ХАБАРИ ДОҒ

Хатсайри №33: бетартиб ва беназорат!

  • Чоршанбе, Авг 19 2020

Салима Сироҷова, сокини ш.Душанбе ба идораи редаксия тавассути телефони 238 55 56 занг зада гуфт, ки аз баъзе аз ронандагони микроавтобусҳои хатсайри №33 шикоят дорам.

   - 2 августи соли ҷорӣ буд. Тахминан соатҳои 17:30 аз гардиши назди бинои “Шарқи Озод” ба микроавтобуси хатсайри №33, рақами давлатиаш 2030 ТТ 05 нишастам. На ронанда намои зоҳирӣ дошту на кондуктори ӯ-ҳарду бо сарулибоси варзишӣ, риши расида, бе ниқоб буданду ронанда то метавонист бо суръати баланд мошин ронда, бо микроавтобуси дигари хатсайри мазкур-рақами давлатиаш 7474 ТТ 05 дар роҳ пойга ташкил мекард. Ин ронандаи сарҳуй намегузошт, ки ронандаи микроавтобуси дигар оромона ҳаракат кунад: ё пеши роҳашро мегирифт, ё дар истгоҳҳо аз оина сарашро бароварда, суханҳои қабеҳ мезад. Ба таъкиди ман дар бораи он, ки ҳатман ба роҳбарияти ҶСК “Автоколона-2927”, ки хатсайри №33 зери назорати он аст, дар робита ба ин кораш шикоят хоҳам кард, ҷавоб дод, ки “Ба куҷое хоҳӣ, шикоят кардан гир! Бисёр хуб мешавад, агар ба раиси автобаза хабар кашӣ!”. Умедворам раҳбарияти хатсайри №33 лаҷоми чунин ронандаҳои бадахлоқро хоҳад кашид! Душанбе ҷойи чунин ронандаҳо нест!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter