ХАБАРИ ДОҒ

Ҷайҳун: ғасби заминҳои кишт идома дорад

  • Чоршанбе, Окт 07 2020

 

Вақтҳои охир баҳсҳо барои заминҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо миёни шаҳрвандони кишвар ба маротиб афзудааст. Дар шумораҳои гузашта аз рӯи шикояти шаҳрвандон баъзе аз ин баҳсҳоро баррасӣ намуда, то ҳадде барои ҳалсозии мушкилоти мардум равшанӣ андохта будем, вале дар пайи шикоятҳои зиёди сокинон маълум аст, ки заминҳои кишоварзӣ ва ғасби онҳо ҳамоно проблемаи №1 дар деҳот мемонад.

Замини бекорхобида корам шуд

24.09.2020. Соат ба вақти Душанбе 16:22 дақиқа. Назира Алиева, сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон меҳмони редаксияи “СССР” гардида, аз ғасби заминҳои кишоварзӣ арз кард. Мавсуф саҳмдори хоҷагии деҳқонии “Ализода”-и н. Ҷайҳун буда, аз рафтори ғайриқонунии намояндагони ҶСП “Исмоили Сомонӣ”-и ҳамин ноҳия шикоят кард. Ба гуфтаи ӯ 22 гектар замини кишоварзиеро, ки ӯ ва 9-саҳмдори дигар дар он фаъолият мекунанд, ҶСП “Исмоили Сомонӣ” мехоҳад ғайриқонунӣ тасарруф намояд. Ин дар ҳолест, ки онҳо 9 сол қабл ин 22 гектар замини чандсол бекорхобидаро бо қарзи бузург аз андозу дигар пардохтҳо чун хоҷагии деҳқонии “Ализода” ҳуҷҷат намуда, гирифтаанд. Баъди заҳматҳои фаровони кишоварзӣ қисм-қисм маблағи қарзи заминро пурра пардохт намуда, 6 сол аст, ки расман хоҷагии мазкурро тартиб додаанд. 

Хоҷагии пешқадам ва намуна

Дар идомаи суҳбат Назира Алиева  афзуд, ки  баъди ба роҳ мондани фаъолият дар пайравӣ ба сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат аз ҳисоби фоидаҳои ба дастовардаи хоҷагӣ ҳамасола дар арафаи иду ҷашнвораҳои милливу давлатӣ ба маъюбон ва оилаҳои камбизоати минтақа кӯмакҳо намуда, дар баргузории хатнатӯй ва тӯйи домодию арусии оилаҳои камбизоат низ саҳм доранд. 

   - Барои ободонии маҳал бошад 1 майдончаи варзишӣ ва ҳамоми замонавӣ сохта ба истифода додем. Зимнан барои ободу зебо намудани минтақа пайваста саҳмгузорем ва дар оянда нақшаи бунёди маркази хизматрасонӣ иборат аз сартарошхона ва  кошонаи ҳуснро дар ин маҳал дорем, - иброз дошт мавсуф.

Фишору таҳдидҳо ба саҳмдорон

Ҳамсуҳбати мо аз фишорҳои пайвастаи масъулини ҶСП “Исмоили Сомонӣ” низ ёдрас гардида гуфт, ки ҳангоме, ки замин қарздор ва аз гардиши кишоварзӣ монда буд, ҳеҷ кас ин заминро суроғ намекард. 

   - Баъди он ки мо заминро корам намуда, қарзҳоро пурра пардохт намудем, ҶСП “Исмоили Сомонӣ” мехоҳад онро зӯран аз мо кашида бигирад. Ҳатто соле қабл барои ин кор ба суди иқтисодии вилояти Хатлон муроҷиат намуда буд. Хушбахтона, суд даъвои онҳоро қонеъ накарда, онро беасос номид. Имсол онҳо ба прокуратураи ноҳия муроҷиат намуда, ба воситаи фишорҳои пайваста мехоҳанд заминро аз саҳмдорон бигиранд, таъкид дошт мавсуф.

Мо пайгири ин қазия ҳастем. Бо мо бошед, ки Мо Метавонем!

Омодасоз Исмоилҷон Маликов, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter