ХАБАРИ ДОҒ

Сафармуҳаммад Айюбзодаи Маҳзун: -Дӯстон, дуо кунед, то мурдана зинда бошам...

  • Чоршанбе, Дек 02 2020

  

 

 МАДҲИЯ

(ба дӯстам Сафар Айюбзодаи Маҳзун)

Шоир табъи баланд, истеъдоди худодод дошту хона на. Ҳама, ҳатто хешону наздикон ва дӯстону душманон ҳам ӯро маҷбур мекарданд, ки мадҳия нависад. Ба сарвари кишвар, ба мансабдорон, мири шаҳр, то ҳадди ақалл соҳиби хона шавад. Зиёд фикр кард: духтараш қадрас шудаву ба сини издивоҷ расидааст. Баччааш синфи 10-ро хатм мекунад ва бо ин ҳама истеъдод, ки дорад ва обрӯе, ки ҳама мешиносандаш ва гули сари сабади маҳфилҳост, ӯ дар як утоқи фарсудаи корхонаи чӯб зиндагонӣ дорад, ки роҳаш аз як шикоф мегузарад. Ва ҳар гоҳ, ки  чорпоя шуда, аз ин шикоф мегузашт, худро хеле бад ҳис мекард, ки сараш гӯиё ба хоки сияҳ, назди зиндагонӣ хам менамуд.

Ва навишт! Беҳтарин мадҳияро ба сарвар бахшид. Ҳама онро хонда, тавсифу таърифаш карданд, то замоне ки дӯсти ҷавону ҳамақидаашро дид. Чун медонист, ки мадҳия ба ҳама хушоянд аст, ба ӯ ҳам хонд онро…

…Пас аз фосилаи тӯлонӣ, ки фикр кард, умраш битамом гузашт, дӯсти ҷавонаш ӯро ба майнӯшӣ таклиф намуд ва тавре вонамуд кард, ки шоирро аз ҷавонӣ то мадҳиянависӣ мешинохт ва фосилаи мадҳия ӯро аз даст додаву мехоҳад сари гӯраш «поминка» кунад…

Мадҳияро дарронд! Маст ба хона омад. Вақте ки аз шикоф мегузашт, дарк кард, ки пеши Худои Истеъдод саҷда дорад ва зону рӯи зиндагонӣ гузоштааст. Сараш ин замон ба Чарх вархӯрд!

…Ин ҳикояро ман 30 сол пеш навишта будам. Ва тӯли ин 3 даҳсола устоди устодони шеъру тарона, Бузургтарин, Хоксортарин ва Фақиртарин ШОИР заррае дигар нашуд, ки нашуд...

Ин миллат бояд 1100 соли дигар мунтазир нишинад, то чун Сафар Айюбзодаи Маҳзун шоире, инсоне комил таваллуд кунад. 

Оҳ... чӣ қадар гарон буд, Туеро аз даст додан, дӯстам. 2 рӯз, 48 соат фикр кардам, ки дар бораат чи гӯяму чӣ нависам?...

Вале қиссаи пурҳасрати бонуи сухан Ҳуриннисоро хондаву лол мондам:

-Инро ӯ навиштааст ва ё ман? 

Зимнан ин қиссаи ҳузн пешкаши мардум шуд. Мо Метавонем!

Чу ман ёри ғамам умре ба ғам дилдода мемирам,

Зи ғам хӯ кардаам бо бода, бо ғамбода мемирам.

Чӣ иллат буд, Миллат ними худро “Мим”-и худро кушт,

Аз он тарсам, ки ин асрорро накшода мемирам...

Ин порашеъратро, ки дар соли 1992, айни авҷи қатлу куштор навишта будӣ, ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард. Ёд дорӣ, дӯстам, ки ману ту ва ҳамфикронамонро, ки миёни 2 тарафи ҷанг, бонги Сулҳу Салоҳ мезадем, чун кабк шикор мекарданду мекуштанд?...

Ёдат ба хайр ва Дидор дар қиёмат, дӯст, ҳамсангар, ҳамфикр ва ҳамдиёру ҳаммилатам.

С. Мизроб

23.11.2020. Соати 12:04 дақиқа

 

 

Хуриннисо Ализода:

Ҳазли охирини диле пур аз ҳузн

22.11.2020. Соат ба вақти Душанбе 01:29 дақиқа.

Дина шаб охирин "достон"-и хешро навишт: 

"Дӯстон, дуо кунед, то мурдана зинда бошам"... 

Ҳамагӣ 1 рӯзи нопурраи пеш аз мавт. Магар дилаш гувоҳе дода?..

Дар лаҳзаи охирин ҳам чизе навишт, то бигӯяд ӯ Маҳзун нест, сахтии зиндагӣ ӯро чунин тахаллусе дода...

Ӯ муаллифи достони кутоҳе, дар таърихи адабиёт монд, ки қаҳ- қаҳае, писханде ба ҳоли ин дунё ва беадолатии ӯст...

Ӯ шеърҳои ҳаҷвии зиёде дорад.

Ӯ шеърҳои ҷиддии бешуморе дорад.

Ӯ пйесаву либретто ҳам навишта ва ҳатто дар саҳна нақш ҳам офарида.

Ӯ муаллифи беҳтарин матолиби журналистӣ аст.

Ӯ беҳтарин ғазалҳо эҷод кардаву хуштарин сурудҳо офарида.

Ӯ дар ҳама жанрҳо чи назму чи наср ва публисистика муваффақ буд.

Ӯ самимонатарин инсон ва яке аз беҳтарин эҷодкороне буд, ки дар хоксорӣ ном бароварда буд, аммо нуқсаш ин буд, ки тамаллуқ карда наметавонист. Иззати нафсаш баланд буд. 

Ӯ хеле фақирона зист ва бо лабханд моро падруд гуфт...

Ба хотири дилдорияш ним рӯз пеш аз маргаш барояш шӯхие фиристодам. Онро нахонда ӯ аз оламу одам чашм пӯшид.

 ****

Ӯ ин соат дар сардхонаи бемористон шояд табассум дар лаб мунтазири сафари охирин ба манзили охиринаш аст.

Зеро ӯ Сафармуҳаммад буду ҳама умри баркамолияш манзил надошт...

Нав соҳиби хонае гашт, ки акнун холияш бояд бигзорад. Холӣ аз ҳузури 1 шоири орифу озодмард.

Ӯ дигар ниёзе надорад, ҳамчуноне ки дасти ниёз сӯйи касе дароз накард, вале магар рӯҳаш шикаст намехӯрд аз он ҳунари бе харидораш?

Ӯ имшаб барои бори охирин рӯйи ин замине , ки ҳамеша васфаш мекард, меҳмон аст.

Ӯ фардо ба хок супурда мешавад, ба манзиле барои абад...ва рӯи гӯраш хоҳанд навишт...

Маҳзун... 

Вале ӯ маҳзун зода нашуда буд!..

Имшаб хабари марги ҳамкор, дӯст ва бародарам Сафар Аюбзодаи Маҳзун, ҳузнро дар дили ман пайваста ба ҳама хотироти аз ӯ доштаам, барои абад, маскун кард.

Нахостам, чизе бинависам, дар сӯгаш.

Гуфтам ба худ дар ин нимашабӣ чи бинависам барояш, ки дар ягон рӯзи зиндагӣ нанавиштамаш ва боре.

Акнун, ки ӯ на мехонад ва на мешунавад, ин гиряи бе суди маро.

Гуфтам, дили худро намесӯзонам, зеро ҳар гоҳе марсиянолае дар сӯги азизе менигорам, дили худам месӯзад, бештар аз дигарон. 

Ҳанӯз оби чашмам аз марги Алишери тармарги домодам хушк нагаштаву аз алами ба хок сар мондани 1 донишманд ва қаламкаш сӯзиши қалбам кам нагашта, аз реҳлати Сафармуҳаммади азиз навҳа сар намекунам.

Хостам бихобам, то тазйиқи дилам, фишори рӯҳам, сангинии бори ғами дӯшамро бинишонам, ба хобу фаромӯшӣ биспарам.

Аммо куҷо?

Оби чашм болишам тар кардаву панҷаҳоям болои тоблуи телефон инак ғамномаатро менависанд, Маҳзуни азиз!

Чанд рӯзе қабл фарёд кашидам, ки шахсиятҳоро бишиносед то маргашон, вале дер гуфтам магар?

Фиғон кашидам, ки вабо як - як донишваронро мебарад, вале маргашон баъдан боиси хиҷолати мо мешавад, ки қадрашон нашнохтаем, вале ба кӣ мегӯӣ…?

Қадратро ҳам мешинохтам бародари шоирам, қаламатро ҳам медонистам ҳамкасби журналистам, қимататро ҳам дарк мекардам, ҳамкори арҷмандам. Вале танҳо дар эътироф, дар эҳтиром ва дар сухан. Дар амал бароят коре карда наметавонистам. Зеро ман Қорун нестам, ман як қаламкашам чун ту. 

Барои дӯстон, хонандагони ин сатрҳо чӣ бигӯям аз ту, ки бишиносанд он дили тифлона покатро?! Он табъи орифонаву он ҳаёти хоксоронаатро. Он мероси бо қалам сириштаву дар саҳафоти чандин китобҳо гирд карда ва бо хуни ҷигар омехтаву барои таърихи адабиёту журналистика ба ёдгор мондаатро? 

Журналист ва Инсон

Бо Сафармуҳаммад, ки бори аввал ҳамкор шудам, ӯ яке аз журналистони боҷуръати рӯзномаи "Роҳи ленинӣ"-и собиқ вилояти Кӯлоб буд. Бо имзои Аюбов Сафармуҳаммад садҳо мақолаҳои такондиҳандаву хонандадори ӯ вирдизабонӣ буданд. Ин солҳои охири ҳаштодум буд. 

Вале ӯ худ 1 ҷавони хоксору шармгине буд. Ҳарчанд дар доираи адабии вилояти Кӯлоб ӯро чун шоири хуби ояндадор мешинохтанд. Шоирони машҳури давр эътирофаш мекарданд. Дар журналистикаи минтақавӣ аз номдорон буду очерку фелетон ва мақолаҳои танқидиаш садҳо мушкили мардумро ҳал мекард. Лабони ҳамеша пуртабассум ва нигаҳҳои маҳзунаш гувоҳи он буданд, ки зиндагии осудае надорад. Аммо ҳеҷ гоҳе наменолид... 

Баъди чанд соле боз ману ӯ дубора ҳамкор шудем. Дар рӯзномаи "Садои мардум". Ӯро чун журналисти босавод ва шоири қавӣ дар ин идора ҳам дӯст медоштанд. Хоса барои хоксориҳояш. Барои дили бекина ва нияти поки чун чашма софаш.

Камбағалтарин инсон, аммо сахӣ...

Ҳеҷ гоҳе экономро намедонист. Ба охирин маблағаш касеро зиёфат медод ва ҳафтаҳо бе обед мемонд, аммо ҳамеша механдид. Касе ӯро ғамгин намедид, ҳарчанд акнун тахаллуси ӯ Маҳзун буд.

Ман ба дигар идора ба кор рафтаму ӯ ҳам. 

Боз Худованд моро бори сеюм ҳамкор дар 1 идора кард.

Рӯзе ба наздам омаду чанде сӯҳбат кардем. Дарёфтам, ки азоби сахти моддӣ дорад, вале чизе нагуфт, нанолид. Хоҳиш накард, ки ба кораш бигирам, ҳарчанд  маоши идораи мо беҳтар буд.

Чанде сармуҳарририи маҷаллаи Вазорати молияро бар дӯш дошт, аммо дар он ҷое, ки ҳама бой мешаванд, ӯ ҳамоно камбағал буд. Маҷаллаи " Молия" ҳам ӯро соҳиби молу ҷоҳ накард, зеро дуздида наметавонист.

Акнун, ки аз кори ин маҷалла озодаш карда буданду бо ҳамкорӣ ба маҷаллаи каммаоше ба зӯр рӯзи фарзандонашро дар хобгоҳи кадом техникуме дар 1 ҳуҷра мегузаронд, ҳоли сангине дошт.

Пешниҳоди кораш кардам. Барои нарасидан ба иззати нафсаш ба ҳамкорӣ даъваташ кардам. Медонистам, ки қалами хуби навиштан дорад, ҳарчанд шеър барояш муқаддамтар аз журналистика буд. 

Таронанигор ва драмматург

Бо чандин ҳайатҳои эҷодии театрҳо низ ҳамкориҳо мекард. Зеро оилаашро бо кам- камаке аз ҳар ҷо маош, яъне бо нӯги қалам, ки аз сӯзан ҳам камтар пул меовард, бояд таъмин мекард. Бо дастгирии дӯстон, бо навиштани сурудҳо барои ҳофизон, бо таҳрири шеърҳои нимшоирон рӯз мегузаронд. Ҳамоно шӯхӣ мекард, ҳаҷви аҷибе дошт. Ҳазли намакину қиссаҳои шаккаринаш маҳбубаш мекарданд дар ҳар идораву маҳфиле.

Барои ҳар як ҳамкорамон бадоҳатан шеъре эҷод мекарду барои ҳар ҳолате дар замон шеъре месуруд. Маҳфилорои маъракаҳо буд. 

Имшаб , баъди маргаш шунидам, ки ҳамин сол дар кадом гӯшаи шаҳр шояд бо дастгирии кадом ашхоси саховатманде соҳиби 1 ҳавличаи хурдакаке, ки акнун сарпаноҳи фарзандонаш хоҳад шуд, шуда будаасту орзу доштааст, ки дар он як кате бисозад ва ҳамаи дӯстонашро болои он зиёфате бидиҳад. Чи тасмиме... 

Охир ӯ барои соҳиби ин ҳавлии камбағалона гаштан 64 сол зист!!! 42 сол кор кард. Аммо ин орзуро ба хок бурд... 

Камбағалии аҳли эҷод ва бехонаву дар мурдани онҳо қиссаи нав нест.

Суоли матраҳ ин аст, ки тоҷик кай зиндагӣ мекунад? 

Охир умре камбағал зистан дар орзуи 1 бор ҳамаро сарҷамъ кардан, гирди хонат, рӯйи ҳавлият ва базми тараб оростан ба хотири одамон, ки эй мардум ман марди соҳибхона ҳастам, магар орзуи осмонист?

Акнун ин орзу дар само пар мезанад, то абад, зеро он амалӣ ногашта монд... 

Рӯҳат ором аст, дӯстам? Ту магар Маҳзун зода шуда будӣ ё Маҳзун мурдӣ?

Акнун ёдат ба хайр, ки дигарон дар роҳи ин сафаранд... Як - як...

Ва бо орзуҳое барои зери хок…

PS: Марг бар КОВИД!!!!!!!

Ковидро иммунитети баланд мекушад. Магар инсони нимсер дар ин набард ғолиб мешавад? Шахсияткуш ҳастӣ, ковид! Марги лоязили ҷонҳои пурдард...

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter