат хонанда, вале секс дар Евпроа хеле гарон аст! Ин муамморо дарк карда, хонум N. мегираду мепартояду баромада меравад.

Баъди дилмондагӣ аз тоҷикон Шарофиддин Гадоев Виктория Надеждинаро, ки зодаи Ӯзбакистон, вале шаҳрванди Қазоқистон буд, фирефта ба Норвегия ва сипас Голландия мебарад. Барои ӯ  ширкати дурӯғини ҳуқуқдифоъи "HRVF" месозад. Ин ҷамъиятро, ки танҳову танҳо «ба интиқоди ҳукумати Тоҷикистон» банд аст, касе дар Аврупо намешиносад ва сарпарасти расмии аврупоӣ низ надорад. Маблағгузораш…Кабирист! Яъне Кабирии чандзана, ки аз таҷрубаи «фирефта ба Аврупо бурдани гулдухтарони Тоҷик ба умеди зиндагонии хубу роҳат ва ҳамсарӣ бо худ» (маъзарат-секси арзон) бархурдор аст, ин бор, барои «репутация»-и мулло-Муҳиддинро вайрон накардан, «зани кофир»-Викторияро ба ҳамақидааш Калтаи Шарофиддин медиҳад.

Даюсе, ки гапаш ба занҳои худаш намегузашту намегузарад, магар пешво, лидер, ҳомӣ, патриот ва ватанпараст буда метавонад? Ҳаргиз на!!!

Акнун, хонанда, худ хулоса кун, марде, ки барои ҳадафҳои сиёсияш зани худро истифода мекунад, чигуна мард аст? Ва оё мард ҳаст-мӣ? 

Дар 100 сол на. Чунин мардонро дар Тоҷикистони азиз даюс мегӯянд, ки дар ду ҷаҳон ҳар ду бари рӯяшон сиёҳ аст.

Шаҳриддин Аминзода

журналист

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter