ХАБАРИ ДОҒ

 

Аз СССР: Боре дар бораи иззати устоду шогирд дар соҳаи журналистика сӯҳбат тафсид. Таври маълум, имрӯз ҳар оқилаке, ки 2-3 матлаби каҷу фач менависад, худро нофи замин мепиндорад. Ба вежа дар замони дастовардҳои нанотехнологии муосир, ки дару тирезаҳои ҳарзагӯӣ ба рӯи ба ном «журналистони ҷавон» боз асту имконият фаровон. Ин «мышкабадастон» (садқаи номи қалам шаванд!) дигар на пир доранду на табдир, на устоду на мударрис. Ҳамаро ҳақорат медиҳанд, тӯҳмат мезананд, дашному сақат мефиристанд…

Хулласи калом, дар ана ҳамин вазъ, устоди сухан ва пири журналистони Тоҷик, Ҳабибулло Ёров 1 қиссаи риққатбор, вале созанда роҷеъ ба устодашон дар даврони советӣ нақл карданд. Сардабири газетаи мардумӣ онро шунида, устодро «сахт» гирифт, то ҳатман дар ин бора нависанд, то шояд дарси ибрат барои ҷавонони навқалам шавад. Худ хондаву хулоса бароред. Мо Метавонем!

 

Дар редаксияи «Тоҷикистони Советӣ» бачаҳои навкорро калонсолтарҳо аз устод Маҳмадаминов метарсонданд. Нимшӯхиву нимҷиддӣ таъкид мекарданд, ки эҳтиёт шавед, мабодо ба дафтарчаи қайдҳои Маҳмадаминов наафтед!

Ин таъкид мо – ҷавонҳоро бисёр эҳтиёткор гардонда буд. Рӯзи кориро бо тамоми қоидаҳояш риоя мекардем, шӯхӣ намекардем, одоби муоширатро нисбат ба калонсолон сахт риоя мекардем. Ҳатто дар лаҳзаҳои машғули кор буданамон, агар ягон нафар калонсолтаре аз мухбирон ё ягон мудири шуъба дарояд, аз ҷой мехестем, ки мабодо ба дафтарчаи қайдҳои раиси иттифоқи касабаи редаксия, мудири шуъбаи сохтмони Советӣ рафиқ Маҳмадаминов афтида намонем. Бахусус ман баъди ҷанҷоли «Брежнеб»-у «се тонна қоғаз», ки аз шуъбаи ахбор ба шуъбаи сохтмони Советӣ гузашта будаму устод Турсун Маҳмадаминов мудири шуъба буданд, хеле эҳтиёт мекардам: бо телефон фақат барои кори редаксия занг мезадам, ҳар рӯз 1 соат пеш аз ҳама меомадаму пас аз ҳама мерафтам. Мабодо ягон нафар аз навбатдорони тозафикр касал шавад, ё касе дар сафари хизматӣ бошад ё кадомашон ба рухсатии меҳнатӣ равад, ман бо вуҷуди он ки як ё ду рӯз пештар навбатдор будам, бо аввалин хоҳиши котибот ба ҷойи ходими набудагӣ боз навбатдор меистодам. Баъзан се бор ҳам дар як ҳафта навбатдор мешудаму ба ҷои он ки рӯзи дигараш бояд пас аз пешин ба кор биёям, боз пагоҳирӯзӣ пеш аз ҳама ба редаксия расида меомадам.

Ман ин ҳама «гапгиракӣ»-ҳоямро аз рӯйи таъкиди баъзеҳо, аз тарси устод Маҳмадаминов мекардам, вале боре устод пурсиданд:

 – Ту дар як ҳафта чанд бор навбатдор меистӣ? Ва интизори ҷавоб нашуда, таъкид карданд, ки ин хел мумкин нест, бачам, навбатдории пайиҳам чашмро хаста мекунад, баъд хато гузаштанаш мумкин. Ин як коллективи калон аст, қариб сад нафар коргар дорад. Баъзеҳо худро ба муттаҳамӣ зада, моҳе нест, ки бо баҳонае се-чор рӯз варақаи беморӣ нагиранд. Баъзеҳо дар ду моҳ ҳам навбатдор намеистанд, вале очерку мақолаву сармақолаҳояшон аз саҳифаҳои газета канда нест. Ту кафили ҳама нестӣ-ку, бачам. Ба ҷойи навбатдории баҳудаю беҳуда ба кори эҷодӣ машғул шав…

 

Хатти сурхи устод Маҳмадаминов

Пас аз ин суҳбат, – бало зад корро, ман ҳатман ба дафтарчаи устод афтодам, – аз дил гузаронидам. Ва минбаъд, ҳар вақте ки ходими котибот рӯйхати ҳафтаинаи навбатдориро ба шуъбаҳо тақсим мекард, устод ба зери фамилияи ман ва рӯзи навбатдориям як хати дарози сурх мекашиданд. Ин чунин маъно дошт, ки ман аз хати кашидаи устод берун набароям. Тааҷҷубовар он буд, ки котибот ҳам аз рӯйхат берун дигар манро ба ҷойи «набудагӣ»-ҳо барои навбатдорӣ хоҳиш намекарду таваҷҷуҳи устод ба ман бештар гардида буд. Эҳсос менамудам, ки оҳиста-оҳиста ин таваҷҷуҳи устод ба меҳри падаронае табдил меёфту дар дили ман ҷойи тарсу ҳароси «наафтидан ба дафтарчаи Маҳмадаминов»-ро меҳру самимияти хосе нисбат ба устод мегирифт.

Акнун дар редаксия гоҳ-гоҳе гап-гапи он мерафт, ки «ҳамин бача хеши Маҳмадаминов барин. Аз чанголи сахти муовини аввали муҳаррир халос карда, ба шуъбаи худаш гирифт. Таърифаш ҳам мекунад, ки бисёр боодобу меҳнатдӯст, босавод, оянда муҳаррири газета ҳам шуданаш мумкин!»

Устод баъдҳо манро бо худ ҳатто ба таоми нисфирӯзӣ мебурдагӣ шуданд ва бо он олуфтагие, ки доштанд, ошхонаҳои серодаму пурмағали ҳолати тозагиашон беҳ набударо намеписандиданд. Бинобар ин, мо аз растаи мобайни чинорҳои навниҳоли хиёбони марказии шаҳр, ки он замон номи Ленинро дошт, аз редаксия – аввали кӯчаи «Орҷоникидзе»–ҳоло «Бохтар»,(наздики бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон – ҳоло телевизиони «Сафина»), то ресторани «Помир», ки дар наздикии Театри опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ буд, қадамзанон мерафтему меомадем. Дар ин роҳпаймоиҳо устод ҳамеша аз хотироту дидаву шунидаҳояшон қиссаву ҳикояҳои аҷоиб мекарданд. Ин қиссаҳо аз ҳаёти ятимии худ, аз рӯзгорони деҳаҳои ноободи кӯҳистони баъди Инқилоби Октябр, ки устод худашон ҳамсоли ин инқилоб буданд, аз ҳаёти сангину гуруснагиҳои дар ятимхонаҳо гузаронидаашон, аз давраҳои пуршӯри дар НКВД кор кардану хизмати сангини дар ақибгоҳи фронт, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамчун намояндаи ваколатдори бахши амнияти НКВД, дар сарҳадоти байни Тоҷикистону Афғонистон анҷомдодаашон буданд.

 

«Секрети устод»

Ман  боре сабаби хуб набудани саломатиашонро пурсидам. Устод дар ҷавоб аз як ҳодисаи фавқулодаи замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл карданд:

 – Ин гапҳо аз «секрет» баромаданд, бачам. Бо вуҷуди ин, ман аввалин бор ба ту нақл мекунам. Ин воқеа тирамоҳи соли 1943 рух дода буд…

Вақти тангии ҷанг буд. Урдуи фашистони Гитлерӣ дар паҳлӯи Кремл меистод. Қувваҳои аксулинқилобӣ, ки ба думравии амири гурезаи Бухоро – Олимхони манғиттабор дар Афғонистон, наздик ба сарҳадоти ҷанубии Тоҷикистон, ҷамъ омада буданд, интизори амри эмиссарҳои хориҷиашон фурсати муносиб мепоиданд, ки аз қисмати Айвоҷ то ба  Чубек, якбора аз чанд ҷой ба мамлакати мо зада дароянд. Ман он вақт ҳамчун ваколатдори фаврии бахши амнияти НКВД вобастаи сарҳадоти ин мавзеъ будаму бо агентураҳои дар дохили Афғонистон ҷойгиршуда кор мебурдам. Яке аз агентҳои ниҳоят боарзишу махфии мо, ки дар дохили қувваҳои амири гуреза ҳамчун одами худии онҳо ва шахси боэътимоди амир  фаъолият мебурд, ҳафтае як бор шабона робитачиашро бо маълумотҳои барои мо зарурӣ ба қисмати сарҳадӣ, ба ҷойи шартан муайяншуда мефиристоду аз ин тараф дастури махсус барои фаъолияти минбаъда мегирифт. Ҷою макони муайяншуда, рамз, вақт ва симои робитачиро танҳо ман медонистаму халос. Дар мавриди мабодо ба алоқа омада натавонистани робитачӣ, як шаб дар миён «сеанс» такрор мешуд, танҳо  барои эҳтиёт бо фарқияти ду соат пештар ё баъдтар. 

Дар яке аз чунин шабҳои сарди охирҳои тирамоҳ робитачӣ наомаду ман то дамидани субҳ, дар туғайзори қариб то ба зону об, зери борони сим-сим интизорӣ кашидам. Пагоҳаш пас аз пешин тамоми вуҷудам ба сӯзиш даромаду табам баланд шуд. Манро фавран дар ҷойи махсуси аз назарҳо пинҳон бистарӣ карда, як нафар духтури ботаҷрибаро, ки миллаташ рус буд, бароям вобаста намуданд. Вай аз сари бистарам як лаҳза ҳам дур намешуд. Пас аз ҳар ним соат набзу таби манро месанҷиду дору мехӯронд. Баъди ҳар се соат як бор аз кафи по то тахтапуштамро бо спирт молиш медод. Пайваста шири гарми сӯзон менӯшонид. Гӯшти дампази консервашуда, ки дам ба дам онро гарм карда меовард, бо гиёҳчой ҳамеша тайёр буд. 

Ба наздам танҳо сардори ОГПУ-и минтақаи сарҳадӣ–марди қоматбаланди хушсимои беларус, амаки Саша медаромад. Вай манро баъди фориғ гардиданам аз хонаи ятимон ҷудо карда, – ту акнун писархонди ман мешавӣ, – гуфта буду  пас аз дарси махсуси шашмоҳа ба кори ОГПУ ҷалб намуд. Ман бо вуҷуди он ки рутбаи низомӣ доштам, ҳамеша  бо либоси муқаррарии ғайринизомӣ мегаштам. Амаки Саша бо либоси низомӣ гаштани манро ба куллӣ манъ карда буд. Худи ӯро ҳам дар сарҳад низомиён фақат «сеюм» мегуфтанду ғайринизомиён – амаки Саша. Ному фамиляаашро касе ба забон намеовард.  

– Ту, писарам, набояд худро ошкор созӣ, – гӯён манро бисёр эҳтиёт мекард. Баъдтар фаҳмидам, ки амаки Саша ҳамсару писари сесолаашро дар рӯзҳои аввали ҷанг, ҳангоми ба минтақаи бехавф кӯчонидан, дар поезд зери бомбаборони самолётҳои қиркунандаи немис, аз даст дода будааст. Шояд барои ҳамин ба мани намакхӯрдаи дари ятимхонаи Советӣ таваҷҷуҳ дошту ҳамеша «писарам» гуфта, меҳрубонӣ ҳам мекард. 

Дар табобатҷойи махсус, медонистам, ки манро дар як шабу як рӯз ба ҳар воситае ҳам набошад, ба пой хезондаву ба «сеанс»-и навбатӣ бо робитачӣ фиристоданианд, ки марказ бесаброна интизори маълумоти тозае аз он тарафи сарҳад буд. Ба ҳамин хотир аз тамоми доруву дармон истифода мекарданд, вале манро аз доруву дармон дида, бештар нигоҳҳои умедворонаи амаки Саша, ки дар фикри қатъ нагардидани алоқа бо робитачӣ хуни дил мехӯрд, қувват мебахшиданд…

Мо бо устод суҳбаткунон аллакай ба назди редаксия расида будем. Шояд устод аз нигоҳи ман пай бурданд, ки ман интизори давоми қисса ҳастам, аз пиёдараҳа ба тарафи идора нагашта, қадаммониашонро ба сӯйи Иттифоқи нависандагон, ки дар бинои дигари паҳлӯи мо – дар кӯчаи «Орҷоникидзе» буд, идома доданд.

 

Шикасти охирин умеди Амир Олимхони манғит

– Хулоса, ман ба пой хеста, ба  вохӯрии навбатӣ рафтам, – ба фикрам қиссаро кӯтоҳ карда, гуфтанд устод. – Маълумоти муҳим ба марказ дастрас гардид. Гурӯҳи пешгарди сарсупурдаҳои амири манғиттабор пас аз се рӯз, ҳангоми аз сарҳад гузаштан, қисме ба даст афтодаву қисме нобуд карда шуданд. Хоинони аз ватан рондашуда чун  донистанд, ки сарҳади Тоҷикистон мустаҳкам асту мо аз ҳар як нақшаву нияти онҳо хуб огаҳем, ҷуръати ҳуҷум карданро аз даст доданд. 

Пас аз андаке вазъият дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ тағйир ёфт. Армияи Советӣ то ба охири ҷанг бартариро дар даст дошту ғалабаи халқи Советиро бар фашшизми Гитлерӣ таъмин кард. Ҳамин тавр, интизории охирин амири  манғиттабори Бухоро бо сарбозони аз ватан рондашудааш, дар хусуси таслим шудани Маскав, пуч баромада умеди охиринашон ҳам барбод рафт. Ман сазовори рутбаи навбатӣ шудам, вале ду шаби дар туғайзор то ба зону дар обу зери борон истодан, гурдаҳоямро аз кор бароварданд. Мутаассифона, он айём имкону вақти табобати пурра гирифтан набуд. Баъдҳо, вақте ки шароит муҳайё шуд, имкони ба пуррагӣ барқарор кардани солимии гурдаҳо аз даст рафта буд. Аз ин рӯ, пас аз чанде бо сабаби мувофиқат накардани саломатӣ, аз сохтори махфӣ ба кори рӯзноманигорӣ гузаштам. Инак, ҳар сол барои табобати ройгон ба санаторияҳо мефиристанд. Шукр, бо ҳамин аҳвол ба панҷоҳу панҷ даромадам.

 – Ана, барои чӣ баъзеҳо аз устод ҳазар мекардаанд, ҳарчи ҳам набошад, собиқ корманди сохтори махфӣ-ку, – аз дил гузаронидам ва бо устод пасопеш ба шуъба даромадем. 

Исо Раҳиму Ихтиёрова аллакай дар паси мизҳояшон машғули кор буданд. Ман фавран аз оби барои чой гузоштаи онҳо, ки ҷӯшида меистод, бо омехтаи гиёҳҳои гуногун чой дам карда, ба назди ҳар кас дар пиёла ё дулчаи (стакани) худаш рехта мондам. Устод қабл аз он ки даст ба пиёлаи чой баранд, аз бордони мизашон дафтарчаи кабудчатоберо бароварда, ба вай ба қадри як ҷумла чизе навиштанд. Баъд онро ба ҷояш гузошта, пиёларо ба даст гирифтанд. Барои ман бисёр аҷиб буд, ки устод дар ин китобчаи «ҳамабинашон» чӣ қайде гузошта бошанд…

Вақте ки манро ба ходимии шуъбаи сохтмони Советӣ гузарониданд, устод Маҳмадаминов ҳамагӣ панҷоҳу чорсола буданд. Қаду қомати навчаву аз миёна баландашонро тарзи либоспӯшии олуфта, ки одатан қариб дар ҳама фасли сол костюмҳои сиёҳи напанав бо куртаи сафеди оҳариву галстуки сиёҳи ситорадор дар тан доштанд, аҷаб салобате медоданд. Мӯйи мошубиринҷу ғафси ба қафо шоназада ва абрувони сиёҳ рӯйи пурраву сафеди устодро хеле нуронӣ гардонида буданд. Мутаассифона, устодро дарди доимии гурда азият медод. Бинобар ин, фақат таомҳои парҳезӣ тановул мекарданд. Дар ресторан  барои худашон борщу котлети буғӣ барин таомҳои сабук фармоиш дода, барои ман кабоб ё гӯштбирён, питӣ ё лағмон барин таомҳои лазиз мефармуданд, вале ҳисобиро ҳар дафъа, худи устод мекарданд. Дар ивазаш ман ҳар пагоҳ як сӯм сарф карда, ду дона нони гарми даҳтина, як қуттӣ қаймоқи ситина,  саду бист грамм қанди сафед ба даҳ тин ва чор дона «булочка»-и шаштина харида, дар шонздаҳ тини бақияаш чор дона «абонимент»-и троллейбус мегирифтам. Устод ҳамеша бо дили наҳор ба редаксия барвақт меомаданд. То омаданашон чой ҳам тайёр мешуд…

 

Падари маънавӣ

Муносибати ману устод аз мудиру ходим дида, оҳиста-оҳиста ба падару фарзанд шабеҳ мегардид. Хусусан, вақте ки ҳамсари устод Мария Николаевна боре ба редаксия омада, манро  дида, ба ҳайрат афтод.

 – Ту ин ҷо чӣ мекунӣ, писарам? – гуфт.

Устод  гоҳ ба ману гоҳ ба ҳамсарашон нигариста, – Мария, ту ӯро аз куҷо мешиносӣ? – гӯён пурсиданд.

 – Аз институт, ин кас шогирди дӯстдоштаам, Ёров, – гуфт муаллима, ки дар Институти педагогӣ ба зергурӯҳи мо дарси амалии забони русӣ мегузаронд. – Бисёр бачаи боодоб, аҳлу фаъол буд. Ман ӯро ҳамеша «писарам» мегуфтам.

 – Акнун писарамон, – устод ба ман ишора намуда, ба ҳамсараш гуфт. 

Ман ин тасодуфро тӯҳфаи тақдир пиндоштам, ки зану шавҳар яке устоди донишгоҳияму дигаре устоди касбу кору роҳи эҷодиям шуданд. Пас аз ин тасодуф ман ба устод Маҳмадаминов бештар наздик шудаму устод ҳам бо ман сахт унс гирифтаву меҳр бастанд. Акнун ман ҳам як узви хонадони ин ду устодам гардида будам. Хусусан, вақте фаҳмидам, ки онҳо фарзанд надоранд, вуҷудамро як ҳисси шафқат нисбат ба эшон фаро гирифт.

Устод вақтҳои охир бо беморие, ки доштанд, дар идора кам менишастанд. Ҳис мекардам, бештар ба хотири дидани ман ба редаксия меоянд, дар ҳоле ки дар табобат буданду варақаи беморӣ ҳам доштанд.

 – Муаллим, шумо ташвиш накашед, ману акаи Абдулҳамид (Абдулҳамид Воҳидов дар назар аст) кори шуъбаро уҳда карда метавонем. Шумо ба ҳузур табобат гиред, мо худамон ба диданатон ҳар рӯз меравем, – гуфтам боре.

 – Бачам, кош аҷал амон тияду туро ба сафи партия қабул кунонда, ба ҷоям мудир мемондам, орзуи охиронам ҳамин…

Дидам, ки чашмони устод об гирифтанду руй ба ҷониби тиреза карданд. Ман барои таскини устод он лаҳза чизе гуфта натавонистам, зеро гулӯям аллакай ғурбат гирифта, оби дида ба нӯги миҷа хамида буд…

 

Аризаи охирин…

Вале тавре мегӯянд, умр вафо накард. Саломатии устод рӯз то рӯз бад мешуд. Ниҳоят, ариза навишта, бо сабаби беморӣ ба нафақа рафтанашонро хоҳиш намуданд. Бо вуҷуди он ки ман ҳар рӯз ё пагоҳӣ пеш аз кор ё бегоҳ баъди кор ба дидорбинии устод мерафтам, ҳафтае ду бор ба редаксия меомаданд. Мо бо ҳам дар ин рӯзҳо қадамзанон боз ба «ресторан»-и дӯстдоштаамон мерафтему устод барои ман таомҳои лазизу барои худашон акнун танҳо як стакан лимӯчой мефармуданду халос.

 – Мария дар ошхонаю «ресторан»-ҳо хӯрок хӯрдани манро манъ кардагӣ, – мегуфтанд. Дар чунин рӯзҳо ман устодро то хонаашон, ки дар  бинои сари гардиши чорроҳаи «вокзали роҳи оҳан – аэропорт», дар шафати мағозаи он замон машҳури «Олами кӯдакон» ҷойгир буд, ҳамроҳӣ мекардам. Гоҳ-гоҳе дар рӯзҳои истироҳат майли «ҳавохӯрӣ» мекарданд ва таъкид менамуданд, ки «Штирлетс»-ро ҳам бо худат гир». 

Рафиқи даврони донишҷӯиям, ҷавони хушқаду қомати зебо ва шӯху ширингуфтор Муродалӣ Бобораҳматов, ки корманди Вазорати маориф буду ба редаксия бисёр меомад, ба устод ҳам писанд афтида буд. Чеҳрааш ба актёри машҳур Вячеслав Тихонов, монанд буд, ки он замон бо нақши Штирлетс дар филми «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор», аз рӯйи асари ҳамноми Юлиан Семёнов бозидааш дар дунё  шӯҳрат ёфта буд.

Мо – се нафар, бо мошини шахсии ман, ки бо дахолати устод чанд моҳе қабл ба воситаи Иттифоқи журналистон гирифта будам, гоҳ ба ҷониби Варзобу гоҳ ба Қаратоғ ва гоҳе ҳам ба саёҳати Явроз мерафтем.

 

Тӯҳфаи охирин

Боре устод бо телефон манро ба хонаашон даъват намуда, хоҳиш карданд, ки бо мошинам зуд биёям. Ташвиш шуда, ман ҳам дар чанд дақиқа расида рафтам.

 – Мо ҳамроҳи янгаат ба хулосае омадем, ки ҳама китобҳои тоҷикии китобхонаи шахсиамонро ба ту тӯҳфа кунем. Ман дардмандам, пагоҳ мувофиқи тавсияи духтурҳо ба беморхона хобиданам даркор. Худо медонад, ки аз он ҷо ман сиҳату саломат бармегардам ё не. Ин китобҳо ба янгаат ҳам даркор намешаванд… 

Табъам бисёр хира шуду устодро таскин додан хостам, вале дилбардории ман ба устод дар бораи он ки «Худо хоҳад боз ба хона бармегардаду боз ба сайру саёҳат ҳамроҳи «Штирлетс» якҷоя меравем», мисли оне буд, ки кӯдакро бо ваъдаи ширине мефиребанд. 

Устод табассуми ширине карда,- ба ҳар ҳол ман ин китобҳоро кайҳо боз нияти ба ту тӯҳфа кардан доштам,- гуфтанд ва боз илова карданд: «Ана, ин китобчаи қайдҳо ҳам азони ту!».

Ана, ҳамин тавр, як мошин китоби устод бо он дафтарчаи қайдҳояш, ки аз афтодани номашон ба он ҷавононро баъзе «солортар»-ҳои редаксия метарсониданд, бароям хотира монданд.

Дар беморхонаи марказии Қарияи Боло устод чанд муддат бистарӣ буданд. Ба аёдаташ ҳар рӯз мерафтам. Рӯзе пагоҳии барвақт хоҳиш намуданд, ки ришашонро тарошида, нохунҳояшонро ба тартиб биёрам.

- Бегоҳ, баъд аз кор ҳатман ин хоҳишатонро иҷро мекунам, устод,- гуфтам.

Бо шарики даврони донишҷӯиям Муродалӣ – «Штирлетс» маслиҳат карда, бо алмосу қайчӣ ва дигар васоити зарурӣ пас аз кор ба назди устод рафтем. Рӯйи ҷойгаҳ нишасту ришу нохунҳои устодро ба тартиб овардем. Устод ба чашмонам нигариста, чизе гуфтан мехостанд, вале истиҳола мекарданд.

- Устод, бе истиҳола гуфтан гиред, боз чӣ хизмат кунем?

Ниҳоят ҳамин қадар гуфтанд, ки «бачам, мо алҳамдуллиллоҳ мусулмонем, баданамон бояд тоза бошад…».

Ҳис кардам, ки чӣ мехоҳанд. Дари палатаро баста, хоҳиши охирини устодро ба ҷо овардем... 

Он бегоҳ то бевақтӣ ҳамроҳашон нишастем. Баъд янга омаду устод моро дуо доданд. Хайрухуш карда,- пагоҳ меоем,- гуфтам.

Устод бо меҳр ба мо нигариста,- беворисӣ сахт будааст, вале шукр, ки туро дорам, бачам,- гуфтанд.

Мо аз наздашон баромадем, ба умеди дидор ба фардо. Вале  дидори устод ба қиёмат монд. Пагоҳии барвақт Раҷаб Мардону Шоҳмузаффар Ёдгорӣ аллакай ҳамаро ба ҷанозаи устод хабар карда буданд…

 

Ҳабибулло Ёров  

Журналист, собиқ корманди «Тоҷикистони Советӣ»

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter