ХАБАРИ ДОҒ

 

 

НОМАИ САРВО БА ДӮСТИ ДЕРИНААМ НАСИБҶОН АМОНӢ

 

1. НОМА АЗ ОН СӮ

«Бисёр мутаассифам, ки Додоҷон Атовуллоеву Барзу Абдураззоқ ва Саломиддин Мирзораҳматов, ки ҳар яке дар Тоҷикистон ҷонибдорон ва ба гунаи гуногун дар байни мардум маҳбубият доранд, ба ҷои муттаҳидсозии миллат ва талош барои берун кашидани кишвар аз варта, аз гиребони ҳамдигар гирифтаанд ва сояи ҳамдигарро аз девор метарошанд. Чи гӯям ман, к-аз он ногуфтанам беҳ… Ҳар сеяшон аз дӯсту шиносҳоям ҳастанд ва доварӣ байни онҳо бароям сангин ва ҳам нохушоянд аст. Ҳамин қадар гуфтаниам, сухан санҷида гӯед, аз таҳвини ҳамдигар худдорӣ кунед, агар аз хислатҳои фардии ҳамдигар огоҳии дуруст надошта бошед, тамғачаспонӣ накунед…»

Насибҷон Амонӣ, ФБ, зери матлаби ман «Трагикомедия Барзу Абдураззокова», 21 октябри соли 2020.

 

2.НОМА АЗ ИН СӮ

Насибҷони гиромӣ! Шиносоии мо 50 сол қабл дар Душанбе ба вуқуъ пайваста буд. Сипас солҳои 90-ум дар Алмаато шиносии мо ба дӯстӣ табдил ёфт. Аз ин рӯ бояд  иқрор шавам – шарҳи шумо зери матлабам дар бораи Барзу Абдураззоков маро каме ранҷонд. Шумо ману Додоҷон Атовуллоевро дар як радда бо Барзу ном гирифтаед.  Барои ман дар як радда бо Барзу будан таҳқир аст.

Барзу бо матлаби пур аз дашному ҳақорат бо истифода аз луғати дунёи ҷиноӣ нисбати Додоҷон образи дурӯғини «Аллома Барзу»-ро худаш пора-пора кард! Иқрор шуд, ки муқаддасот надорад ва барои таъмини рӯзгораш омода аст дар хизмати иблис бошад. Дар бораи он ки ин ҳунарманди бадбахт ба маризии муолиҷанашавандаи бузургманишӣ гирифтор асту азият мекашад, чизе намегӯям. Хуб, Барзу дигар арзиши онро надорад, ки аз у ёдовар шавем.

 

Оппозитсияи Евро-исломӣ ва мо

Бигзарем ба мавзуи дигар. Дар давоми 3 соли охир дар ФБ ва баъдан дар расонаҳои Тоҷикистон силсилаи мақолаҳои Додоҷон Атовуллоев ва банда дар мавзуи «Оппозицияи исломӣ»-и дар Аврупо паноҳёфта, таърихи ҳизби наҳзати ислом, аз ҷумла симои аслии пешвоҳои ҳизб, портрети пешвои имрӯза-Муҳиддин Кабирӣ пахш шуд. Вокунишҳо зиёд буданд. Аз ҷониби «Оппозицияи исломӣ»-и зархарид танҳо дашном бо алфози қабеҳ, тӯҳмат ва ҳамон тамғачаспоние, ки шумо онро маҳкум мекунед – коммунист, атеист, сталинист, ленинбача, руспараст, миллатбадбин, хабаркаши КНБ, гумоштаи ҳукумат ва гайра. Нисбати Додоҷон – ЗАРХАРИДИ ҲУКУМАТ.

 

Зиёиёни хомӯшшш ва пуштибони ҲНИ….

Дар ёд дорам, боре дар сӯҳбати телефонӣ чунин гуфта будед: «Ин гуна матлабҳои зиддинаҳзат пахлуҳои дигар ҳам доранд ва ба манфиати миллат нестанд.» Кадом пахлуҳо? Чаро навиштаҳои ман ба манфиати миллат нестанд? Барои ман тааҷҷубовар ин аст, ки шумо ва чанде аз шахсиятҳои маъруфи илмию фарҳангӣ аз паси парда истода, аз «оппозицияи исломӣ» пуштибонӣ менамоянд. Ва худи Кабириро сиёсатмадори касбӣ унвон мекунанд

«Ба Кабирӣ нарасед! Кабирӣ одами хуб аст!», «Равшани Темуриён ва Темур Кличев-Варқӣ низ инсонҳои бад нестанд. Эхтиёҷ, бепулӣ, бадбахтиҳои рузгор водор кардааст, ки дар хидмати исломиҳо бошанд. Онҳоро наранҷонед!»

 Дар асл ҳизби наҳзатӣ аз Тоҷикистон ронда шуда ва дар Аврупо паноҳ ёфта, як қувваи солим аст! Мо дурӯғ мегӯем? «Паймони милли»-и Кабирӣ на аз ҷониби хадомоти махсуси Эрон, балки аз ҳисоби Ъушр ва закот (Кабирӣ дар як мусоҳибааш ҳамин тавр гуфта буд) сармоягузорӣ мешавад? Кӣ будааст соҳиби чунин Ъушри бузург аз тоҷикон дар Аврупо?  Ба Кабирӣ тӯҳмат назанед!  Ӯ бадахлоқ нест! Ҳарамсарой доштан чи бадӣ дорад? 

Магар ҳамин хомӯшӣ, бетарафӣ, пуштибонии паси пардагӣ аз қувваҳои зархарид соли 92 ба фоҷиа оварда нарасонд?

 

ГУМОШТАИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН…

Насибҷони гиромӣ! Мову шумо моҳи январи соли 2019 дар яке аз ресторанҳои шаҳри Алмаато сӯҳбати тулонӣ доштем ва таасссурот ҳосил кардам, мутаассифона шумо низ ба таблиғоти идеологҳои Кабирӣ, ки манро гумоштаи ҳукумат унвон мекунанд, бовар кардаед. Лекин воқеият ин аст, ки дар давоми 5 соли охир ҳеч кас мисли мани «гумошта» аз ҳамин ҳукумат ва чанде аз вазирҳои бесалоҳият ва камсаводаш шадидан интиқод накардааст! Ман аз дардҳои ҷомеа, мушкилоти сангини Тоҷикистон ҳамчун патриоти Ватан гуфтаам ва хоҳам гуфт! Лекин дар баробари ин ман борҳо рӯирост дар интернет ва расонаҳои кишвар изҳорот додаам ва боз такрор мекунам: 

ДАР ИНТИХОБИ ҲУКУМАТ ВА «ОППОЗИЦИЯИ ИСЛОМӢ» МАН ҲУКУМАТИ ИМРӮЗАРО ИНТИХОБ МЕКУНАМ!

 

Майдони Шаҳидон-Касе бо мо нест-Зидди мост!!!

Барои дарк кардани мантиқи ман шуморо ба солҳои фоҷиабори 90 даъват мекунам. Ману шумо ҳамон солҳо шоҳиди бевоситаи он будем. Апрели соли 1992. Гирдиҳамоии дарозмуддат дар майдони «Шаҳидон»-и Душанбе зери шиори «Касе бо мо нест, душмани мост!». Аз субҳ то шом шиори «Ҳизби манҳуси коммунист!!!» гирду атрофро ба ларза меовард. Сокинони Душанбе зери террори рӯҳӣ қарор доштанд. Онҳоеро, ки чуръат карда, ба саркардагони майдон эътироз мекарданд, лату кӯб ва гаравгон карда, ба майдон меоварданд. Дар давоми якуним моҳи гирдиҳамоӣ «муҷоҳидҳои роҳи ҳақ» бо амалҳои зишташон Ҳизби наҳзатро ба мардуми Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ муаррифӣ карданд.

 

Штаби Шаҳидон дар дасти эрониён буд

Ин ёддошти Атовуллоевро хондаед? Рӯзе 1 шиори Мулло Саъдуддин «Амрико! Амрико! Марг ба найранги ту!» дар майдон ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Додоҷон аз гиребони Мулло Саъдуддин мегирад: «Ту чи мегӯӣ?! Амрико ба митинги мо чӣ дахл дорад?!». Мулло Саъдуддин дар ҷавоб: «Ба ман дар штаб супориш доданд!». «Дар кадом штаб?!» Мулло Саъдуддин хомуш Додоҷонро ба хонаи сеутоқа дар рӯ ба рӯи майдон овард. Ҳамин ки Додоҷон вориди хона шуд, ҳама чиз барояш аён гашт. Дар паҳлӯи роҳбарони Ҳизби наҳзат дипломатҳои эронӣ менишастанд!

Майдони «Шаҳидон» сенарияи хадомоти махсуси Эрон буд! Ҳамин майдони «Шаҳидон» (ҳафт моҳ қабл, моҳи сентябри соли 1991 майдони Озодӣ) Точикистонро ду тақсим кард. «Шаҳидон» мардуми на танҳо водии Кӯлоб, ки тамоми маҳалҳои Тоҷикистон ва ақвоми ғайритоҷикро бар зидди мардуми Рашт, Тавилдара ва Бадахшон бархезонд.

 

«Террори мардумӣ»-и ҲНИ

Пайравони наҳзат, ки аксаран ҷавонҳои фиребхурда буданд, аввали солхои 90-ум бо амалҳои террористиашон қаблан дар Қурғонтеппа ва баъд дар майдонҳои Душанбе арзишҳои исломиро поймол мекарданд ва эътирозгарони худро (яъне аксари кулли мардуми ҷумҳурӣ-кӯлобӣ, хуҷандӣ, истаравшанӣ, фарғоначӣ, ӯзбеку русу лақай хуллас куллияи Тоҷикистонро) водор сохтанд, ки дар муқобилашон Фронти халқӣ ташкил шавад!

Натиҷааш ин шуд, ки ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ аз ҳарду ҷониб қурбон шуданд, даҳҳо ҳазор нафар аз тарси қатли ом ба Афғонистон гурехтанд ва садҳо нафари онҳо дар он ҷо аз сардӣ, гуруснагӣ, маризӣ тарки ин дунё карданд.

 

Ҳоло ҳам спонсори ҲНИ Теҳрон аст

Имрӯз ҳам маблағгузори «оппозицияи исломӣ»-и дар Аврупо паноҳёфта хадамоти махсуси Эрон аст! Кабирӣ моҳона даҳҳо ҳазор долларро дар сайтҳо ва телеканалҳояш барои иғво сарф мекунад. Имрӯз тақрибан сад нафар дар Аврупо, Россия, Украина ва даҳҳо нафари дигар дар дохили Тоҷикистон маошхӯри Кабирӣ ҳастанд. Имрӯз низ баъд аз зиёда аз 20 соли ба имзо расидани Шартномаи сулҳ миёни ҳукумат ва мухолифин ҳукумати Эрон аз ҳадафи стратегии худ даст накашидааст – инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон ва бунёди низоми теократӣ дар кишвари мо.

Ҳеч боварам намеояд, ки шумо, Насибҷони гиромӣ, аз ҳадафҳои аслии Эрон зери ниқоби забони муштарак, фарҳанги муштарак ва таърихи муштарак огоҳ набошед. Пас чаро дидаву дониста аз «оппозицияи исломи»- е, ки онро хадамоти махсуси Эрон сохтааст, пуштибонӣ мекунед?

 «Инқилоби исломи»-е, ки дар кишвари мо мехоҳанд роҳандозӣ кунанд, бе хунрезӣ имкон надорад. Боз як «Инқилоб»-и хунин даҳшатноктар аз фоҷиаи соли 1992-97 хоҳад буд! Зеро ин дафъа Тоҷикистонро ба Афғонистони кучак табдил хохад дод ва миллати моро ба нестӣ хохад бурд!

 

ЭРОНИ МОВУ ШУМО ЯКЕСТ

Идеологҳои Кабирӣ ҳамеша маро ба эронситезӣ муттаҳам мекунанд. Аз ин рӯ мехоҳам мухтасар назари худро нисбати «эронситезиам» изҳор намоям. 

Ман ҳам мисли шумо орзу мекунам, ки робитаҳои илмию фархангӣ, иктисодӣ, тиҷоратӣ байни Эрону Тоҷикистон густариш ёбанд, мо точикҳо бо бародарону хоҳаронамон наздиктар шавем, вале САД АФСӮС! 

То даме, ки ҳукумати Эрон сиёсати худро нисбати Тоҷикистон тағйир намедиҳад, ин орзуҳои мо амалӣ нахоҳанд шуд!

 

Барзуро «великомученник»-и кабирӣ карданд

Барои як мақолаи банда, ки чун раддия ба дашномномаи Барзу Абдураззоқов чоп шуд, аз чор сӯ ба ман ҳамла карданд. Ман гила аз авомуннос надорам. Ба карикатура ва айбномаҳои “фермаи мурғпарварии Кабирӣ” ё кашараш механдам. Аммо маро сукут ва бетарафии рӯшанфикрони тоҷик, фалсафаи “як бому ду ҳаво”-и онон ба ҳайрат меоварад. 

Дар давоми панҷ сол ҳамон мусичахои “бегуноҳ”-и Наҳзат бо супориши роҳбари “донишдароз”-ашон борони тухмату бӯҳтон бар сари Атовуллоев рехтанд, ҳама хомӯш буданду як эътирознома бар тӯҳматномаи Абдураззоқов ҳамаро довару насиҳатгӯ кард. Мо куҷо равонаем?! Ба кадом сӯ?

 

Саломиддин Мирзораҳматов

Тоҷики муқими Қазоқистон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter