ХАБАРИ ДОҒ

Иди қурбон 31 июл фаро мерасад!!!

  • Панҷшанбе, Июл 23 2020

 

Намоз хонда намешавад! Қурбонии таоруфӣ манъ аст!!! Тибқи қарори Маркази исломӣ қурбониро метавон ба ниёзмандон ва камбағалон дод.

Бале! Қарори Шӯрои уламо писандам омад! Бисёр фурсати муносиб аст! Ҳамин қиматфурӯшони беимон, ки дар ҳар ид нархро баланд мебардоранд ва дили мардум аз ид дар тарс аст (бозорсӯзиҳо ҳам дарсашон нашуд!).

Ид маънои хурсандиро дорад!

"Вакте Ид меояд банди дилам меларзад",- гуфта буд Ҷонибек Асрориён! Оянда низ ин идро ҳамин тавр маҳдуд бояд кард! Хона даромадан, дастархон паҳн кардан, пурра барҳам бояд дода шавад. Бигузор биёянд, 1 миз дар саҳни ҳавлӣ ё бино мондан даркор. Дуо кунанду раванд! Идгардаки кӯдакон бошад! Хурсандии кӯдаконро бояд нагирем!

Дар ин рӯз чор гӯштфурӯшу мағзу чағзфуруш хурсанд мешаванд, бозорашон дар авҷ кисаҳо пури пул. 30 сол аст, ки нарх боло мераваду боло меравад. Дар 2 ид 2 бор. Пули миллӣ низ аз ҳамин ҳисоб беқурб мешавад. Махсусан 2 моҳ пеш аз Иди қурбон долларкобӣ сар мешавад (барои адои ҳаҷ). Омили баланд шудани доллар ва дигар ашё ана ҳамин аст! Дигар қишри ҷомеа мисли муаллиму духтуру рӯзноманигору ғайра дар фикри пулқарзкунӣ мезананд. Барои дастархони 1 рӯз харҷи якмоҳаашро мекунад! Худо сарфи беҳударо дӯст намедорад. Мо бошем 2 идро манбаи бадбахтиҳо кардаем! Худо нигаҳ дорад! Сахт гуфтам? - Хуб кардам (Ин ҷумлаи ман нест, аз Сайёф аст…)

PS: Касе қурбонӣ мекунад, марҳамат кардан гирад, бо аҳли хонаводааш хӯрад ин ҳам савоб аст. Ба ду - се ҳамсоя гӯшт хомталош кунад, инаш ҳам савоб!

Саъдии Маҳдӣ

журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter