ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: боғи ангур рав!

  • Чоршанбе, Сен 30 2020

 

 

Ҳамасола рӯзи 9 сентябр, ки ҳам Рӯзи Истиқлолияти кишвар асту ҳам рӯзи таъсисёбии газетаи мардумии “СССР ҳайати эҷодӣ бо дӯстони худ ҳатман ба ягон гӯшаи зебоманзари диёр сафар намуда, ин 2 ҷашни таърихиро дар оғуши табиат мегузаронад. Ин маротиб мо ш.Турсунзодаро интихоб намудем, зеро ба ғайр аз он, ки яке аз шаҳрҳои бузурги саноатии мамлакат ба ҳисоб меравад, боз макони ангур аст, ангури ноби тоҷикӣ бо шӯҳрати оламгир.

Аз зеристгоҳи нав то Парчами давлатӣ

Бояд гуфт, ки дар баробари дигар минотиқи кишвар шаҳри Турсунзода низ дар даврони соҳибистиқлолии Ватан рушд намуда, даҳҳо коргоҳҳои нави саноатӣ, иншооти иҷтимоӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ ва майдону толорҳои варзишӣ мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифтааст. 

Ҳафтае қабл аз сафари мо арафаи солгарди навбатии Истиқлоли давлатӣ Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, дар ифтитоҳи 1 қатор иншооти ҷашнӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, ифтитоҳи хати нави зеристгоҳи “Равшан”, майдони Парчами давлатӣ, маркази табобатии “Нури шифо”, корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ “Сардор 2008”, коркард ва хушк намудани ангур, инчунин боздид аз хоҷагиҳои “Ҳоҷӣ Неъмат” ва “Боғи Сомон” ба кулли сокинони шаҳр рӯҳу илҳоми тоза бахшидаст. Инро дар сӯҳбат бо сокинони ш.Турсунзода эҳсос кардем.

Ангурбоғи Ҳоҷӣ Камол

Пас аз сайругашт дар маркази шаҳр, мо сӯи яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварварии на танҳо ш.Турсунзода, балки кишвар-«Боғи Сомон» роҳ пеш гирифтем. Лозим ба ёдоварист, ки боғи мазкур бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, 1102 нафар саҳмдор дорад. Роҳбарии Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол»-ро Маҳмадамин Камолов-писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ. шодравон Камол Мадумаров ба ӯҳда дошта, моро дар сари замини ангур пешвоз гирифт.

Тавре Маҳмадамин Камолов дар суҳбат афзуд, дар заминҳои хоҷагӣ ангурҳои навъи «Ҳусайнии сиёҳу сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» ва ғайраҳо парвариш гардида, то имрӯз аз токзор  беш аз 700 тонна маҳсулот ба бозори истеъмолӣ бароварда шудааст. Дар соли 2019 хоҷагӣ 4692 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат саҳми назарраси хешро гузоштааст. Ҳудуди ангурзори хоҷагӣ 500 гектарро ташкил дода, ба ҷуз кормандону саҳмдорони асосӣ, Маҳмадамин Камолов ҳамарӯза ба 35-50 нафар занону духтарони деҳаҳои гирду атроф, ки барои коркарди ангур омада кӯмак мекунанд, аз 35 то 50 сомони маоши рӯзона пардохт мекунад.

Бояд гуфт, ки дар хоҷагӣ бунёди сардхона роҳандозӣ гардида, ғунҷоиши маҳсулот дар сардхонаҳои хоҷагӣ ба 2 ҳазор тонна расонида шудааст. Ҳамакнун хоҷагидорон метавонанд қариб дар ҳамаи фаслҳои сол бозорҳои кишварро бо меваю сабзавоти худӣ таъмин намоянд. Хоҷагӣ баробари парвариши намудҳои гуногуни ангур, ба чорводорӣ, аз ҷумла парвариши чорвои калону майда низ машғул аст. Айни ҳол хоҷагӣ зиёда 4800 сар чорвои хурд ва бештар аз 60 сар чорвои калони шохдорро дар ихтиёр дорад. 

“Шоҳона”-навъи нави мавизи тоҷикӣ

Дар шафати “Боғи Сомон” боз як боғи дигареро дидем, ки боғи сунъӣ меномиданд. Маънии боғи сунъӣ гуфтани мо дар он аст, ки ба ҷойи хӯшаи ангур дар чойлоб мавизи хушк овезон карда шудааст. Яъне, ангурҳои сиёҳи навъи “Шоҳона”-ро аввал канда, 2 хӯшаро бо банд ба ҳам баста, дар оби махсуси ишқордор тар карда мегиранду баъд аз он дар симтурҳо меовезанд. Дар натиҷа мавизи хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тоза ба даст меояд-таҷрибаи нав, ки танҳо дар ин хоҷагӣ роҳандозӣ шудааст. Пас аз коркард нархи 1 кило мавизи “Шоҳона”-и тоҷикӣ дар бозор то 200 сомонӣ барои 1 кило арзиш хоҳад дошт. 

Воқеан ҳам парвариши ангур заҳмати бениҳоят зиёдро талаб мекунад ва ҳатман натиҷаи ҳамаи ин заҳмат аст, ки ангури тоҷикӣ, хоса ангури Турсунзода имрӯз на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки кишварҳои Осиёи Миёна ва Россия низ бозоргир аст. 

Шералӣ Далатов, СССР, 

Душанбе-Турсунзода-Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter