ХАБАРИ ДОҒ

Абдукодир Талбаков: "80 ТОЗИЁНА!!!" - ҳукми фанатикҳои наҳзатӣ нисбати донишманди тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо

  • Чоршанбе, Сен 23 2020

 

Дӯстони азизам,

Тақрибан 4 моҳ пештар дар бораи чанд мактуби шармандавори наҳзатиён дар рӯзҳои бемории сиёсатшиноси шинохтаи кишварамон Абдуллоҳи Раҳнамо ва аҳли оилааш хабаре дода будам. Он вақт Абдуллоҳ ба ин мактубҳо шарҳе навишта, ҳамчун ҳамкурс, ба банда, барои хондан фиристода буд. Вале баъдан ӯ чопи онро зарур надониста, мавзӯъро «ба Худованд ҳавола кард». 

Аммо беадабӣ, густохӣ ва ҳуҷумҳои лафзии фанатикҳоро дар рӯзҳои охир дида, лозим медонам, ки ин маводро чоп намоям. Бо вуҷуди гузаштани 4 моҳ аҳамияти ин мавод кам нашудааст. Чунки мактуби фанатикии наҳзатиҳо ва шарҳи Абдуллоҳи Раҳнамо чеҳраи ҳақиқии ин гурӯҳро кушода, бори дигар беимонӣ, беадабӣ ва аз доираи арзишҳои миллӣ, инсонӣ, мардонагӣ ва динӣ умуман берун будани наҳзатиҳои фанатикро нишон медиҳад. 

Шумо тасаввур мекунед, ки ҷаҳолати ин фанатикҳо то ҷое расидааст, ки чанд ваҳшӣ нисбат ба 1 шахсияти миллӣ ва донишманди шинохтаи кишвар ҳукми 80 тозиёна баровардаанд, яъне ҳукми қатл! Зеро аз чанд нафар олими дин пурсидам, гуфтанд, ки 80 дурра дар амал ба ҳамин маъност! Ин ҳукумномаи ҷоҳилонаро раиси бахши робита бо ҷомеаи наҳзатиён, бародарзода ва ёрдамчии худи М.Кабирӣ навишта фиристодааст, аммо вай боз бешармона худро демократ ва сиёсатмадори типпи европоӣ мегирад. Оддӣ карда гӯем, ба ин тафаккуру ба ин ҳукматон Европаро ҳам ҷазир кардед! 

Чаро ба ин масъала баргаштам ва чаро ба он бояд сахт диққат кунем? Агар зиёиёни мо дар муқобили ин ваҳшиён ҳамин хел бетараф ва хомӯш истанд, фарзан, агар кор ба дасти онҳо бошад, ҳар яки шуморо ҳамин ҳукм интизор аст. Тавре, ки нисбати Осимӣ, Олимпур, Исҳоқӣ,, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Раҳим ва ғайра ҳамин хел ҳукмро содир ва иҷро карданд. Ё тавре, ки чанд рӯз пеш яке аз бандитҳои наҳатӣ Иззат Амон ман ва Саъдӣ Маҳдиро чунин таҳдидҳо намуд! 

Албатта, Абдулло боз ҳам фикрҳояшро бисёр мулоиму дипломатӣ навиштааст. Вале дониста бошед, ки ин ифротиҳо сухани нармро намефаҳманд, балки ба онҳо дар сатҳи фаҳмиши худашон ҷавоб додан лозим аст. Мо инро озмуда дидаем. Тавре ки Соиб фармудааст: 

Сахтгӯро сухани сахт ба ислоҳ орад,

Чирки пироҳани пӯлод ба собун наравад. 

Инак матни шарҳи Абдуллоҳи Раҳнамо ба ҳукмномаи наҳзатиён аз 26-уми майи соли 2020:

 

ДАР ҲАМА ҲОЛАТ БОЯД ИНСОН БИМОНЕМ

(Гуфторе бо роҳбарону пайравони навнаҳзатиёни хориҷӣ)

…Навиштаи банда ҳаргиз посух ба он паёмҳои маргу номаҳои нафрати навнаҳзатиён нест, балки баррасии 1 фарҳанг ва ба 1 тарзи тафаккур аст, ки миёни онон доман густурдаву чун абри сиёҳ бар фазои иттилоотии тоҷикӣ печидааст. Фарҳанги ифроту нафрат ва маргхоҳию ҳукмбарорӣ, ки инак барои «бачаҳо» оддӣ шудааст. Фарҳанге, ки дар он ҳар навпое метавонад худро ҷойи қозии шариат, додгоҳи илоҳӣ ва ҳатто ҷойи Худову Расул гузораду нисбати ҳар касе, ки бошад, ҳукм содир кунад ва дуову нафрин фиристад. Пас хоҳиш ин аст, ки на ба калимаву иборот, балки ба ҳамин паёму мазмуни марказии ин навишта таваҷҷуҳ шавад, яъне чӣ гуна ва чаро фарҳанги ҳақорату нафрат бар фазои боқиҳои наҳзат ҳоким шуд. 

 

10 моҳи таҳқиру таҳдиди навнаҳзатиён

Аз замони иштирок дар конфронси солонаи САҲА дар Варшава (сентябри 2019) то имрӯз даҳҳо паёму нафрину таҳдид нисбати банда нашр шуда ё аз тариқи паёмрасон расидааст. Мазмуни асосии онҳо таҳқир, таҳдид, туҳмат, дурӯғ, ҳукм ва гумону таҳлилҳои бепоя мебошанд. Илова бар ин, гурӯҳи нисбатан «муътадилтар»-е низ ҳастанд, ки таҳқир намекунанд, аммо рӯирост дуруғ менависанд ва бузургтарин бофтаи онон ин аст, ки «барои тамаъ навиштааст, касе фармон додааст, ҳукумат супориш кардааст» ва ғ. Яъне, чӣ хел мешавад, ки «исломиён» бе ҳеҷ далеле рӯирост дурӯғ менависанд? Ҳоло акнун барои инон муҳим нест, ки он навиштаи банда дар бораи ватан бошад, сиёсат бошад, забон бошад, мухолифин бошад, баҳор бошад, гул бошад, адабиёт бошад ё табрики зодрӯзи касею таъзияи марги касе. Ин нишонаи кинаи амиқ ва ё ҳуҷуми иттилоотии ҳадафманд ва ғайриисломист. Хулоса, бе огоҳӣ аз асли масъалаҳо рӯирост чунин гумонҳоро пайваста такрор кардани «исломиён» худ яке аз падидаҳои нодири замони мост, ки шояд чунин муаллифонро исломиёни беислом номидан мумкин бошад. 

Ва намунаи навтарини ин фарҳанги нафрат ва тафаккури маргхоҳӣ мактуби ахири мудири бахши робита бо ҷомеаи ҳизби наҳзат, ёвар ва бародарзодаи раиси ин ҳизб Муҳаммад Кабирӣ ба унвони банда аст, ки дар ин рӯзҳои бемории ману хонавода фиристодааст. Чун ахиран аз мазмуни ин мактуби «бачаҳо» мепурсанд, фақат ишорат мекунам, ки он ҳудудан аз 8 саҳифа ва замимаи видеоӣ иборат буда, асосан 3 масъаларо дар бар мегирад:

-иштироки банда дар конфронси Варшава ва хусусан, суҳбати ман дар бораи М.Ҳайитро ёдовар шуда, онро ба фаҳмиши комилан ғалати худ тафсир мекунад, ки гӯиё банда «барои чор танга»(?) дар он нишаст нисбати М.Ҳайит тӯҳмат зада бошам(!?);

-имону боварии банда ба дину қиёматро зери савол бурда, нафрату лаънат эълон карда, чӣ тавр зистану чӣ тавр мурдани маро муҳокима карда, аз Худованд барои банда ҷазои сахт талабида, дуо мекунад, ки аз ман интиқом биситонад;

-аз Қуръони карим 10 оят дар мавзӯъҳои гуногунро оварда, исбот карданӣ мешавад, ки ҷазои ин «гуноҳ»-и ман чист ва аз ҷумла, ҳукм мекунад, ки ҷазои он 80 тозиёна мебошад…

Дар арзёбии ин мактуб ҳамин кофист, ки чӣ тавр 1 инсони мусулмон қодир аст дар моҳи рамазон ва дар лаҳзаҳои фоҷеавии инсон барқасдона чунин паёми нафрат фиристад? Муаллифи наҳзатӣ ҳатто марги бандаро пешбинӣ намуда, қатъиян изҳор доштааст, ки «инҳоро гуфтам, то ба қиёмат намонад.» 

Ин намунаҳоро на аз боби аҳаммият, балки маҳз барои он овардам, ки ин фарҳанги нафрат ва ин манзараи даҳшат рӯшан шавад ва низ нагӯянд, ки ҳарфи ман туҳмат аст. Аммо боз ҳам ин ҷо бояд ба масъалаи ин фарҳанг ва ин тарзи тафаккур таваҷҷуҳ намоем, яъне чӣ гуна фарҳанги ҳақорату нафрат бар фазои наҳзат ҳоким шуд…

Абдуллои Раҳнамо, Олим ва омӯзгор

Аз редаксия: Ростӣ, ин мактуби устод Раҳнамо ва ун номаи маргталаби Кабирии хурдӣ тӯлонист, лозим нест, ин ҳамаро нашр кардан. Вале 1 чиро, ба таъбири Абдуқодири гиромӣ, бояд интеллигенсия ва халқи Тоҷик дарк кунад, ки наҳзатиён, мабодо сари кор оянд, ба ЯГОН кас раҳму шафқат нахоҳанд кард, зеро бо печати куфру тозиёнаву шамшери бараҳна меоянд, мисле, ки дар Сурия омаданд, дар Ироқ омаданд, дар Афғонистону Эрон ҳастанд. Боқӣ таваккали зиёиёни тарсуву шоиру адибону журналистони дупогона ба Худо. Вале донед, ки ҳарчанд аз тарс номатонро фошу овозатонро, дар ҳимояи олиму адибе баланд намекунед, ин тарсуӣ шуморо наҷот намедиҳад. Мо Метавонем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter