ХАБАРИ ДОҒ

Юриши «Катании тоҷик» ба Душанбе

  • Чоршанбе, Нояб 04 2020

  

 

Расо 28 сол пеш, 24.10.1992, Сафаралӣ Кенҷаев барои ғасби ҳукумат ба Душанбе даромада, бо қудрати кӯлобиҳо, турсунзодаву регару шаҳринавиҳои турктабор ва фронти халқӣ, худро президенти кишвар хонд. Аммо «ҳукумати ӯ» 24 соат давом накарда, бо қатли Рустами Абдураҳим-мушовири аршадаш хатм ёфт…

 «Президент» Кенҷаев!

Субҳи барвақти 24.10.1992 армияи Фронти Халқӣ аз самти ғарб, аз ҷониби ноҳияҳои водии Ҳисор ба Душанбе даромада, биноҳои Дастгоҳи президент, Шӯрои олӣ, радио ва ТВро ғасб ва Сафаралӣ Кенҷаевро президент эълон карданд. Ҳарчанд чун юрист “Катании Тоҷик” медонист, ки президентро эълон намекунанд, интихоб мекунанд, вале бо ин амали популистӣ хост таносуби нирӯҳоро ба тарафи худ гардонад ва раҳбарии кишварро худаш ба даст гирад. Аммо комёб нашуд. Аз сабаби наёфтани мутахассисон ҷангиёни ФХ, ки аксаран ӯзбекзабон буданд, ТВро ба кор андохта натавонистанд. Танҳо Рустами Абдураҳим, яке аз раҳбарони ФХ, ки сарсупурдаи “Катанӣ” буд, аз тариқи радио Кенҷаевро президенти Тоҷикистон эълон кард. 

Аммо аллакай субҳи рӯзи дигар боевикҳои исломӣ аз штабҳои Базаи 3-юм, масҷиди Южний ва Авул ба муқовимат бархоста, корро дигар хел ҳал карданд. Душанбе дар 1 рӯз ба майдони ҷангу қатлу куштору бедодиву тирпаронии сахт табдил ёфт. Задухӯрдҳои асосӣ дар назди кинотеатри "Ватан”, маркази шаҳр, “подземка”-и ЦУМ ва дар рӯи кӯпруки Путовский сурат гирифтанд. 

Дар нимаи дуюми рӯз ҷангиёни ФХ маҷбур ақиб нишастанд. Ҷанговарони Кенҷаевро шоми 24 октябр аз Душанбе таҳти ҳимояи танку БТРҳои дивизияи 201-и Русия ронданд (Аҷобат ин аст, ки Дивизияи 201 гоҳ дар наъл мезаду гаҳ дар пошна). 

Қатли фашистонаи Рустами Абдураҳим

Дар маҷмӯъ, дар ҳамлаи рӯзи 24 октябр қариб 100 нафар кушта шуд. Нирӯҳои мухолифин яке аз саркардаҳои ин ҳамла Рустами Абдураҳимро дастгир карда, бо шиканҷаву бадрафтории зиёд куштанд ва мурдаашро дар теппаҳои пушти кӯчаи Қаротегин бароварда оташ заданд. Қабл аз ин бадани Рустамро дар болои БэТэР кашида, чу ҷаллодони Гитлерӣ атрофи пойтахт чарх занонданд. Гуфта мешуд, Кенҷаев худаш Рустамро фурӯхта, ҷонашро ҳифз намуд...

Ин бераҳмии вежаи исломистон, ки бешарафона тариқи ТВ намоиш дода мешуд,  бедодгарии онҳоро дар Ироқу Сурияи имрӯзаро ба ёд меорад. Шоҳидон қисса мекунанд, ки исломистони тоҷик ҷасади Рустамро пушти БТР баставу гирди шаҳр мегардониданд ва табли шодӣ рӯи мурдаи ӯ мекӯфтанд. Баъдан овозаҳо бархост, ки Кенҷаев бар ивази озодии худ Рустамро ба оппозитсия фурӯхтааст...

“Маслиҳатошӣ” дар Регар

Кенҷаев дар китоби хотираҳояш (“Табаддулоти Тоҷикистон”) гуфтааст, тарҳи ҳамла ба Душанбе ҳанӯз рӯзи 12 октябр дар ш.Турсунзода дар ҳузури генерали артиши Русия Валерий Воробёв маслиҳат шуда буд. Ӯ дар хотироташ навиштааст, ки дар ин нишаст Ҷиёнхон Ризоев-раиси кумиҷроияи вил.Кӯлоб низ буд ва Воробев 23 октябрро ҳамчун рӯзи оғози ҳамла муайян кард. Вале Ризоев барои омодагии хубтар 1 рӯзи дигар хоста, ҳамларо ба рӯзи 24 октябр гузаронд. Бар асоси ин нақша бояд қариб 1000 нафар аз водии Ҳисор аз самти ғарб ба Душанбе ҳамла меоварданд ва боевикҳои минтақаи Кӯлоб бо раҳбарии Файзалӣ Саид, Сангак Сафаров, Саидшо Шамолов ва Лангарӣ Лангариев аз самти ҷануб. Бо ҳамин, бояд тақрибан 500 каси дигар аз самти шимол-вил.Ленинобод вориди Душанбе мешуданд. 

Воробев дар ин нишаст ваъда додааст, ки дивизияи 201 роҳҳои даромад ба Душанберо таҳти назорат мегирад ва ба мухолифин имкон нахоҳад дод, то техникаи вазнинро ба пойтахт оварда, мавқеи худро мустаҳкам кунанд. Ӯ танҳо хоҳиш кардааст, ки худи Сангак ба Душанбе наояд, чунки ин генерал аз Сангак метарсид. Хуллас, дар ин нишасти Регар қарор шуд, ки нирӯҳои ФХ аз водии Ҳисор бо ҷангиёни таҳти фармони Сангак ва Файзалӣ дар болои пули Путовский вомехӯранд ва сипас ҳамроҳ ба тасарруфи иншооти муҳими пойтахт идома хоҳанд дод.

Чаро Сангак Ҷиёнхонро парронд?

24.10.1992. Субҳ. Ҷангиён аз водии Ҳисор ба Путовский расиданд, вале онҳоро ин ҷо ба ҷои нирӯҳои Сангаку Файзалӣ ҷангиёни содиқ ба мухолифин бо оташ пешвоз гирифтанд. Яъне Воробёв пул гирифта, нақшаи ФХ-ро фурухта буд. Баъди ноком шудани ҳамла Кенҷаев ба дивизияи 201 руст шуд. Ин ҳуҷум дар ҳоле сурат гирифт, ки нирӯҳои ФХ аллакай аксари қаламрави водии Вахшро тасарруф карда, ба пойтахт наздик мешуданд. Водии Ҳисор, вилоятҳои Ленинободу Кӯлоб низ аз контроли ҲММ-Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ баромада, раҳбарони кишварҳои СНГ-Русия, Узбекистон, Қазоқистон низ дигар дар бораи ҲММ фикр намекарданд. Сангак баъди шикасти ҳамлаи 24 октябр дастандаркорони он, аз ҷумла, Кенҷаевро ба хиёнат айбдор карда гуфт, ин ҳамла бе ризоияти ӯву дигар раҳбарони ФХ сурат гирифтааст. Маҳз баъди ҳамин эътирозаш, бобои Сангак Ҷиёнхонро бо дасти худ парронд. Сипас Сангак ҳукми қатли Қурбон Зардаку Мулло Ҳайдарро тариқи ТВ Кӯлоб бароварда гуфт:

-Такие, как Мулла Гайдар и Курбан Зардяков не имеют право жить!!!

Таври маълум Сангак бештар урусӣ ҳарф мезад

Таъсис ва ҳаракати Штаби Ургут

Узви собиқ ФХ дар Армияи Сафаралӣ Кенҷаев, Бахтиёр Қаҳҳоров (маъруф бо тахаллуси “Бахтиёри Ургутӣ”)-соҳибкор аз Бозори Султони Кабир дар 1 сӯҳбати вежа бо СССР хотираи 28 соли пешро варақ зада, гуфт, ки чаро ва чӣ тавр Кенҷаев рӯзи 24.10.1992 вориди пойтахт шуд:

-Мо 1 ситод доштем бо номи “Штаби Ургут” воқеъ дар мкр.46-уми ш.Душанбе. Дар гурӯҳ бачаҳои шинохта зиёд буданд, ба мисли Абуалӣ Исматов (маъруф бо лақаби Славик), Саид Мусофиров, раҳматӣ Амон Давлатов, Боймурод ва даҳҳо тани дигар, ки дар моҳи сенябр ва октябри с.1992 кушта шуданд.

Баъди 2 ҳафта шабона ҷамъ шуда, бо роҳбарии Анвар Бозоров (ҳоло раҳбари “Тоҷиктекстил”) ба ҷониби Регар раҳ гирифтем. Мақсад дар он ҷо ташкил кардани гурӯҳ ва омада пойтахтро аз дасти оппозитсияи мусаллаҳ гирифтан буд. Дар Регар шахсиятҳои шинохта-Сафаралӣ Кенҷаев, Мӯсо (аз н.Москва), Ибод Бойматов буданд. Хуллас, дар Регар бо Армияи онҳо пайвастем, ҳама либоси сиёҳ доштем ва субҳи 24.10.1992 тақрибан 2000 нафар боевик (аз инҳо 200 нафар кӯлобии тоза буданд) ба Душанбе омадем.

Аз Сангаку Лангарӣ дараке набуд

Дар назди бозори Путовский (назди фурӯшгоҳи “1001 майда-чуйда”) ҷанги шадиди мо бо гурӯҳҳои силоҳбадасти оппозитсия сар зад ва Фронти халқии Регар расо 1 соат ҷангид. Нерӯҳои оппозитсия бештар дар хонаҳои мардум, дар сексияҳо камин гирифта буданд ва аз ин рӯ, шикаст додани онҳо бениҳоят мушкил буд. Бо ин ҳама  оппозитсия шикаст хӯрд ва мо бинои СеКа, Шӯрои Олӣ ва Хонаи Радиоро гирифтем. Беш аз 2 шабонарӯз пойтахт дар дасти мо қарор дошт.

1 гапро бояд гӯям, аммо намедонам, он то чӣ андоза ҳақ аст. Вуруди Армияи Кенҷаев ба пойтахт ба он хотир буд, ки тибқи овозаҳо, байни Кенҷаеву Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов ва Лангарӣ Лангариев маслиҳат будааст, ки бояд дар ҳамин шаб аз 4 тарафи Душанбе дароянду пойтахтро аз дасти оппозитсия гиранд. Чун мо тибқи ҳамин нақша ба пойтахт даромадем ва бо ҷанг биноҳои мазкурро гирифтем, аз Сангаку Файзаливу Лангарӣ ягон дарак набуд. Баъд шунидем, ки ваъдаи онҳо дурӯғ будааст. Агар ин маслиҳат то охир анҷом меёфт, мо ҳич гоҳ шикаст намехӯрдем.

Ҷӯрабек-«спонсор»-и Штаби Ургут

-Аз 2000 ҷанговар қариб 500-600 нафар дар ин набарди 2-шабаи пойтахт, дар подземкаи бозори Путовский, назди Филармонияи давлатӣ, СеКа ва бинои ТВ кушта шуданд. Он қадар хун рехт, ки беҳисоб. Бачаҳо пароканда шуданд ва гурӯҳе сӯи Регар ва аксарият аз захмиён ба дивизияи 201-уми Русия (ҳоло дар ҷои ин дивизия Қасри миллатро сохтаанд) ворид шуданд. Аз ҷумла, ман ҳам захм бардоштам. Чун аз болои девори Дивизия ба дохил паридем, моро нахуст аскарҳои рус дошта, бесилоҳ ва баъд ба утоқҳои табобатӣ бурда, доруву дармон карданд. Баъди 1-2 рӯз афсарони Русия ман ва чанд каси дигари захмиро ҳамроҳ бо чанд ҷасади кӯлобибачаҳо, дар мошини хӯрока бор карда, ба ш.Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб гусел намуданд… 

Дар хона қариб 1 моҳ истодам, то беҳ шудани саломатиям. Ва дигарбора бо бачаҳои Кангурт ба шаҳр барои бачаҳои пойтахт хӯрока овардем, ки аллакай шаҳр пурра дар дасти Фронти Халқӣ афтода буд.

Ман 1 «сир»-ро бояд ба мухлисони газетаи СССР фош кунам, ки таъминоти молӣ-фонди Штаби Ургут аз чӣ ҳисоб буд? Падари ман-Ҷӯрабек Қаҳҳоров (ӯро бештар бо номи Ҷӯрабеки Ургутӣ мешинохтанд) аз с.1980 то с.1986 директори автопрокати н.Данғара буд. Аз с.1986 то рӯзи марг (с.2010) директори Интернати давлатии Кангурти н.Совет (ҳоло н.Темурмалик) буд. Унвони Аълочии маорифи халқ ва Корманди шоистаи Тоҷикистонро дошт. Шербачаҳои Штаби Ургут дар кисаашон ягон пайса надоштанд, ғайр аз ман!!! Ҳама хӯрду хӯрок аз ҳисоби худам буд. Ман, ки раисбача будам, каме тиловорӣ доштам ва тиллоҳоро ба 1 нафар ҳамшаҳриам фурӯхтам. 1 сумка пул шуд. Дастурхони 2-ҳафтаинаи «Штаби Ургут» аз ҳамин ҳисоб буд. Аксарият бачаҳои Штаб имрӯз дар қайди ҳаётанд ва бигзор дар СССР хотираи худро нависанд, ки он замон аз чӣ ҳисоб рӯз мегузарониданд…

Сурх, сафед, сиёҳ… «парол»-и ФХТ

Дар ин нишасти Регар, барои он, ки сарбозони дастаҳои гуногун ҳамдигаррро шиносанд ва ягон ҳодисаи нохуше миёни онҳо сар назанад, ба қарор омаданд, ки дар дасти чап-аз оринҷ боло ҳар сарбоз бояд то соати 14-и рӯз порае аз матоъи сурх, пас аз соати 14 то соати 10-и саҳарии рӯзи дигар (25.10.1992) латтаи сурхро наканда, матоъи сурху сиёҳ ва аз соати 10-и саҳар латтапораи сурху сиёҳро наканда, матои сафед бидӯзад. Чунин тартиби якдигарро фарқ кардани сарбозону афсарон ба қумондонҳои ФХТ ва командирҳои шаҳру навоҳии ҷануби кишвар фаҳмонида шуд. Барои амалӣ намудани ин «низом» Сафаралӣ Кенҷаев аз шаҳри Термиз 100 метр матоъ (сон)-и сафед, 100 метр матои сиёҳ ва 100 метр матои сурх харидорӣ намуд. Аз ҳар намуди ин матоъ ӯ ба Ҷиёнхон ва чанд нафари дигар бо қайчӣ буррида дод. Дар охир, бори дигар аз Ҷиёнхон, Пирӣ Ҳусейн ва Рустами Абдураҳим хоҳиш кард, масъалаи ҳуҷум ба Душанберо хело дақиқ ва ҷиддӣ ҳал кунанду Сангаку Файзалӣ бояд ба пойтахт дароянд. Хуллас, он рӯз Кенҷаев 1 нусхаи нақшаи Душанбешаҳрро барои Ҷиёнхон дода, онҳоро ба Кӯлоб гуселонид ва ба он умед, ки Рустам бо дастаи худ ва тибқи барномаи хос бояд, ки соати 10-и рӯзи 16.10.1992 ба Регар биёяд…

Рӯзи ҷумъаи бахосият…

Вилояти собиқи Қӯрғонтеппа он шабу рӯз ба полигон-майдони ҳарбу зарб табдил ёфта буд. Ҳар 2 тараф-ҳам ФХТ ва ҳам нерӯҳои мухолифин дар задухӯрд аз техникаи вазнини ҷангӣ кор гирифтанд, ки дар натиҷа даҳҳо ҷавонони мулкӣ кушта ва биноҳои давлатию шахсӣ ба хок яксон гардиданд. 

19.10.1992, Соат ба вақти Душанбе 12:17 дақиқа.  Вукалои вил.Кӯлоб-Ҷиёнхон, Рустам ва Пирӣ ба Регар меоянд ва дар ҳузури мутахассисони ҳарбӣ, миёнаравон… ҳар кас андешаи худро мегӯяд, ки барои чӣ амалиёти 17.10.1992 ба Душанбе доир нашуд. Он ҷо ҳама Ҷиёнхонро гунаҳкор мекунанд, ки ба ин бемасъулиятӣ маҳз айби ӯст. Сипас ӯ вазъи дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа бамиёномадаро ба ҳозирин объективона фаҳмонд, ки воқеан новобаста аз хоҳиши онҳо 1500 нафар силоҳдоронро аз дастаи Лангарӣ ва Файзалӣ дар давоми 2 рӯз ҷамъ намуда, бо силоҳ таъмин ва шинос намудан кори осон набуд. Дар ин вақт Рустам Ҷиёнхонро тарафдорӣ намуд. Ҳар 2 байни ҳам чизе пичиррос карданд. Пас Рустам ба ҳозирин рӯ оварда гуфт:

«Рӯзи ҷумъа (23.10.1992) бисёр рӯзи бахосият аст ва агар худо хоҳад, соати 5-и саҳар ба Душанбе медароем». 

Ин дам Кенҷаев ва чанд тани дигар аз ҳар 2 қотеъона мепурсанд, ки оё рӯзи 23.10.1992-ро бо қумондонҳои саҳроии худ маслиҳат кардаанд, ё на? Рустам гуфт, ин рӯз қарори қатъӣ асту амри муқаддасу раъйи муҳим. Кенҷаев аз Ҷиёнхон талаб мекунад, ки рӯзи 23.10.1992, соати 12 Рустам бо дастаи наттоқони идораи радио ва ТВ Кӯлоб бо барномаи хос ҳатман ба Регар биёяд, то ҳамроҳ ба Душанбе раванд…

Ҳуҷуми ногаҳонӣ ба Кенҷаев

23.10.1992, соати 16:00. Рустами Абдураҳим бо чархбол тани танҳо ва бе дастаи наттоқони радио ва ТВ Кӯлоб ба Регар меояд. Ӯро Кенҷаев пешвоз гирифта, чунин ранг гирифтани корро мепурсад. Дар посух Рустам мегӯяд: «Наттоқон бо чархбол ба Калининобод (ҳоло Сарбанд) ба штаби Сангак ва Файзалӣ парвоз карданд. Аз рӯи аҳд субҳи 24.10.1992 бо дастаи Файзалӣ ба Душанбе даромада, пешакӣ дар сари пули рӯди Душанбе (Путовский) бояд вохӯранд.

24.10.1992. Соат ба вақти Душанбе 06:12 дақиқа. Рустами Абдураҳим ба соаташ нигарист, ки соат аз 6 гузаштааст ва ба Кенҷаев рӯ оварда гуфт:

 «Дер кардем-ку?! Дастаи Лангарӣ ва Файзалӣ соати 5 ба Душанбе шояд даромада бошанд. Охир, нақша соати 5-и саҳар буд-ку?!».

Вақте ки армияи Кенҷаев аз кӯпруки дарёи Душанбе ба кӯчаи Путовский (ҳоло И.Сомонӣ) мегузаранд, мухолифин онҳоро бо тиру туфанг пешвоз мегирданд. Тирпаронӣ аз тарафи бинои бозори Баракат ва хонаи истиқоматии 9-ошёнаи рӯбарӯи ҳамин бозор сар шуд. Тири снайперу автомати Калашников ва пулемёти дастӣ аз 2 тараф ба сари армияи Кенҷаев мерехт. Ҳама зуд аз трактору мошинҳо фаромада, ба ҳуҷум мегузаранд. Ба қавли шоҳидон, мавқеъ-мишени оппозитсия хело хуб буд, чун онҳо аз боло, аз самти хонаҳои истиқоматии 9-ошёнаи кӯчаи И.Сомонӣ тир мекушоданд.

Аз нерӯи ҷанубӣ то ҳол дараке нест

Ин ҷо тибқи нақша бояд Файзалӣ бо аскаронаш омада, бо ҳам вомехӯрданд ва ҳамроҳи онҳо мебоист ровиёни радиову ТВ Кӯлоб низ мебуданд. Мувофиқи ҳамин маслиҳат Файзалӣ бо ёрии танку БТРҳо вориди маркази Душанбе шуда, дастаи наттоқонро гирифта, ба идораи радио ва ТВи марказӣ мерафтанд. Ин дам соат аз 6 гузашта буд. Рустам ин ҳолатро дидаву дар ҳайрат монда, дар фикр рафта ба Кенҷаев мегӯяд: 

«Чӣ сирре ин ҷо ниҳон бошад? Чаро онҳо наомаданд? Ягон ҳодиса рух дод магар?!»

Дар ин шапошапӣ 3 аъзои ФХТ маҷрӯҳ ва 1 нафар ҳалок мешавад. Рустам бошад дар байни муҳофизон. Дар ин лаҳза радду бадале байни Кенҷаеву Рустам сар мезанад ва Кенҷаев бо исрор аз ӯ мепурсад, ки барои чӣ армияи Сангаку Файзаливу Лангарӣ… дар ин вақту соати ваъдагӣ наомаданд? 

Ин ҷанги бидуни нақша ва аблаҳона расо 25-30 дақиқа давом мекунад. Мухолифин нобуд шуда, боқимонда мегурезанд. Кенҷаев аз рӯи нақша 50 сарбозро бо қумондонаш дар болои пули рӯди Душанбе (кӯч.Путовский) мегузорад, то ин ки касе аз самти шимолу ҷануб ва ғарб вориди марказ нашавад.

Сангаки зидди амалиёти Кенҷаев буд

24.10.2020.Соат қариби 7 буд. Кенҷаев ба Рустам нигариста мегӯяд: «Чӣ бояд кард? Наттоқони кӯлобиро интизор шавем, ё не? Вақт рафта истодааст…». Рустам дар посух мегӯяд: «Не, корро худамон сар мекунем!»

Ҳар 2 ба ошёнаи 2-уми Хонаи Радио медароянд. Кормандони радио-3 нафар занони рус зуд студияи 1-умро барои онҳо кушода, ба кор медароранд. Рустам назди микрофон нишаста, мардумро ба оромӣ даъват ва президенти кишвар Кенҷаевро эълон мекунад. Аз бинои Хонаи Радио баромада, ба дивизияи 201-и Русия мераванд, ки дуртарак набуд. 

Он замон садои тир дар Душанбе аҳён-аҳён мебаромад. Авзоъ дар пойтахт мисле ки ором буд, аммо аз дастаи Лангариву Файзалӣ ва гурӯҳи наттоқони радиову ТВ Кӯлоб хабаре набуд. Ин замон Рустами Абдураҳим бетоқатона дар ҳузури Кенҷаев ва чанд қумондони ФХТ ба Ҷиёнхон тавассути телефони ВЧ занг зада, нисбати то ҳол ба Душанбе наомадани дастаҳои Лангариву Файзалӣ бо ғазаб ва дуруштона мепурсад. Дар посух аз ун тарафи гӯшӣ Ҷиёнхон дар бораи Сангак чизе мегӯяд, ки барои Кенҷаеву Рустам аслан нофаҳмо буду ғайриинтизор. Ба гуфти Ҷиёнхон, Сангак комилан зидди воридшавии дастаи Лангариву Файзалӣ ва гурӯҳи дикторҳои радио ва ТВ Кӯлоб ба Душанбе будааст…

 

Шаҳрзоди Амин

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter