ХАБАРИ ДОҒ

Қатъи муҳоҷират, набуди барқ, нархи гарон ва дуздӣ...

  • Чоршанбе, Дек 09 2020

 

Имрӯзҳо расонаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ҳатто мардуми оддӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз гарон шудани нархи маҳсулот дар бозорҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Мутахассисони гуногун ҳам тариқи ТВ ва ВАО мегӯянд, ки фалону беҳмадон маҳсулоти хӯрока қаммат шуда истодааст, аммо касе аз паёмадҳои манфии ин падида ҳарфе намезанад. Яке аз паёмадҳои манфии қиматӣ, ба андешаи бархе мутахассисон афзоиши ҷиноят ва бахусус дуздӣ мебошад. Зеро тавре дар урфият мегӯянд:

-Гушна ба шер мезанад... ё худ, ки Гурги гушна аз чӯпон натарсад...

Ба гуфти коршиносон сабаби афзоиши дуздиву авбошӣ ва ғорати мардуми оддӣ маҳз нархҳои гарон ва қиматии бозор шудан доранд, ки масъулин бояд аз паёмади он биандешанд!

 Телефонро, кӣ дуздид? Ман!!!

Медонед хонандаи азиз чи моро барои навиштани ин матлаб водор сохт? Нигаронии мардуми камбағали бечора. Маҳз ин мардуми бечора имрӯз дар гурӯҳи риск қарор гирифтаанд. Аз ҷумла апаи Матлуба, модаре, ки дар идораи газетаи Ҷавонони Тоҷикистон ва газетаи СССР фарроши мекунад, рафта тариқи “Алиф сармоя” телефони 1250 сомонаро бо нархи 1 600 сомонӣ бо шакли кредит харидорӣ намуд. Дар аввал хело хурсанд буд, ки соҳиби телефони нав шудаасту оҳиста-оҳиста пулашро месупорад. Вале!!!

30.11.2020. Соат ба вақти Душанбе 09:08 дақиқа.  Ба кор омадаму ин модар (фаррош)-и бечора бо чашми пур аз об гуфт, ки телефонамро аз кисаи духтарам дуздидаанд. Каме дилбардориаш кардам ва гуфтам, ки апаҷон зиқ нашавед, муҳим саломатист, дигар ҳамааш нағз мешаваду моли дунё пайдо мегардад. Лекин ин бечора бо 100 умед телефон харида буд ва аламовараш дар он аст, ки ҳоло боз 6 моҳи дигар маблағи телефони гумшударо бояд бипардозад.

Гову гӯсфандро ким бурд? Ман!

01.12.2020. Соат ба вақти СССР 08:17 дақиқа. Нафаре омада, бонги изтироб зад, караул!!! Молҳоямонро медузданд. Маълум шуд, ки дуздии молу гови мардум дар деҳот рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Барои мисол, мо ба якчанд деҳаҳои дурдасти кишвар сафари хидматӣ доштем ва чанд нафар аз сокинони он деҳот аз гум шудани чорвои хонагиашон ба мо қисса карданд. Баъзе аз ин бечораҳо дар хонааҳояшон 2-3 гӯсфанд доштаанд, ки тамоми зиндагиашон ба онҳо бастагӣ дошт. Аммо дар 1 шаб аз ҳама дороиашон маҳрум гардиданд. Вақте субҳ баланд мешаванд, мебинанд, ки дари оғил боз асту аз гусфандон дараке не. Инчунин ба гуфти ин сокинон, мурғу дигар ҳайвоноти хонагиро низ дуздида истодаанд. Дар манотиқи кӯҳӣ бошад, аз фермаҳо ҳолатҳои дуздии чорвои ҷамъиятӣ  рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Чанд маврид аз ин дуздиро дар ТВ низ намоиш дода буданд.

Балонҳои мошинро кӣ бурд? Ман!!!

25.11.2020. Соат ба вақти Душанбе 07:09 дақиқа. Шаҳрванд Тоир Шарипов ҳангоми аз хона баромадан мебинад, мошинашро, ки тамғаи KEMRУ-5 буд, 3 балонаш нест. Зарари умумии ба шаҳрванд Тоир Шарипов расонидашуда, 9 000 сомониро ташшкил дод. Ана акнун хонандаи азиз худатон қазоват кунед, ки мардум то чӣ дараҷа маҷбур шудаанд, ки ба чунин кор даст зананд. Аҷибаш ин аст, ки ҳодисаи мазкур дар назди шуъбаи корҳои дохилӣ рӯх додааст. Айни замон нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шудаву кофтукоб идома дорад, мегӯяд ҷабрдида Шарипов. Ва чунин ҳолатҳои дуздӣ вақтҳои охир бениҳоят зиёд гардидаанд. 

Дуздон низ бекору гуруснаанд охир!

Албтта мақомоти дахлдор вазифаи худро иҷро мекунад ва бештари ҳолатҳои дуздӣ дар пойтахт ва навоҳии гирду атрофи он ошкор мегарданд. Аммо барои пирӯзии комил бо ин амали номатлуб бояд решаҳои ин падидаро ошкор кард ва сабаби аслиашро муайян. Шояд бештари онҳо аз сахтии рӯзгор даст ба ин амали номатлуб мезананд? Охир ҳамон дузди бечора низ дар хона кудаконаш гурусна ва барои хариди маҳсулот ба мағоза мераваду нархи 100 сомонаи равғанро дида сарашро дард мегирад. Сипас мебинад, ки роҳ ба сӯи муҳоҷират баста шудааст ва дар кишвар ҷойи кор пайдо карда наметавонад. Баъдан маҷбур шуда, ба дуздӣ даст мезанад. Дар натиҷа ӯро дасгир намуда, зиндонӣ мекунанд ва зану кӯдаконаш дар кӯча мемонад.

Дуздро касе, ҳатто Худо тарафдор нест. Дузд дузд асту ҷои дузд дар зиндон. Ёд оред, Жиглови маъруфро:

-Вор должен сидет в тьюрме!

Вале дар ҳар сурат, масъулин бояд талош кунанд, ки барои мардуми ба Русия роҳашон баста, ҷои коре ёбанд! Мқомотву мутасаддиён мӯҳри хомӯшӣ ба лаб ниҳода, чизе намегӯянд, мардумро бошад ҳар рӯз овозаҳо нигарон кардаанд. Мисоли оддӣ, 1 моҳ мешавад, ки дар чандин ноҳияҳо барқ нест, лекин то ҳол лимитро эълон накардаанд ва мардум ҳар рӯз бо нафрати зиёд ба рӯзноманигорон нисбати барқ ва нархи гарон савол медиҳанд. Ҳатто аксарияташон дод задаву мегӯянд, ки чаро шумо журналистон дар ин масъала хомӯшеду чизе намегӯед. Ин торикиҳо низ сабаби афзоиши дуздӣ шудаанд. Фикр доранд, журналистон нозири минтақавӣ ё ҳокими барқанд!

Мо боварӣ дорем, ин рӯзҳои сахт мегузаранд, чаро ки мардуми мо рӯзҳои аз ин ҳам вазнинтаррро пушти сар кардаанд ва бо сарбаландӣ аз онҳо берун омадаанд. Танҳо бояд каме сабр кард. Мо Метавонем. 

                                                                                      Шералӣ Давлатов, СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter