ХАБАРИ ДОҒ

Корхонаи фаромӯшудаи нобиноёни Кӯлоб

  • Чоршанбе, Дек 23 2020

 

Тасмими Бек Сабур нисбат ба ин буғхона ба мо маълум нест, вале Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ, Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, ки корхона ба тобеияти ин ниҳод медарояд, метавонанд дар самти наҷоти ин корхона кӯмак кунанд. Дар биноҳои фарсудаи он мумкин аст корхонаҳои нави дигар бунёд намуда, нобиноёни минтақаро, ки аз ин даргоҳ нон меёфтанд, дубора ба кор ҷалб кард. Бунёди корхонаҳои нав чӣ зарурат дорад, вақте бинову макону асос ҳасту фақат ба таҷдид ниёз доранд?!

 

   Ҳафтаи гузашта газетаи мардумии СССР дар матлаб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии маъюбон масъалаи корхонаи нобиноёни ш.Кӯлоб ва аз даст рафтани баъзе иншоотҳои марбут ба ин корхона бардошта шуда буд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки нафаре бо номи Ғаффор-бонкир (Ғаффор Идиев-бародари раиси Тоҷикматлубот) чанд сол қабл, бо фиреб, буғхонаи ин корхонаро харидаву аз худ карда, пасон онро дубора ба фурӯш гузошта, нобиноёни ин минтақаро, ки корхона ба ҳам ҷамъ карда буд, бе гармӣ гузоштааст. Дар пайи ин матлаб рӯзи шанбеи гузашта мо махсус ба ш.Кӯлоб сафар намуда, аз вазъи ин корхона  аз наздик ошно гаштем.

 

Мавзеи фаромӯшшуда?

   12.12.2020. Соат бо вақти Кӯлоб 11:00 дақиқа. Бо Алихон Шарифов, хабарнигори мардумии газетаи СССР дар минтақаи Кӯлоб, вохӯрда, озими корхонаи нобиноён гаштем. Он чизе, ки аз мошин фаромадан замон ба назар мерасад-ин маҷмааи якчанд бинои фарсудаву рехта ва ба қавле фаромӯшшуда. Маълум аст, ки замони шӯравӣ ин ҷо сехҳои калон кор мекарданду маҳсулоти ниёзи мардумро истеҳсолу ҳаёт ҷӯш мезад. 

   Тавре пасон аз маъхазҳои интернетӣ хондам, дар гузашта корхонаи нобиноёни ш.Кӯлоб яке аз корхонаҳои калонтарин ва машҳури замони шӯравӣ дар давлати СССР буда, ба ин ҷо аз тамоми Иттиҳоди шӯравӣ кадру мутахассис омада кор мекардаанд. Қолину матрас ва пакету сеткаи металие, ки нобиноёни ин корхона истеҳсол менамуданд, ба тамоми республикаҳои давлатҳои шӯравӣ содирот мегашт. Имрӯз бошад ин корхона ҳолати риққатовар дошта, аз 1 корхонаи азим ҳамагӣ чанд сех мондааст.

 

Агар имтиёзҳои давлатӣ намешуд…

 Чуноне ки дар сӯҳбат Юсуф Комилов, директори корхонаи нобиноёни ш.Кӯлоб изҳор дошт, дар корхона айни замон 3 сех-матрасбарорӣ, пахтазанак ва сементблок фаъол асту халос. Ин сехҳо ҳам танҳо дар вақти пайдо шудани супориш фаъол мешаванд, дигар вақт холианд. 

   - Баъзе биноҳоро ба хотири нигоҳ доштан ба иҷора додем, вале тавре мебинед 2 бинои асосӣ вазъи ногувор доранд. Барои таъмиру таҷдиди онҳо маблағи хеле калон лозим аст, ки мо надорем, мегӯяд Юсуф Комилов.

   Тибқи омори расмӣ дар ш.Кӯлоб 170 нафар нобино ба қайд гирифта шуда, дар корхона 23 нафар кор мекунанд. Бо сабаби пандемияи COVID-19  ва мушкилоти дигар шумораи кормандон дар ҳоли ҳозир ба 8 нафар расидааст. Юсуф Комилов таъкид медорад, ки агар имтиёзҳои давлатӣ намешуд-озод аз пули пардохтҳои коммуналӣ, андоз ва дигар боҷҳо, вазъ хеле бад мегардид.

 

Таҷдид, таъмир ва эҳё

    Вақте мо аз Юсуф Комилов дар бораи буғхонаи корхона пурсон шудем, гуфт, ки он дигар дасти ба даст шуда, ҷояш 1 харобазореро мемонад. Тавре баъдан иттилоъ ёфтем, пас аз он, ки Ғаффор-бонкир ин буғхонаро бо фиребу ваъдаҳои зиёд харида, аз худ кард, онро боз ба чанд нафари дигар фурӯхт. Буғхонаи корхонаи нобиноёни ш.Кӯлоб имрӯз яке аз иншоотҳоест, ки ба Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ марбут аст-гуфт ҳамсӯҳбати мо. 

   

Қориёни Кӯлобро кӣ кор медиҳад?

Тасмими Бек Сабур нисбат ба ин буғхона ба мо маълум нест, вале Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ, Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, ки корхона ба тобеияти ин ниҳод медарояд, метавонанд дар самти наҷоти ин корхона кӯмак кунанд. Дар биноҳои фарсудаи он мумкин аст корхонаҳои нави дигар бунёд намуда, нобиноёни минтақаро, ки аз ин даргоҳ нон меёфтанд, дубора ба кор ҷалб кард. Бунёди корхонаҳои нав чӣ зарурат дорад, вақте бинову макону асос ҳасту фақат ба таҷдид ниёз доранд?!

   Мо пайгири ин мавзӯ ҳастем ва мехоҳем дар шумораҳои баъдӣ дар бораи корхонаҳои нобиноёну ношунавоёни кишвар, ки замоне шӯҳрат доштанду имрӯз ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор нависем. Онҳо низ мисли одаманд ва Мо Метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, Алихон Шарифов, 

СССР, ш.Кӯлоб, 12.12.2020

  

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter