ХАБАРИ ДОҒ

Конибодомиҳо Тоҷикистонро сохтаанд!!!

  • Чоршанбе, Нояб 04 2020

 

Агарчи Тоҷикистон тирамоҳи соли 1929 аз тобеияти Ӯзбекистон раҳо шуда, ба ҷумҳурии баробарҳуқуқи шӯравӣ табдил ёфт, хишти аввалро ба пойдевори ин давлат на касони дигар, балки мардуми сарбадори Конибодом ҳанӯз соли 1925 гузошта буданд. Бале, касе ҳайрон нашавад, агар мо онҳоро сарбадор гуфтем, зеро ба ҷасорату ҷон ба гарав гузоштани онҳо дар ибтидои аср унвони дигаре намеёбем. Суханро аз рӯзгори 9-10 сола пеш аз замони пурошӯби муборизаҳои ба истилоҳ «синфӣ» оғоз карда, сараввал ба таваҷҷуҳи шумо фармони Кумитаи иҷроияи марказии Ӯзбекистонро аз 15.04.1925 пешкаш менамоем: 

«Признать необходимым выделить в самостоятельную единицу Канибадамский район населенный переимущественно таджиками с подчинением его непосредственно областному центру» (ЦГА Тадж.ССР ф.9. оп.1 д. 194. л.286).

Гумон мекунед РСС Ӯзбекистон бо роҳбарони туркпарасту асолатбохтаи тоҷиктабораш домани Конибодомро муфт раҳо карду ноҳияи алоҳидаи тоҷикнишин ташкил ва ӯзбекигариро дар ин қаламрав аз курсӣ поён афканд? 100% хато мекунед!

Конибодомиҳои сарбадор

Оё эътибор додаед, ки дар фармон ибораи он замон маъмули «идя навстречу волю народа» («аз иродати халқ истиқбол намуда») ҷой надорад. Зеро ташкили ноҳияи мустақили тоҷикон аз ноилоҷӣ, таҳти фишори эътирозу шикоятҳои конибодомиён сурат гирифт, вале Ӯзбекистон мехост онро 1 гузашти бузург ё «амалӣ сохтани сиёсати оқилонаи миллӣ» ҷилва диҳад. 

Дар асл чӣ чизе ба қабули ин қарор боис шуд? Чаро дар ҳоле ки яке аз шаҳрҳои бузургу қадимаи тоҷикон Хуҷанд дар тобеияти уезди Хӯқанд қарор дошту Самарқанду Бухоро батамом аз даст рафта буданд, Ӯзбекистон ба Конибодом чунин «лутф» кард? Чаро «вилояти тоҷикнишини Самарқанд ё Бухоро» неву «райони тоҷикнишини Конибодом?»

 

Конибодом ва тожиклар

Конибодом, ки шуруъ аз асрҳои пеш дар ҳайати хонигарии Хӯқанд қарор дошт, баъди аз байн рафтани он бо амри генерал-губернатории Туркистон соли 1876 ба уезди Исфара тобеъ шуд, вале соли 1881 уезди Исфара барҳам хӯрд ва Конибодом дубора ба «оғӯш»-и Хӯқанд баргашта, баъди инқилоб ҳам зери зулми хӯқандиён монд. Осиёи Миёна баъди ғасби Русия ба уездҳо, уездҳо ба  волостҳо, волостҳо ба ҷамоатҳо тақсим шуда, ба кори волостҳо пристав назорат мекард. Дар волости Конибодом, ки ба 4 ҷамоат-Пӯлодон, Сарикуй, Куиқозиён, Фирӯзоба тақсим шуда, 60 маҳалла дошт, «участковый пристав» назорат мебурд.

 Сарварони уезд ба «тожиклар» (конибодомиёнро чунин меномиданд) чун ба қавми дуюмдараҷа муносибат намуда, барои ин ноҳия маблағҳои кам ҷудо мекарданд, ё маблағҳоро аз худ менамуданд, забони ӯзбекиро сари онҳо ба зӯрӣ бор карда, аз мактабҳо воситаҳои тоҷикии таълимро мусодира карда, тадрис пурра ба ӯзбекӣ гузашта буд. 

 

Конибодомиҳо самарқандии тарсу нашуданд

Тақсимоти миллию ҳудудии соли 1924 низ ба ҳоли зори тоҷикон беҳбудие наовард. Аммо мардуми ғайюр ва баномусии Конибодом чун аҳолии Самарқанду Бухоро мӯҳрбалаб намонданд. Онҳо натавонистанд ин зулмро таҳаммул кунанд, балки аз беадолатӣ дар ҳаққи тоҷикон садои дод баланд карда, то ба Маскав, ба худи Иосиф Сталин эътироз бурданд. 

Муаррихи шинохта Шамсиддин Зоҳидов (қиблагоҳи муовини вазири корҳои хориҷаи кишвар Низомиддин Зоҳидов), ки солҳо мудири бойгонии шаҳр буду барои ҳар пораварақи таърихӣ ҷон канда, ба ҳар рӯзи зиндагияш 1 бозёфт рост меояд, дар охирин соли умраш ба мо нусхаи мактуби аҳолии Конибодомро ба унвони И.Сталин, котиби бюрои осиёмиёнагии ВКП(б) Зелинский ва котиби ҳизби коммунисти Тоҷикистон Чинор Имомов пешкаш намуд.

 Ин мактуб, ки аз чи бошад на ба забони русӣ, балки ӯзбекӣ навишта шуда, аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик, профессор М.Ш.Султонов аз бойгониҳои ҳизби коммунисти Шӯравӣ ёфт шудааст. (ЦГА ИМЛ при ЦК КПСС, ф. 62. оп.2 д. 250 л. 59). Дар поварақи ариза қайде ҳаст: «Заявление трудящихся Канибадама т.т. Сталину, Зелинскому, Имамову о присоединение этого района в состав Таджикистана».

 

Конибодом бояд унвони шаҳри қаҳрамон гирад!

Ин ариза аввалин ва ягона садои эътирози мардуми худшиносу ҷоннисор буд ва ҳақ ба ҷониби раҳматии Ш.Зоҳидов аст, ки мегуфт агар чунин ҷуръатро дар Самарқанду Бухоро медоштанд, чархи таърих ҷониби дигар метофт. 

Сарбадорони Конибодом бо 7 далели қотеъ талаб доштанд, ки ноҳия ба Тоҷикистон шомил шавад. 

Далели 1. Барояшон бегона будани забони ӯзбекӣ гуфта навиштаанд, ки мардони кӯча каму беш ин забонро донанд ҳам, дар хонаводаҳо касе намедонад, чун бо он гуфтугӯ намекунанд. Аз ин рӯ, эътимод баён кардаанд, ки «Ҳукумати шӯро намегузорад кӯдакони тоҷик ӯзбекӣ таҳсил кунанд, зеро маҷбур кардан ба тадриси ӯзбекӣ ҷиноят аст». 

Далели 2. Набуди нашрияҳои тоҷикӣ ва газетаҳои ӯзбекиро хонда натавонистани мардум аст. 

Далели 3. Дар ҷамоатҳо коргузорӣ ба ӯзбекист ва забони тоҷикӣ пушти дар мондааст. 

Далели 4. «Уезди Хӯқанд тамоми моликияти моро ғасб намуда, ба эҳёи маориф роҳ намедиҳад. (Ин ҷо мурод аз «моликият» воситаҳои таълими тоҷикист, ки ҳокимияти уезд кашида будааст). 

Далели 5. Набуди ягон вакили ин ноҳия дар маҷлиси уезд аст, яъне касе нест, ки доди мардумро ба боло расонад. 

Далели 6. Дар ариза чунин омадааст: «Онҳо (яъне сарони уезди Хӯқанд) тамоми андозҳоро болои мо бор карда, ба соҳаи маориф заррае эътибор намедиҳанд». Косаи сабри муаллифони аризаро боз 1 сабаб лабрез гардондааст: «Чандин сол аст байни мову Хуқанд ҷанҷол ҳукм меронад, аз ҷумла, онҳо моро бо суханоне амсоли «тожиклар» масхара мекунанд». Муаллифон дар хулосаи нома чунин талаб кардаанд: 

«Мо аз Шумо, Фирқаи иштирокиюн хоҳиш мекунем моро бо кадом роҳ набошад ба воситаи Конибодом ба ҳайати Тоҷикистон шомил кунед. Мо, заҳматкашони камбағал ба умеди он, ки аризаамон бенатиҷа намемонад, бо виҷдони пок имзои худро гузоштем».

 Гаравгонгирии Калинин

Ин ариза 15.01.1925 ба дафтари Кремл ворид шудааст. Вале ба дунболи он ҳодисаи дигаре рух дод, ки чархи таърихро сӯи дигар кашид. Моҳи феврали соли 1925 анҷуман ё «қурултой»-и 5-уми ҳизбии вил.Фарғона баргузор шуд, ки дар он баробари сарварони Ӯзбекистон раиси Кумитаи иҷроияи Марказии СССР Михаил Калинин ширкат намуд.

 Қатораи Калинин шояд дар бозгашт ҳам Конибодомро ноаён убур мекард, агар мардуми додхоҳ тавассути вукалои худ дар анҷуман аз ин огоҳ намешуданд. 8 феврал садҳо тан хурду бузург, пиёдаву савора худро ба истгоҳи Мелниково, дар 6-километрии Конибодом расонданд, то арзи худро ба «Пири умумииттифоқ» бигӯянд.

Дар таърихнигории шӯравӣ мулоқоти Калининро чунин қаламдод мекунанд, ки гӯё мардум ӯро бо шиору овезаҳо ва нидоҳои хурсандӣ истиқбол карда бошанд. 

Аммо шодравон Ш.Зоҳидов, ки аксари иштирокдорони он вохӯриро мешинохт, дар сӯҳбатҳои хос мегуфт, ҳеҷ гуна «мулоқоти гарму самимӣ» баргузор нашуда, ҳатто ист кардани қатораи ҳукуматӣ дар назар набуд. Ҷамъомадагон бо хунгармӣ, ҷӯшу хурӯш эътирози худро аз марзбандии миллию ҳудудии соли 1924, вазъи ногувори тоҷикони зери ҷабр монда баён намуда, қотеъона хостанд, ки ноҳияи онҳо ба Тоҷикистон ҳамроҳ карда шавад. Калинин ваъда дод, ки дар ҳалли одилонаи талабҳояшон кӯмак хоҳад кард. «Роҳбанди»-и патриотҳо ба тақдири аризаашон беасар намонд. КИМ-и Ӯзбекистон 2 моҳ пас қарорро дар бораи таъсиси ноҳияи тоҷикнишини Конибодом дар ҳайати кишвар баровард, ки мо матнашро дар боло овардем. Кумитаи иҷроияи ноҳия бо имзои Маҳмудҷони Ашӯрмуҳаммадзода 7 майи ҳамон сол фармоне таҳти №14 баровард, ки чунин нуктаҳои ҷолиб дорад.

 

Конибодом-Тоҷикистон

1.Дафтари даромад дар корхонаҳо ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шавад. Аризаро аҳолӣ ба забони модарӣ нависанд, қарорҳои мақомоти болоӣ танҳо бо забони модарӣ-тоҷикӣ шунавонда шавад.

2.Касе ин қарорро иҷро намекунад дар асоси Қонуни №107 ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шавад».

Сарони уезди Хӯқанд ба ҳадде ҷабрро гузаронда буданд, ки ба шодмонии ин ҳодиса кумитаи инқилобии ноҳия бо қарори худ аз 12.05.1925 сайругашти оммавӣ эълон кард. 28 май бошад кумиҷроияи вил.Фарғона ҳудуди маъмурии н.Конибодомро, ки бо он волостҳои Чоркӯҳ, Исфара ва Маҳрам низ шомил буданд, муқаррар карда, ҳуқуқи кумиҷроияи ноҳияро бо уезд баробар кард (Андаке пештар рафта мегӯем, вакилони н.Конибодом бо пофишории зиёд феврали соли 1927 аз вил.Фарғона ҷудо ва ба округи Хуҷанд ҳамроҳ шуданд). 

 

Ҳоло баргардем ба соли 1925…

Дар ҳоле ки ҳатто округи Хуҷанд дастнигари уезди Хӯқанд буд, дар ҷумҳурии туркгаро ташкил кардани ноҳияи мустақили миллӣ, ки ҳатто вазири корҳои хориҷа (!) дошт, 1 корнамоӣ, қаҳрамонии бемисл буд. Асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов, ки он солҳо сардори милисаи ноҳия буд, менависад: 

«Ҳама сарварони ноҳия ҷавону хундарҷӯш, мустақилу ҷасур будем, романтикаи якум будан моро роҳнамун буд». («Возвращение». Москва, Искусство, 1980)

 

Раҳимбоеви хоин ва конИбодмиҳои ҷасур

Ин сарварони ҷавон аз он, ки ҳаққашонро аз даҳони шер гирифтаанд, дар тафохур буданд, бехабар аз он ки «шер» ба тақдир тан надодааст, балки пайи он аст, ки тоҷикони саркашро ғофилгир кунад. Барои сарони туркпараст ҳеҷ қобили сабр набуд, ки номдортарин намояндагони 1 қавм аз қабили Файзулло Хоҷаев, Абдулло Раҳимбоев, Беҳбудию Бектош 32 рагашонро 1 карда мавҷудияти миллатеро ба номи тоҷик инкор намоянд, вале 1 тӯда сарварони саркаши 1 музофоти дурдаст «густохона» ҳаққи таърихии хешро талаб намоянду муваффақ ҳам шаванд.

Интиқом барои ин густохию ҳақталошӣ худро мунтазир накард. Баъди 2 моҳ аз пойтахти Ӯзбекистон барои торумори миллатпарастони конибодомӣ «десант»-е ба роҳ баромад. Комиссияи бонуфузи ҳизбие, ки аз пойтахт-Самарқанд расид, раиси комиҷроия-М.Ашӯрмуҳаммадзода ва котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳия Аъзам Надировро аз вазифа сабукдӯш кард. Ҳарчанд он замон таъбиди сталинӣ шуруъ нашуда буд, вале солиёне баъд ҳар 2 роҳ сӯи лагерҳо гирифтанд. Надиров дур аз ёру диёр фавтид, дувумӣ солҳои дарозро дар зиндон паси сар карда зинда баргашт, ҳатто китоби хотироташро низ нашр кард (Номбурда қиблагоҳи таҳиягари синамо Муқаддас Маҳмудов ва ба муаллифи ин сутур танҳо ҳамному ҳамнасаб аст). 

 

Репрессияи Конибодом!!!

Лек ин мардони шуҷоъ, ки танҳо набуданд, пеши миллат қарзашонро шарафмандона адо карданд. Танҳо овардани 1 нукта кофист, ки «ноҳияи мустақили тоҷикнишон» тавонист бе иҷозаи Ӯзбекистон даҳҳо ҷавононро барои омӯзиш ба хориҷ фиристад, ки Комил Тоҷиев, Ҳилол Карим, Шарифҷон Ҳусейнзода, Муллоҷон Фозилов, Додоҷон Тоҷиев, Комил Ёрматов аз зумраи онон буданд. Вале хидмати бузурги ин сарбадорон (батакрор гуфтани ин унвон хушам меояд, зеро онҳо ин номро арзандаанд) буд, ки бо РОҲБАНДИИ таърихии соли 1925 ва номаи таърихияшон ба Кремл бонги худогоҳию ҳақталошӣ заданд, санге ба пойдевори РСС Тоҷикистон гузоштанд, в-арна аҷаб набуд, Тоҷикистон низ чун Қароқалпоқистон 1 ҷузъи Ӯзбекистон боқӣ бимонад, лек ба фикрам 1 ҳақ ҳанӯзам ба ҳақдор нарасидааст. 

Дар ҳоле ки дар Хуҷанд ба тоҷиктабори туркгаро Абдулло Раҳимбоев пайкараву кӯчаҳоеро ба номаш гузоштаанд, дар гаҳвораи тамаддуни тоҷик-Бухоро ба Файзулло Хӯҷаев арҷ мегузоранд, вале мо ҳанӯз ба он фидоиён эҳтироме қоил нашудаем. Охир, қаҳрамонон танҳо онҳое нестанд, ки бо силоҳ Шӯравиро аз фашизм ҳимоят ва ё солҳои 90 низоми давлатиро ҳифз кардаанд, балки онҳое низ ҳастанд, ки дар он солҳои дури пурошӯб ҷони ҷавони худро ба хатар гузошта аз ҳаққи миллат дифоъ намудаанд. 

Чаро нашавад, ки ба ҷодаҳо, кӯчаҳо, ҷои ба кадом бригадир-механикҳо номи чунин фидоиёнро гузорем? Чаро нашавад, дар истгоҳи роҳи оҳани Конибодом ба қадри ҳиммат лавҳае гузорем то насли имрӯзу фардо бидонанд, ки ҷадди онҳо дар ҳамин ҷо бори аввал дар Осиёи Шӯравӣ ба эътироз баромада, ин амалашон бор овардааст? Чаро 15 апрел-рӯзи таъсиси ягона дар таърих ноҳияи тоҷикнишин дар ҳайати кишвари туркӣ барои конибодомиён Рӯз ё Иди шаҳр эълон нашавад? 

 

Конибодом-қаҳрамоншаҳр

Шӯравӣ ба шаҳрҳое, ки солҳои ҶБВ бар зидди фашизм истодагарӣ нишон додаанд, унвони қаҳрамоншаҳр эъто кардааст. Пас чаро мо натавонем, дар ҷумҳурӣ чунин 1 унвони ифтихорӣ ҷорӣ кунем ва аввалинашро ба Канди бодом (на Конибодом), ки фарзандони фарзонааш дар бағали туркгароён қиболи онон сару ҷон ба гарав ниҳодаанд ва дар солҳои баъдӣ ҳам барои Тоҷикистони азиз аввалин синамогар Комил Ёрматов, аввалин қаҳрамони шӯравӣ аз Осиёи Марказӣ Неъмат Қаробоев, аввалин устоди балет Лутфӣ Зоҳидова, аввалин маъданшинос, академик Рауф Баротов, аввалин академики шифокор Комил Тоҷиев, аввалин милисазан Улуғбибӣ Саидова, аввалин раисазани қаҳрамон Энаҷон Бойматова, аввалин қаҳрамонзани кирмакпарвар Ҷонон Ӯрунова ва ҷамъ 28 Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, аввалин ношир Набӣ Фахрӣ, аввалин «алифбо»-навис Ҳилол Карим ва аввалинҳои бисёреро додааст, арзонӣ дорем? Шояд он вақт ҳақро ба ҳақдор расида биҳисобем?…

 

PS:Инак, нусхаи асли он номаи пуршӯр, ки хатти тақдирро дигар кард, бидуни тарҷума ва таҳрир пешкаш мешавад, то нафаси замон, эҳсоси волои худогоҳии он мардум бароятон фаҳмо бошад. Мактуб бори аввал чоп мешавад:

 

Русия Иштирокиюн фирқасининг Генерални саркотиби уртоқ Сталинға!

Нусха: Ӯрта Осиё Русия Иштирокиюн фирқасининг масъул саркотиби ӯртоқ Зелинскийға!

Ҳамда Тожикистон Иштирокиюн фирқасининг ташкилот бюросининг масъул саркотиби, уртоқ Имомуфқа!

Конибодом раюнини ҳамда Исфара жамоасининг умум меҳнаткаш деҳқонларидан.

 

Ариза

Бизлар тубонда қӯл қӯйғувчилар Сиз юқори ташкилотларимиз бӯлғон, меҳнаткаш деҳқонларимизни йулбошчиси, иштирокиюн фирқасидан илтимос илан сураймизки, меҳнаткашлар ғамхори ҳам озодликға чиқоришға сабаб Уктобир ӯзғориши бу кун ер юзи меҳнаткаш деҳқонларини уз чироғи шӯъласи билан ёруғликка чиқармоқдадур. Бошқа меҳнаткашлар қаторинда бизлар ҳам бу Улуғ Қизил Ӯктобирдан фойдаландук. Русияда биринчи ӯрунни Ӯктобир инқилоби олса, Туркистон ӯлкасида эса бизимдек эзилғон майда миллатларға йӯлбошчи бӯлуб, биринчи ӯрунни қайсики фирқанинг юзаға чиқоришиға йӯл берғон ва амалий чорасини кӯрмоқға ҳам миллатларни ӯз урф-одатлариға мувофиқ кун кечирмишлари учун Ӯрта Осиёда ҳал қилинуб турғон майда жумҳуриятларга бӯлинишдур. Бизларни эшитувимизга қарағонда ҳозирда Ӯрта Осиёда ҳам миллатлар ӯзлариға алоҳида бӯлиб жумҳуриятларға бӯлинғон. Улар ичинда бизим Тожикистон ҳам алоҳида бӯлинибдур. Бинобарин тубондаги бир неча сабаблар бирлан биз ҳам Тожикистон Жумҳуриятиша қарамоғимизни сӯрармиз.

Чунончи:

Бизларни жамоамизда кун кӯрувчи эрлар бӯлса ӯзбекчадан оз-моз биладилар. Аммо оила ичинда бирорта ӯзбекчани билмайдурлар. Уларни ӯзбекча ӯқутушга Шӯро ҳокимиятида аслоҳо йӯл берилмайдур, бу зӯр жиноятдур. Хусусан биз каби тоғ аросиндаги яшовчи халқлар фақат ӯз тилимизниғина биламиз. Иккинчи, ӯз тилимизда газеталар нашр этилмайдур, ӯзбекчадан фойдаланмаймиз. Учинчи, алхол нечамиз ҳам тилимизда Шӯро ишларини юргузолмайдур. Тӯртинчи, Хӯқанд уезди бӯлса, бизни бутун нарсаларимизни олиб кетуб, маориф ишларимизни тирилтиришға йӯл бермайдур. Бешинчи, бизни қишлоқларимиздан асло уезд миқёсинда вакил йӯқдур. Олтинчи, кӯпроқ солуқларни бизларни тефамизға солиб, маориф ҳақинда оз йӯл берадурлар. Еттинчи, неча йилдан бери Хӯқанд бирлан бизни атрофимизда жанжол давр сурадур. Чунончи, бизни «тожиклар» деган нарсалар ила масхара қиладурлар. Бунинг учун Сиз иштирокиюн фирқасидан сӯраймиз: қандай бӯлмасин бизларни ҳам Конибодом орқали Тожикистон жумҳуриятиға қӯшуб бермоғингизни ва умид этомизки тездан бу аризамизни оқибатсиз қолдирмасдан юзага чиқорурсизлар деб чин виждон ила биз камбағал меҳнаткашлар қӯлларимизни кӯйдук.

 

Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, журналист

 

Журналисти ТОҶИК ва ТОҶИКтарин журналист, Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад-хабарнигори нашрияи ноҳиявии “Садои Конибодом”, яке аз мураттибони “Энсиклопедияи Конибодом” ва аз муаллифони хеле боғайрату пуркору патриоти газетаи мардумии СССР ҳафтаи гузашта дар беморхонаи марказии н.Конибодом даргузашт. Тибқи баъзе сарчашмаҳои хабарӣ, ӯ бо нишонаҳои “илтиҳоби шуш” ё худ КОВИД-19, бистарӣ будааст. АКОи Маҳмуд дар ибтидои асри 21 (солҳои 2000) ба тақсиму фурӯши нашрияҳои даврии Душанбе дар Конибодом машғул буд ва дар паҳну рушди матбуоти мустақиле ба мисли “Нерӯи сухан” ва “Рӯзи нав” низ нақши бориз дошт. Хонандагони СССР нек дар ёд доранд, ки 2 матлаби хеле хонданиву таккондиҳанда-«Сарбадорони Канди Бостон» ва «Тоҷике дар меҳмонии лордҳои Лондон» мутааллиқ ба килки УСТОДи равоншод буд… Мо бо аҳли пайвандони АКО ғамшарикем. Ҳеҷ кас ва ҳаҷ чиз фаромӯш намешавад. Мо Метавонем!!!

Муассиси РССТ кист?

Ин акси бобоҳои мо. Онҳо соли 1925 пеши қатораи Михаил Иванович Калининро гирифта, талаб карданд, ки Конибодомро ба Тоҷикистон ҳамроҳ кунанд. 15.04.1925 ноҳияи тоҷикнишини Конибодом дар ҳайати РСС Ӯзбекистон ташкил шуд, ки тамоми коргузорӣ дар идораҳояш ба забони тоҷикӣ буд. Ин дар ҳоле буд, ки Хуҷанду Ӯротеппа дар ҳайати РСС Ӯзбекистон қарор доштанд ва забони расмӣ он ҷо ӯзбекӣ буд. Ҷасорату сар ба дор додани он бузургонро аз ёд набарорем. Зеро ба гуфтаи Мансур Мирзоев-вакили собиқи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, маҳз инҳо РАСС Тоҷикистон ва сипас РСС Тоҷикистонро таъсис додаанд.

Ин сурат 8.02.1925 аксбардорӣ шудааст.

Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад,

журналист, н.Конибодом

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter