ХАБАРИ ДОҒ

Душанберо кӣ вайрон ва кӣ бунёд мекунад?

  • Чоршанбе, Авг 19 2020

 

 

Маҳмадсаид Зувайдзода: Тибқи қарор ва дастури раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ фаъолияти тамоми сохтмонҳои пойтахт рӯзона ба роҳ монда шуда, онҳо кори хешро бояд то соати 23:00 ба анҷом расонанд. Ҳар касе, ки мегӯяд, бо супориши ман-яъне, муовини якуми раиси ш.Душанбе барои ҳарчӣ зудтар ба итмом расонидани сохтмон ба хотири 30-солагии Истиқлолияти ҶТ дар объекташ шабонарӯзӣ кор мекунад, дурӯғи маҳз аст.  Ҳукумати ш.Душанбе ба ягон ширкат нагуфтааст, ки шабонарӯзӣ дар 3 баст кор кунад, чунки амнияту оромии сокинони пойтахт аз ҳама чиз муҳимтар аст! 

   Шоми 8.08.2020 бар асари чаппа шудани 1 крани борбардори 35 метрӣ дар кӯчаи Сурхоби шаҳри Душанбе, 1 сохтмончӣ ҳалок шуда, 1 нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон қарор дорад. Тавре Умеда Юсуфӣ, котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар иттилоъ дод, дар пайи афтодани кран болопӯши чанд хона низ хароб гаштааст. Вобаста ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шуд, вале бояд гуфт, ки бори аввал нест, ки дар майдони сохтмонҳои пойтахт чунин ҳодиса ба вуқуъ пайвандад. Алалхусус, дар ин 2-3 соли ахир, ки сохтмони биноҳо-чӣ маъмуриву чӣ истиқоматӣ дар ш.Душанбе ба маротиб афзуда, онҳо бо суръати кайҳонӣ қомат меафрозанд. Чанд ширкати сохтмонӣ дар Душанбе бино месозанду чанд кран доранд? Чаро ширкатҳои сохтмонӣ шабона кор мекунанд? Тавони зарари маънавии мардум ва шикастурехти кӯчаву паскӯчаҳои ш.Душанберо, ки мошинҳои гаронвазни ширкатҳои сохтмонӣ дағалона вайрон мекунанд, кӣ ҷуброн мекунад? Мо тасмим гирифтем ин мавзӯро пайгирӣ намоем. Мо Метавонем!

300 ширкати сохтмонӣ ва 100 кран

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини якуми раиси ш.Душанбе зимни нишасти матбуотии ахири хеш ба суоли хабарнигори газетаи СССР дар мавриди фаъолияти ширкатҳои сохтмонӣ дар пойтахт посух дода буд, ки айни замон дар ш.Душанбе 300 ширкати сохтмонӣ машғул ба бунёди бинову иншоот буда, шумораи ширкатҳои хориҷӣ ҳамагӣ 1%-и ин шумораро ташкил медиҳад.

Раҳбарияти Хадамоти бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ бошад теъдоди кранҳои дар ҳудуди сохтмонҳои ш.Душанбе қарордоштаро 100 адад эълон намуда, инчунин гуфта буд, ки танҳо якчанд ширкати сохтмонӣ дорои кранҳои муосир ва аз лиҳози техникӣ қавӣ мебошанду халос.

Ширкатҳо бояд рӯзона кор кунанд!

Маҳмадсаид Зувайдзода мегӯяд, кор дар тамоми сохтмонҳои пойтахт, алалхусус он сохтмонҳое, ки бо бунёди биноҳои истиқоматӣ дар микрорайонҳо машғуланд бояд қатъиян рӯзона ба роҳ монда шавад. 

   - Тибқи қарор ва дастури раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ фаъолияти тамоми сохтмонҳои пойтахт рӯзона ба роҳ монда шуда, онҳо кори хешро бояд то соати 23:00 ба анҷом расонанд. Ҳар касе, ки мегӯяд, ки бо супориши ман-яъне, муовини якуми раиси ш.Душанбе, барои ҳарчӣ зудтар ба итмом расонидани сохтмон ба хотири 30-солагии Истиқлолияти ҶТ дар объекташ шабонарӯзӣ кор мекунад, дурӯғи маҳз аст. Ҳукумати ш.Душанбе ба ягон ширкат нагуфтааст, ки шабонарӯзӣ дар 3 баст кор кунанд, чунки амнияту оромии сокинони пойтахт аз ҳама чиз муҳимтар аст,- таъкид дошт Маҳмадсаид Зувайдзода.

Чаро ширкати «Хон-2009» аз номи Зувайдзода гап мезанад?

Дар ин маврид мебояд номи ширкати «Хон-2009»-ро, ки дар шафати бинои Сирки давлатии Тоҷикистон, дар х.С.Шерозӣ 3 бинои баландошёнаи истиқоматӣ месозад, гирифт. Кор дар ин сохтмон шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, мошинҳои пурбори семент то соати 4-и субҳ аз байни биноҳои дигар равуо намуда, оромии мардуми ҳамсояро халалдор месозанд. Ҳангоми шикоят бошад масъулони ширкати «Хон-2009» мегӯянд, ки бо дастури Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе ба хотири иҷрои реҷа то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ корро шабонарӯзӣ ба роҳ мондаанд. 

Зувайдзода: «Ягон ширкати сохтмонӣ надорам!»

Вақте мо дар бораи чунини шеваи кори ширкати мазкур ба Маҳмадсаид Зувайдзода шикоят кардем, эшон таъкид дошт, ки ҳеҷ ширкате дар пойтахт ба вай маҳсуб нест ва ҳар соҳибкоре аз номи ӯ ҳарф мезанад, ҳатман ба ҷавобгарӣ ва то қатъи кор дар сохтмон кашида хоҳад шуд

   - Ман ягон ширкати сохтмонӣ надорам ва намегузорам, ки соҳибкоре аз номи ман ҳарф занад. Дар мавриди сохтмони ширкати «Хон-2009» бояд бигӯям, ки аз аввал барои бунёди ин лоиҳа розӣ набудам, зеро фосилаи биноҳо дар ин маҳал бо бунёди 3 бинои дигар риоя намешавад, вале мардуми зиёд ариза навишта, ин лоиҳаро дастгирӣ карданд,- афзуд мавсуф.

Масъули шикастурехт ширкатҳои сохтмонианд!

Муовини аввали раиси ш.Душанбе иброз медорад, ки ҳар шикастурехте, ки аз ҷониби техника ва мошинҳои борбардору гаронвазни ширкатҳои сохтмонӣ, аз он ҷумла шикастани буттаву дарахт, роҳраву ҷӯйбор ва биноҳои ҳамшафат дар маҳалаву микрорайонҳо сурат мегирад, бояд аз тарафи ширкатҳои сохтмонӣ обод ва ҷуброн карда шавад. Аз он ҷумла, зараре, ки пас аз сарозер шудани кранҳо ба мардум ва хонаҳои онҳо мерасад, зеро ҳаёти инсон волотар аз ҳама чиз аст. Сохторҳои марбута дар соҳаи сохтмон, аз он ҷумла Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, Сармеъмори ш.Душанбе, Агентии сохтмон ва меъмории кишвар бояд сари ин масъала ҷиддӣ андешанд, зеро воқеан ҳам бо рух додани чунин ҳодисаҳо гумон аст, ки дар сохтмонҳои пойтахт имрӯз тамоми талаботҳои техникӣ рияо гарданд. Душанбе бояд обод шавад, на вайрон!

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем! 

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter