ХАБАРИ ДОҒ

Кӯри Восит узви Фронти халқӣ набуд!

  • Чоршанбе, Дек 09 2020

 

 Салом СССР-и азиз! Чанд шумора пеш 1 хоҳар бо номи Саёҳат Абдуллозода, ки пасон фаҳмидам муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Ёвон будааст, дар бораи қатли Кароматуллои Қурбон, ситораи санъати тоҷик матлабе навишт. Саёҳат аз хотироти давраи хурдсолии хеш ба ёд оварда, таъкид медорад, ки қотили сароянда Кӯри Восит (Абдувосит Самадов) будааст, ки ба гуруҳи ҷинояткорони Фронти халқӣ роҳбарӣ мекард...

   Ман ин матлабро хонда, ба баъзе аз нуқтаҳояш розӣ шуда наметавонам, зеро бо шоҳидони ин ҳодиса борҳо суҳбат кардаву аз баъзе ҷузъиёташ хабар дорам. Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки Кӯри Восит узви Фронти халқӣ набуд ва барои ин далел ҳам дорам:

- Кӯри Восит баръакс гумоштаи ифротгароёни он солҳо, ки ба тозагӣ ба фаъолияти худ шуруъ карда, зери сояи ҲНИ-ҳизби наҳзат пинҳон шуда, даст ба ҷинояткориву қатлу куштор ва одамдуздӣ мекарданд, буд. Ба ғайр аз қатли Кароматулло Қурбон ӯ ва ҳамдастонаш боз дар куштори садҳо нафар одамони бегуноҳ даст доранд Вале ба масале онҳо 1 муллои наҳзатиро низ накуштанд. Аҷиб наменамояд?.

Ба забони дигар гӯем, Кӯри Восит зери сояи гӯиё Фронти халқии Ёвон корҳое мекард, ки обрӯи мардуми Ёвон ва горди халқии онро, ки ба дифоъи Ҳукумати Конститутсионӣ бархеста буданд, дар назди мардуми дигар манотиқ резонад!

Маҳз бо куштори Кароматуллои Қурбон ин фурӯхташудаи ТЭТ ҲНИ дастаи қотили Ризвонро Содировро сӯи Ёвон кашид ва ба ҷанги гражданӣ шиддат бахшид. Ҳам Ризвон ва ҳам Кӯри Восит коре карданд (бо маслаҳати пешакӣ), то мардуми Ёвон комилан ба ҷанг дароянд ва хунрезӣ авҷ гирад. Ана ҳамин моҷарои Воситу Ризвон ва қатли Ситораи Рахшонтарини эстрадаи Тоҷик-Кароматуллои Қурбон, агар хонанда аҳамият дода бошад, дар филми Хиёнат басо ҷолиб роҳандозӣ шудааст.

   Хоҳари гиромӣ Саёҳат Абдуллозода! Шумо, ки намояндаи ҲХДТ дар н.Ёвон ҳастед бояд аз мо хубтару беҳтар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон ва душманони миллатро донед, хосса онҳоеро, ки дар Фронти халқӣ барои пойдории сохти конститутсионӣ меҷангиданд. Кӯри Восит барин зархаридони исломист баръакс ба хотири рахна задани сулҳу субботе, ки ба осонӣ ба даст наомад, мекӯшиданд. 

Ва боз 1 факти хеле ҷолиби дигар: падари Кароматуллои Қурбон барои хунбаҳои писараш силоҳ гирифта бар зидди…оппозитсияи ҲНИ ба ҷанг баромад. Агар Кароматуллоро на бо амри ҲНИ мекуштанд, магар падари он раҳматӣ, ки худ милисаи касбӣ буд, аз ин огоҳ намешуд ва оё зидди Фроонти халқӣ намеҷангид?

Зимнан хоҳарам, аввал андеша баъд гуфтор гуфтаанд. Ба вежа, ки Шумои азиз пешбарандаи сиёсати Ҳукумати конститутсионӣ дар н. Ёвонед, бояд фикр карда, сипас ҷонфидоёни Фронти халқии Ёвонро, ки ҷону саломатии худро дар майдонҳои набард гузоштаанд, то мову шумо тинҷу осуда зиндагонӣ кунем, сияҳу сафед кунед.

Душманону патриотҳоро хубтар бишносед! Мо метавонем!

Диловар Самадов, 

н.Ёвон

 

Бори дигар дар бораи Кӯри Воситу Ризвон

Аз редаксия: Воқеан ҳам, қатли Кароматуллои Қурбон дар соли 1992 таҳрикдиҳандаи ҷанг шуд. Имрӯз мақомоти амниятӣ собит кардаанд, ки Абдувосит Самадов зери ливои озодихоҳӣ аслан агенти ТЭТ ҲНИТ будааст. Воқеан ҳам чунин агентҳои дупогона дар ун даврон кам набуданд ва бо пулу молу маноли кишварҳои хориҷии дуру наздик (ҳоло 100% собит шудааст, ки таҳрикдиҳандаи аслии ин ҷанг Эрони охундӣ буд) дар 2 фронт ва бо 2 погон меҷангиданд. 

Чеҳраҳои маъруфтарини таҳрикдиҳандаи ин ҷанг ҳамоно Кӯри Восит, Ризвон Содиров, Шайхи Сатттор, Талаб-Кузнетс, Шайх-Камол, Одинамадча, Шӯҳрат Олимов, Усто-Қадам, Қурбон Зардаков, Рустами Абдураҳим, Ғаффор-седой, Раҳмони Гитлер, Таваккал Мансуров, Ҷомӣ, Деҳқон, Мулло Ғаффор ва ғ. боқӣ мемонанд.

Вале имрӯз мо сари Кӯри Восит сӯҳбат мекунем, ки чигуна оташи ҷангро бо қатли Шахсияти тамоман бегуноҳ аланга андохта буд. Матлабро ҳатман хонед. Мо Метавонем!

Хроникаи 1 қатл

Соли 1992 Кароматуллоҳи Қурбон, аз хушномтарин ромишгарони тоҷики асри 20 дар синни ҳамагӣ 30-солагӣ кушта шуд. Қатли сароянда ва аъзои гурӯҳи ҳунарии ӯ дар тирамоҳи с.1992 аз ҷонсӯзтарин саҳифаҳои таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин хунёгар вақте кушта шуд, ки ҳамагӣ 30 сол дошт...

Анархия дар Ёвон

Дар моҳҳои апрел-декабри соли 1992 Ёвон ба ноҳияи транзитӣ табдил ёфта буд. Гурӯҳҳои қонунию мухолифин ба воситаи роҳи мошингарди Душанбе-Ёвон, Орҷоникидзеобод-Ёвон, Норак-Ёвон, Куйбишев-Ёвон омада, ба 4 тараф мерафтанд. Бе қарори комиҷроия дар назди деҳаҳои Қӯймот, Фурқат, Даҳана постгоҳҳои шабонарӯзӣ ташкил шуда, ба омаду рафти одамону мошинҳо “ихтиёриён” назорат мекарданд. Аз моҳи июн сар карда, дар ҳудуди ноҳия дастаҳои ғайриқонунӣ даст ба куштори одамон заданд. Метавон гуфт, тӯли чанд моҳе, ки ҳукуматро фалаҷ карда, Раҳмон Набиев ба Хуҷанд фирор кард, дар Ёвон, чун дар аксари шаҳру навоҳии кишвар анархия ҳукмрон шуд. Дигар зимоми зиндагониву аҷал дар дасти одами силоҳдор буд...

“Деҳқон” чаро Кароматуллоро Ёвон бурд?

17.10.1992. Тошохӯр. Ёвон. Кароматуллоҳ бо гурӯҳи ҳунариаш ба н.Ёвон омад. Ӯро бо ваъдаи таъмини амнияти ҷону танаш Аслонбек Нуров, мулаққаб ба «Деҳқон»-сокини бонуфузи Ёвон ба ин тӯй овард. То ҳанӯз Деҳқон расман ин рафторашро фош накардааст, ки бо пешниҳод ё тавсияи КӢ Кароматуллоро ба мавзеъе бурд, ки бӯи хун мекард!!! Гурӯҳи ҳунарманд дар Тошохӯр то соати 4-и бегоҳ ҳунарнамоӣ кард. Азбаски дар роҳу ҷодаҳо гурӯҳҳои гуногуни мусаллаҳ пайдо шудаву вазъ ноором буд, бисёриҳо кӯшиш мекарданд, ки ҳанӯз то расидани шом худро ба ягон ҷои амн бирасонанд.

 Аммо Сулаймон Султонов-сокини дигари ноҳия, ки низ мехост 3 писарашро хатна кунад, хоҳиш дошт, то дар тӯйи фарзандонаш фақат Кароматуллоҳ «хидмат» намояд. Бо вуҷуди неву нестони Кароматуллоҳи Қурбон ва аъзои дастааш, «Деҳқон» бо ҳамон ваъдаи таъмини амнияти ҷону тани онҳо дар байн даромада, онҳоро барои хидмат дар тӯйи Сулаймон ба шаҳраки Спутник бурд. Тӯйи фарзандони Султонов тақрибан то соати 10-и шаб давом кард. Бо забони дигар Деҳқон талош намуд, ки пардаи шаб фаро расад…

Шаби хунин

17.10.1992. Соат ба вақти Ёвон 22:00 дақиқа. Ҳунармандонро соҳиби тӯй Султонов, Сафар Холов ва Сӯҳроб Носиров-2 тан аз муҳофизони «Деҳқон», барандаи тӯй-журналист Таваккал Файзуллоев ҳамроҳӣ карданд. Таваҷҷӯҳ кун, хонанда, Аслонбек Нуров-он же Деҳқон бо онҳо нарафт!

Нуқра Шералиева, ҳамсари Сулаймон Султонов: «Он шаб баъди рафтани мошинҳо мо чанд садои тири автомату таркишро шунидем. Дигар барқро кушта, то саҳар мунтазир шиштем. Субҳ омада, гуфтанд, ки Кароматуллоҳро куштаанд. Шавҳари ман ҳам дигар барнагашт...».

Тафтишот баъдан маълум кард, ки аъзои гурӯҳи Кароматулло ва ҳамроҳони онҳоро ҳамон шаб дар посгоҳи Даҳана силоҳбадастони Абдувосит Самадов, ки бо номи «Кӯри Восит» маъруф буд, аз мошинҳояшон поин карда, бо дашному таҳқир ба ҳунармандон дарафтодаанд, ки «мо ин ҷо хун мерезем, вале шумо тӯй ба тӯй кайфу сафо карда мегардед». 

Ин силоҳбадастон 11 тан, аз ҷумла, Кароматуллоро дар пушти тарабхонаи «Саёҳат» бурда паронданд. Аз миёни онҳо танҳо ба 1 нафар-Рустам Алимов муяссар шуд, ки гурезад ва худро бо азобе ба Душанбе расонда, фоҷиаи талхро ба мардум бирасонад.

Делои №8624

Иқтибос: «шаби 17 ба 18.10.1992, соати тақрибан 22:00, Абувосит Самадов (Восит) бо гурӯҳи худ дар ситоди воқеъ дар деҳаи Облошаки ноҳияи Ёвон қарор дошт. Онҳо қарор карданд, ки рафта, посгоҳи деҳаи Даҳанаро тафтиш кунанд. Ӯ бо ҷангиёнаш А.Урунов, А.Султонов (Красавчик), Б.Раҳимов (Бек), М.Кенҷаев (Малыш), М.Назаров (Махсуми Мадӣ), дар маҷмӯъ 14 нафар ба посгоҳ омаданд, ки гӯё ба фармондеҳи гвардияи худмуҳофизатии ноҳияи Ёвон Файзихон Холов ёрӣ расонанд. Дар ин посгоҳ боз 15 узви Гвардия қарор доштанд. Ҳамчунин дар вагончаи ҳамсоя кормандони ШКД н.Ёвон-4 нафар навбатдорӣ мекарданд. 

То омадани гурӯҳи Восит милисаҳо аллакай маст буданд, чунки дар наздикиҳо тарабхонае буд. Восит ва фармондеҳи гвардия Холов низ ба вагонча даромада, ба нӯшидан сар карданд. 

 Соати тақрибан 23 ба ин посгоҳ 2 мошин омад: ВАЗ 21-06, рақами давлатиаш О 05-47 ДБ, ки онро Сулаймон Султонов идора мекард, И.Ҳайдаров ва С.Холов ҳам буданд, ҳамчунин мошини УАЗ 3303, рақами давлатиаш 26-92 ДБЛ, ки дар он Кароматулло Қурбонов, бародари хурдиаш Н.Қурбонов, навозандагон Ф.Низомутдинов, А.Сафоев, Б.Бобоҷонов, Р.Алимов (коргардони садо), Д.Комилова (раққоса), ронанда Ҷ.Бобоёров ва гуселкунандаҳо С.Носиров ва Т.Файзуллoев буданд.

Р.Алимов, танҳо узви гурӯҳи Кароматуллоҳ, ки он шаби пурфоҷиа ҷон ба саломат бурд, баъдан ба расонаҳо гуфт:

«Болои ҷасадҳои ба замин афтода боз ҳам тир холӣ мекарданд. Сипас «боевик»-ҳо ба мошини соҳиби тӯй Сулаймон наздик шуданд. Ӯ мехост Воситро ором кунад, мегуфт, ки «ман бачаи ҳаминҷоям». Вале ин ба «боевик»-ҷо таъсир надошт ва ҳарсеро куштанд. Сипас навбати раққоса расид. Ӯро «боевик» бо лақаби «Малыш» 15 метр дуртар бурд ва аз Калашников 2 тираш зад»…

Дар ҷустуҷӯи ҷасади писар

18.10.1992. Аз ин дида фоҷеае ҳаст, ки падари пир бо чашмони пуробу дили ғамбор барои дарёфти ҷасади писари ягонаи офоқаш барояд? Шоҳиде дар ин бора қисса карда буд, ки «Рӯзи дигар, диққати мардуми башӯромадаи ноҳияи Ленинро мошини сабукрави «Жигули» бо сардори ШКД-Ҳамза Холмӯминов ва 4 нафар ҳамроҳонаш, ҷалб намуд. Маълум шуд, ки 1 нафари онҳо падари марҳум Кароматулло будааст. Ӯ бо чашмони ашколуд ва дили дарднок хоҳиш мекард, ки ҷасади писарашро дар куҷое ва дар кадом ҳолате бошад, ба ӯ баргардонанд...»

 Раиси комиҷроияи ноҳия Қ.Азизов ваъда дод, ки ҳамаи чораҳоро мебинад ва 12 нафар шаҳидро меёбад. Ҷасадҳоро баъди 2 рӯз аз ҳавзи партобҳои корхонаи кимиёвии Ёвон пайдо ва 19 октябр ба соҳибонашон доданд…

Ҷои қатли Булбули Шарқ

Ҳоло дар дидбонгоҳи деҳаи Даҳана ба ҷойи 2 вагон, ки дар гузашта ҷойи кори милисаҳо буд, 1 бинои дуошёна қомат афрохтааст ва шуъбачаи умури дохилӣ амал мекунад. Муҳаммадлатиф Тағоев бо ишора ба девори сангии рӯ ба рӯи бинои умури дохилӣ гуфт, ҳамин ҷо Кароматуллоҳ ва гурӯҳашро паррондаанд. Дар бархе аз ин сангҳо нишони тир то ҳанӯз ҳам аз он ҳаводиси мудҳиш шаҳодат медиҳанд. 

 

Шаҳрзоди Амин

Махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter