ХАБАРИ ДОҒ

 

Худованд ҳар инсонро барои пешбурди пешае халқ менамояд ва ба нафарони алоҳида барои муваффақ гаштан дар соҳа ё самте туҳфаи бебаҳои азалии худ – истеъдодро арзонӣ медорад. Мутаассифона, аксари инсонҳо, ки орӣ аз ин туҳфаи худовандианд, орзуи пешоҳангиву созандагӣ ва  раҳбарӣ менамоянд ва бехабар аз онанд, ки ин ҷода пасухамҳои зиёду мушкилоти камаршикане дорад, ки қудрати таҳаммули онҳоро на ҳар кас дорад. Аз ин нигоҳ, аз садҳо  вазирону кабирон ва раисону роҳбарон дар таърих ёди мардум нафарони ангуштшуморе, ки дорои фитрату истеъдоди азалианд, нақши бориз хоҳанд гузошт. Ному асари боқимондагон чун ҳубоби рӯи об ба зудӣ аз хотирҳо зудуда хоҳад гашт.

Мисоли ин гуфтаҳоро мехоҳем бо чанд нуктае аз кору пайкори ибратомӯзи яке аз дастпарварони муваффақи мактаби сиёсии Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Амирзода Раҳмоналӣ Амир аснои роҳбариаш дар шаҳри Исфара тақвият бахшем. 

Айёме ки ин марди фидокор роҳбар таъин гашт, вазъи сиёсиву иҷтимоии Исфара хеле печида ва мубрам буд. Зеро, солиёни сол ин макон мушкилоти зиёдеро бо гиреҳҳои печдарпеч сари мардум танида буданд. Пеш аз ҳама аз созишкорӣ ва тарсуии роҳбарони пешин дар масъалаҳои марзӣ бо қирғизҳо ва дар бархурд бо аъзои ҳизби террористии собиқ  наҳзати ислом, мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодие, ки солиёни зиёде ҳалли хешро наёфта буданд, ин вазъи мураккабро рухнамоӣ менамуданд.

Давоми даҳсолаҳо зархаридону косалесони наҳзатӣ Исфараро такягоҳу «лона»-и асосии хеш медонистанд ва ин ҳолат аз муросокориву бетарафии роҳбарони пешин маншаъ  мегирифт. Кор ба дараҷае буд, ки наҳзатиён дар маъракаву маросимҳо болонишин гашта, муллоҳои суннатиро ба минбарҳо роҳ намедоданд. Кормандони алоҳидаи мақомоти иҷроия бошанд, барои шарманда кардани рақибонашон аз рӯи хусуматҳои шахсӣ ба истилоҳ «ҳам ба наъл мезаданду ҳам ба пошна» ва дар интихоботҳо паси парда ба номзадҳои наҳзатӣ ҳамкорӣ менамуданд. 

Вобаста ба ин вазъият, раиси ба тозагӣ интихобшудаи Исфара Раҳмоналӣ Амирзода бо ҷуръати ба худ хос қолабшиканиҳоро дар мубориза бо террористони наҳзатӣ ва пайравони гумроҳи онҳо оғоз намуд. Маҳз иқдомоти ӯ дар муддати кутоҳтарин руҳияи мардум ва махсус зиёиёнро хеле тағйир дод. Саводи баланди сиёсӣ ва ҷуръату шуҷоати  Амирзода, ки аз мактаби сиёсии Пешвои миллат маншаъ мегирад, дар баҳсу мунозираҳо бо роҳбарони наҳзатиёни бадкеш онҳоро шармандаву сархам намуда, сафи раҳгумзадагонро рӯз аз рӯз кам менамуд. Ин ҷуръату оштинопазирӣ бо душманони миллату давлат ва садоқати ӯ ба сиёсати Роҳбари давлат эътимоди мардумро ба мақомот боло бурд. Талаботи қотеи Амирзода Раҳмоналӣ дар масъалаҳо ҳифзи адолат аз сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ  дар пайдо гаштани  эътимоди костагаштаи онҳо сабаб мегардид.

Масъалаи доғи дигаре, ки даҳсолаҳо аз даврони Шӯравӣ мардуми Исфараро азият медиҳад, ин масъалаи муноқишаҳои марзист. Ин муноқишаҳо, ки то ҳол идома доранд, оғози худро аз соли 1969 мегиранд. Яъне, аз он айём то имрӯз хати марзҳои маъмурии ду ноҳия – Бодкони Қирғизистон ва Исфара муайян нагаштаанд ва ин сабабгори садҳо муноқишаҳо гашта, чандин қурбонӣ ба бор овардааст. Давоми  даҳсолаҳо, роҳбарони вақти шаҳри Исфара аз беҷуръатӣ ва тарси гум кардани курсии мансаб, надоштани  ифтихори баланди миллӣ ва пинҳон намудани ҳолати воқеии ҳодисаҳо чандин мавзеъҳои бобоии тоҷиконро ба қирғизҳо «туҳфа» намуданд. Ҳатто, яке аз роҳбарони пешина, ки имрӯз аз шахсони «муътабар» ва болонишини шаҳри Исфара мебошад, аснои яке аз муноқишаҳо ҳудуди хеле назаррасро дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ, ки заминҳои аҷдодии тоҷикон аст, мансуб ба Қирғизистон эълон намуда, ба муқовиматгарони ҷониби Исфара таҳдиди ҳабс намуданро мекунад. 

Оғози кушодани гиреҳҳо дар масъалаи ба ном «ҳудудҳои баҳсӣ» дар давраи роҳбарии Амирзода шурӯъ гаштанд. Чуноне дар урфият мегӯянд: «Мол бе тиҷорат ва давлат бе сиёсат пойдор нест». Маҳз талаби қотеъона, ҷасорат ва пофишориҳои Амирзода Раҳмоналӣ чашмони танги ин ҳамсояи кӯрнамакро, ки чанд даҳсола тоҷикони содадил  онҳоро дар хонаҳои худ ҷой додаву имрӯз даъвогари қисмати азими заминҳои Исфараанд, боз намуд.

Ин қирғизакон, ки муддати тӯлонӣ дар ғасби ҳудудҳои ба ном «баҳсӣ» ба гузашткуниҳо ва муросокории роҳбарони пештара одат карда, белаҷом гашта буданд, бори аввал эҳсос намуданд, ки тоҷикон мисли Амирзода Раҳмоналӣ роҳбароне доранд соҳиби ҷасорату ифтихори баланди миллӣ ва ҳимоягари манфиатҳои милливу давлатӣ. Ин ҷасорату ифтихори миллии Раис эҳсосоти ғаюриву ҷавонмардӣ ва ҳисси худогоҳии мардумро, ки аз беадолативу бесоҳибӣ даҳсолаҳо боз хомӯш гашта буд, аз нав бедор намуд. Дар ин даврон акнун дасисаву иғвоҳо ва даъвоҳои беасоси қирғизон хеле кам шуданду роҳбарони вилояту ноҳияи Бодкони Қирғизистон дар мулоқотҳо оид ба баҳсҳои марзӣ ба истилоҳе «абрешим» гашта буданд.

Як лаҳзаи ҷолиби хотирмон, ки худ шоҳид будам,  далели ифтихори баланди миллии Амирзода Раҳмоналиро ҳолгӯй аст, ин баҳси ӯ бо раиси ҳамонвақтаи ноҳияи Бодкон буд. Аснои танаффуси яке аз мулоқотҳои навбатӣ Амирзода бо раиси Бодкон бо насаби Калыков берун аз макони мулоқот суҳбат доштанд. Ногаҳон авзои Амирзода хеле мушавваш гашт ва сӯи Калыков хитобе намуда, аз ӯ дур шуд. Авзои роҳбари қирғиз низ хеле вайрон буд. Баъдтар маълум гашт, ки Калыков ба раис изҳор намудааст, ки роҳбарони пешини Исфара қирғизҳоро «ҳурмат» намуда дар тамоми масъалаҳо гузашт менамудаанд. Лек, шумо пофишориҳои зиёд менамоед. Ҳамчунин, ин қирғиз таъкид ба он намудааст, ки Амирзода Раҳмоналӣ зодаи дигар минтақаи Тоҷикистон асту чанде баъд ҳатмӣ ба ҷои пештарааш бармегардад. Яъне ҳимояи  манфиатҳои миллӣ дар Исфара барои ӯ набояд он қадар муҳим бошанд.

Амирзода Раҳмоналӣ бо як ҷасорати ба худ хос  ба ӯ мегӯяд, ки ҳар ваҷаб хоки Тоҷикистон барои ӯ азизу ҳар гӯшаи он барои ӯ Ватан аст  (Нуктаи ҷолиби дигар он аст, ки баъди ба кори дигар гузаштан ва аз раисии шаҳри Исфара рафтани Амирзода ин роҳбари ноҳияи Бодкон аз хурсандӣ чанд гӯсфандро забҳ намуда, барои «шукрона» ба мардумаш зиёфат медиҳад).

Аз ободкориҳои Амирзода Раҳмоналӣ метавон саҳифаҳои зиёде иншо намуд. Зеро, дар фитрати ӯ танҳо ободиву пешрафти тамоми гӯшаҳои кишвар реша дорад. Аз ҷумла, дар муддати начандон тӯлонии раисии ӯ, Исфара симои воқеии шаҳрро соҳиб гашта, то имрӯз амалӣ гаштани он тарҳу нақшаҳои «Амировӣ» идома доранд.

Бо ибтикори Амирзода дар ин давра аксарияти ҷамоатҳо ва шаҳракҳо соҳиби варзишгоҳу корхонаҳои коркарди меваи хушк ва дигар сохтмонҳои замонавӣ гаштанду қариб се ҳазор оила соҳиби қитъаҳои замин барои сохтмони манзил. Дар маркази шаҳри Исфара варзишгоҳи марказӣ барои 25 ҳазор нафар  бунёд ёфт, сохтмони канали худҷорӣ дар маҳаллаи Моҳпарии шаҳри Исфара аз ҳисоби буҷа то имрӯз вирди забони мардум аст.

Воқеан ба эҳтироми мардум сазовор гаштан ва ба қалбҳо ҷой гирифтан кори саҳл нест. Лек Амирзода ин амалро анҷом дод. Ҳангоми гусели Амирзода Раҳмоналӣ  ба шаҳри Ваҳдат  ҳазорҳо мардум бо амри дил ҳозир гашта, бо чашмони ашкбор ӯро бо  гулборон гусел  намуданд. Дар ин маврид лаҳзае хотирмон он буд, ки муаллимаи собиқадори 80 солае баъди изҳори миннатдорӣ аз номи мардуми Исфара, ба раиси навтаъин дар ҳузури раиси вақти вилоят  таъкид намуд, ки: «Агар мисли раис Амиров ба халқ хизмат намоед, Шуморо низ мардум ҳамин тавр қадрдонӣ менамоянд».

Ин самимият ва қадршиносиҳо сарчашма аз он мегирифт, ки чанд даҳсолаи охир Исфара ин гуна роҳбари шердилу ҷасур, ғамхору дилогоҳ, қавииродаву ободкор ва додраси мардумро надошт. Маҳз Амирзода қалбҳои хомӯшро бедор, руҳияи пажмурдаро таровати нав ва эътимоди мардумро ба адолату ояндаи нек нерӯи тоза мебахшид. Истеъдоди худододи созмондеҳии ӯ, қалби пурахгару дасти қалб надоштанаш мавҷи ободкориҳоро аз тарафи соҳибкорони шаҳр, ки бидуни порадеҳиву подоши хизматҳо соҳиби қитъаҳои замин барои сохтмонҳо мегаштанд, боло бурд. Маҳз ин хислатҳои Амирзода сабабгори асосии ободиҳои куллӣ дар шаҳру деҳоти Исфара гаштанд.

Ғайрату тавонмандии Амирзода дар байни мардум мавриди қиссабофиҳои аҷоиб ва боварибахш гардида буд. Зеро, реҷаи кории Амирзода аз соати 4-5 субҳ оғоз гашта, то беинтиҳо давом мекард ва касе огоҳ набуд, ки ӯ кай барои хобу истироҳат вақт пайдо мекунад. Аснои фаъолияти начандон тӯлонӣ бо Амирзода Раҳмоналӣ аз сифоти неки ӯ барои худ чанд бардоште намудам.

Ин марди ғаюр дар баробари ифтихори баланди миллӣ ва садоқати воқеӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доштан, ҳамчунин ҷавонмарду саховатпеша ва дастгири дармондагон дар лаҳзаҳои мушкил мебошад.

Ӯ хотираи қавие дорад ва нафарони касбу кори гуногунро, ки чанд лаҳза бо онҳо мулоқот дошт, ном ба ном дар хотир нигоҳ медорад. Барои Амирзода Раҳмоналӣ мафҳуми маҳал вуҷуд надорад ва инсонҳоро аз рӯи самимият, донишу  кордонӣ, ташкилотчигӣ ва одамгариашон қабул менамояд. Имрӯз шогирдону дастпарварони мактаби ӯ дар гӯшаҳои гуногуни кишвар фаъолият доранд. Маънии зиндагии ӯ ҳимояи манфиатҳои миллист.

Аз ин нигоҳ месазад, ки роҳбарони ҷавони минбаъда аз рӯзгору пайкор ва усулу пешбурди роҳбарии Амирзода Раҳмоналӣ сабақ омӯзанд. Чанде пеш Раҳмоналӣ Амирзода ҷашни мубораки мавлуд доштанд ва ин мисраҳо дархурди зиндагиномаи ӯ мебошанд:

Донӣ, ки ба мавлуд чи сон омадаӣ,

Бар хидмати халқ ин сон омадаӣ.

Шуд омаданат ибрати мардони ҷаҳон,

Зеро, ки ту чун марди ҷаҳон омадаӣ.

 

Собири Рустам,

журналист

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter