ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Ҷайҳун рав!

  • Чоршанбе, Дек 09 2020

 

 

  Шикоятҳои зиёди сокинон дар мавриди саҳми замину заминдорӣ, баровардани партов, мушкилоти рӯзмараи инфрасохторӣ моро водор сохт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта роҳ сӯи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангир) пеш гирем. Аз ин пештар чанд нафар аз мухлисон ва хонандагони доимии газетаи СССР аз н.Ҷайҳун навиштаву занг зада гуфта буданд, ки маркази н.Ҷайҳун имрӯз ба 1 партовгоҳи калоне мубаддал гашта, вазъ нигароникунанда аст. Ва мо низ сафарро ба ин ноҳия, ки аз лиҳози рушди кишоварзӣ ноҳияи №1-и вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, аз боздиди маркази шаҳрак оғоз кардем.

Партов дар кӯчаҳо камтар шудааст

   28.11.2020. Соат бо вақти Ҷайҳун 08:30 дақиқа. Шаҳрак ба ёдам маркази н.Деваштичро овард, ки шабеҳи ҳам будаанд. Шояд ин тарҳи замони шӯравӣ аст, ки нақшаи шаҳру ноҳияҳоро ба ҳам монанд мекашиду бунёд мекард? Маркази ноҳияро пурра гаштем, ба ҷуз кӯчаи беморхонаи марказӣ ва даромадгоҳи дигари боғи фарҳангиву фароғатӣ дигар дар ҷойе партов надидем. Рӯзи шанбе буд ва кормандони аксари сохтору идораҳои давлатӣ шанбегӣ доштанд. Аз он ҷумла духтурони ноҳиявӣ ва хуб мешуд агар онҳо паси панҷараи бинои хеш гузашта, партовҳои ҷамъшудаи рӯбарӯи даромадгоҳи худро низ мебардоштанд-охир мо кай интизор шавем, ки раиси ноҳия омада онро мебардорад?

   Абдулҳафиз Одиназода, раиси н.Ҷайҳун дар суҳбати ихтисосӣ бо мухбири газетаи СССР дар робита ба мушкили баровардани партов аз ноҳия гуфт, ки корхонаи хоҷагию коммуналӣ ва бахши партовкашонии он дар умум ягон техникаи дурусту лозима надорад. Новобаста аз чунини вазъ ҳар 2-3 рӯз трактор бо навбат ба кӯча баромада, партовро мебароранду дар баробари ин дар ҳар кӯча қуттиҳо гузошта шудаанд. Вале мо қуттӣ не, бакҳои холиро дар чанд нуқта дидем, ки пур аз партов буданд… 

Мушкили 1-замин нест…

   28.11.2020.  Соат бо вақти Ҷайҳун 09:30 дақиқа. Қабули шаҳрвандон аз ҷониби раис Абдулҳафиз Одиназода сар шуд. Беш аз 20 нафар сокинони ҷамоатҳои ноҳия ба қабул омада, агар гӯям, ки шикояти 99%-и онҳо аз саҳму замин буд, хато намекунам. Яке аз онҳо менолид, ки саҳмашро бародараш гирифтаву барнамегардонад, дигаре мехост, қитъаи замини додаро иваз намуда, ба маркази ноҳия наздиктар намоянд, сеюмӣ аз он мегуфт, ки саҳми заминашро ширкате ё бойбачае ба мисли ҳоҷӣ Ҳаким гирифтаву барнамегардонанд ва танҳо яке барои кӯмаки молиявӣ омада буду он ҳам билохира ба раис гуфт «заминам деҳ!»…

   Шарҳи ин мушкили замину саҳмдоронро пасон аз раиси ноҳия пурсидем. Зеро чанд муддат пеш Назира Алиева, раҳбари хоҷагии деҳқонии «Ализода»-и ин ноҳия ба редаксия аз он шикоят кард, ки заминҳои ободкардаву кишткардаашро ҶСП «Исмоили Сомонӣ» аз худ карданист. Абдулҳафиз Одиназода, ки таҷрибаи бойи корӣ дар ин соҳаро дошта, солҳои тӯлонӣ дар Кумитаи заминсозии ш.Душанбеву вилояти Хатлон кор кардааст, иброз дошт, ки масъалаи замин дар н.Ҷайҳун аз ҳад зиёд пурмоҷаро нест.

   - Аксари проблемаҳое, ки вобаста ба замину саҳмдоронанд ба солҳои 1997-2015 рост меоянд. Мардум заминро гирифтаву ҳуҷҷатҳоро саривақт омода накарда, ин ҳама сол кор карда гаштанд, аммо фикр накарданд, ки қонунгузорӣ ҳама чизро ҷобаҷо хоҳад кард. Қисми зиёди ин баҳсҳо судианд ва бояд дар додгоҳ ҳал шаванд!

Обу коррез

   Яке аз масъалаҳои дигаре, ки хеле муҳим ва ҳалталаб аст, ин дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва системаи обу коррез мебошад. Тавре Абдулҳафиз Одиназода дар суҳбати ихтисосӣ иброз дошт, системаи обу коррези ноҳия аз солҳои 1960-уми асри гузашта таҷдидро надида, аз хоку гилу партов пур шудааст. Барои таҷдиди ону таъмири хатҳои муҳандисӣ маблағи хеле зиёд лозим аст ва тибқи амалиёбии Нақшаи генералии маркази шаҳраки Ҷайҳун дар ояндаи наздик ин система тавассути лоиҳаи махсус, ки баровардани партовҳои сахти маиширо низ дар бар мегирад, ҳатман азнавсозӣ хоҳад гашт. Вале то он муддат бояд тоқат карду ҳисобро ёфт!

Кони лимӯву сабзӣ

Ҷайҳун аз лиҳози кишоварзӣ ноҳияи №1-и вилояти Хатлон буда, деҳқонони ноҳия, ки асосан мардуми аз Ғарму Файзободу Бадахшон дар замони шӯравӣ муҳоҷир шуда омадаро ташкил медиҳанд, метавонанд дар 1 сол то 4 маротиба ҳосил бигиранд. Таъминкунандаи асосии бозорҳои вилоят ва ҳатто пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ-сабзиву караму гулкарам, кадуву пиёзу помидор ва харбузаву тарбуз низ маҳз ҳамин ноҳия мебошад. Мутобиқи омори расмӣ 40% маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлонро ин ноҳия содир мекунад Ин аст, ки 1 халтаи 40-50 килоии сабзӣ дар сари роҳи Бохтар-Ҷайҳун 20-25 сомониро ташкил медиҳад. Бойигарии дигари кишоварзони ҷайҳунӣ лимӯ мебошад. Лимӯи сирф тоҷикӣ, ки соле то 6000 тонна ҳосил дода, нисфи зиёди он ба Россия содирот мешавад ва даромади хубе ҳам дорад. Нархи лимӯ 5-7 сомонӣ сари ҳар килое! Аҷаб серҳосилӣ ва баракат!

Ку, соҳибкорони ҷайҳунӣ?

   Тавре ба мухбири мо Абдулҳафиз Одиназода иттилоъ дод, мутобиқи нақша бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар н.Ҷайҳун бунёди 294 иншоот тарҳрезӣ шуда, то моҳи ноябри соли ҷорӣ 250 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор ва 85% нақшаи иҷро гаштааст. Мо аз раис ва роҳбари дастгоҳи эшон рӯйхати соҳибкоронеро, ки омодагии хушро барои саҳм гузоштан дар рушду пешрафти ноҳия пурсидем. Абдулҳафиз Одиназода, таъкид кард, ки соҳибкорони ҷайҳунӣ ҳатто барои бунёди объектҳои шахсиашон гарданғафсӣ мекунанд, ҳоло чӣ истад ба иншооти ҳаётан муҳиме, ки  барои истифодаи мардум равона шудаанд. 

   «- Ин коратон эффект нахоҳад дод, зеро ин мардум (манзураш соҳибкорон) намекунанд…!»- бо таассуф гуфт раис. 

   Мо пайгири ин мавзу ҳастем ва ҳатман бо соҳибкорони «гарданғафс»-и ҷайҳунӣ аз наздик ошно хоҳем шуд, зеро соҳибкоре, ки дар ин майдони ҷӯшу хурӯш дар паҳлуи ҳукумат набошад, пас ин ҳама кору бор ва кару фараш ба кӣ лозим!? Мо метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Душанбе-Ҷайҳун-Душанбе,

28.11.2020

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter