ХАБАРИ ДОҒ

Танзи миллӣ-1

Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад?

Ғайри ташвиш чӣ маънӣ дорад?

Агар 200 сол сари ин мавзуъ баҳс кунем, ки риш асоси мусалмонӣ нест, ягон авомуннос намефаҳмад ва донистан ҳам намехоҳад. Зеро сарҳо холист. Сарҳое, ки ҳамоно гумбази «показухаи ислом» шудаанд. Ришро мо чунон вардор-вардор кардаем, ки илм, дониш, тамиз, адаб ва «конса до консов» ҳусн ва симпатияро низ қурбонии он, яъне чанд дона мӯйи таки фук сохтаем. Дигар муҳим нест, одам саводи диниву дунявӣ дорад ё на? Муҳим чанд мӯйи ифлоси бари гардану атрофи даҳон аст. Воқеан даҳоне, ки бо кадом «иллате» зерашро пашмбор кардаему болояшро тоза метарошем! Зеро акои «Бурут» дӯзахӣ ҳукм гирифтааст. Дар калла, ки ақл нест, намефаҳмем, ки чаро ҳамоно 1 мӯй аз боло дӯзах мебарадату аз поин биҳишт?! Савганд, агар чанд нео-мулло ҳукм кунад, ки мӯйи фалон ҷои бадан низ атрибутикаи биҳишт аст, фан-клубҳо дигар онро низ наметарошанд. Метарошанд? Ещё как наметарошанд! Зеро калла ҷои салла аст дигар, на ақлу тамизу фикру андеша:

1 нахӯд каллаву 10 ман дастор,

Ин каму беш чӣ маънӣ дорад?

Салла ё худ дастор хуш аст, ки кам шуда. Зеро каллаҳои каммағз дар пирӣ пояи ноустувор доранду гарданҳои фарбеҳ низ бори онро вардошта наметавонанд. Зимнан аз саллаҳои бузург ҳоло мардум ба кулоҳ-сафедакҳои хитоӣ гузаштаанд. Дигар тоқиҳои чоргула, чуст, чакан «вне моды!». 

Муллоӣ? Пас бояд тоқисафедак бошӣ. Зеро ин камхирадон дар мамолики қораи араб маҳз чунин кулоҳҳои хитойии арзонро сари арабу парабу прораб дида, фикр доранд, мусалмонӣ ҳам ин аст. Касе бовар надорад, 1 бор ҳини бозгашти ҳуҷҷоҷ фурудгоҳ равад: Ҳама (!!!) тӯпичаҳои сафедаки чиноӣ доранд. Ва мабодо аз Ҳаҷ бо тоқии чусти Самарқанду Хуҷанду Истаравшан ва ё наъузамбиллоҳ кулоҳи чакани кӯлобиву помирӣ омадӣ, муртад кофират мебароранд. На-мебароранд? Ме-бароранд, мебароранд. Ещё как мебароранд!

Гуфто зи сари ҳавопарастӣ:

Приходите ко мне в гости!!!

Клоссикҳои мо мисле, ки арабиро корбаст мекарданд дар ашъори хеш, ба мисли «…адир каъсан ва новилҳо»-и Ҳофиз, агар ба русӣ дасти тасаллут медоштанд, ҳатман ин забонро низ истифода мекарданд, чун дар 2 мисраъи боло. Вале 

имрӯз вожаҳои русӣ низ яке аз атрибутикаҳои кофаршавии мардум гаштааст! Ба вежа агар муллоӣ, мавъизагарӣ, эмомӣ, хатибӣ ва ё простой ҳоҷӣ, корбасти калимоти русӣ барои ту манъ аст. Айб аст! Табу!!! Стоп аст! Ва ин дар ҳоле, ки 100% до и после-муллоҳои мо маҳз ба забони русӣ ё ҳадди ниҳоӣ алифбои сириликасоси ин забон дарс гирифтаанду дониш ғунд овардаанд. Рӯиҳамрафта, аз касе пӯшида нест, ки «хӯроки аҳли байти мо аз нитоҷи…» рус аст, яъне беш аз 1 миллион тоҷик дар Русия кор кардаву чанд миллиони дигарро дар Тоҷикистон мехӯронанд. Яъне чӣ? Яъне забонаш кофириву пулу нонаш мусалмонӣ? Русӣ кофириву рус кофар бошад, пас ғуломияшро бас кунед, муздурияшро бас кунед, пулгирияшро бас кунед, нонашро нахӯред! Неъ! Мегирем, мехӯрем, бо пулаш масҷид месозем, хатми Қуръон мекунем, муллоҳоро сарҷамъ меорем, то русро кофир хонанду забонашро ҳаром…

Воқеан ҳам чанде пеш дар 1 маъракаи унс ва мазҳабӣ дар ҳузури чанде аз алломаҳои фиқҳи ҳанафӣ менишастам. Ва аз домулло Абдурраҳими Қазоқонӣ хушам омад, ки бе шакку тардид вожаҳои роиҷи урусиро корбаст мекард ва чунон мавъизаашро ширин менамуд бо ин калимот, ки писанди аҳли завқ гардидӣ. Зимнан пурсида мешавад, чаро вожаҳои русӣ бояд «кофирӣ» бошанд? Мантиқ куҷост? Магар русе мусалмон шуду русӣ ҳарф зад-кофир аст? Магар мо мусалмонтарем ва ё чечену доғистониву ингушу тотор, ки забони давлатияшон русист? Вале ба кӣ мегӯй? Ин ҷо риш ҳукмрон асту тоқии хитоӣ, на ақлу заковату мантиқ:

Бедил ин ҷо ҳама риш асту фаш аст,

Ин ҳама кеш чӣ маънӣ дорад???????

При чем тут фук? Манаҳро озод кунед, то суханатон, сӯҳбататон, фикратон озод бошад:

Ашки риёи зоҳидон рехт ба Хонаи Худо,

Қаҳба ба масҷид афганад тифли ҳаромзодаро!!!

Қаҳба медонед кист? Зани ғар, проститутка! Муллое, ки паси дину мазҳаб пинҳон шудаву афкори антибашарӣ-тифли ҳаромзодаашро миёни мардуми мусалмон мепартояд, то фитна ангезад, қаҳба аст, проститутка аст, ҷалабест, ки дар 2 олам рӯяш сияҳ аст.

Сахт гуфтам? Хуб кардам! Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter