ХАБАРИ ДОҒ

ДАР МАВРИДИ САҲВИ БУЗУРГОН

  • Чоршанбе, Нояб 11 2020

 

 

Чу коре бе фузули ман барояд,

 Маро дар он сухан гуфтан нашояд.

 В-агар бинам, ки нобинову ҷоҳ аст,

Агар хомӯш биншинам гуноҳ аст.

  Дар асри сипаришуда-даврони шӯравӣ муаррихон давраи ҳукмронии сулолаи Манғитияро беист зери тозиёнаи  шадид мегирифтанд. Дар ҳақиқат ин сулола сазовори танқид аст, вале на он танқиде, ки лоиқаш медонистанду медонанд.   

  Банда низ, ки дар партави ақида ва назари шӯравӣ нисбати  ҳукмронии  ин сулола тарбия гирифта, бар камол расидам, ба  ҳокимони ин давра бо чашми нафрат менигаристам. Бахусус, баъди шиносоӣ бо “Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития” аз беақлию нодонии амирони ин сулола дар тааҷҷуб шуда, аз гузаштагони худ афсӯс мехӯрдам.

  

Аҳмади Дониш “гузаронидааст”

Вале бо гузаштани солҳо ва қироати сарчашмаҳои гуногун ва соҳиб шудан  ба таҷрибаи ҳаёт назарам ба шоҳону амирони Бухоро андаке бошад  ҳам дигаргун шуд ва ба хулосаи комил омадам, ки аллома Дониш дар ин китоб ба муболиғаҳои бисёр дар сифати амирони ин сулола ва ба хусус Музаффархон, роҳ додааст.

  Баъди аз тарафи баҳрнаварди машҳури Испания Христофор Колумб соли 1492, ки замини нав-Америка кашф шуд, давлатҳои абарқудрати он замон Испания, Фаронса ва Англия ба ғасби заминҳои нав оғоз намуданд. То асри 18 ин кишварҳо ҷаҳонро  ба тамом байни  худ  тақсим  намуданд. Дар ин тақсимот Россия бе насиб монд. Дар натиҷа корхонаҳои Россия бе бозори фурӯши маҳсулоти худ монданд ва ҳамчунин бо нархи басо ҳам гарони  ашёи хом дучор шуданд. Аз ин сабаб бо мақсади пайдо кардани бозор барои фурӯши моли  корхонаҳои худ ва харидани ашёи хоми арзон барои ин корхонаҳо ба Осиёи Миёнаи қашшоқ чашм ало кард. Ниҳоят дар давраи ҳукмронии Николай 1 ба сарзамини Осиёи Миёна бе ҳеҷ монеа  ворид ва дар лаби дарёи Сир қалъае сохтанд ва бо ҳамин ба Бухоро ҳамсоя шуд.  

  

Аҳмад дар Фитирбурх

Дар Бухоро замони ҳукмронии Амир Насруллоҳхон буд ва ӯ соли 1857 бо мақсади пойдор кардани муносибатҳои ҳамҷавор ва баёни таъзия бо сабаби фавти императори Русия Николайи 1 ва муборакбодии ба тахт нишастани Александри 1 ба  Руссия сафорат фиристод. Сафари сафорат се моҳ идома ёфт ва дар ин муддат ҳайати он, ки Аҳмади Дониш низ шомили он буд бо муваффақиятҳои ин кишвари абарқудрат ошно гардид. Баъди бозгашт аз сафар ҳайати сафорат ба амир Насруллоҳхон ҳисоботи муфассал оиди ин давлат дод. Дар натиҷа амир аз давлати абарқудрат будани Руссия ба  хубӣ огоҳ гашт.

  Масалан, ба қавли Дониш  ҳангоми суҳбат бо қӯшбегии Бухоро Муҳаммадшоҳ, ки ба гуфтаи Дониш як марди сирф бе ақлу бе савод буд, амир Насруллоҳхонро ба ҷанг бо Руссия даъват мекунад.      

  Ҳамчунин баъзе аз роҳбарони вақти Бухоро бо баҳонаи иҷрои яке аз воҷиботи Ислом бо мақсади аз ин сарзамин дафъ намудани  Русия ба ғазо даъват менамуданд. Амир Насруллоҳхон дар ҷавоб гуфтааст: “Давлати Рус давлати бузург аст, ки моро дастгоҳи муқобала шудан бо ӯ нест ва ӯ муқобили фарангиҳо ва Истамбул аст. Алҳол ҷое, ки ӯ омада аз қаламрави мо хориҷ аст. Агар бозхосте кунем, ваҷҳе надорем. Тавонад, ки гӯяд, ин замин бе молик аст. Агар даркор буд чаро омада соҳибӣ накардӣ? Ва бо мо хасм (душман) шавад. Алҳол ба мо забони дӯстӣ дорад, агар вақте шавад, ки дохили замини мо шавад, кор дар он ҳол яктарафа хоҳад шуд, он чи гирифт хоҳад дод ва ё он чи морост хоҳад гирифт. Дар он вақт муомала миёни мо ва ӯ шамшер бошаду бас” Рисола (саҳ.21). 

  Ва ҳеҷ мумкин нест, ки вориси амир Насруллоҳхон Музаффархон аз ин маълумот бехабар гардида, аз суханони мазкури  падараш амир Насруллоҳхон огаҳ набошад. 

  Баъди ба тахт нишастан амир Музаффархон аз мадҳияҳои нисбати худ аз қушбегӣ Муҳаммадшоҳ ва тамаллуқгӯёни дигар шунидааш ҳаво гирифта,  мафтун шуду набардро бо Руссия оғоз кард. Дар оғоз кардани муҳориба бо Руссия А.Дониш Амир Музаффархонро ҳамчун як масхарабоз тасвир кардааст. Масалан, А.Дониш оғози муҳорибаи нахустро ин тавр қаламдод мекунад: “Ва худи Амир усули нақораро ба фахзи худ нигоҳ дошта, онану хонан пешхидматонро мефармуд, ки рафта ба амири тӯпхона Салимбий ва амири аскар Шералӣ-ӯноқ таъйин кунанд, ки хазинаи Русия ба дасти навқария талаф нашавад ва бисёр мардуми Русияро нокушта зинда оранд, ки дар зумраи сарбозони мо истода хидмат кунанд...” (саҳ.26)  

  Хонандаи азиз, ба қавли қубодиёниҳо: “Куш куртамро гир”, вале ман ба  ин суханҳои овардаи А.Дониш  бовар намекунам. Амир Музаффархон, ки вориси тахт буд аз суханҳои фавқузикрри падараш оиди Русия ба хубӣ огаҳӣ дошт, ҳеҷ мумкин нест, ки ин амри беақлонаро дода бошад.

  Ҳамчунин фирори Амир Музаффархон ба тариқи зайл тасвир шудааст: “Ва дар ин гуреза амир низ фурсати нуқси ҳоҷат наёфта ҳам ба болои зини асп бавл карда, эзорро мулаввас гардонида, наздики ишо ба қишлоқи Ховас ном расида фаромад. Як-ду тан аз хидматгоронро, ки бад-ӯ расиданд амр ба татҳири ҷома фармуд ва то пагоҳ вақти ишо баъзе аз умарои давлат ба даври ӯ  таниданд” (саҳ.27).  

  

Айнӣ чаро хомӯш буд?

Дар ин ҷо саволе бармеояд, агар ин суханони А.Дониш  ба ҳақиқат наздик бошанд, пас чаро устод С.Айнӣ барин шахс, ки аз таърихи ҳукмронии ин салтанат ба дараҷаи олӣ огаҳӣ доштанд, ин амри беақлонаи Амир Музафархон ва ба ҳодисаи ҳуснангез дучор шуданашро  дар ягон таълифоти худ ин воқеаро зикр  накарданд? 

   Аз сарчашмаҳо маълум аст, ба таълифи  ин китоби худ А.Дониш тахминан дар солҳои 1894-95  оғоз намуд, вале бо сабаби падруди дори фано намуданаш он нотамом монд. Ҳамчунин аз мавҷудияти китоби мазкур ҳатто на ҳамаи назикони Дониш огаҳӣ доштанд. Аз ҳамин сабаб китоб номи ягона надорад. Баъзе муҳаққиқон ба он“Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития” ва баъзеи дигар “Тарҷумаи ҳоли амирони Манғития” ном мондаанд.

Ин ҳолатро ба назар гирифта, хулоса баровардан мумкин аст, ки шояд ягон хаттот зимни рӯйнавис кардани ин асар, бо мақсади ҷоҳил тасвир кардани Амир Музаффархон ин маълумоти бардурӯғро аз худ навишта бошад.

  Ҳамчунин равшан маълум нест, ки ин китоб кай  ва кадом сол дастраси умум гардидааст. Дар ин ҷо ҳам қатъиян гуфтан мумкин аст: “Китоби  мазкур баъди инқилоби Бухоро дастраси хонандагон гардидааст. Зеро агар  дар давраи амирӣ он дастраси мардум мегардид, албатта фарзанди Амир Музаффархон Амир Абдулаҳадхон ё набераи ӯ Олимхон ҳеҷ гоҳ ба дастраси умум  шудани он иҷозат намедоданд.”

 

Ҳоҷӣ Акбар Насимӣ, 

 “Тахти Қубод”

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter