ХАБАРИ ДОҒ

Позаҳри коронавирус кашф шуд!!!

  • Чоршанбе, Нояб 25 2020

 

 

2 ширкати маъруфи дорусозии ҷаҳонӣ, Ширкатҳои амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTech мужда хостаанд, ки эм ё худ ваксинаи онҳо позаҳри КОВИД-19 аст ва дар 90% маврид нафъ меораду организмро аз ин вабо халос месозад. Ин дар ҳолест, ки қаблан Русия гуфт, ваксинаи ин маразро ёфтааст, вале дорусозони Аврупо ва Амрико онро қабул накарда буданд. 

Дар ҳамин ҳол худи ҳокими Кремлин Путин В.В. ба ҳифзи дорусозонаш бархоста, ба президенти Куриёи Ҷанубӣ ваъда дод, ки баъди гузаронидани ваксинаи русии коронавирусӣ ҳатман ба ин кишвар сафар хоҳад кард. Вале аз байн моҳе ҳам гузашта бошад, ба назар мерасад, ки ба ВВП тавсияи қотеъ надодаанд, то аз ин дору корбаст намояд.

Ваксинаи евро-амрикоӣ чист?

Ширкатҳои амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTech беш аз 40.000 нафар ихтиёриёнро санҷиданд. Гуфта мешавад, бо гузаронидани ваксинаи антикоронавирус танҳо чанд нафар эмшудаҳо мубтало ба КОВИД-19 гаштанду халос. Аз ин ҷо хулосаи илмӣ мекунанд, ки дар 90% ҳолатҳо ин маҳлӯл нафърасон будааст. Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки ваксина ба организм ягон мушкилот эҷод намекунад. Вале ин танҳо барои ҷавонон ва синну соли аз 30 то 60. Дигарон чӣ?

Санҷиш давом дорад

Масъулини Ширкатҳои амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTech мегӯянд, бо ин ҳама ҳоло бояд давраи саввуми санҷиш оғоз гардад ва танҳо дар ин сурат метавон аз корбасти оммавии он ҳарф зад.  

Уилям Скаффер, эпидемиологи Донишгоҳи тиббии Вандербилт, мегӯяд, "ин оғози кор аст. Ҳоло намедонем, ки ин ваксина ба пиронсолон чӣ гуна таъсир мекунад. Таъсир ба занони ҳомила низ ҳанӯз омӯхта нашудааст ва тадқиқот нисбат ба кӯдакон акнун оғоз шуд."

Тадқиқот ҳамагӣ чанд моҳ пеш сар шудааст. Бит Кампман аз маркази ваксинаҳо дар Донишгоҳи беҳдоштии Лондон гуфт, “ба мо зарур аст, то донем, ки масуният чӣ қадар давом мекунад. Ҳоло мо маълумоти довталабонеро дар даст дорем, ки 28 рӯзи пеш 2 бор ваксина гирифтаанд”.

Мунтазири ваксинаи нав

Ширкатҳои амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTech гуфтаанд, танҳо охири моҳи ноябр расман барои номнавис ва иҷозат гирифтани ваксина ба  Идораи назорати ғизо ва дорувори Амрико муроҷиат мекунанд. Ин ниҳод дар навбати худ баъд аз чанд ҳафтаи тафтишот ва бозомӯзӣ метавонад иҷозат диҳад. 

Алберт Бурла, роҳбари кулли Pfizer, мегӯяд "чанде пеш ба тавлиди ваксина оғоз кардем. Тавре гуфтам, ба бовари мо имсол 50 миллион ва соли оянда 1,3 миллиард ваксина ба даст меорем”.

Хотиррас бояд шуд, ки ҳар шахс 2 ваксина мегирад. Дар беҳтарин сурат имсол имкони ваксиназании 25 миллион нафар вуҷуд дорад. Монеаҳо дар дастраскунии ваксина ҳам дар миён аст, хусусан вақте ваксина ба хориҷа бурда мешавад.

Доктор Эндрю Престон аз донишгоҳи Бата мегӯяд, “ин ваксина 1 мушкили изофӣ дорад. Барои нигоҳ доштани он ҳарорати ниҳоят сард зарур аст, хеле сардтар аз дохили яхдони хонагӣ. Бинобар ин, дар бисёре аз гӯшаҳои олам мушкили ҳамлу нақлро ба вуҷуд меорад.”

Ваксина ба ҷаҳони 3 намерасад!

Лозим ба ёдоварист, ки ин ваксина дар 2-3 соли ахир ҳич дастраси омма дар ҷаҳони 3, яъне мамолики исломӣ нахоҳад шуд. Зеро агар дар 1 сол 1 миллиарду 300 млн маҳлӯл истеҳсол ҳам гардад, гумон аст, аз Амрико ва Аврупо берун бурда шавад. Албатта, ба истиснои чанде аз бойбачаҳои арабу тоҷику ӯзбеку урус, дигар касеро муяссар намегардад, ки аз ин эм истифода кунад. Зимнан, бо ҳамон усули бобоӣ сирпиёзу лимӯву асалу ҳаббҳои дастрас худро табобат кунед ва ё беҳтараш аз эҳтиёт кор гиред: фосиларо риоя намоед ва ниқоб кашеду дастонро шӯед... Худо бо мост ва Мо Метавонем!

М. Мубориз

Махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter