ХАБАРИ ДОҒ

Литсейи №1-и ш.Бохтар: камбудиҳо ҷой доштанд

  • Чоршанбе, Дек 02 2020

МИҲД-и шаҳри Бохтар ба самъи Шумо мерасонад, ки мақолаи хабарнигори рӯзномаи «СССР» дар вилояти Хатлон Баҳодур Уроқов «Бохтар: Литсейи №1 литсейии резинӣ аст?» дар асоси супоришҳои раиси вилоят Хатлон аз 5.10.2020 ва раиси ш.Бохтар аз 10.10.2020 аз тарафи гурӯҳи корӣ дар ҳайати А.Ашурзода, сармутахасис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр, А.Ташрифзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр С.Ҳафизов, мушовири шуъбаи маорифи шаҳр, директори Литсейи давлатии ш.Бохтар М.Сироҷева дар маҳал санҷида бо натиҷаи он санад ва маъводҳои зарурӣ тартиб дода шудааст.

Бо натиҷаи санҷишии мақолаи қайд карда мешавад, ки далелҳои дар рӯзномаи «СССР» овардашуда, нисбати аз меъёр зиёд таҳсил намудани хонандагон дар Литсейи давлатии №1 ҷой доранд. Литсейи мазкур дар маркази маъмурии вилоят қарор, дар самти таҳсилот яке аз беҳтарин муассисаҳои шаҳр ба ҳисоб рафта, хоҳишмандони таҳсил дар ин литсей дар ҳақиқат зиёд мебошад. Аз ин сабаб дастовардҳои литсей назар ба дигар муассисаҳои типи нав ва миёна назаррасанд ва инчунин аз 115 хатмкардаҳои соли 2019-2020, 100% ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсуси дохил ва хориҷи кишвар дохил шудаанд, ки ин нишондодҳо бозгӯи сатҳу сифати баланди таълим дар ин муассиса мебошанд.

Литсейи давлатии №1 ш.Бохтар аз соли 1937 фаъолият дошта, ҳамагӣ 43 синфхона, аз ҷумла дар соли таҳсили 2017-2018 аз сабаби зиёд гаштани таваҷҷуҳи волидайн ба омӯзиши забони русӣ теъдоди хонандагон низ зиёд гашт ва бо ин мақсад аз ҳисоби биноҳои ёрирасони муассиса 10 синфхонаҳои иловагӣ ташкил карда шудааст ва довталабон ба литсей тариқи озмун қабул карда мешавад, ки тартиби мазкур барои ҳама ҳатмӣ аст.

Оид ба масъалаи пардохти ҳаққи моҳона ҳаминро қайд намудан лозим аст, ки пардохти моҳона мутобиқ ба қарори байни падару модарон ва маъмурияти литсей ба роҳ монда шудааст ва 168 нафар хонандагон, асосан ятимони кулл, нимятимон, маъюбон, оилаҳои кабизоат ва фарзандони омӯзгорони литсей аз пардохти ҳаққи таҳсил озоданд. Маблағҳои моҳонаи ҷамъшудаи хонандагон асосан барои таҷҳизонидани кабинетҳои таълимии физики, алгебра, технологияи иттилоотӣ, идрорпулии хонандагони болаёқат, пардохти қувваи барқ, об интернет сарф гашта, аз ин ҳисоб пардохти маблағи илова ба омӯзгорон, ҳавасмандгардонии хонандагону омӯзорони онҳо, ки дар олимпиадаҳоии ҷумҳуриявӣ дастовардҳои назаррас доранд, сарф гашта, ҳамаи хараҷотҳо дар асоси сметаи тасдиқшуда ва тибқи талаботҳои Оиномаи литсей сарф карда мешавад.

Дар рафти санҷиш маъмурияти муассиса изҳор намудаанд, ки дар соли 2021 дар мувофиқа бо МИҲД-и шаҳр сохтмони 4 синфхонаи иловагиро ба нақша гирифтааст, ки онро то оғози соли нави хониши 2021-2022 сохта ба истифода месупоранд ва масъалаи мазкур дар асоси маълумотномаи аз тарафи шуъбаи маорифи шаҳр аз 19.10.2020, №189 пешниҳод шуда тасдиқ карда шудааст.

Дар фаъолияти кории Литсейи давлатии №1 баробари дастовардҳои зикргардида баъзе камбудиву норасоиҳои низ ҷой доранд ва оиди ислоҳи он ба маъмурияти литсей дастур дода шуд, ки бартараф намудани камбудиҳо зина ба зина амалӣ карда шуда, барои донишомӯзии хонандагон шароитҳои беҳтар муҳаё созанд.

Сиҷоуддин Саломзода, раиси ш.Бохтар

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter