ХАБАРИ ДОҒ

Ҳукумати электронӣ: он шуморо ба ҳукумат наздик кард ё на?

  • Чоршанбе, Дек 02 2020

 

 

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои 2009-2010 нахустин дастурот ва тасмимҳои хешро барои роҳандозии ҳукумати электронӣ, ки ҳадафи асосиаш наздик кардани мақомотҳои давлативу маҳаллӣ, вазорату кумитаҳо ва сохтору идораҳои давлатӣ бо мардум аст, дода буд. 

Бархе аз ниҳодҳои давлатӣ дар тӯли ин 10 соли ахир тавонистанд сомонаҳои ҳирфаӣ таъсис додаву онро ба гардиш дароранд ва дастрасии мардумро осонтар кунанд. Вале қисме, алалхусус сомонаҳои расмии ҳукуматҳои шаҳру навоҳии мамлакат таъсис ёфта бошанд ҳам, то ҳанӯз дар хобанд-инро мо аз хабарҳои кӯҳнашудаи 2-3 сола мебинем, ки ҳоло ҳам иваз нашудаанд ва ё танҳо ба хотири дастури Ҳукумати ҶТ ташкил ёфта, дар ҳамон шакле, ки буданд, фаромӯш шудаанд. 

Ҷустуҷӯи акси чанд раиси наве, ки авохири ҳафтаи гузашта бо фармонҳои Президенти кишвар иваз карда шуданд, моро водор сохт, ки ба сомонаҳо ворид шуда, бо сатҳи фаъолнокӣ ва маълумотнокии онҳо рӯбарӯ шавем.

Хатлон: 5 сомонаи «мурда»-ву 3 раиси «кӯҳна»…

    Дар саҳифаи аслии МИҲД вилояти Хатлон дар бахши «сомонаҳо» суроғаи сомонаҳои ҳукуматҳои 25 шаҳру ноҳияи вилоят зикр ёфтаанд, ки бо 1 линк дилхоҳ нафар метавонад вориди сомонаи расмии ин ё он шаҳру ноҳия шавад. Мо ҳам ин корро кардем. 

Сомонаҳои МИҲД шаҳрҳои Бохтару Кӯлобу Норак ва ноҳияҳои Кӯшониёну Вахшу Данғара, Қубодиёну Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ҷ.Балхиву Мӯъминобод, Панҷу Ховалингу Н.Хусрав, н.Фархору Ш.Шоҳин ва Дӯстӣ фаъолтар ба назар мерасиданд-маълумот дар бораи раисон, аниқтараш тарҷумаи ҳолу телефону суроғаи тамос барои муроҷиаткунандагон дарҷ гашта буд. 

   Дар сомонаи МИҲД ш.Норак бо гузашти 10 рӯз аз иваз шудани раиси шаҳр, ному насаби Маликшо Неъматзода ва акси эшон ҳамчун раиси шаҳр мондааст. Ин ҳолро мо дар сомонаи МИҲД н.Балҷувон низ дидем, масъулони ш.Норакро фаҳмидан мумкин, шояд барқ несту натавонистанд тарҷумаи раисони наву кӯҳнаро ба зудӣ иваз намоянд, аммо дар сомонаи МИҲД н.Балҷувон ҳанӯз ҳам акс ва тарҷумаи ҳоли Махфират Зоирзода дар бахши раиси ноҳия истодаву раиса наздики 1 сол мешавад, ки ба ҳайси муовини раиси ин ноҳия кор карда истодааст.

 Раисони «сатрпӯш»-и Хатлонӣ

Сомонаи МИҲД ш.Леваканд боз намешавад, амсоли сомонаи расмии ноҳияҳои Темурмалику Вахшу Ҷайҳун, Хуросон, ки умуман дар фазои интернетӣ гум шудаанд. 

Дар сомонаи расмии МИҲД н.А.Ҷомӣ дар бораи раиси ноҳия-кисту чист умуман бахше ё хабаре нест. 

Дар сомонаи МИҲД н.Ёвон низ дар бораи раиси ноҳия ва акси ӯ бахши алоҳида вуҷуд надорад. Шояд раисони ин шаҳру ноҳия намехоҳанд, ки мардум дар бораи онҳо бештар бидонад.

Кӣ раисонро маҷбур кардааст, ки сурати зебои худро дар сайт нагузоранду паси сатри интернетӣ қарор гиранд? Ё аз раис шудан шарм мекунанд? Пас, марҳамат, ҷойро холӣ кунед. Ҳастанд афроде, ки ҷон-ҷон гуфта раис мешаванду аксашонро низ мегузоранд…

   Лозим ба таъкид аст, ки пас аз иваз шудани масъулони шуъбаи таҳлилӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД вилояти Хатлон сомонаи www.khatlon.tj хеле дигаргун, фаъол ва пурмӯҳтаво гардида, ҳамкорони мо дар ҳақиқат тавонистанд 1 сомонаи хуби иттилоотиро ҳам барои муроҷиаткунандагон ва ҳам барои кормандони воситаҳои ахбори омма муҳайё созанд. Он, ки чаро сомонаҳои бархе аз шаҳру ноҳияҳо «мурдаанд» бояд раисон ҷавобгӯ бошанд!

ВМКБ: 2 сомонаи «мурда»-ву 1 раиси «кӯҳна»…

   Суроғаи сомонаҳои 8 шаҳру ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар сомонаи www.badakhshon.tj дар бахши шаҳру ноҳияҳо дарҷ ёфтааст. Лозим ба ёдоварист, ки пас аз ба ҳайси раиси вилояти ВМКБ таъин гаштани Ёдгор Файзов ва тағийири аксарияти масъулони раёсату шуъбаҳо сомонаи МИҲД ВМКБ низ дигаргун ва айни замон ба маротиб фаъол ва пурхабар шудааст. Вале дигарон чӣ?

Нахуст мо ба сомонаи расмии МИҲД ш.Хоруғ ворид шудем, аммо онро пайдо накардем-нест ва ҷояш холист! Сомонаи расмии МИҲД н.Мурғоб низ «мурда» буд. Ва ин ҳам сомонаҳои калонтарин шаҳри вилоят ва калонтарин ноҳияи мамлакат, ки аҳамияти муҳими стратегӣ доранд…

   Сомонаҳои ҳукуматҳои ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон (беш аз ҳама фаъолтар), Роштқалъа, Ишкошим пайваста иваз шуда, маълумоти зиёд доштанд. Сомонаи МИҲД н.Ванҷ бошад милси сомонаи МИҲД н.Балҷувон ҳам «хоб»-у ҳам «мурда» асту аҷиб он, ки бо гузашти 2 соли иваз шудани раиси ноҳия дар ин сомона ҳанӯз ҳам Давлатбибӣ Раҷабова раиси ноҳияи мазкур муаррифӣ мешавад. Аз ин маълум аст, ки раиси нави ноҳия дар ин муддат боре ҳам сомонаи хешро нахондааст ё надидааст…ё шояд ӯ дар олами дигари виртуалисту бо фейк дар Фейс машғулу саргарм? Дарёфти ин муаммо 2х2 аст, вале агар дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ин муамморо равшан кардан хоҳанд…

Сомонаҳои фаъоли раштиву сомонаи «хоб»-и Файзобод

Сомонаҳои расмии ҳукуматҳои ноҳияҳои Рашту Нурободу Лахш низ ба назар фаъол менамуданд, сомонаҳои МИҲД н.Тоҷикобод ва ш.Роғунро натавонистем боз кунем, шояд мушкили техникӣ доштанд ё аз хоби гарон нахестаанд... 

 Сомонаи расмии МИҲД н.Файбозод бошад бо маънои томаш «мурда» буд, зеро охирин хабарро ба ин сомонаи 27.03.2020 гузоштаанду дар қисмати раиси ноҳия на акси Миралӣ Раҷабзода буду на тарҷумаи ҳолаш ва на тамос бо ӯ…

Воқеан ҳам ин марди худо ана ҳамингуна инкогнито аз кор рафту мардум акси зебояшро надиданд, ки надиданд…

1 чиро бояд ин ҷо зикр кард. Мегӯянд, баъзе раисон барои он сураташонро дар сайти ҳукуматӣ намегузоранд, ки аз онҳо дар сайту фейсбук дигарон корбаст накунанд. Аҷиб нест ин муаммо? Агар аз гунҷиш метарсед, пас чаро арзан мекоред? Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

НТМ: мушкил камтар аст!

   Сомонаҳои расмии ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аз он ҷумла шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисору Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб хеле фаъол ва пурмӯҳтаво буданд, ба ҷуз сомонаи МИҲД н.Рӯдакӣ. Сомонаи ин ноҳияи калонтарини тобеи марказро, ки пойтахти кишварро пурра иҳота кардааст, аввал бо мушкил пайдо намудем, вале пасон дидем, ки мӯҳтавои он ҳам қонеъкунанда нест. 

Воқеан ҳам раиси Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…яъне акси зебояшро нагузошт, ки нагузошт ва газетаҳо маҷбуран ҳамагӣ аз 1 сурати бобои эшон истифода мекарданду бас…

Ягона сомонае, ки дар баробари аксу тарҷумаи ҳоли раиси шаҳр, ҳатто муовинони сардорони шуъбаву раёсатҳоро бо рақамҳои телефонҳои корӣ гузоштааст, ин сомонаи МИҲД ш.Ваҳдат мебошад, ки ҳалолашон бод!!!

Суғд: маълумотҳо кӯҳнаанд…

   Дар сомонаи МИҲД вилояти Суғд маълумот дар бораи 18 шаҳру ноҳияи вилоят ҳаст, вале суроғаи сомонаҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ дарҷ наёфтаанду баъзе маълумотҳо умуман кӯҳнаанд. Алалхусус, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо раисон бори дуюму сеюм иваз шудаанд, аммо дар сомонаи www.sugd.tj акси кӯҳнаи раисони маъзули онҳо саҳифаи шаҳру ноҳияҳоро ҳанӯз ҳам зеб дода истодааст. Ва шояд маҳз ҳамин сабаб аст, ки мардум, хосса муроҷиаткунандагон, гоҳо ному насаб ва шахсияти раиси ноҳияро дар аризаҳои худ хато менависанд…

   Сомонаҳои МИҲД Ашту Бӯстон, Гулистону Хуҷанд, Деваштичу Зафаробод, Исфараю Конибодом, Ҷаббор Расулову Спитамен нисбатан фаъол буда, сомонаҳои шаҳрҳои Панҷакенту Истиқлол ва Истаравшан, ноҳияҳои Шаҳристону Айнӣ ё умуман кушода нашуданд ё ин ки мушкили фаннӣ дошта, дар бораи раисону муовинон ва шуъбаҳои тамос бо сокинон иттилое надоранд. 

 Бо гузашти 15 рӯз дар сомонаи МИҲД н.Деваштич ҳанӯз ҳам раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода муаррифӣ гашта, тавре дар боло гуфтем, боз ҳам  дар ин сомонаҳо мо натавонстем акси раисони нави ноҳияҳои Деваштич ва Шаҳристонро пайдо намоем. 

Киянд онҳо ва куҷоянд? 

Ягона сомонае, ки акси раиси шаҳрро саривақт иваз намудааст МИҲД Конибодом мебошад, ки аллакай акс ва тарҷумаи ҳоли Абдусалом Тухтасунзода-иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Конибодомро гузоштааст.

Мо пайгири мавзӯ ҳастем ва дафъаи дигар роҳҳои тамоси электрониро бо раисону шаҳру навоҳии кишвар баррасӣ хоҳем кард. 

Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!

PS: Сайтҳои таблиғотии …ТЭТ ҲНИ???

Воқеан ҳам агар ин муамморо нагӯям, гӯиё чизе нагуфта бошам: Дар аксарияти сайту сомонаҳои расмии шаҳру навоҳии кишвар дар бораи фаолияти ТЭТ ҲНИ онгуна сухану сӯҳбат меравад, ки дар бораи пешравиву созандагии ҳукуматҳои маҳаллӣ нест! Ба забони дигар «пиари сиёҳ-ҳамоно пиар аст!» ва аз рӯи нодонӣ ё тамбалӣ, ҳама сомонаҳои шаҳру навоҳии кишвар тӯли 1-2 соли ахир бо «черный пиар»-и кабириҳову ҳампаймононаш банданд. Кабирие, ки ба гуфтаи Бобои Ғулом «2 танга обрӯ надорад!», бо ин пиари сиёҳ шахсият шуда истодааст. Парадокс? Оре. Аммо факт!

Корро ёд гиред мӯҳтарам раисон ва ба сомонаҳои хеш таваҷҷӯҳи бештар намоед. Пиари Кабирӣ ба маъниест, ки фарзи мисол тамомии сомонаҳои расмии ҳукуматии аврупоиву амрикоӣ Бен Ладену Абубакри Бағдодиро реклом кунанд. Онҳо-ку намекунанд. Вале шумо чӣ? Сайтатонро варақ занед, охир????!!!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter