ХАБАРИ ДОҒ

Ба ҳамааш хурӯс гунаҳкор!!!

  • Чоршанбе, Дек 16 2020

 

 

 Фурӯшандагони тухми мурғ мегӯянд, нарх корхонаҳои парандапарварӣ гарон кардаанду онҳо рӯи 1 дона тухм 3-5 дирам монда савдо мекунанд. Агар ин тавр аст, пас инҷо суоле пеш меояд, ки чаро ин гуна нархгузории худсаронаи корхонаҳои парандапарвариро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ намебинад? Ҳоло он, ки 99% корхонаҳо дар давраи пандемия аз андоз ва боҷҳои гумрукии воридоти хӯроки паранда озод буда, аз дигар имтиёзҳои давлатӣ низ бархӯрдоранд!!! Ва ё шояд ХУРӮСҳо худро ба касал зада, бюллетен рафтаанд?

Ҳафтае пеш мухбирони газета дар 2 бозори калонтарини пойтахт-КВД «Бозори «Саховат» ва КВД «Бозори «Деҳқон» рейд гузаронида, бо нарху навои маҳсулоти ниёзи мардум ошно гаштанд. Мо кӯшиш намудем омилҳои қиматшавии нархи равғану шакар ва тухмро, ки қариб, хӯроки асосии ҳар 1 оилаи тоҷик аст, аз савдогарон ва масъулин пурсем. Воқеан ҳам чаро 2 моҳи охир нархи равғани офтобпараст, шакару ширу тухм ба маротиб боло рафту касе аз ниҳодҳои марбута то ба ҳол омилу сабабҳои онро ба харидорон шарҳ надодааст? Ё, маъзарат, раисону вазирон тухму ширчой намехӯранд, ки аз вазъи бади мардум парвое надоранд?!

 

Шакарро Покистон манъ кард

   Меҳроҷиддин Наимов, 1 тан аз фурӯшандагони шакар дар бозори КВД «Бозори «Саховат» мегӯяд, яке аз сабабҳои асосии гарон шудани нархи шакар дар он аст, ки давлати Покистон содироти шакарро ба хотири таъминоти худ манъ кардааст.

   - Бубинед, то ин дам 70% шакари бозорҳои моро шакари покистонӣ ташкил медод. Шакари покистонӣ арзонтар ворид шуда, мо низ ба болои он ҳамагӣ 15-20 дирам монда мефурӯхтем. Бо сабаби авҷу хуруҷи бемории коронавирус ва таъминоти мардуму захираи лозима давлати Покистон сар аз моҳи сентябр содироти шакарро манъ кард ва он дигар ба Тоҷикистон ворид нашуда истодааст. Ба ғайр аз ин воридоти шакар аз Россияву Украина ва Беларус низ ба маротиб коҳиш ёфт, зеро ба хотири пандемия имсол касе дар саҳро кор накарду лаблабуи шакар низ ҳосили хуб надод. Аз ин лиҳоз, ин кишварҳо содироти маҳсулотро ба хориҷа, аз он ҷумла Тоҷикистон манъ карданд ва ё бо нархи гарон меоранд, - гуфт тоҷир.

 

Офтобпараст ҳосил надод…

   Вобаста ба сабабҳои гароншавии равғани офтобпараст, аз он ҷумла навъҳои машҳури «Олейна», «Корона изобилия», «Злата» бошад аз равғанфурӯшони КВД «Бозори «Деҳқон» пурсидем. Онҳо низ сабаби асосиро дар ҳосили ками имсолаи ин навъи зироат ва манъи содироташ мебинанд.

   - Имсол кишоварзони русу беларус қариб кор накарданд-ҳама дар карантин буд. Ин аст, ки офтобпараст ҳосили хуб надод ва ба хотири таъмини сокинони ин 2 кишвар, ки воридкунандаи асосии равғани офтобпараст ба Тоҷикистон буданд, содироташон манъ шуд. Ман шахсан худам 2 ҳафта шуд равғани «Олейна»-ро аз намояндаи ин ширкат қабул намекунам, чунки нархи яклухтфурӯшиаш гарон шудаву ман ҳам маҷбурам рӯи он боз 2-3 сомонӣ гузорам. Равғани 5 литраи «Олейна»-и 105 сомонаро кӣ мехарад? Нархи равғанҳои 5 литраи намуди дигар ҳамин ҳоло аз 75 то 85 сомонӣ аст, - таъкид медорад Билолиддин Раҷабов, фурӯшандаи равған дар бозори КВД «Бозори «Деҳқон».

   Равғанфурӯшон мегӯянд, ки ба ғайр аз Россия ва Беларус аз Озарбойҷон низ равған оварда, онро пасон дар Душанбе ба қуттиҳо рехта, ба фурӯш мебароранд, ки то ҳадде нархи бозорро нигоҳ медошт, ҳоло бошад равғани озарӣ ҳам наомада истодааст…

 

Тухми тоҷик ба қирғиз?

   Дар баробари шакару равған нархи тухми мурғи тоҷикӣ низ дар 1 моҳи ахир ба маротиб гарон шуда, аз 70 дирам то ба 1,4 сомонӣ барои 1 дона баромад. Тоҷирон мегӯянд, ки сабаби асосии ин гаронӣ дар он аст, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли ҷорӣ тоҷирон онро тонна-тонна ба ҷумҳурии ҳамсоя-Қирғизистон кашонданд. Вақте масъулин аз ин огоҳ шуданд, алакай нисфи нақшаи истеҳсоли тухми мурғ дар моҳи сентябр-октябр ба Қирғизистон содирот шуда буд. Пас аз ин содироти тухмро ба хориҷ аз кишвар манъ карданд, вале ин боиси ҳаёҳӯй ва қиматшавии нарх гардид.  Соҳибони корхонаҳои парандапарварӣ, ки сафашон ҳафта ба ҳафта меафзояд-инро мо тариқи гузоришҳои ҳамарӯзаи ахбори ТВ мебинем, аз гарон шудани қимати хӯроки мурғ меноланду аз болоравии қурби доллар. 

   Фурӯшандагони тухми мурғ мегӯянд, ки нархи тухмро худи корхонаҳои парандапарварӣ гарон кардаанду онҳо рӯи 1 дона тухм 3-5 дирам монда савдо мекунанд. Агар ин тавр аст, пас инҷо суоле пеш меояд, ки ҷавобашро касе ба мо шарҳ надод: чаро ин гуна нархгузории худсаронаи корхонаҳои парандапарвариро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ намебинад? Ҳол он, ки 99% корхонаҳо дар давраи пандемия аз андоз ва боҷҳои гумрукии воридоти хӯроки паранда озод буда, аз дигар имтиёзҳои давлатӣ бархӯрдоранд!!!

 

Аниқ…дот барои мавзӯъ

23.11.2020. Соат ба вақти Душанбе 16:24 дақиқа. Бозори Саховати ш. Кӯлоб. Харидор:

-Апа тухм чанд сӯм?

Фурӯшанда:

-1 сомониву 40 дирам.

Харидор:

-Апа, мегум, пеш аз тухм кардан ба мурғонат «ёугрт» мехӯронӣ???

 

Хадамоти зиддиинҳисорӣ барҳам хӯрад!

   Абдумаҷид Мӯъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ зимни суханронии ахири хеш дар Парлумони кишвар вобаста ба болоравии нархи тухм гуфт, сабаб омилҳои беруна аст, вале маҳз кадом сабабҳо мушаххас накард. Шояд ӯ қурби асъори доллари ИМА-ро дар назар дошт? Аммо танзими нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалия вазифаи ҷонии ин ниҳод асту бо чунин вазъи нархи бозор мо харидорон фаъолияти ин ниҳодро умуман намебинем. Агар Хадамоти мазкур сар аз раису муовинону мутахассисонаш дуруст кор мекарданд, нарх дар бозорҳои кишвар то ин ҳад боло намерафт.

   Масъалаи нарху навои бозор ва фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ борҳо дар саҳифаҳои газетаи мардумӣ мавриди интиқоди хонандагон қарор гирифта буд. Вале на Абдумаҷид Мӯминзод ва на муовинони эшон бар хилофи Фармони №622 боре ҳам ба редаксия на вокуниш карданду на ҷавоб! Оё замоне нарасидааст, ки чунин ниҳоде, ки аз ӯҳдаи кор намебарояд барҳам дода шуда, функсияҳои онро ягон раёсати нави наздик ба ОБХСС ва ё Прокуратураи генералии мамлакат иҷро намояд!? Мисол мехоҳед масъулон!? 1 маротиба ба ҷойи ронандаатон худатон ба бозор баромада харид кунед!

 

Доллар гунаҳкор?

   Новобаста аз арзу шикояти пайвастаи мардум нарх боз ҳам рӯ ба боло ниҳодаву сохторҳои назоратӣ дар ин самт хомӯшанд. Боло рафтани қурби асъори доллари ИМА баҳонаву дастаки ҳамешагӣ барои фурӯшандагону соҳибкорон шудаву дар баробари орду равған, шакару тухми мурғ, макарону чой, гулкараму сабзиву кабудиро низ «доллар қимат шудааст!»-гӯён гарон кардаанд. Мо одат кардаем ҳар чи шуд гӯем айби доллар!!! Вале қурби доллар дар дигар кишварҳо низ гоҳо пасту баланд мешавад, масалан дар Русия, ки 20 сол шуд дар инзивоъ ё худ сангари иқтисодӣ қарор дорад, вале чун танзими дурусти нарх ҳаст, харидор ҳеҷ гоҳ онро эҳсос намекунад. Лек чун мо на танзим дорему на назорат, айбро ба сари доллар мепартоему мегардем аз минбарҳои боло баромад карда…

Мо пайгири мавзӯъ ҳастем.

 

Ҷамилаи Мақсуд, СССР 

Аз редаксия: Газетаи мардумӣ дар шароити бад шудани нарху наво ва афзоиши нороҳатии мардум аз ҳукумат дархост дорад, ки амре содир намояд, то ҳамарӯза вазирон, раисон, мансабдорон…ҳар кадоме худашон ё ақаллан занашон бозор раванду аз бозорҳо маҳсулоти ниёзи аввалия харид кунанд!!! Шояд дар ин маврид онҳо аз вазъи воқеии кишвар огаҳ мешаванд???

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter