ХАБАРИ ДОҒ

Вазоратҳо ба кӣ роҳхат медиҳанд?

  • Чоршанбе, Янв 06 2021

 

 Танҳо Коллеҷҳои тиббӣ (ҳоло ба донишгоҳҳои тиббӣ коре надорем!) ҳамасола (ба ҳисоби миёна) 14 млн. 400 ҳазор доллар аз ҳисоби шартномавиҳо мегиранд. Пул куҷо меравад, 1 суол аст. Вале оё ин кадрҳои тиббӣ ҷои кор меёбанд? Суоли муҳим ин аст!!!

   Ба коре ба Вазорати маориф ва илм сар халонидаму чашмам ба духтаре афтод, ки дар тан либоси оддии деҳотӣ дар ба дари ҳуҷраҳо мегашт. Аз авзояш маълум, ки кораш ба иҷро нарасидаву ошуфтагиашро пинҳон ҳам намекард. Боз ба утоқе даромада, пасон бо чеҳраи навмедона баромад. Маълум буд, ки дигар намедонист, чи кор кунад. Назди ӯ рафтаму оҳиста салом дода пурсидам, ки чӣ ҳодиса рӯй додаасту, чаро ошуфта менамояд. Вай баъди радду бадали салом оҳи сарде кашиду,  ба руям нигоҳ карда, бо ҳасрат гуфт:

    - 1600 доллари нақдро бо 2 дасти адаб ба хазина супорида, 4 сол хондам ва соҳиби диплом шудам. Бо кор касе маро таъмин накард, худам ҷуста, ҷойи кор ёфтам ва ҳоло бояд фармон барояд, аммо бе роҳхати вазорат иҷозати фармон набудааст. 6 моҳ мешавад, ки дар ба дари Вазорати  маориф ва илму Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоиро “охурча” кардаам, аммо то ҳол 1 роҳхат ба даст оварда наметавонам. Маро бубахшед устод, - каме истода боз гапашро давом дод, - албатта ин гуфтаҳои ман ба Шумо дахл надорад, вале ба ҳар ҳол пурсиданиам, ки вазорат оё ба касе роҳхат медиҳад ё не? Агар “ҳа”, пас он шахс чӣ гуна бошад ва чӣ хел рафтор кунад, ки соҳиби роҳхат гардад? Чаро ҳатто ба оне, ки худ ҷойи кор дарёб кардааст, роҳхат намерасад? Бояд ба кӣ муроҷиат кунем?

    -Духтари нағз, чеҳраат гарм метобад, вале...- хостам вай худро дурусттар муаррифӣ кунад, ки ҳамин дам суханамро бурида гуфт:

   - Маъзарат мехоҳам устод, ман ҳамон Садафмо Бадалова, агар дар ёд дошта бошед, дар яке аз озмунҳои ҳаҷвнигорони ҷавон аз дасти Шумо ҷоиза гирифта будам...

   Миллион доллар чанд мутахассис медиҳад???

Суханҳои ин духтаро шунида, ба фикр фурӯ рафтам. Агар гирем дар кулли Тоҷикистон, дар ҳар ноҳия чунин коллеҷҳои тиббӣ фаъолият мекунанд ва соле 2 гуруҳи иборат аз 20-30 нафарӣ (яъне шаст нафар) онро хатм мекунанд. Дар тамоми ҷумҳурӣ, агар ба ҳисоби миёна гирем, тақрибан 1500 нафар соҳиби диплом мегардад, аммо аз ин адад чанд нафарашон бо ҷойи кор таъмин мешаванд? Умуман, вазорат ба кӣ роҳхат медиҳад?

   Биёед ба арифметика рӯй меоварем: донишҷӯе, ки 4 сол, ё 3 солу 6 моҳ дар коллеҷ мехонд, ҳар сол ба ҷуз масрафи шахсиаш, ба хазинаи коллеҷ (ё суратҳисобаш) 1200 доллари амрикоӣ месупорад, ин дар зарфи 4 сол ба 4800 доллари амрикоӣ баробар мешавад. Ҳисоби коллеҷро дар 1 соли хониш 4 курси иборат аз 2 гурӯҳ гирем, 288.000 долларро ташкил мекунад. Дар тамоми ҷумҳурӣ баробар ба 14 млн. 400 ҳазор доллар мерасад. Намегӯям ин пул куҷо меравад, аммо чаро масъулин барои навиштани 1 роҳхат, ки донишҷӯ баъди хатми коллеҷ талаб мекунад, имконияту шароит дарёб карда наметавонанд?...

Ҳаким Исмоилзода

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter