ХАБАРИ ДОҒ

2020: Муҳимтарин рӯйдоди сол

  • Чоршанбе, Янв 06 2021

 

 

Президенти сол

11 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Президенти ҶТ баргузор гашт. Президенти амалкунандаи ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92% овоз  ғалаба ба даст овард. 

Дар интихоботи Президенти ҶТ ба тарафдории номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам 3,03%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Раҳматзода Рустам 2,15%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ 1,17%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода 1,49% раъй доданд.

Сафари сол

Сафари кории Рустами Эмомалӣ, раиси МММО ҶТ ва раиси ш.Душанбе ба Федератсияи Россия дар авохири соли ҷорӣ пас аз беш аз 10 моҳи хомӯшӣ, сафари муҳим ва такондиҳанда арзёбӣ гардид. Дар баробари дигар бахшҳои ҳамкории 2 кишвар, Рустами Эмомалӣ дар мулоқотҳои хеш бо мансабдорони сатҳи олии ФР масъалаи сабукӣ додан ба муҳоҷирон ва боз намудани марзҳову парвозҳоро байни Тоҷикистону Россия матраҳ кард.

Ногуфта намонад, ки дар аввали моҳи октябр душманони бурунмарзии миллату давлат тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ овозаи бардурӯғи фейкиро дар бораи бемор будани Рустами Эмомалӣ ва гузаронидани ҷарроҳӣ дар давлати Исроил паҳн карда буданд. Мудири кулли Маркази тиббии Ҳертселияи Исроил Дани Энгел, ки хабари мазкур аз номи ӯ дар Твиттер нашр шуд, таъкид кард, ки ҳаргиз чунин хабареро нашр накардааст ва фейке, ки дар Твиттер ба номи ӯ буда, хабари мазкур дар он гузошта шудааст, дар асл аз ӯ нест ва қалбакист. 

 Хонандаи сол

Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 аз ш. Панҷакент дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби «Шоҳҷоиза» ва 60 000 сомонӣ гардид. Ин духтараки яке аз деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон бо доштани завқи баланди бадеӣ, ифодаи озоди афкор, дар баробари дар сатҳи олӣ донистани забони тоҷикӣ, донистани хуби забонҳои русию англисӣ ва хондану аз бар кардани шумораи зиёди китобҳо на танҳо ҳайати ҳакамони озмун, балки тамоми сокинони мамлакатро ба ваҷд овард. 

Китоби сол

Бо супориши Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров-китоби «Тоҷикон» бо теъдоди 1 миллиону 600 ҳазор нусха чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оилаи мамлакат тақдим мешавад. Тақдими ройгони китоб дар аввали моҳи декабри соли ҷорӣ аз ноҳияҳои Ванҷу Мурғоби ВМКБ оғоз гардида, айни замон дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон, Дарвозу Роштқалъа идома дорад.

УУР-и сол

Пуркортарин нафар дар мақомоти қудратии кишвар дар соли 2020, метавон Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД ҶТ- ро номид. Бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук худ шаҳодат медиҳад, ки дар тӯли 1 соли гузашта, аз ҷониби эшон ва кормандони Раёсати зертобеъи ӯ чӣ қадар қаллобону фиребгарон, соҳибони тарабхонаҳои шабонаи мушкилзо, дузду ҷинояткор ва ҳарасмент-мардоне, ки нисбат ба занҳо дағалгуфторӣ ва дағалрафторӣ мекунанд, пайдову боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Сар аз пайдо кардани ноутбуки фаромӯшшуда дар таксӣ, то боздошти қаллобони маҷозиву аслӣ ва садҳо блогеру тиктокчиву фиребгарони интернетӣ, алалхусус «мажор»-ҳои сарироҳӣ-ҳамаи ин бешубҳа заҳмати шахсии Шоҳрух Саидзода аст, ки дар ивази он барояш садҳо арзи сипос дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза баён мегардад. 

Духтури сол

Дар арафаи соли нави мелодӣ фелдшер Муҳаммад Ҳисайнов, ки қаблан Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон барояш хона ваъда кард, соҳиби манзили нав шуд. Манзили зисти фелдшер дар к.Ҳувайдуллоеви пойтахт ҷойгир буда, ӯ аллакай бо аҳли оилааш ба хонаи нав кӯчидааст.

Лозим ба таъкид аст, ки зимни мулоқоти ахири худ бо кормандони соҳаи тиб Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз қаҳрамонии Муҳаммад Ҳисайнов дар давраи авҷи бемории коронавирус дар кишвар ва навори видеоии мавсуф ба табибони дигари тоҷик, ки дар ин давра бо ҳар баҳона аз кор фирор карда буданд, ёдовар гашта, ба эшон, ки дар шароити вазнин кору зиндагии хешро пеш мебурд, манзили нав ва таҳсил дар Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Синоро ваъда дод. Инак, дар арафаи соли нави 2021 ин фелдшери қаҳрамон ва бонангу номуси тоҷик соҳиби манзили нав гашта, ҳамчун донишҷӯи курси 1-ум ба ДДТТ қабул гардид. Муборак бошад!

Карантини сол

Бо сабаби авҷ ва хурӯҷи бемории сироятии COVID-19 сар аз 18.03.2020 Федератсияи Россия ҳарими ҳавоии худро ба рӯи ҳавопаймоҳои тоҷик баста, садҳо ҳащор муҳоҷири корро аз равуо манъ намуд. Бояд гуфт, ки дар ин муддат бо ташаббуси ҳукуматҳои 2 кишвар барои овардани шаҳрвандони ҶТ аз шаҳру вилоятҳои ФР парвозҳои чартерӣ роҳандозӣ гаштанд, аммо нархи чиптаи парвоз дар ин хатсайрҳои таҳмилӣ то ба 9000 сомонӣ боло баромад… 

Раиси сол

Низом Қосим, раиси қаблии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 23.12.2020 дар Анҷумани навбатии ин Иттифоқ, барои 5 соли оянда, дар интихоботи беалтернативӣ,  боз раиси ИНТ интихоб гардид. Дар замони роҳбарии мавсуф дар ИНТ моҷаро ва даъвоҳои зиёд ба вуқӯъ пайваста, аввалин коре, ки Низом Қосим кард-ин тоза кардани Иттифоқ аз «шахсони тасодуфӣ» буд. Бо ин амал шоиру нависандагони зиёде аз сафи ИНТ хориҷ гашта, бархе мисли Шоираи Раҳимҷон, шоира, блогнавис ва журналисти шинохта аз узвият дар ин созмон довталабона истеъфо доданд.

Суитсиди сол

Ҳасан Юсуфи Файзбахш, адиби тоҷик пас аз 8 соли интизорӣ ва баъди ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул нашуданаш, бо нишони эътироз даст ба худсӯзӣ зад. Садорати ИНТ пас аз ин эълон дошт, ки танҳо нафарони то 55 соларо ба узвият қабул мекунад, вале Ҳасан Юсуфи Файзбахш иддао дорад, ки ӯро Низом Қосим, раиси ИНТ қасдан намепазирад. Даст ба худкушӣ задани 1 адиб ба нишони эътироз аз напазируфта шуданаш ба узвияти ИНТ 1 ҳодисаи гӯшношунид дар соли 2020 ба ҳисоб меравад…

Танзими сол

Бо сабаби авҷ ва ҳуруҷи бемории сироятии COVID-19 Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ ба шаҳрвандони мамлакат шурӯъ аз 1 августи соли ҷорӣ тавсия дод, ки минбаъд тӯйҳои арӯсию домодиро бо даъвати на беш аз 40 нафар, барои 1 тараф, баргузор намоянд. Вале теъдоди зиёди меҳмонону воситаҳои нақлиёти дар назди тарабхонаҳо буда бозгӯи онанд, ки мардуми меҳмоннавози тоҷикро ягон вирус,агар тоҷдор ҳам бошад, наметарсонад!

Футболи сол

Дар фасли баҳори гузашта, вақте баргузории бозии футбол дар тамомии сайёра манъ градид, Тоҷикистон бозии футболро идома дод. Ин аст, ки ҳуши аксарияти мухлисони ин бозӣ сӯи кишвари мо гардонида шуда, мардуми дунё бозии футболи тоҷикро ба воситаи моҳвора бо завқ тамошо мекард. Бузургтарин муассисаҳои букмекирӣ низ ба дастаҳои футболи тоҷик пул мегузоштанду қуръакашӣ мекарданд. Футболбозони тоҷик ба хотири ҳамраъйӣ ҳамтоёни худро дар Испания низ дастгирӣ карданду матбуоти испанӣ ба хотири ин арзи эҳтиром, аз раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мусоҳибаи вежа ҳам гирифт. 

Парвандаи сол

Парвандаи Баҳром Иноятзода, собиқ раиси ш.Кӯлоб парвандаи пурсарусадотарини сол ба шумор рафта, бо ҳукми суд собиқ шаҳрдори Кӯлоб 12 сол паси панҷара рафт. Ӯро бо ҷурми қаллобӣ, сӯистифода аз мансаб ва фурӯши ғайриқонунии замин айбдор карданд. Худи Иноятзода судяҳои додгоҳро ба бераҳмӣ ва бемасъулиятӣ муттаҳам кард. Хотиррас мешавем, парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 1 раиси шаҳр дар ҶТ то ба ҳол собиқа надорад.

Аварияи сол

Соати 4-и субҳи рӯзи 7.08.2020 Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи маъруфи тоҷик зимни 1 садамаи мудҳиш дар х.Рӯдакии маркази ш.Душанбе ҳалок гашт. Баҳром Ғафурӣ мусофири мошини гаронарзиши хориҷӣ буда, 2 нафар мусофири дигари мошин бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ гардиданд. Риштаи умри сарояндаи маҳбуби тоҷик дар сини 40-солагӣ канд. 

Сарбози сол

Мақсуд Саломзода, писари раиси ш.Бохтар-Сиҷоуддин Саломзода зимни мулоқоти Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар ш.Бохтар рӯзи 23.09.2020 эълон дошт, ки омодааст ба хизмати Модар-Ватан бо хоҳиши худ биравад ва ҳамин корро ҳам кард. Хатмкардаи Донишгоҳи олии энергетикии ш.Санкт-Петербург айни замон ягона писари мансабдори тоҷик аст, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ хизмат мекунад. Шояд писарони дигар раисон аз ин рафтори Саломзода ибрат мегиранд?

Тӯйи сол

Бе ягон шакку шубҳа тӯйи арӯсии Сурайёбону Қосимова, Примадоннаи саҳнаи тоҷикро бо соҳибкори 45 сола, Пӯлод Шаропов, метавон тӯйи сол номид. Зеро Сурайё Қосимова бо ин азми худ исбот намуд, ки ишқу муҳаббат сину солро намепазирад ва ишқ зану марди ошиқро зеботар мекунад. Воқеан ҳам бону Сурайё пас аз издивоҷ бо марди ҷавон дилработар гашта, ин амалаш намуна барои садҳо занону духтарони дигар гашт. Ҳаёт идома дорад ва ишқ сарҳадро намеписандад! Тӯй муборак, навхонадорон! 

Нархи сол

Якбора гарон шудани нархи шакару равған ва тухми мурғ дар моҳи сентябр-октябри соли равон сокинони мамлакатро нигарон кард. Нархи 1 кило шакар аз 6,5 сомонӣ то ба 9-10 сомонӣ ва равғани растанӣ, хосса офтобпараст низ аз 15-17 сомонӣ барои 1 литр то ба 21-23 сомонӣ баромад. Арзиши 1 дона тухм агар дар оғози соли равон 65-70 дирамро ташкил мекард, моҳи декабр то ба 1,40 сомонӣ барои 1 дона баромад…Ҳамааш айби хурӯс!!!

Қурби сол

Тоҷирону савдогарон сабаби гарон шудани маҳсулоти хӯрокаро дар боло рафтани қурби доллари ИМА мебинанд. Ногуфта намонад, ки соли 2020 дар баробари ҷорӣ кардани карантин боз қурби доллари амрикоиро ҳам боло бурд ва имрӯз 100 доллари амрикоӣ то ба 1135 сомонӣ баробар шудааст! Ба ҳамааш доллар гунаҳкор!?

Таваллуди сол

2 ҳафта қабл дар хонаводаи сокини ш.Душанбе Далер Файзуллоев чоргоник-2 писару 2 духтар таваллуд шуд. Модари чоргоникҳо 34 сола буда, худро хуб ҳис мекунад. Бояд гуфт, ки таваллуди чоргоникҳо дар 300-400 сол 1 маротиба пеш омада, он дар ҷаҳон воқеаи ғайриоддӣ ҳисоб мешавад. Муборак бошад!

Хархашаи сол

Даъвову ҷангҳои наздимарзӣ дар сарҳади Исфараи Тоҷикистону Бодканду Лайлаки Қирғизистон, ки аз моҳи январи соли равон оғоз шуда буданд, то ба ҳол идома доранд. Оташи низоъ дар марз новобаста аз иваз шудани ҳукумат дар ҷумҳурии ҳамсоя ва истеъфои Сооронбой Ҷеенбеков тағйир накард ва ҳоло ҳам ҳафтае нест, ки хабарҳо аз даргирӣ дар ин марз нарасад. 

Бемории сол

Авҷу хуруҷи бемории сироятии COVID-19, ки ҳанӯз моҳи ноябри соли 2019 дар ш.Ухани Хитой пас аз хӯрдани муши паррони обпаз авҷ гирифту дар муддати на кам аз 3 моҳ ба тамоми олам паҳн шуда, сайёраи Заминро гирифтори карантини шаддид кард, ҳоло ҳам аз сари мо оламиён даст набардоштааст. Таъсири манфии ин беморӣ ба Тоҷикистони азизи мо ҳам расиду гулҳои миллатро аз бари мо чида рафт. Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ шумораи гирифторони COVID-19 дар кишвар аз 13 ҳазор нафар гузашта, 89 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Равонашон шод бод! Худ ва наздиконатонро ҳифз кунед, дӯстони азиз!

Талафоти футболи сол

Армандо Диего Марадона ситораи тобонтарин ва Шоҳбачаи Футболи асри ХХ ва ҳама давру замонҳо, 25.11.2020, дар ватанаш Аргентина, дар синни 60-солагӣ, бар асари сактаи қалб вафот кард. Тавре Ҷозеф Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, Марадона дар 3 даҳсолаи охир футболбози фавқулодда буд. Диего мардест, ки дастаи худро соли 1979 ба чемпионати ҷаҳонии ҷавонон дар Токио бурд, ки Аргентина дар финал дастаи мунтахаби СССР-ро мағлуб карда, дар охири бозии ҳалкунанда 3 гол зад. Голи ҳалшавандаро дар Ҷоми ҷаҳонии соли 1986 дар Мексика бо «Дасти Худо» дар бозӣ бо бритониёиҳо ба ҳадаф расонд. Ва акнун Худо ӯро ба хона даъват кард. Ором бихоб, Диего. Ташаккур барои ҳама бозиҳоят!

Пирӯзии футболи сол

Криштиану Роналдо, ҳамлагари тими «Ювентус» аз рӯи назарсанҷии Globe Soccer бозингари беҳтарини асри 21 эътироф гардид. Дар пурсише, ки дар сомонаи ин маҷалла гузаронида шуд, Криштиану Роналдо 38%-бештар аз Лионел Месси ва Муҳаммад Салоҳ овоз гирифт. Экс-форварди «Барселона» Роналдинйо бошад аз рӯи ин назарсанҷӣ дар мақоми чорум қарор дорад. Муборак, Кришти- беҳтарин футболбози асри 21

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter