ХАБАРИ ДОҒ

 

Умед Мирзобеков, яке аз хонандагони доимии газетаи мардумии СССР аз н.Спитамен ба мо занг зада (тел. 908 78 62) гуфт, ки ман аз куллли кормандони газетаи СССР сипосгузорам, ки ҳамавора дар фикри мардуми оддианд. 

   Хусусан пайгирии авзоъи нарху навои маҳсулоти хӯрока дар бозорҳои пойтахт ба ман писанд омад. Нарху навои Душанбе дар ҳақиқат рӯ ба қимматӣ ниҳодааст. Дар ҳамин росто гуфтаниам, ки чаро ниҳодҳои давлатӣ барои поин овардани ин нарху наво кӯшише ба харҷ намедиҳанд. Албатта, ман медонам, ки мо дар давраи иқтисодӣ бозорӣ қарор дорем ва давлат наметавонад бо роҳи зурӣ нарху наворо танзим кунад. Аммо роҳҳои дигар низ вуҷуд доранд. Барои мисол давлат ба ҳайси як бозингари асосӣ метавонад худ вориди бозор шавад ва бо эҷоди рақобати солим, нархҳоро поин орад. Ин кор пеш аз ҳама ба нафъи худи давлат хоҳад буд. Чаро ки боварии шаҳрвандонро ҷалб намуда, забони бадгӯёнро мебандад. Хоҳиш мекунам газетаи СССР ин гуфтаҳои маро чоп кунед!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter