ХАБАРИ ДОҒ

Фармони №622: Давлатзода посух гӯед!

  • Чоршанбе, Дек 30 2020

 

 

Маошу нафақа зиёд шуд, аммо…

   4.08.2020 Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид. Ин Фармон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат имзо шуда, тибқи он аз 1.09.2020 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ, бахусус маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти идораи давлатӣ ба андозаи 15 % ва музди маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа ба андозаи 10 фисад  зиёд карда шуд. 

   Инчунин, андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ ва дигар намуди стипендия, ба истиснои стипендияҳои президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД 5 % зиёд гаштанд. 

   Дар баробари ин, андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, нафақаи заминавӣ ва нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 15 % зиёд гардида, мувофиқан ба андозаи 207 сомонӣ ва 978 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки 10 фарзанд таваллуд карда, онҳоро то 8-солагӣ тарбия намуданд), кӯдакони маъюби то 18-сола, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин ниёз доранд, ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъин шудааст, ба андозаи 50 %  ҳадди ақали нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи синну сол бояд зиёд карда шаванд.

 

Давлатзода Фармони №622 иҷро намекунад?

   Пас аз ба тасвиб расидани ин Фармон мардуми зиёд ба идора занг зада, изҳори хушҳолӣ карданд. Вале моҳи октябр вақте шаҳрвандон аллакай маошу нафақаи зиёдшудаи хешро гирифтанд, ба қавле «тарбуз аз бағал» афтод. Зеро маошу нафақа, алалхусус нафақаи қишри осебпазири ҷомеа ба ҷои 15% афзун гардидан, баръакс ё тағийр накард ё хеле кам зиёд шуда, суолҳои зиёд вобаста ба ин ба редаксияи мо ирсол гаштанд. 

   Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин мавзӯ 2 ҳафта қабл мо бо номаи расмӣ ба Давлатзода Дилмурод Ашурбек, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва фонди нафақаи назди Ҳукумати ҶТ муроҷиат намудем. Дар асоси Фармони №622 Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» Давлатзода Дилмурод Ашурбек мебоист дар тӯли 3 рӯзи корӣ ҷавоби пурра ва муфассалро ба идора ва хонандагон равон мекард, лек то ҳол ҷавоб нест. Аз ин лиҳоз мо тасмим гирифтем бори дигар ба таври расмӣ ба мавсуф муроҷиат карда, суолҳои хонандагони газетаро ба эшон пешниҳод намоем. Давлатзода Дилмурод Ашурбек бояд бидонад, ки саркашӣ аз иҷрои Фармони № 622 низ ҷавобгарӣ дорад! 

Инак,

1.Нафақахӯрон ба идораи редаксияи мо зиёд шикоят аз он мекунанд, ки иловапулии 15% нодуруст тақсим ва муайан шуд, ба ҷойи ин ба нафақаи мардум 8% ё 10% илова шудаасту халос. Чаро?

2. Мегӯянд, ки ҳамин Дастурамале, ки шумо ва мутахассисонатон кор карда баромадаанд, нодуруст буда, адолати ичтимоиро лағв мекунад. Ин Дастурамали шумо чӣ сирре дорад?

3. Чаро дар Дастурамал нафақаи парасторони маъюбони гурӯҳҳои 2 ва 3-юм аз байн бардошта шудааст?

4. Фикр намекунед, ки бо ин тарзи корбарӣ баръакси Фармони Президенти ҶТ дар бораи 15% баланд бардоштани маошу нафақа амал намуда, боварии мардумро нисбат ба Ҳукумати ҶТ коҳиш медиҳед?

5. Масаъалаи 1% аз маош, ки бояд пас аз ба нафақа баромадан дастрас гардад. Ин маблағ чӣ гуна ва чӣ қадар пардохт мешавад (шарҳи муфассал).

Интизори посухҳои шумоем, Давлатзода!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter