ХАБАРИ ДОҒ

Ба Бартанги Рӯшон рӯшноӣ омад!!!

  • Чоршанбе, Нояб 04 2020

Пас аз 70 соли шӯравӣ, 100 соли асри пору садаи равон, ҳазорон соли мавҷудият, бо ибтикори Ҳукмати Марказӣ, водии Бартанг соҳиби барқ шуд…

Ҳанӯз мактабхон будам, ёд дорам ҳар боре, ки аз дарс хона бармегаштам, зуд ба иҷрои супориши муаллимон ( вазифаи хонагӣ) мепардохтам, то ки шаб нашуда, ҳамаи онро иҷро кунам. Аммо рӯзҳои кӯтоҳи зимистон ба ман даст намедоданд, то ин тасмимамро дар вақташ ба ҷо орам, бинобар ин маҷбур будам, шабона низ машғул бошам. Дуди ғализи чароғи керасинӣ гоҳе соляркагӣ ба димоғам мезад, ҳавосамро парешон мекард, аммо ман аз азмам намегаштам, дурусташ, нигоҳи ҷидди падарам, ки аз як гӯшаи хона, ба тарафам дӯхта шуда буданд, намегузошт хонданро як тараф гузорам ва рафта хоб кунам. Дар чунин лаҳзаҳо гоҳ- гоҳ ба тарафи дуди сиёҳу борике, ки аз шишаи чароғи берун мебаромад, нигоҳ карда ба фикр фурӯ мерафтам:

"... Пас аз хатми мактаб, дар донишгоҳе таҳсил хоҳам кард, ки дар он ҷо сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ тадрис шавад. Муҳандис шуда, бармегардам ва барои мардуми деҳаҳои болооби водии Бартанг НОБ-и хурде хоҳам сохт". Ин орзӯи кӯдакиам буд ва танҳо дар лаҳзае ба сарам меомаданд, ки маҷбур будам, дуди ғализи чароғро тоқат карда, шабона китоб хонам ё машғулиятҳоямро ба итмом расонам..

Лаҳзаҳо ба ҳамин минвол гузаштанд, мактабро хатм кардам, аммо натавонистам муҳандис шавам. Аниқтараш он танҳо дар хаёлҳоям боқӣ монд, чун шавқам бештар ба равияи фаннҳои гуманитарӣ моил гардид ва дарк кардам, ки ҳамаи ин фикрҳо фақат аз алам майнаи сарамро банд мекардаанд.

Вале вазъи мардумам, ки аз бебарқӣ азоб мекашиданд, ҳамеша дар назарам ҷилвагар мешуд. Ин эҳсосҳо пас аз хатми донишгоҳ низ бо ман буданд ва ҳеҷ гоҳ таркам намекарданд. Гарчанде ки натавонистам муҳандис шаваму НБО кӯчаке бисозам, аммо тасмим гирифтам, ба ягон воситае, ин мушкилоташонро ақаллан ба гӯши масъулин бирасонам. 

Нахустин матлаби фарогирандаи мушкилоти мардум, ки ҳамзамон аввалин маводи журналистиам буд, таҳти унвони "Рошорвиҷбӯхч ё азоби сахти беҳезумӣ" дар нашрияи расмии кишвар " Ҷумҳурият" аз чоп баромад. Баъдан дар саҳифаҳои " Минбари Халқ" низ аз ин ва чанд мушкилоти ҷойдоштаи дигар гуфта шуданд. Мутаассифона, баъзе аз руасо ба ҷои ислоҳи камбудӣ, моро ба иғвоангезӣ ва носипосӣ низ мутаҳам карданд...

Ҳоло бошад, хаёлам дар зодгоҳам гирду атрофи "Хадфад" парвоз дорад. Оре , ҳамон фикрҳо ва аламҳое, ки дар даврони мактабхониам маро водор мекарданд, худамро мисли қаҳрамон китоби Мигел де Сервантес Дон Кихот дар образҳои гуногун, аз ҷумла "муҳандис" тасаввур кунам. 

Баъзан хоҳишҳо тадбиқшавандаанд, новобаста аз он ки аз тарафи кӣ ва чи гуна амалӣ мешаванд, танҳо бе ибо қадам гузоштан ва барои иҷор шудани онҳо заррае ҳам бошад, иқдом кардан лозим меояд.

Муддатест, ки бо дастгирӣ ва ташаббуси "Памир Энерҷи" сохтимони НБО бо иқтидори 450кв/ соат дар рӯдхонаи "Хадфад" ба роҳ монда шуда буд, чанд рӯз пеш мавриди истифода қарор гирифт. Шунидани ин навид боиси хушҳолӣ ва таҳсин аст. Умедворам ин нерӯгоҳ солҳои тӯлонӣ кор кунаду мушкилоти бебарқии сокинон низ осон гардад. Зеро ҳоло замоне аст, ки бе барқ тасаввур кардани зиндагии аҳолӣ хеле мушкил мебошад.

СИПОСГУЗОРИИ АМИҚИ ХЕШ ВА ҲАМЧУНИН СОКИНОНИ ДЕҲАИ РОШОРВ ВА ДИГАР ДЕҲАҲОИ АТРОФРО БА ДАСТАНДАРКОРОН МЕРАСОНАМ. АЗ ҲАМАИ ОНҲОЕ, КИ ДАР БУНЁДИ НЕРӮГОҲ САҲМ ГУЗОШТАНД, МИННАТПАЗИРЕМ. ДАСТАТОН ДАРДРО НАБИНАД. ХУДО КУНАД ҲАМАИ ОРЗӮҲОИ ЯКОЯКИ ШУМО АМАЛӢ ГАРДАД. МО МЕТАВОНЕМ!!!

 

Гулҳаё Мадимарова

журналист

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter