ХАБАРИ ДОҒ

Шералӣ Кабир Чубайси Тоҷик мешавад???

  • Чоршанбе, Дек 16 2020

 

 

СССР аз рӯзи аввали таъиноти яке аз чеҳраҳои шинохташудаи саноатӣ дар ҶТ, Шералӣ Олимович Кабиров (Шералӣ Кабир) дар симмати Вазири саноат  ва технология ҳадс зад, ки ШОЯД дар кишвари мо варианти Чубайси маҳаллӣ роҳандозӣ гардад. Зеро воқеан ҳам Шералӣ Кабир ба масале «ҷавонмарди сер» асту ниёз ба ришвату фасод надорад. Ӯ нафарест, ки дар тӯли 2 даҳсолаи ахир тавонист яке аз самтҳои муҳими саноат-Корхонаи Алюминиюмро пеш барад.

Маҳз талошҳои фардии ӯ буд (нақши калидии Шахсиятро рад накунед!), ки ин корхона бо ҳама душманиву адовати Ислом Каримов аз фаолият намонд ва новобаста аз талошҳои Олег Дерипаска-«Шоҳбаччаи алюминийи Кремл» дар Тоҷикистон боқӣ монд ва моликияти миллӣ эълон шуд. 

Мутаассуф дар бораи вазири пешини саноат ин суханҳоро гуфтан наметавон, зеро аксарият медонанд, ки ӯ шахси тасодуфӣ дар ин симмат буд. Вале Кабир чӣ коре карда метавонад дар ин вазорат? Суол риторикист…

 

Чубайс ва интихоботи Трамп

Дар соли 2011, аккурат, 10 сол пеш, бо амри вежаи Путин В.В. Анатолий Борисович Чубайс, раиси РосНано (Российские нанотехнологии) таъин гардид. Ин таъинот дар ҳоле буд, ки коррупсия ва фасоду ришваситонӣ миёни саноати муосир ва нанотехнологии Русияро шикаста буданд. Кремл, дар пешорӯи ҷанги сарди саввум қарор дошт ва бояд нафаре сари кор меомад, ки ба масали мардумӣ «буҷилакаш пур мебуд», яъне ниёз ба дуздиву ришват надошта бошад. Дар даврони салтанати Чубайс Русия ба бисёр пешравиҳои нано дучор гардид. Кор то ҷое расид, ки маҳз дар ҳамин даврони Анатолий Борисович, хакерҳои урус  ҳатто дар интихоботи президентии Амрико комгор шудаву тибқи даҳу садҳо доноси СРУ ва хадамоти ҷосусии хориҷӣ трамплини сунъӣ сохтаву Трампро президенти ИМА интихоб карданд!!!

 

5 дастоварди 1 Чубайс

Русия, табиист, ин Трампоманияро инкор кард. Ва аммо биёед сари пешравиҳои Чубайсе ҳарф занем, ки қаблан дар Русия чун «авбоши давлатӣ»-прихвазиатор ном дошт...

1.Роснано дар тӯли 7 соли аввали фаолият, дар соли 2018, аллакай 100% худкифо шудаву рӯиҳамрафта, ба Ҳукумати федеролӣ 0,5 миллиард рубл фоида овард. 

2.Роснано дар 11 шаҳр маркази тибби ядроӣ таъсис дода, беш аз 100 ҳазор нафарро аз саратону бод (рак) шифо бахшид. Ба ин бахши тилоии медисина 15 млрд рубл инвеститсия (аз ҷӯраҳои серу пури Чубайс) ҷалб гардид;

3.Роснано ва ширкати чувашии HEVEL (аз калимаи чувашии Офтоб) дар соҳаи энергетикаи офтобӣ ва бодӣ дар ҷаҳон ба ҷои 1 баромад (Чубайс худаш аз қавми чуваш аст!);

4.Роснано дар 3 шаҳри бузург истеҳсоли генераторҳои ГЭС-ҳои барқи бодӣ (шамолӣ)-ро роҳандозӣ кард;

5.Роснано аз ҳама соҳаи рушдёфтаи кишвар гардида, даромадаш 14,3% аз ҳаҷми маҳсулоти умумирусиро ташкил дод. 

 

Бачаи никоҳии Чубайс-нанотехнология

Дар ҷамъ соҳаи Нанотехноложии Русия, ки онро «бачаи Чубайс» мехонанд, аз тамоми дигар соҳоти саноат дар ҷиҳати рушд ва даромад, пештар гузаштааст. Аксарият бар назаранд, ки бурди соҳа маҳз дар Шахсияти худи сардораш нуҳуфтааст, ки чуноне дар боло ишора шуд «сер, ки ҳаст» соҳаро рушд мебахшад. Албатта, ин ба маъние нест, ки Чубайс аслан парвои даромад ва сармоя надорад. Баракс. Дар замони муосир хеле гаранг бояд буд, ки дар фикри даромаду сарват нагаштаву чун даврони люмпен-пролетариат дар андешаи инқилоби оламгир ва озодиву баробарии алтруистӣ барои тамоми ҷаҳон гардиву мисли Сталин баъди марг аз кисаи костюми давлатиат ҳамагӣ 3 сомонӣ ёбанду сипас рӯятро сиёҳу сафед созанд…

Чубайс миллиардер аст! Зимнан бизнеси худро низ дорад. Вале Русияро такони нав бахшид…

 

Шералӣ ҳам «подарка» нест…

 Шералӣ Кабир низ яке аз Шахсиятҳои сарватманди кишвар аст ва ин муаммои пӯшида нест. Ва аммо ӯ сармояашро рӯи шарафу виждон ғун кардааст. Дар Тоҷикистони пасошӯравӣ, ки чун дар 15 республикаи дигари советӣ, тарбияти антисармоя доранд, сарватмандро хуш намекунанд. Вале воқеият ин аст, ки мо дар олами капитал ба сар мебарему сарватманд шудан, ҷои айбу шарм нест. Танҳо 1 факт, ки Шералӣ Кабир яке аз сармоягузорони калидии 30-солагии Истиқлолият асту дар Кӯлобу Турсунзода ободкориҳо намудаву Дарвоз-ватани падарияшро ҷаннати Бадахшонӣ ва ангуштнамои афғонҳои ҳамсоя кардааст, кофист, ки роҷеъ ба ӯ чун ба метсенат ҳарф занем. Ҳалолаш бод. Метавонад!

 

Вале аммо лекин

Мутаассуф бо ин ҳама пештозӣ ва ҷонибдорӣ аз нанотехнология дар бораи ин нафар дар расонаҳои интернетӣ тақрибан инфо нест! Бошад ҳам, хело кам ва барои 1 шахси калидии саноатӣ хеле нокифоя. Ва ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон мехоҳад дар симои Кабир ба оламиён нишон диҳад, ки 1 давлати замонавӣ ва муосир аст. Шояд ин дефитсити факту далел ба шантажу ҳангомаи 3-4 хоини евро-муллоӣ бастагӣ доранд, ки на танҳо Шералӣ Кабир, ки аксарияти чиновникҳои мо аз онҳо ҳазар доранд? Набояд чунин бошад, зеро, «Аз гунҷишк тарсӣ, арзан накор!» гуфтаанд!…

 

Навоварии №1

Бо ба сари кор омадани Шералӣ Кабир, аллакай, 1 навоварӣ дар Вазорати саноат  ва технологияҳои нави ҶТ роҳандозӣ шуд. Тавассути сайти интернетии ijozatnoma.tj соҳибкорон ва ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ҳамакнун метавонанд соҳиби муҷаввиз шаванд! Бе пора, бе сӯҳбати фардӣ, бе навбатпоиву бе пурсу поси инфиродӣ…

Ин дар ҳолест, ки барои дарёфти чунин иҷозатнома, бояд дари собиқ вазирро соҳибкорон охӯрча мекарданду…Худо маро бубахшад, ун вазир ҳаргиз ба доди саноатчиён намерасид (мерасид иваз намешуд!). Ва агар вазири собиқ ба навиштаи ман эрод мегирад, бо факту далел, дар шумораи баъдӣ бо ун кас баҳс хоҳам кард. Мо Метавонем!

Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳамакнун, бо пешниҳоди Шералӣ Кабир, барои 8 намуди фаъолият муҷаввизи виртуолӣ медиҳад, агар фаолияти ширкату соҳибкорон бар нафъи кор буда бошад. Фарзи мисол, барои истеҳсол ва фурӯши машрубот, маҳсулоти тамоку ва истеҳсоли металҳои ранга…Вале ин ҳам охири кор нест…

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!!!

М. Мубориз

Махсус барои СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter