ХАБАРИ ДОҒ

 

 

 Дар рӯзномаи  СССР, шумораҳои 45 ва 47, моҳи ноябри соли 2020 се мақолаи таҳлиливу танқидӣ дар бораи Восит Саидов, ки дар куштори  Кароматулло Қурбонов бевосита даст дошт, чоп шудаанд. Дар ҳар се мақола  муаллифон кӯшиш каданд, ки Восит Саидовро бо унвони кӯри Восит ба хонанда муарифӣ намоянд. Ва дар 2 шумораи рӯзнома дар се ҷой “сурати” ӯ ҷой дода  шудааст. Аввалан, ки дар Ёвон ва дар ягон ҷой дигар ӯ лақаби Кӯри Воситро надошт ва сурати чопнамудаи рӯзнома расми Восит нест. Ман ҳам чанд сол пештар дар бораи Восит Самадов дар рӯзнома мақола навишта будам ва он бо расми Кӯри Восит чоп шуд. Дар ин хусус ба Шаҳрзоди Амин гуфта будам, ки ин расми В.Самадов нест

Мухбирони мӯҳтарам! Минбаъд ягон маводе  дар бораи Восит Самадови ёвонӣ чоп шавад, ин расмро нагузоред, чунки ин  Восит Самадов нест.

 

Восит аз Фронти халқӣ набуд!!!

Масъалаи дигаре, ки  дар як маводи чопшуда бардошта шудааст, аъзои Фронти халқӣ набудани Воситро ба миён гузоштааст. Бояд бигӯям, ки то қатли Восит (24 октябри соли 1992) дар Ёвон фронти халқӣ ташкил карда нашуда буд. Онҳое, ки соҳиби яроқ шуда буданд, яроқро аз майдони Озодӣ ва Шаҳидон  гирифтанд, аз ҷумла Восит ҳам. Восит дар майдони Озодӣ буд ва дар ба даст овардани бинои телевизиони тоҷик баробари дигар ҷавонон иштирок дошт. Ин гурӯҳҳо командирони худкома буданд ва ба шахсони бегуноҳу гунаҳкор раҳм надоштанд. Дастаи Восит баъди куштори Кароматулло Қурбонов бо мошини УАЗ-и ғанимат гирифтаашон аз пости деҳаи Даҳана ба маркази ноҳия омаданд. Дар рӯ ба рӯи мактаби миёнаи №1 Шоҳро, ки бо мошини “ГАЗ-24” аз кӯчае меомад, ҳадафи тир қарор доданд. Ҳамроҳаш аз дасти боевикҳо халос хӯрда, худро дар танӯри самбӯсапазии ошхона пинҳон намуд. “ГАЗ-24”-ро тасарруф намуданд.

  

Воситро Ризвон накушт!!!

 Куштори Восит Самадов дар деҳаи Оби Ошуқи ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев) ба амал омад. Ва ҳамон шаби 24 октябри соли 1992 дастаи Ризвон Содиров тавасути кӯҳҳои Утагану Мирзоӣ, Туғаку Чойхона то болои деҳаи Оби Ошиқ омадаанд. Ӯ мақсад дошт, Воситро бо дастааш несту  нобуд созад, вале байни худи командирони худкома норизоӣ ба миён омад  Воситро дар урдугоҳ-деҳаи Оби Ошиқ паронданд. Воситро Ризвон не, худи силоҳшӯронаш куштанд!

   

Падари Восит низ мисли писар шуд

9 декабри соли 1992 сессияи Шӯрои депутатҳои халқи н.Ёвон дар толори мактаби миёнаи деҳаи Парчасой бо талаб ва зӯрии падари Восит-Сафарқул  Самадов бо иштироки 34 депутат гузаронида шуд. Дар ҳамин сессия Фронти халқии ноҳия тасдиқ гардид. Дар ҷанги шаҳрвандӣ падари Восит Сафарқул Самадови муйсафед, писари хурдиаш Каҷӣ, писари амакаш Маҳмадӣ ва  якчанд хешу табораш иштирок доштанд, ки дар ноҳия даст ба куштору ғорат зада буданд. 

Сафарқул Самадов барои ҷиноятҳои содиркардааш аз тарафи Суди Олӣ ҷазои мувофиқ-ҳукми қатл гирифт. Каҷӣ дар ноҳияи ба номи А.Ҷомӣ ҳалок гардида, писари додараш Маҳмадӣ бо қарори Суди Олӣ ҶТ ҳукми қатл гирифт. Ӯ ва тарафдорони Восит Самадов  танҳо мардуми Ёвонро террор менамуданд, ки Худо ҳукмашон кунод…

Зайнулобиддин Ҳусейнов,

 деҳаи Гулибодом, н.Ёвон.

08/12/20

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter