ХАБАРИ ДОҒ

Хатлон: Чаро Файзуллоеву Алимардонов андоз намесупоранд?

  • Чоршанбе, Авг 19 2020

 

 

Хатлон яке аз калонтарин вилояти аграрӣ ва саноатии мамлакат ба ҳисоб рафта, аксарияти корхонаҳои саноатии бузург маҳз дар ҳудуди ин вилоят қарор доранд. Бояд гуфт, ки қарз аз андози бархе аз корхонаҳои саноатии ин минтақа ҳоло ба 50.000,000 сомонӣ расидаасту соҳибонаш на парвои пардохти маоши коргаронро доранду на пардохти андози давлатро, ки бақои ҳар 1 кишвар аст.

 Зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Нозироти андози вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки баъди паҳн шудани бемории сироятии нави коронавирус, ки таъсираш ба иқтисодиёти мамлакат низ расидааст, манбаъҳои андозбандӣ коҳиш ёфтаанд. Аз ҷумла, хизматрасониҳо дар ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва намуди хизматрасониҳо, фаъолият накардани бозорҳо ва марказҳои калони тиҷоратӣ, кам шудани гардиши савдои чакана ва шумораи коргарони кироя, ногувор шудани ваъзи молиявии баъзе аз корхонаҳо, коҳиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар 1 қатор корхонаҳои калони саноатӣ, ки ба таъмини нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи қисми даромади буҷети вилояти Хатлон таъсир расонидаанд.  

Молики «Ресанда» намеандозад?

 Ба суоли мухбири СССР дар мавриди сабабу омилҳои саривақт маош ва нафақаи худро гирифта натавонистани коргарону нафақахӯрон Сардори Нозироти андози вилояти Хатлон Соҳиб Раҷабов посух дод, ки 1 сабаби аслии таъмин нагардидани нақшаи қисми даромади буҷет аз солҳои пешин ва дар давраи сипаришудаи соли ҷорӣ ин аз ҳама қарзи бузурги корхонаи саноатии вилоят-ҶСК  «Ресанда» аст, ки солҳои тӯлонӣ ҷамъ шуда, соҳиби корхона на андозро пардохт мекунад ва на дар мавриди пардохти он фикр.  

   - Дар маҷмуъ қарзи андози ин корхона то ба имрӯз ба 27 млну 798 ҳазору  960 сомонӣ расидааст. Дар ш.Левакант бошад, корхонаҳои ФҶДММ «Умрони Морун» ва ҶСП ШХ «И.Сомонӣ» дар маҷмуъ зиёда аз 6 000 000 сомонӣ аз андоз қарздоранд. Инчунин то фаъолият намудан ҶСК «Нуриҳои Осиё» низ 805 000 сомонӣ аз андозҳо қарздор буда, то нимаи якуми соли ҷорӣ умуман онро пардохт накардаанд, таъкид дошт сардори Нозироти андози вилоят.

Н. Файзуллоев танҳо аз об 2 млн қарздор аст!

Бояд қайд намуд, ки 75%-и ҶСК «Ресанда»-и Қӯрғонтепа ба соҳибкор Нусратулло Файзулоев ва 25 %-и он ба Суҳробҷон Убайдуллоев тааллуқ дошта, дар умум ҶСК «Ресанда»-и Қӯрғонтеппа аз пардохти истифодаи об 2 000 000 сомонӣ қарздор аст. 

Абдуҷаббор Қурбонзода раиси ҷамоати деҳоти « Бохтариён»-и н. Кӯшониён дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфт, ки ҶСК «Ресанда»-и Қӯрғонтеппа масъулияти зиёда аз 4 000 га заминҳои кишоварзии ин ҷамоатро ба ӯҳда дошта, дар ин заминҳо пахта, гандум, тухми ҳаргуна маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра кишт мекунад. Даромаду баромади ин замин мушаххасан маълум нест. Вале муайян аст, ки ширкат аз андозу обу барқ низ қарздор будааст…

800 000 сомонӣ-қарзи Алимардонов аз об!

 Бояд қайд намуд, ки чунин ҳолати пурташвиш дар ноҳия А. Ҷомӣ низ ҷой дорад, ки барои баргардонидани қарзи об, Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон аз ширкати «Баракати Ҷомӣ» ба Суди иқтисодӣ шикоят бурдааст. Ширкати  «Баракати Ҷомӣ» ба Муродалӣ Алимардонов-бонкири маъруфи кишвар, сардори раёсати Агроинвестбонки муфлисшуда, тааллуқ дошта, корхона танҳо аз хоҷагии оби маҳаллӣ 800 000 сомонӣ карздор аст. 

Дар ин маврид Шамсиддин Гадоев, муовини Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти  Хатлон гуфт, ки ширкати «Баракати Ҷомӣ» зиёда аз 800 000 сомонӣ қарзи обро насупоридаву болоӣ, аз андози замин, низ 86.947 сомонӣ қарздор аст.

Чаро мақомот хомӯшанд?

Аввали соли ҷорӣ ҳукумати н.А.Ҷомӣ қарзи ширкати Муродалӣ Алимардоновро аз андоз беш аз 1 000 000 сомонӣ арзёбӣ кардаву ба додгоҳ муроҷиат карда буд. Мавқеи додгоҳи иқтисодӣ ва то куҷо баррасӣ шудани ин қазия маълум нест. Ширкати кишоварзии «Баракати Ҷомӣ» дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ фаъолият мекунад, ва ҳоло номаш ҳамчун қарздори калон аз андоз баромадааст. Мавқеи масъулини ширкат ва худи Алимардонов низ маълум нест. Ин ширкат танҳо дар н. А.Ҷомӣ 800 га замини кишоварзӣ ва ҳавзҳои моҳӣ дорад. 

Чаро моликони ин ширкатҳои бузурги саноатӣ аз пардохти андоз фирор мекунанд, суолест, ки ба ин бояд Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва Прокурори генералии ҶТ посух гӯянд. Мо пайгири мавзӯ ҳастем! Мо Метавонем!

Баҳодури Абдусалом, СССР, Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter