ХАБАРИ ДОҒ

Ҳар нафаре ахбори ҷаҳонро дидаву шоҳиди беназмиву митингҳои тарафгирони Трампу Байден шуда, бовар дорад, ки дар Амрико инқилоб, ҷанги гражданӣ ё хунрезӣ мешавад, иштибоҳ мекунад. Ҳич гоҳ дар Амрико, ки садаи саввуми озодӣ ва демократияро баҳравар гаштааст, чунин корҳо анҷом нахоҳанд ёфт ва баъди эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот ҳар амрикоӣ, хоҳ тарафдор-хоҳ зидд, 1 ҷом мебардоранд ва 1 нӯшбод мегӯянд:

-For our president!-Барои президенти мо!!!

Акнун фарқияти тазоҳуроти қирғизиву арабиву укроиниву белорусии муосир ва тоҷикӣ (1990-91)-ро аз митингҳои давлатҳои пешрафта дарк кардӣ, хонанда? Мо ҳанӯз дар сатҳи камолийяти дарки масъулияти демократия нестем ва гарав мебандам, дилхоҳ тазоҳурот доманадор гардад, боз такрори солҳои 90 мешавад. Мисоли оддияш, боз ҳамон Беларус. Зимнан, хуб аст, ки ҷомеаи мо, ба вежа солдидаҳо зидди дилхоҳ тазоҳуротанд. Ҳоло вақти чунин амалкардҳо дар мо нест! Мо Метавонем!

Ва акнун баргардем сари глобал-политик. Сиёсати Бузург. Аз ҷойивазкунии Байден бо Трамп кӣ бурд мекунад? 

Ба пиндори сирф фардии ман, ки метавонад комилан бо ҷаҳонбинии хонандаи ин сутур муғаййир бошад, Трамп дар ҳоле, ки бо абарқудратон дастобагиребон шудаву ҳатто каштали Аврупоро гирифта буду Маскавро лигом мезад, ин амалҳояш ба нафъи давлатҳои хурд, ба вежа Тоҷикистон низ буд. Зеро вақте абарқудратон гиребонгири ҳам мешаванд, кишварҳои хурд бештар тараққӣ мекунанд ва ё ақаллан шонси худнамоӣ меёбанд. 

Бо ин ҳама Трамп баъди таблиғу ташвиқоти Телевизионҳои Русия, ки Тоҷикистон чун колонияи собиқ пурра зери таъсири онҳо мондааст, ба 1 қаҳрамони манфӣ табдил ёфт. Аз ӯ Брежневи сониро тарошиданд-Леонид Иличи солхӯрдаро. Боре Суҳробшои Фаррухшо қисса кард, ки:

-Аз Кӯлоб дар 1 таксӣ меомадам ва 2 мусофир нафареро ғайбат доштанд. Якеш гуфт, «э, ун падарқусур 1 одами бемаданият, бетарбият, атанганаълат, бехосият, нодида, гурусна, аблаҳ, шайтон…дар ҷамъ 1 Трампи дигар аст!»…

Ва ин ҳама натоиҷи таблиғу ташвиқоти ТВ Русия аст, ки мабодо рӯзе самташро тағйир диҳад!!! Ин ҳушдор ба дастгоҳи идеологист. Ёд доред, Уинстон Черчиллро, ки мегуфт «Англия дӯсту душмани абадӣ надорад, Англия манофеи абадӣ дорад!»?

Байден. Ӯ интихоби аксарият аст ва бе шакку шубҳа дар набарди сахт пирӯз омад. Бо пайки нахустин аз пирӯзии ӯ, ки ҳанӯз расман таъйид нашудааст, сиёсати ҷаҳонӣ самти дигар гирифт. Биржаҳо ба ҷунбиш даромаданд. Иттиҳоди Аврупо нафаси осуда кашид, зеро Трамп онҳоро андозбандӣ мекард. Хитой-ҳамсояи бузурги мо ба ҳаракат даромад. Коршиносон ҳадс мезананд, ки ҷангҳои тиҷоратӣ, ки аз сӯи Трампи тоҷир роҳандозӣ шуда буд, хатм ҳам наёбанд, коҳиш дода мешаванд. 

Вале дар ҷамъ, сиёсати Амрико ҳамонгуна, ки ҳаст боқӣ мемонад:

-Душмани №1 Русия, 

-№2 Терроризм ва; 

-№3 Хитой. 

Ин ногузир аст. Зеро Байден барои хатми сиёсати беш аз 15-20 солаи Амрико бояд комилан хатти маши давлаташро тағйир диҳад, ки тавон надорад. Ва ин дар ҳолест, ки ҳолдонҳо хубтар медонанд, ки Амрикоро президенташ ҳоким нест. Ин мавзӯъи дигар аст, ки сараш замоне бармегардем. Мо Метавонем!

Ва аммо Байден бояд низ душмане нав барои пешбурди сиёсаташ дар олам дарёбад. Ва ин душман кӣ мешавад? Суоли матраҳ аст. Зеро Давлати исломиву қабоили араб саркӯб шудаанд, дар Украина ҷанг давом дорад, Маскаву Пекин душманони азалиянд. 

Стоп! Беларус! Гарав мебандам, Байден думи Баткоро зер мекунад. Ин гипотеза аст. Мебинем.

Ва аммо дар ин гирудор чеҳраи аз ҳама пуровоза витсе-президенти ИМА аст. Бону Камола Ҳоррис. Зодаи Ҳинд, ки муҳоҷир аст. Камола ва интихобаш ба дили миллион амрикоӣ, ки иммигрантанд, шӯълаи умед даровард ва шиори қаблии муъруфро зинда кард:

-America is a land of opportunity- Амрико давлати ормонҳост!!!

Ва ин дар ҳолест, ки он рӯз дур нест, то худи хонум Камола…раисиҷумҳури Амрико шавад. Зеро тавре расман эътироф гардид, президенти 46-уми 78 сола (с.т.20 ноябри 1942, Скрантон, Пенсилвания, ИМА) бо саломатӣ проблема дорад ва усулан кору бораш бар дӯши Камолабону хоҳанд уфтод.

Мебинем. 1 африқоӣ-Барак Обама омаду рафт, ӯро дигар ҳатто ёд ҳам намекунанд, зеро «неудачнитарин» сарвари Амрико буд. Ку бинем аз дасти ҳинду чӣ меояд ва дар таърихи башарият чӣ саҳме хоҳад гузошт?... 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter