ХАБАРИ ДОҒ

Пардохт ТҶ: Миёнаравии бе масъулият!

  • Чоршанбе, Дек 23 2020

 

 

01.12.2020. Соат ба вақти Душанбе 10:23 дақиқа. Солҳои қабл ёдам аст, ки рафта аз мағозаҳо тариқи дигар телефонҳо барои телефони худамон маблағ мегузаронидем ва бо пайдоиши терминалҳои нави маблағгузаронӣ кори мардум 1000 маротиба осон мегардид. Ин ҷо дар бораи  пайдоиши терминалҳое, ки дар ҳама хиёбонҳои шаҳр насб шудаанд, чизе намегӯем. Зеро ҳамагӣ аз фаъолияту хизматрасонии онҳо бохабаранду тарзи истифодаашро медонанд. Ҳатто имрӯзҳо барномаҳое дар интернет паҳн шудааст, ки бо васл карданаш на танҳо маблағи телефон, балки дигар намуди пардохтҳоро метавон анҷом дод. Чанд маротиба дар ВАО ва дигар сомонаҳои иҷтимоӣ бо шикояти мардум вохӯрдем, ки дар он ҷо аз расид (чек) надодани ин терминалҳои гуфта мешуд. Лекин ин навбат мушкилие шуд, ки 1 редаксияро нигарон кард.

 

Баъди 2 соат...

01.12.2020. Соат ба вақти Душанбе 21:23 дақиқа. Устод Сайёф Мизроб супориш доданд, ки “бачам ҳамин 150 сомониро дар телефони ман гузарон”. Ман низ хуб гуфта, ба якум ошиёнаи бинои таъбу нашри “Шарқи озод” омада, аз терминале, ки таааллуқ ба ширкати “Партохт ТҶ” таҳти №742826 буд, маблағро гузаронидам. Сипас саргарми кори редаксия будам, ки боз устод ҷеғ зада гуфтанд, ки “э, бача ҳамон шот нагузаштааст, охир!”. 

Баъдан ба рақамҳои (44 600 80 80) дар тамос шудаму духтараке бо номи Марҷона гӯширо бардошт. Мо танҳо 1 савол додем, ки чаро то ҳол маблағ нагузаштааст ва он духтарак рақами моро пурсон шудаву дарҳол тафтиш намуда  гуфт, ки “акаҷон дар инҷо мушкили техникӣ пеш омадааст ва мо дар зудтарин фурсат пулро мегузаронем!”. Ҳамин тавр то соати 14:00 интизор шудем ва дар ин миён чанд маротибаи дигар занг задаву ёдрас намудем. Соат аз 14 гузашта буд, ки дар охирин занге, ки худи устод бо он духтарак қаҳромез ҳарф задаву андаке дағалӣ ҳам карданд (зеро тилфони сардабири 1 редаксияи умумиҷумҳуриявӣ хомӯш буд охиру 1001 кас занг мезад!!!) билохира маблағро гузарониданд. Лекин ин навбат Марҷона неву Шаҳло ном духтаре дар тамос шуд, ки “пулатон гузашт ми?”. Дар фарҷом бо супориши редаксия ба идораи ширкати “Пардохт ТҶ” рафтам ва бо роҳбари ин ширкат Акмал Соҳибов ҳамсуҳбат гардида, мушкилии болозикрро баён кардам. 

 

Узр, лек гунаҳгор нестем

Акмал Соҳибов баъди фаҳмидани ҳодиса он духтаракеро, ки ба муштариён посух мегардонид, ҷеғ зада, аз мушкили мазкур пурсон шуд ва бори дигар Шаҳло ба гуфтаҳои ман равшанӣ ворид намудаву гуфт, ки бале дар ҳақиқат мо имрӯз дар чунин вазъият қарор доштем. 

Сипас роҳбари ширкат иброз намуд, ки ман ҳамчун роҳбари ширкати “Пардохт ТҶ” барои чунин мушкилӣ узр мепурсам. Аммо дар баробари ин гуфтаниам, ки масъалаи мазкур дар сурати аз 150 сомонӣ кам доштани терминал ба телефони шумо маблағ нагузаштааст. Дилерҳои ширкате, ки фаъолияти он терминалҳоро ба ӯҳда доранд дар бонк сурат-ҳисоби терминалҳоро пур карда, сипас мо аз ин ҷо ба телефони шумо шотро гузаронидем. Яъне ҳангоми расад надодани терминалҳо ва ё дер гузаронидани маблағ ширкати мо гунаҳгор нест. Зеро мо танҳо дар инҷо миёни муштарӣ ва ширкатҳоие, ки терминал доранд, истодаем. Ба ҳар ҳол эроди гирифтаи шуморо мо қабул намудаву барои такрор нашудани чунин мушкилиҳо ҳатман чораҷӯӣ мекунем. 

                                                                                       Шералӣ Давлатов, СССР 

PS: Аз ҳама аҷибаш чист, хонанда? Медонӣ! Мо пул нагузаронем, дар 1 сония алоқа қатъ мешавад. Вале пул гузаронему 2-3 соат алоқа набошад, ба гуфтаи Ашӯр Сафари раҳматӣ, «касеро пашор намебарад». Демократия!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter